Морфология. Кор бо матни тахассусӣ “Бемории сил”


Нақша:
  1.  Морфология – илми забоншиносӣ
  2. Нишонаҳои бемории сил 
  3. Роҳҳои пешгири аз бемории сил 
Истилоҳи “гаммматика” аз калимаи юнонии (граматико) гирифта шуда маънои аслиаш санъати навиштан мебошад. грамматика як ҷисми муҳими илми забоншиносӣ ба ҳисоб рафт адар бораи тағйирёбӣ, шаклу сохти калима, ибора, ҷумла ва хелҳои он баҳс мекунад. Грамматика ба ду қисм: морфология ва синтаксис ҷудо мешавад. Грамматика аломат ё хусусиятҳои доимиии асасию доимии калимаҳоро, ки категорияҳо ном доранд, меомузонад. Категорияҳои грамматикӣ мафҳумҳои умумие мебршанд, ки характер ва типи забонро муайян мекунанд. 
Морфология қисми аввали грамматика буда аз калимаи юнонӣ морфе- шакл логос- илм гирифта шуда тлм дар бораи шакли калима ва принсипҳои тақсимоти калима ба ҳиссаҳои нутқ мебошад. морфология оид ба сохт, таркиби калима, шаклҳо ва тағйирёбии калима, роҳҳои ифодаёбии маънои грамматикӣ, дар бораи ҳиссаҳои нутқ ва роҳҳои калимасозии онҳо маълумот медиҳад. Тағйирёбии як калима, ки мафҳуми асосиро ифода карда дар айни замон баонмафҳуми иловагӣ ҳамроҳ менамояд ва ё калимаҳоро дар ибора ва ҷумла ба ҳам мебандад, шакл (морфема) номида мешавад. Морфема шакли калимаро дигар мекунад,калимаи нав месозад, калимаҳоро ба ҳамдигар алоақаманд месозад. 
Бемории сил (туберкулез) аз калимаи лотинии tuberculum “ лундача ва ё арзана” гирифта шудааст. Ин бемории дар ҷаҳон хеле паҳншудаи бактериявии инсон ва ҳайвон мебошад, ки барангезандаи он микробактерияи сил (чубчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда ва пешгиршаванда аст. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лабаротория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чубчамикроби Кох номиданд. БС аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсонигирифтори ин беморӣ ба ҳаво паҳн мегардад. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтари чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори бемории сил шудани онҳо дар тули ҳаёти худ 10%- ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.
Бемории сил ҳангоми ташхиси саривақтӣ, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа дар аксарияти ҳолатҳо табобатшаванда мебошад. Табобати БС танҳо дар муассисаи махсусгардонидашудаи (дипансер) мубориза бар зидди БС аз ҷониби пизишк- силшинос ба амал оварда мешавад. 
Реҷаи чоргонаи табобат:
Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии 6 моҳа бо 4 намуди дорувории зиддимикорбӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахбор, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби кормандони тандурустӣ ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз таёрии махсус гузаштааст. Бидуни чунин назорат ва дастгирӣ дар риоя намудани нишондодҳои тиббӣ,воюаста ба табобат, метавонад душвриҳо ба вуҷуд ояд, ки асос барои боз ҳам фаро гирифтани беморӣ гардида, эҳтимол шаклҳои устувореро нисбати доруҳо ҳосил намояд.
Реҷаи панҷгонаи табобат:
Дар аксарияти марказҳое, ки ҷиҳати табобати БС махсус гардонида шудаанд, ҳоло истифода бурдани реҷаи панҷгонаи табобатро авлотар меҳисобанд, бо роҳи илова намудани ҳосилшавандаҳои фторхинолон бе реҷаи чоргонаи табобат, ба мисли спрофлоксасин, ҳамроҳ кардани доруҳои настъли дуюм, сеюм ва болотар аз он, мавриди табобати шаклҳои БС, ки нисбати доруворӣ пурҳассосанд, муҳим мебошад. Реҷаи табобат бо доруҳои насли дуюм ва болотар аз он, ҳадди ақал 20 ҳафтаи қабули рӯзмарраи доруҳородар назар дорад. Реҷаи мазкур назар ба табобат бо доруҳои қатори якум нисбатан гаронтар аст. Ҷиҳати хеле маҳдудкунанда инчунин мавҷудияти миқдори зиёди ҳар гуна таъсири манфӣ аз истифодаи доруҳои иловагӣ мебошад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив