Банақшагирии дарс дар синфҳои ибтидоӣ


Мазмуни дарс: 
  1. Омодагии муаллим ба дарс
  2. Маълумот дар бораи нақшаи тақвимӣ.
  3. Маълумот оиди нақшаи тавзеҳотӣ ва қисматҳои он.
  4. Намунаи нақшаи дарси интерактивӣ дар синфҳои ибтидоӣ. 
 Таълиму тарбия як чизи одӣ набуда он бо мурури замон рушд меёбад ва ба он тағйироту навгониҳо ворид карда мешавад. Дунёи атрофи мо пур аз дигаргуниҳост ва таълиму тарбия низ бо ҳамон маҷро пеш меравад. Ба ҳаёти воқеи мувофиқу созгор намудани раванди таълиму тарбия кори мақсадноки ҳар як омӯзгор аст. Бояд қайд намуд, ки таълим дар синфҳои ибтидоӣ ин танҳо аз хондану навиштан ва ҳисоб кардан иборат нест, балки инкишофи малакаю маҳорат, зеҳн, нутқ, тафаккур ва қобилияти эҷодии хонандагон аст. Онҳо бояд дониши андӯхтаи худро дар амал дуруст истифода бурда тавонанд. Аз ин лиҳоз, гузаронидани дарсҳо бо усулҳои фаъоли таълим ё усулҳои ҳамкорӣ (усулҳои интерективӣ) иқдоми нек дар ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад. 
Нақшаи тақвимӣ-мавзӯӣ барои нимсола ё солона тартиб дода мешавад. Баъди дар нақшаи таълим муайян кардани миқдори соатҳои ҳафтаинаи таълими фан муаллим соатҳои умумии мавзӯъҳои бутунро аз барнома гирифта, онҳоро ба мавзӯъҳои хурд тақсим мекунад. Муаллим ҳангоми таҳияи нақшаи тақвимӣ миқдори соатҳои мавзӯъҳои ҷудогонаро, ки дар барнома дода шудаанд, метавонад тағйир дода, каму зиёд кунад, вале миқдори умумии дарсҳоро, ки барои як соли хониш дода шудаанд, тағйир дода наметавонанд. Ҳамин тавр, яке аз шартҳои тартиб додани нақшаи тақвимӣ-мавзӯӣ муайян кардани адади моҳҳо, рӯзҳо ва ҳафтаҳои таҳсил, соатҳо дар давоми соли хониш мебошад.
 Омодагии муаллим ба дарс фаъолияти эҷодии ӯро нишон медиҳад.   Ташкили дарс асосан ба захираи дониш, таҷриба ва тайёрии муаллим вобаста аст. Ҳар як дарс аз муаллими хоҳ навкор бошад, хоҳ соҳибтаҷриба, тайёрии ҷиддиро талаб мекунад.
Нақшаи дарс барои:
  • амалӣ кардани талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълим;
  • беҳтаршавии кори таълиму тарбия;
  • равшан нишон додани мақсад;
  • истифодаи самараноки вақт;
  • интихоби дурусти мавзӯъ, мавод, воситаҳои таълимӣ, методҳо;
  • истифодаи мақсадноки асбобҳои аёнӣ, аз ҷумла техникӣ;
  • ҳосил намудани боварӣ ба фаъолияти худ;
  • бартараф намудани такрори бемақсад;
  • ҷустуҷӯ кардан бо мақсади дарёфт намудани роҳҳои нави тадрис;
  • чяч аҳамияти калон дорад.
Омодагии муаллим ду марҳиларо дар бар мегирад: умумӣ ва алоҳида.
Омодагии умумӣ:
  • омӯхтани адабиёти педагогӣ;
  • равонӣ (психологӣ);
  • методӣ;
  • талабот ва мазмуни стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаи таълими фан;
  • мактубҳои эзоҳӣ;
  • китоби дарсӣ;
  • таҷрибаи пешқадами омӯзгорони дигар;
  • таҷрибаи шахсии андӯхта;
  • тартиб додани нақшаи тақвимӣ (истифода аз соатҳои нақшаи таълимӣ).
Омодагии алоҳида:
  • тартиб додани нақшаи дарс ва маводи он.
Навиштани нақшаи дарс аз мақсадҳои таълим оғоз меёбад. Баъди интихоби мақсадҳои таълим, ки аз стандарти давлатии таҳсилот ва барномаи таълими фан бармеоянд, нишондиҳандаҳо (зермақсадҳо)-и он муайян карда мешаванд. Барои ба мақсад ноил шудан дар навиштани нақшаи дарси худ ба саволҳои зерин ҷавоб ҷӯед:
  1. Барои ба мақсад расидан аз кадом навъи дарс истифода бурдан самарабахштар аст? (Ҳар навъи дарс аз лаҳзаҳои ба он хос иборат аст. Вобаста ба ин лаҳзаҳо интихоб намудани усул ва шеваҳои таълим осонтар мегардад.)
  2. Ман барои ба мақсад расидан бояд чӣ гуна фаъолиятҳоро интихоб намоям?
  3. Дар ин ё он лаҳзаи дарс аз кадом воситаҳои таълим (расму мусаввара, нақшаю ҷадвал, компутер) истифода карда метавонам?
  4. Дар иҷрои кадом фаъолиятҳо фазои ҳамкории хонандагонро ташкил кардан мумкин аст?
  5. Чӣ тавр месанҷам, ки мақсадҳои гузошташуда иҷро шуданд ё не?
Агар ба ин саволҳо ҷавоб ёфта тавонед, дарси шумо натиҷаи хуб медиҳад.
Дар адабиётҳои педагогӣ доир ба масъалаи банақшагирии дарс (сохт ва тарзҳои он) андешаҳои гуногун мавҷуданд. Аммо дар ҳамаи онҳо як нуктаи умумӣ ҷой дорад, ки банақшагирии дарс кори эҷодии омӯзгор буда, дар интихоби сохт ва тарзи таҳияи он озод аст. Ҳар як омӯзгор дар даст “Роҳнамои омӯзгор” барои ҳамаи фаннҳои таълимӣ дорад, ки дар он намунаи нақшаи таълимии дарси яксоата дода шудааст. Ҳар як омӯзгор вобаста ба фаъолияти эҷодиву қобилияту зеҳни азхудкунии хонандагони худро ба назар гирифта, метавонад ба он тағйирот ворид намояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки он тағйироту иловаҳои омӯзгор бояд ба мақсаду салоҳиятҳои дода шуда мувофиқ бошад, ҳангоми интихоби аёниятҳои таълимӣ ва воситаҳои истифодашаванда диққати махсус бояд дод.
Чуноне аз гуфтаҳои боло аён мегардад, маҳаки асосии ҷараёни таълиму тарбия дарс аст. 
 Дарс
Сохтори навишти нақшаи тавзеҳотии дарсро аслан ба ду шоха ҷудо намуданд:
  1. Ҳатмӣ 
  2. Эҷодӣ 
Накшаи тавзехоти
Ба қисмати ҳатмии нақшаи тавзеҳотӣ номи мавзӯъ, салоҳиятҳо, мақсади таълим дохил мешавад. Равиши дарс ва арзёбии таълим ба қисмати эҷодии нақшаи тавзеҳотӣ дохил мешавад, ки омӯзгори босалоҳият метавонад, ба намунаи дасҳои дар роҳнамо омада, вобаста ба қобилият ва зеҳни хонандагони худ ба он таъғиру иловаҳо намояд. Аммо гуфтан ҷоиз аст, ки ҳангоми даровардани таъғиру иловаҳо ба салоҳиятҳои ҳамонрӯзаи таълим, мақсади таълим ва мавзӯъ, ки мувофиқи нақшаи таълим омадааст, тағйирот ворид намоянд.
Ҳавасмандкунӣ . Дар лаҳзаи аввали дарс диққати хонандагон ба мавзуи омӯхташаванда, ҳавасманд намудани онҳо, нишон додани зарурияти мавзуъ равона мешавад.
Мустаҳкамкунии лаҳзаи муҳими дарс буда, он на танҳо самаранокии омӯзиши мавзуъ, ҳавасмандкунии хонандагонро зиёд мегардонад, балки дар шуури хонандагон пайдарҳамии мантиқӣ ва усулҳое, ки дар рафти дарс истифода шудаанд, ба вуҷуд меоварад.
Омӯзиши мавзӯи нав
Омӯзиши мавзӯи нав лаҳзаи асосии дарс аст, ки дар равиши он хонандагон дониши нав мегиранд. Дар ҷараёни ин лаҳза муаллим супоришҳо ва машқҳои интерактивиро интихоб мекунад, ки ҳангоми иҷрои онҳо хонандагон дониш, малака ва маҳорати зарурӣ мегиранд. Дар вақти интихоби супоришҳо мақоли зеринро ба назар гирифтани омӯзгор бамаврид аст:
«Ман мешунавам ва фаромӯш мекунам,
        ман мебинам ва дар хотир мегирам,
              ман иҷро мекунам ва мефаҳмам».
Баҳодиҳӣ, арзёбӣ - лаҳзаи муҳими ҳавасмандгардонӣ дар дарс мебошад. Баҳодиҳӣ бояд боадолотона ва беғаразона бошад. Танҳо дар ин вақт он метавонад чун воситаи ҳавасмандгардонӣ хизмат кунад, дар акси ҳол он метавонад сабаби асосии канораҷӯӣ аз фан, дилхунукӣ ва гум кардани шавқу ҳавас ба фан мегардад. Бинобар ин махсусан дар ин лаҳза муаллим бояд бодиққат буда, усулҳои худбаҳодиҳӣ, баҳогузории коллективона ва гуруҳиро истифода кунад.
Ҷамъбаст - Натиҷаҳои дарс ҷамъбаст карда мешавад. Дар лаҳзаи охири дарс муаллим аз хонандагон мепурсад: Ба онҳо чӣ маъқул шуд? Чӣ маъқул нашуд? Ниҳоят, қайдҳои онҳоро ба назар мегирад. Дар охир мавзуи гузаштаро ҷамъбаст намуда, барои мустақилона аз худ кардани маводи омӯзишӣ хонандагонро шавқманд менамояд.
Сохтори нақшаҳои намунавии дарс дар роҳнамои омӯзгор аз тарзи классикии банақшагирӣ фарқ мекунад. Ҳар як рукни он талаботи хоса дорад. 
  1. Номи параграф/мавзӯъ асосан мувофиқи мавзӯъҳои китобҳои дарсӣ мебошад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби мувофиқ набудани мавзӯъ ба синну соли хонандагон мавзӯъҳо иваз карда шудаанд. Инчунин, дар якчанд ҳолатҳо барои шавқовар гардондани мавзӯъҳои китобҳои дарсӣ номҳои ҷолиб интихоб шудаанд. Дар баробари номи мавзӯъ миқдори соатҳои машғулият пешниҳод карда мешавад. 
  2. Барнома муайянкунандаи мазмун ва мундариҷа, инчунин фаъолиятҳои асосии дарс мебошад. Барнома имконият медиҳад, ки мундариҷаи асосӣ аз дуюмдараҷа ҷудо карда шавад. 
  3. Салоҳиятҳо аз стандартҳои фаннӣ мувофиқи ҷадвали салоҳиятҳо оварда мешавад. Салоҳиятҳо такроран дар чандин дарсҳо то охири сол оварда мешаванд. 
  4. Мақсади таълим барои як дарс таҳия шуда, дар худ хусусиятҳои салоҳият ва мундариҷаи таълимро фаро мегирад. Мақсади таълим мушаххас, санҷидашаванда, иҷрошаванда ва мувофиқ мебошад. Мақсади таълим аз нигоҳи хонанда навишта мешавад ва ба саволи “Хонанда чӣ кор карда метавонад?” ҷавоб мегардонад. Масалан, Хонанда матнро мехонад ва симоҳои онро муайян карда метавонад. Мақсади таълим имконият медиҳанд, ки самтҳои асосии дарс (равиш, методҳо) муайян гарданд. 
  5. Равиши дарс – тавсияҳои методӣ оид ба тарзи гузарондани дарс. Дар он марҳалаҳои гуногуни дарс шарҳ дода мешавад. Методҳо ва фаъолиятҳои таълимӣ бо мақсади ташаккули салоҳиятҳо ва татбиқи мақсадҳои дарс тафсир дода мешаванд. Лаҳзаҳои дарс ва фаъолиятҳои таълимии пешниҳодшаванда хусусияти тавсиявӣ дошта, омӯзгорон онро мувофиқи шароит ва қобилиятҳои хонандагон тағйир дода метавонанд. Мақсади асосӣ ноил гаштан ба мақсадҳои таълим мебошад, интихоб ва истифодаи усулҳо ба салоҳияти омӯзгор вобаста аст. 
  6. Арзёбӣ асосан ҷамъбасти дарс буда, баъзан воситаҳои арзёбӣ (ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ) шарҳ дода мешаванд. Усул ва воситаҳои арзёбӣ вобаста ба салоҳиятҳо ва мақсадҳои таълимии дарс интихоб ва пешниҳод мегарданд. Ин қисми нақшаи дарс низ хусусияти тавсиявӣ дорад ва омӯзгор вобаста ба шароит ва қобилияти хонандагон онро иваз карда метавонад. 
Дар зер намунаи нақшаи дарси интерактивӣ дар синфҳои ибтидоӣ оварда мешавад:
  1. Ҳавасмандкунӣ ва эълони мавзуи нав – 10%
  2. Мустаҳкамкунии мавзуи гузашта – 20%
  3. Омӯзиши мавзуи нав – 50%
  4. Баҳодиҳӣ – 10%
  5. Ҷамъбаст – 10% вақти дарсро мегирад.
Тақсимоти вақт дар нақша тахминӣ буда, муаллим метавонад мувофиқи маводи дарс ин ё он лаҳзаро кам ё зиёд кунад.
Саволҳо барои такрор:
  1. Чӣ тавр нақшаи тақвимиро тартиб дод?
  2. Ҳангоми банақшагирии таълим чиҳоро ба назар гирифт?
  3. Дарс чист?
  4. Омӯзгори эҷодкор кист?
  5. Қисматҳои нақшаи тавзеҳотиро шарҳ диҳед.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив