Сарвати волои миллат


Имрӯз мо шукри истиқлолияти давлатӣ, шукри сулҳу Ваҳдати миллӣ мекунем. Ҳоло Ваҳдат барои халқи тоҷик яке аз арзишҳои муқаддас ва муҳиму азиз мебошад.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва истиклолияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки бо таърихи қадимаи миллатамон бештар шинос шавем , гузаштагонамонро ҷустуҷӯ кунем ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангиамонро ҳифз намуда, ҳуввияти миллиамонро эҳтиром намоем ва эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардорем.
Ба шарофати Вахдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҳаёти иқтисодии кишвар навигариҳои зиёди хурсандибахш ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гузоштани саҳм дар роҳи Сулҳ ва устувории Ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва Ваҳдати миллӣ мо метавонем сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро таъмин намоем.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив