Ҳавзаҳо ва марказҳои адабӣ


Нақша:
  1. Марказҳои адабӣ дар асри XVI
  2. Ҳаёти адабӣ дар асрҳои XVIII-XIX
 
Ҳавзаҳо ё марказхои адабӣ. Одамон дар хама ҳолат руи ниёз ба илм, фарханг ва адаб овардаанд. Дар асри XVI, сарфи назар аз нооромихои сиёсй, дар каламрави Осиёи Миёна, Эрон, Хиндустон марказхои илмй, фархангй ва адабй фаъолият кардаанд, ки дар рушди чомеъаву фарханг накши мухим гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна - Самарканд, Бухоро, Балх, Бадахшон; дар сарзамини Эрон - Исфахону Машхад, Шероз, Табрез; дар мулки Хинд - Дехлй, Мултон, Лоҳур, Панҷоб, Кашмир, Сархинд. Хар кадоме аз ин доирахои фархангию адабй дар пешрафти сохахои мазкур накши сазовор гузоштаанд. Масалан, дар Осиёи Миёна: Мушфикй, Нисорй, Мутрибй, Шавкати Бухорой Самандархочаи Тирмизй, Мулхами Бухорой, Фитрати Зардуз, Сайидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрезй, Калими Кошонй, Соммирзои Сафавй, Мирзо Мухаммадтохири Насрободй ва дигарон; дар Хиндустон: Файзии Даканй, Бедили Дехлавй ва гайра. Бояд гуфт, ки авзои фархангу адабиёт дар нимаи аввали асри XVI нисбат ба нимаи дуюм хеле фарккунанда аст. Хамлаи Шох Исмоили Сафавй соли 1512 ба Хуросон, боиси парокандагии кув- вахои илмию адабй гардид. Бештар куввахои адабй ру ба Мова- роуннахр оварданд. Восифй дар «Бадоеъ-ул-вакоеъ» хабар ме- дихад, ки: «Дар он вакт (соли1512) кариб ианчсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннахр карданд». Дар ин сарзамин илмхои таърих, фалсафа, риёзиёт, хандаса, забону адабиёт, мантик, мусикй хеле пеш рафтааст. Масалан, Мухаммадсолехи Карминагй дар илми мантик, Мавлоно Кавка- бии Бухорой дар нучуму мусикй, Исматуллохи Самаркандй дар сарфу нахв, Хоча Калони Самаркандй дар хакмату риёзиёт аз чумлаи саромадони асри худ буданд. Илми мусикй яке аз дастовардхои халки точик дар асри XVI буда, дар се шахр: Хирот, Самарканд ва Бухоро хеле пеш рафтааст. Дар ин бора Хофизи Таниш («Шарафномаи шохй»), Дарве- шалии Чангй («Тухфат-ус-сурур»), Саид Шарифи Самаркандй
(«Таърихи касира») аз симохои машхури аср: Бобочони Х,офиз, Дустмухаммади Удй, Мухаммадалии Ной, Ахмад и Ҳофиз, Ибни Чангй ва дигарон ёд кардаанд. Таърихнависй низ хеле пеш рафтаву асархои гаронарзише ба майдон омадаанд. Аз чумла «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Хдбиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Шайбонинома» ва «Футухоти хонй»-и Биной» «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳофизи Убахй, «Шарафномаи шохй» ё «Абдуллохнома»-и Ҳофизи Таниш ва гайра махсули хамин асранд.
Дар асри 18 ва оғози асри 19 дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна, сарфи назар аз нобасомониҳои давр, ҷунбиши тозаи адабӣ зуҳур кард. Дар ин давра ҳаёти адабӣ асосан дар се маркази сиёсӣ- маъмурӣ, фарҳангӣ – илмӣ: Бухоро, Хӯқанд, Хева (хоразм) ривоҷ намуд. Инчунин ҳамин ҷунбишҳои адабӣ на танҳо дар шаҳрҳои зикршуда , балки тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ яъне шаҳрҳои музофотиро ҳам фар гирифт. Аз ҷумла доираҳои адабӣ дар Самарқанд, Каттақурғон, Миёнкол, Шаҳрисабз, Хуҷанд, Уратеппа, Ҳисор, Кулоб, Қаротегин, Дарвоз, Бадахшон вадигар шаҳрҳо фаъол гаштанд.
Якеаз доираи адабии бонуфузи ин давра, маркази хониарии Хева шаҳри Урганҷ мебошад.Тафовути ин ҳавза дар он аст, адабиёт дар инҷо бо забони узбекӣ инкишоф меёфт ва асарҳои тоҷикӣ ба забони узбекӣ тарҷума мешуданд. Аз ҷумла: “ Тутинома”-и ЗиёииНахшабӣ, “Ҳафт пайкр”- и Низомии Ганҷавӣ, “ Гуллистон” – и Саъдӣ, “ Баҳористон”, “Салмон ва Абсол” , “ Юсуф ва Зулайхо” – и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Бадоеъ- ул вақое”-и Зайниддини Восифӣ ва ғ. дар ин кор саҳми сарвари ин мактаби адабӣ- Мӯниси Хоразми бузург аст. 
Дигар доираи бонуфуз, доираи адабии Хуқандбашумор меравад, ки дар аҳди Олимхони Хуқандӣ ташаккул ёфта, дар рузгори Амир Умархон шуҳрат пайдо намудааст. Абдукарим Фазли Намангонӣ дар тазкираи худ “ Маҷмуат-уш-шуаро” таъкид мекунад, 75 тан қувваҳо адабӣ аз дигарҷойҳо ба ин ҳавзаи адабӣ омада буданд. Зеро худи Амир Умархон шоир буда шеъру адабро қадршиносӣ мекардааст. Дигар хусусияти адибони Хуқанд, ин аст, ки шоирони зулисонайн буданд ва бо ду забон тоҷикӣ ва узбекӣ эҷод мекарданд.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив