Ҳодисаҳои фонетикӣ


  1. Ҳодисаҳои ихтисор
  2. Ҳодисаҳои коҳишёбӣ
  3. Ҳодисаҳои афзоиш 
  4. Ҳодисаҳои монандшавӣ 
Савт, овозро гуянд. Дар ҳар забон ҳодисаҳои гуногуни савтӣ ба вуҷуд меояд, чун талаботи табии ҳар забон ру ба ин дигаргуниҳои савтӣ дорад. Инсонҳо вожаҳои забони худро он гуна ки табиати фитрии онҳо қабул мекнад, истифода мебаранд, ва вожаҳоро на танҳо аз руи маъно, аз ҳайси овозу   таллафуз низ, тобеи табиати худ мекунанд. Ин боиси ба амал омадани баъзе дигаргуниҳо мешавад. Гоҳо овозҳо пасупеш, гоҳо партофта, гоҳи дигар баръакс афзуда мешавад, ин ҳолатро ҳодисаҳои фонетикӣ гуянд. Асоситарин ҳодисаҳои фонетикии тоҷикӣ инҳоянд:
Ихтисор. Калимаи арабӣ буда, маънои хусрон ва хусорон яъне вайроншавиро дорад. Дар забони тоҷикӣ ин маънӣ бештар барои кутаҳшавӣ истифода мешавад. Ин ҳодиса бештаро дар назм ба вуҷуд меояд, мисолҳо: к-он, к-ӯ, к-андар, ӯ-ш, в-он....
Гар зи талхӣ кунам фарду дод,
Хок сад раҳ дар сари аҷзо-м бод.
                                                      Мавлавӣ
Хирад беҳтар аз ҳар чӣ Эзид-т дод,
Ситоиши хирадро беҳ аз роҳи дод.
                                                         Фирдавсӣ
Коҳишёбӣ. Маънои ин калима кутоҳшавӣ ва шикастан мебошад. ин ҳодисаест, ки дар он вожа ба шикастан бархурд мешавад ва дар талаффуз як овози вожа меафтад. Мисолҳо: дастгир- дасгир, дастгоҳ- дастгоҳ, дастмона-дасмона, Мастчоҳ- Маччо, саҳифа – сайифа.... вале ҳангоми навиштан бояд тарзи дурусти калимаҳо навишта шавад.
Афзоиш. Ё афзужани овоз. Дар ин ҳодиса як овоз бар вожа меафзояд, ва бо ин ки ин ҳодиса мухолиф бар мантиқи забони мебошад дар забони адабӣ қабул меафтад. Мисолҳо: Кирдигор – Кирдгор, пирамард- пирмард, пиразан- пирзан, дост- дос, осиёб- осиё.... шакли дурусти ин вожаҳо шакли дуюмашон аст, ки дар осрои классикони мо бо ҳамон шакл истифодашудаанд.
Монандшавӣ. Дар ҳодисаи мазкур овози талаффузи як вожа ба овози талаффузи дигар вожа монанд мешавадин монандшавӣ танҳо дар талаффуз дмешавад, ҳангоми навиштан бояд шакли ду: занбар- замбар, чанбар- чамбар, танбур- тамбур, анбор-амбор, мағфират- махфират...
Ҷойивазкунӣ. Дар ин ҳодисаи савтӣ ҷои як овозро овози дигар мегирад. Мисолҳо: суфра- сурфа, китф-кифт, қуфл- қулф, ақвот-авқот.....

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив