Фазилати хуби инсонӣ


 Сабру зафар ҳарду дӯстони қадиманд...
     (Аз Ҳофиз)
Ширинии зиндагӣ, пурнуру мусаффо будан ва саодатмандиву осоиштагии мардумон аз сабру қаноат аст. Сабр фазилатест, ки ба ҳама гуна амалҳои неку боадолатонаи инсон сайқал мебахшад. Фаъолияти инсонро ба низом медарорад.
Сабр нишони ботамкинӣ, дурандешӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ аст. Сабр худдорӣ намудан аз чизе ё ҳодисаест. Вай дар ҳаёти иҷтимоӣ қадру қиммати инсонро афзун менамояд. Ба мазмуни ҳама гуна амалҳо нерӯйи нав мебахшад. Инсон ба пастию баландиҳои зиндагӣ, ба ширинию талхиҳои ҳаёт чӣ қадар пурсабр бошад, тири умеду орзуяш ҳамон қадар тезтар ба нишон мерасад, зеро сабр калиди кушоиши ҳама гуна мушкилиҳост. Дар хонаи бахту саодат, дари бинои мақсад, дар хонаи умеду орзуҳо бо ҳамин калид, яъне бо калиди сабру тоқатнокӣ кушода мегардад.
Инсон агар сабр карда тавонад, ғӯраи турш не, балки ҳалвои ширин насибаш мегардад.
Шахси босабру тоқат ва боирода албатта ба мақсад мерасад, зафар меёбад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив