- Тзкира ва намудҳои он
- Тазкираи “ Нусхаи зебои Ҷаҳонгир”
- Тазкираи “Туҳфаи Сомӣ”
«Нусхаи зебои Чдхонгир» эадо ба хокими Хиндустон Шох, Чдхонгир буда, соли 1625 таълиф шудааст. Шоир ба кишвархои Балх, Файзобод, Кундуз, Кобул ва гайра сафар намуда, маводи зарурй гирдоварй кардааст. Тазкираи «Нусхаи зебои Чдхонгир» шархи холу намунахои ашъори 292 нафар шоирони охири асри XVI ва огози асри XVII-po фаро мегирад, ки онхо дар каламрави Мовароуннахру Хуросон, Эрон, Афгонистон ва Хиндустон зиндагй ва эчод кардаанд. Бо хохиши Ч,ахонгир ба тазкираи мазкур зиндагинома ва намунахои ашъори 80 нафар адибон, ки Чдхонгир худ чамъоварй намуда буд, дохил карда шудааст. «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибй соли 1606 таълиф шуда, ба хокими вакт Валимухаммадхони Аштархонй бахшида шудааст. Мутрибй дар эчоди ин тазкираи худ аз «Мачолис-ун-нафоис»-и Навой ва «Музакир-ул-ахбоб»-и Нисорй бахра бардоштааст. Дар тазкираи мазкур оид ба 335 нафар адибон маълумот дода мешавад, ки онхо муосирони тазкиранигоранд. Аз он чумла, дар бораи 17 нафар хокимон, ки онхо ахди калам низ буданд, маълумот дода мешавад. «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибй барои омухтани хаёти адабй ва рузгори адибони нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII аз беҳтарин сарчашмахои адабй аст. Зеро баъзе адибон танхо дар хамин тазкира, зикр шудаанд. Аз чумла: Фигорй, Нозимй, Орифй, Афзалй, Зардакй, Дустй ва дигарон. Аз тарафи дигар, тазкираи Мутрибй барои муайян намудани казовати эчоди бадеъ, пешрафти афкори адабй эстетикии асримиёнагй, дарёфти асолати хунарии эчодкорон ва гайра низ ахамияти вол о дорад. Мутрибй худ Самаркандй буда, солхои таваллуду вафоташ номаълум аст. Аз тахаллуси у пайдост, ки дар чодаи мусикй, сарояндагию навозандагй сохиби истеъдод будааст. У дар ибтидо огози тахсилро дар Самарканд шуруъ намуда, баъдтар ба Бухоро меравад. Дар ин маркази фархангй аз Хоча Хасани Нисорй илми шеъру шоирй меомузад. Намунахои ашъори Мутрибй дар «Тазкират-уш-шуаро»-и у чой дода шудааст, ки аз хунари баланду санъати волои шоирии Мутрибй гувохй медиханд. Аз ин ру, мероси махфузмондаи адибро «Тазкират-уш-шуаро», «Нусхаи зебои Чдхонгирй» ва ашъори мутафаррикаи лирики ташкил намудаанд.Дигар аз тазкирахои ин аср «Музаккир-ул-ахбоб»-и Баховаддин Хасан мутахаллис ба Нисорй мебошад. Нисорй тазкираи худро соли 1566 таълиф намуда, онро ба хокими вакт Искандархони Шайбонй бахшидааст. Шумораи шоирон дар нусхахои гуногуни тазкираи Нисорй мухталиф кайд гардида, аз 220, 275 то 450 нафар зикр шудаанд. Албатта, ин худ аз борхо тахриру такмил шудани тазкираи Нисорй шаходат медихад. Муаллиф тазкираи худро давоми тазкираи Мир Алишери Навой медонад. «Музаккир-ул-ахбоб» аз нигохи сохту таркиб низ ноли б аст: яъне он дорой мукаддима, чахор боб ва хотима мебошад. Дар таърихи афкори адабй тазкираи Нисорй яке аз асархои басо арзишманд аст. Пеш аз хама, ин асар барои омухтани таърихи адабиёти асри XVI сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад. Хатто тавассути тазкираи мазкур бисёр адибони гумном ошкор мегарданд. Аз тарафи дигар, «Музаккир-ул-ахбоб» рузгору осори бисёр шуарои гузаштаву муосири Нисориро фаро мегирад. Инчунин, адибоне, ки ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшох ва «Мачолис-ун-нафоис»-и Навой дохил нашудаанд, Нисорй онхоро дар асари худ чойгир намудааст. Дигар аз хусусиятхои тазкираи Нисорй боз дар он аст, ки Хоча Хасан дар асари худ оид ба авзои фархангии аср ва тахаввули адабиёти давр хам маълумоти арзишманди илмй медихад. Дигар аз тазкирахои мухим, ки таълифи он ба адабиёти ибтидои асри XVII рост меояд, «Тазкираи Нозими Табрезй» буда, соли 1627 таълиф шудааст. Ин тазкира аз ду боб (чахор фасл) иборат мебошад. «Тазкираи Нозими Табрезй» оид ба рузгору осори адибони гузашта ва хам оид ба ахли калами замони худи муаллиф маълумот медихад. Сарфи назар аз баъзе норасоихо, тазкираи мазкур арзиши адабй эстетикй дошта, оид ба баъзе лахзахои зиндагиномаи шуаро ва хусусияти ашъори онхо бахс карда мешавад. Тазкираи дигар, ки соли 1601 таълиф шудааст, «Тазкират-уттаворих»-и Абдуллохи Кобулй буда, дар он оид ба рузгору осори 197 адиби гузаштаву муосири худи тазкиранигор маълумот дода шудааст. Аз шумораи мазкури шуаро 145 нафари онхо адибони асрхои IX-XV буда, 52 тан адибони охири асри XV ва аввалхои асри XVI низ дар ин тазкира чой дода шудаанд, ки инхоро метавон хамасрони муаллифи тазкира номид. Тазкираи Абдуллохи Кобулй аз он чихат хам мухдм аст, ки тавассути он хонанда дойр ба рузгору осори 35-нафар адиби асри XVI маълумоти тоза пайдо карда метавонад, ки дар тазкирахои дигар зикр нашудаанд. Бо в у чуди баъзе ахбори такрор, тазкираи Абдуллохи Кобулй дорой арзиши хеле волои адабй -эстетикй ва илмй мебошад. Каме барвакттар аз тазкирахои дар боло номбаришуда, чанд тазкираи дигар низ руи кор омадааст, ки барои омухтани рузгору осори эчодкорони асримиёнагй маълумоти насбатан арзишманди илмй медиханд. Аз онхо яке асари Абунаср Соммирзои Сафавй аст, ки бо номи «Тухфаи Сомй» соли 1560 эчод шудааст. Ин тазкира низ давоми «Мачолис-ун-нафоис»-и Навой буда, аз мукаддима, хафт боб ва хотима иборат аст. «Тухфаи Сомй» пеш аз хама, аз он чихат мухим аст, ки дар ин асар шархи холу намунахои осори 713 тан куввахои адабй гирдоварй шудааст. Ин адибон дар охирхои асри XV ва ибтидои асри XVI зиндагй ва эчод кардаанд. Онхо мукимони каламрави Ироки ачам, Хуросону Мовароуннахр мебошанд. Дар ин тазкира баёни рузгору ашъори беш аз 50 шоире, ки дар тазкираи Навой низ омадаанд, бо маълумоти нодиру такмилу тасхех ва ташрех оварда шудаанд. Тазкираи «Тухфаи Сомй» аз нигохи илмй низ хеле арзишманд мебошад, зеро дар он холати доирахои адабй, равобити эчодии хавзахои адабй, сабкати эчодй ва гайра хеле хуб баён шудааст. Соммирзои Сафавй таълифкунандаи тазкираи «Тухфаи Сомй» соли 1517 дар Табрез ба дунё омадааст. Падари у шох Исмоили Сафавй аст, ки солхои 1502-1524 хукмронй кардааст. Сомирзо низ аз ин ру комилан илмхои замонро аз худ карда, чанд муддат хокими Хирот ва Озарбойчон хам будааст. Дар баробари сиёсатмадорй, ӯ эҷодкор низ будаасту аз мероси адабиаш дар хачми 6 хазор байт газалу рубой, муфрадот ва гайра ба ёдгор аст. У соҳиби тазкираи «Тухфаи Сомй» мебошад, ки ин асари Сомирзо шухрати уро асосан таъмин намудааст. Асари дигаре, ки дар нимаи аввали асри XVI, дакикан соли 1522 таълиф шудааст, «Тухфат-ул-хабиб»-и Фахрии Хиравй мебошад. Ин тазкира, пеш аз хама, бо он хусусияти худ фарк мекунад, ки дар он шоирони газалсаро ва асосан онхое, ки газалхои чавобия ба ашъори шоирони пешин гуфтаанд, гирдоварй гардидааст. Яъне муосирони Фахрй шоирони охири асри XV ва аввали асри XVI, ки газалхои чавобия эчод кардаанд, дар тазкираи мазкур фароҳам оварда шудаанд. «Тухфат-ул-хабиб»-и Фахрии Хиравй дорои чахор мачлис буда, оид ба рузгору осори 254 тан шоирон маълумоти зарурй медихад ва аз ашъори онхо намунахо меорад. Яке аз арзишмандтарин тазкирахое, ки дар огози садаи XVII таълиф шудааст, «Музаккир-ул-асхоб»-и Мухаммадбадеъ Малехои Самаркандй мебошад. Ин тазкира солхои 1688-92 таълиф шуда, шомили ду бахш: асосй ва мулхакот аст. Дар кисми асосии он оид ба 165 тан шоирони асри XVII, ки муосирони Малехоянд, маълумот дода шудааст. Дар бахши мулхакот бошад, Малехо оид ба 37 нафар шоирони чавону навкалам, ки ба кисмати асосй дохил нашудаанд, маълумот медихад. Маълумоти Малехо оид ба зиндагиномаи шоирон нисбатан муътамад аст, зеро у бо хар як шоире, ки дар борааш иттилоъ медихад, вохурдааст. Аз тарафи дигар, ин тазкира тибки алифбо тартиб дода шудааст ва аз ин ру, дар он шоху гадо баробар аст. «Музаккир-ул-асхоб» аз ин чихат арзиши волои адабй дорад ва аз чихати дигар намунаи насри адабй илмии садаи мазкур хам ба шумор меравад. Ч,ихати фарккунандаи дигари тазкираи Малехо боз дар он аст, ки ба тарики намуна овардан аз ашъори шуаро у бо як ё ду байт иктифо накарда, то 60-70 байт зикр менамояд. Умуман, тазкирахо аз як тараф, маълумотномаи шархихолии пурарзиш оид ба зиндагиномаи адибон бидиханд, аз тарафи дигар, оид ба хусну кубхи санъати сухан ва хунари эчоди эчодкорон, макому мартабаи онхо бахс ба миён меорад, ки ин чанбахои илмй адабии доштани тазкирахоро тасдик менамояд. Аз ин ру, тазкирахо яке аз сарчашмахои муътамаду арзишманд барои омухтани таърихи адабиёт низ мебошанд.
Комментарии (0)