Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII


Нақша :
  1. Вазъи адабӣ дар асри 16
  2. Дигаргуниҳо дар асри 17
  3. Ташкили давлати Темуриёни Ҳинд
Дар таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон асри XVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм дар каламрави мазкур шиддат мегирад. Заминаҳои ин таназзул нисбатан барвақттар оғоз гардида буд. Зеро пас аз вафоти Темур (1336-1404) меросхурони ӯ барои соҳиб шудан ба тахт cap бардошта, оромии мамлакатро халалдор мекарданд. Баъдтар империяи Темуриёнро туркҳои бадиянишии бо сарварии Мухаммади Шайбонй барҳам доданд. Муҳаммад Шайбонихон соли 1500 Самарқанди бостониро тасарруф намуд. Тӯли 5 сол, яъне то соли 1505 ӯ тамоми қаламрави Мовароуннаҳрро таҳти назорати худ гирифт. Ҷангу низоъҳои пайдарпай, тохту тозҳои мунтазам, мансабхоҳиву ҷоҳталабихо каламрави Хуросону Мовароуннахрро басо харобу заъиф намуда буд. Хоҷагии халқ паст мерафт, зеро низоъхои каламрави, кашмакашихои дохилй низоми инкишофи чамъиятро вайрон менамуд. Табақаҳои мехнатии ахолй бештар ва хамаҷониба зарар медиданд. Охирин намояндаи Темурихо - Султон Ҳусайн Бойқаро соли 1506 вафот намуд. Ду писари Султон Хусайн хангоми хамлаи Шайбонихон шахри Ҳиротро химоя карда натавонистанд. Дар натиҷа, Шайбонихон соли 1507 Хуросонро низ забт намуд ва хокими Мовароуннахру Хуросон гардид. Соли 1510 нооромии гушношуниди дигар рух дод. Шох Исмоили Сафавй Ҳиротро тасарруф намуда, то интихои садаи XVI низоъхои сиёсй ва мазҳабй нихоят тезутунд боқӣ менонанд. Соли 1513 Исмоили Сафавй ба Мовароуннахр хамла мекунад, вале чандон муваффак намешавад. Танхо пас аз вафоти Шайбонихон то соли 1598 (наздик ба 90-сол) чонишинхои у давлатдорй карда бошанд хам, комилан комёб нашуданд.
Хони бообру - хокими Бухоро - Убайдуллоххони Шайбонй баҳри озодии Хуросон аз Сафавихо, шаш дафъа лашкар кашида бошад ҳам, бенатиҷа анҷомид. Танҳо дар замони Абдуллоҳхон (1557-1598) ба у муяссар гардид, ки як андоза муттахидии хонхои узбекро таъмин кунад. Зеро ҳам Хуросон ва хам Хоразм ба давлати хонй муттаҳид карда шуданд. Вале пас аз вафоти Абдуллоххон қуввахои марказгурез аз нав cap бадоштанд ва хукумати Шайбонихо ба хамин восита аз арсаи таърих рафт. Яке аз ҳодисахои ниҳоят даҳшатбори аср низоъҳои мазхабӣ ба шумор меравад. Дар қаламрави Мовароуннахру Хуросон баробари зада даромадани Шох Исмоили Сафавй муборизахои тезутунде миёни шиахо ва сунниён cap зад. Хаводиси мазкур аз он сабаб ҳам буд, ки Исмоили Сафавй худро вориси мазхабй шиа эълон намуда, баҳри ривоҷи он дар байии мардум тавассути катлу ғорат ниятҳои дигари худро низ амалӣ менамуд. Дар асл хадафи ин сиёсатмадор васеъ намудани худуди давлат ва сарзамини худ аз ҳисоби мамолики ободон ва ба даст даровардани боигариву сарват буд. Ин низоъхои мазхабй амалан то охирхои асри XVI идома карда, боиси харобихои гушношуниди халқҳои Мовароуннахру Хуросон гардида буд. Ҳатто, ду тан суханварони машҳури ин давра Мавлоно Бадриддин Хдлолй ва Камолуддини Биной курбони ана хамин гуна низоъхои мазхабй шудаанд. Аз тарафи дигар, яке аз сабабхои чудоии Мовароуннахру Эрон ана ҳҳамин моҷароҳои сиёсию мазҳабй гардида буд.
ТАШКИЛИ ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД
Темуриёни Хинд ва ё ин сулола дар сарчашмахо бо номи Бобуриён низ ёд мешавад, аз ибтидои асри XVI то огози асри XIX дар Хиндустон хукмронй кардаанд. Аниктараш тули солхои 1526- 1858 сулолаи мазкур дар каламрави Хинд хукумат кардааст. Асосгузори хукумати Темуриёни ХИНД намояндаи ҳамин сулола - Захируддин Бобур мебошад. Онхоро инчунин мугулхои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирхои салтанати Аврангзеб парокан- да гардида бошад хам, амалан то истилои Англия (соли1857) ву- чуд дошт. Силсилаи мазкур аз Бобур (1526-1530) огоз гардида, Хумоюн (1530-1539; 1555-1556), Акбар (1556-1605), Ч^ахонгир (1605-1627), Шохичахон (1627-1658), Аврангзеб (1658-1707), Ба- ходуршох (1707-1712), Чахонгиршох (1712-1713), Фаррух Сияр(1713-1719), Мухаммадшох (1719-1748), Ахмадшох (1748- 1754), Оламгири II (1754-1759), Шохолами II (1806-1837) идо- ма намудааст ва охирин намояндаи сулолаи мазкур Баходур- шоҳи II солҳои 1839-1858 хукмронӣ кардааст.

Комментарии (1)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив