- Тағйиротҳо дар низоми таҳсилот.
- Гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ.
- Омӯзиш тавассути ҳамкорӣ, ҳамсозӣ ва муколама.
- Тағйирот дар муносибатҳои таълимиву омӯзиш
- Маълумот дар бораи сохтори барномаи таълим ва дарси интерактивӣ
- Методҳои фаъол ва интерактивӣ.
- Вазифаи умумии омӯзгор дар технологияи интерактивӣ.
- Намунаи наќшаи дарси интерактивї дар синфњои ибтидої.
Илми педагогика бемайлон инкишоф меёбад, аз навгониҳои замон сарчашма мегирад ва барои ба миён омадани падидаҳои нав замина низ мегузорад. Омӯзгорон бояд аз ин навгониҳои илми педагогика бохабар бошанд, онҳоро таҳлил ва дар амал татбиқ кунанд. Агар омӯзгор аз ин навгониҳо бехабар монад, назария ва усулҳои таълими ӯ бархурди ин падидаҳои нав набошанд, боиси пайдо шудани фосила байни таълим ва ҳаёти воқеии ҷомеа мегардад.
“Рушди босуръати илму техника ва технология аз шахси муосир талаб мекунад, ки фаъолияти маърифатӣ, иҷтимоӣ ва касбиашро ба талаботи нав мутобиқ созад. Суръати рушд ба мо барои интиқоли донишҳо имконият намедиҳад, аз ин лиҳоз таълим бояд малака ва маҳоратҳоеро дар хонанда ташаккул диҳад, ки ӯ мустақилона тартиби фаъолият, ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои ҳалли масъалаҳо, муқоиса, таҳлили ақида ва ахбор, арзёбии раванди иҷрои фаъолият, муайян кардани ғалатҳо ва ислоҳи онҳо, ба роҳ мондани муоширати созанда бо иштирокчиёни дигари равандҳоро ба нақша гирад ва татбиқ карда тавонад.
Талаботи нав ба сатҳ ва сифати саводнокии хонандагон аз муҳаққиқону олимони ватанӣ талаб мекунад, ки назарияҳои муосири педагогикаро таҳқиқ карда, ҷанбаҳои гуногуни рушди илми педагогикаи миллиро ташаккул диҳанд.
Дар таълими интерактивӣ омӯзгор хонандаро ба раванди фаъоли омӯзиш тавассути ҳамкорӣ, ҳамсозӣ ва муколама ҷалб мекунад.
Омӯзиш дар ҳамкорӣ як раванди иҷтимоӣ аст, ки хонандагон бояд дар он иштироки фаъол дошта, бо ҳам дар якҷоягӣ кор кунанд. Супоришҳо ба гурӯҳи хонандагон дода мешаванд, ин имконият медиҳад, ки ҳар як хонанда ба натиҷаи таълим саҳм гузорад (Виготский, 1978).
Ҳамсозӣ низ иштироки фаъоли хонандагон дар раванди омӯзиш ва ҳосил кардани донишҳо дар баробари омӯзгор аст. Масалан, омӯзгор муколамаро ташкил карда, ба он на ҳамчун нафари авторитарӣ, балки ҳамчун иштирокчии фаъол ва (дар мавридҳои лозим) идоракунандаи муколама ширкат мекунад. Хонандагон оид ба масъала ё супориш саволгузорӣ мекунанд ва тавассути муколамаи якҷоя роҳи ҳалро пайдо мекунанд.
Муколама ин канорагирӣ кардан аз модели мубодилаи саволу ҷавоб дар байни омӯзгору хонандагон мебошад. Омӯзгор пайваста кӯшиш мекунад, ки хонандагонро барои саҳмгузории фаъол дар муколама ҳавасманд гардонад ва дахолати барвақтиро ба ҷараёни муколамаи хонандагон пешгирӣ намояд.
Омӯзгоре, ки бо таълими интерактивӣ ошно аст, медонад, ки ӯ бо шахсони мураккаби дар сатҳҳои гуногун инкишофёфта ва тарзи омӯзиши гуногундошта кор мекунад. Усули номбурда аз омӯзгор талаб мекунад, ки барои дарки мафҳумҳо ба хонандагон вақти кофӣ ҷудо кунад, гуфтугӯву муколамаро дар синф ташкил намояд, тағйирпазир бошад ва хонандагонро ба раванди таълим пурра ҷалб кунад.
Банақшагирии таълиму омӯзиш бояд ниёзҳо ва манфиатҳои хонандагонро дар бар гирад. Мушоҳидаҳо ва таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари вақт омӯзгор нақшаи дарсро бар асоси барномаи таълимӣ бе назардошти ниёзҳои хонандагон менависад. Аз ин рӯ, хонандагон эҳсос намекунанд, ки дар раванди омӯзиши худ саҳме доранд.
Диққати бештари омӯзгорон дар аксари дарсҳо ба иҷрои як мақсад равона шудааст ва он яксон барои ҳамаи хонандагон таълим дода мешавад. Ин мақсадро омӯзгор ҳамчун як "қадам" аз барномаи таълимӣ интихоб ва "тарҳрезӣ" мекунад. Ҳол он ки омӯзгор бояд ҳамеша аз ниёзҳои гуногуни хонандагон (омодагӣ, фаҳмиш, суръати азхудкунӣ, дараҷаи дарки мавод) пайваста огоҳ бошад ва раванди таълимро барои расидан ба мақсадҳо бо назардошти гуногунии ниёзҳои хонандагон мувофиқ кунад.
Омӯзгорон дар аксари дарсҳо (ҳатто имрӯз ҳам) раванди омӯзишро тарзе ба роҳ мемонанд, ки он маъмулан шакли интиқолии донишҳо аст. Яъне ин пешниҳоди маълумот аз ҷониби омӯзгор, пурсиши саволҳо, посухи хонандагон ва азхудкунии донишҳоро дар бар мегирад. Баръакси чунин танзим модели ҳамкорӣ вуҷуд дорад, ки он шароити беҳтарини омӯзишро барои хонанда фароҳам меорад. Дар ин модел ҳадафҳои фардии омӯзиш бар сари хонанда таҳмил намешаванд, балки тавассути сӯҳбату музокира бо ӯ муайян мегарданд. Робитаи мутақобила дар ин модел муколамаи байни омӯзгор ва хонанда буда, тавсияҳо равшану возеҳ ва ба мақсади омӯзиш нигаронида шудаанд, ки аз ҷониби хонанда иҷро мегарданд. Аллал (1988) тавзеҳ медиҳад, ки "Танзими фаъол ва якҷоя дар пешрафти хонанда саҳм мегузорад ва тавассути робитаи мутақобила (пешниҳод кардани шарҳу мулоҳиза дар бораи фаъолияти хонанда) ва раҳнамоӣ иштироки хонандаро дар ҳар як марҳилаи омӯзиш таъмин мекунад".
Тағйирот дар муносибатҳои таълимиву омӯзишии хонанда ва омӯзгор барои самаранокии арзёбии ташаккулдиҳанда нақши асосӣ дорад. Яке аз нуқтаҳои марказии такмили маҳорати касбии омӯзгорон бояд огоҳӣ дар бораи тағйироти нақши омӯзгор ва хонанда дар раванди омӯзиш бошад. Вазъиятҳои таълимӣ бояд ба таври интерактивӣ ба роҳ монда шуда, бо муколама ва робитаи мутақобила таъмин карда шавад.
Барномаи таълими синфњои ибтидої дар шакли маљмўъ тањия гардида, дар он мазмуну мундариљаи њамаи фанњо љой дода шудаанд ва ќисматњои зеринро дар бар мегирад: консепсияи таълими фан, маќсаду вазифањои фанни таълим, миќдори соати умумї барои як соли тањсил ва таќсимоти он ба њар мавзўъ, мундариљаи фаслњо, мавзўъњои људогона, нишондодњои методї (номгўи усул, тарзу воситањои таълим), тавсияњо доир ба бањо додан ба дастовардњои хонандагон, меъёрњои дониш, малака ва мањорати онњо.
Барномаи синфњои ибтидої њамчун њуљљати муњими давлат дар асоси усули аз сода ба мураккаб тартиб дода шуда, ќисмњои зеринро фаро мегирад:
- мазмун ва мундариљаи асосии тањсилоти фанњои људогона;
- миќдори соат барои соли тањсил ва таќсимоти он ба мавзўъњои асосї;
- усул, тарз ва воситањои асосии таълим;
- масъалањои дониш, малака ва мањорати талабагон ва ба њисоб гирифтани онњо.
Хусусияти хоси модели ғайрифаъол ё низоми экстраактив фаъол будани муҳити таълимӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки талаба маводро аз сухани омӯзгор ё матни китоб меомӯзад, бо ҳамдигар муошират намекунанд ва ягон супориши эҷодӣ иҷро намекунанд. Мисоли ин модели таълимӣ шаклҳои дарси анъанавӣ буда метавонанд, ки он дар намуди лексия ифода мегардад.
Методҳои фаъол ва интерактивӣ фаъолияти мураттаби дарккунӣ ва мустақилияти хонандаро дар бар мегиранд. Методи фаъол модели фарогири супоришҳои эҷодӣ ва муоширати ҳатмии хонанда- омӯзгор мебошад. Норасоии ин модел он аст, ки хонанда ҳамчун субъекти таълим барои худ, танҳо барои худаш меомӯхта ва комилан бо дигар аъзоёни раванд ҳамкорӣ намекардагӣ, ба ғайр аз омӯзгор мебошад. Ҳамчунин ин метод бо яксамта буданаш, яъне барои фаъолияти мустақил, худомӯзӣ, худтарбиякунӣ фарқ дорад.
Ҳадафи модели интерактивӣ ташкили муҳити фароҳами омӯзиш, ки ҳамаи хонандагон фаъолона байни худ муошират доранд, мебошад. Истифодаи чунин модели таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон дар дарсҳо аз фаъолияти инноватсионӣ дарак медиҳад. Ташкили таълимӣ интерактивӣ моделсозии ҳолатҳои ҳаётӣ, истифодаи бозиҳои нақшофарӣ, ҳалли умумии масъалаҳо дар асоси таҳлили вазъият ва ҳолат, воридсозии ҷараёнҳои иттилоотӣ дар шуур, ки боиси фаъолгардии он мегарданд, дар бар мегирад.
Маълум аст, ки сохтори дарси интерактивӣ аз сохтори дарси маъмулӣ фарқ мекунад ва он касбият ва таҷрибаи омӯзгорро металабад. Аз ин лиҳоз дар сохтори дарс танҳо унсурҳои модели интерактивии омӯзиш- технологии интерактивӣ, яъне усулҳои мушаххас ва методҳое, ки имкон медиҳад дарс ғайриодӣ ва бештар шавқовар мешавад.
Технологияҳои интерактивӣ чунин аст, ки дар он хонанда доимо дар муносибати субъективӣ-объективӣ нисбат ба системаи омӯхташаванда қарор мегирад, давра ба давра унсури худмухтори фаъол мегардад. Омӯзгорро зарур аст, ки ҳар дарси худро бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун шавқовар гузаронад. Вай бо нутқи содаю равони хеш ва истифода аз воситаҳои муосири таълим ҳангоми дарс диққати шогирдонро ба худ ҷалб намояд. Бе воситаҳои таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ расидан ба ҳадафҳои пешгузошта ғайриимкон буда, татбиқи мундариҷа ва васеъ намудани фаъолияти маърифатии кӯдакон номумкин аст. Ин ба он хотир аст, ки азхуд намудани иттилоот аз тарафи кӯдакон хусусиятҳои ба худ хос дорад. К.Д. Ушинский дар ин маврид қайд мекунад: «…Табиати кӯдакон аёниятро тақозо мекунад. Ба кӯдакон панҷ калимаи ба онҳо ношиносро омӯзонед ва онҳо чанд муддат онҳоро азхуд намекунанд ва азоб мекашанд, аммо бист калимаро бо расмҳо пайваст намуда ба онҳо омӯзонед, кӯдак онро ба зудӣ азхуд мекунад. Шумо ба кӯдак як фикри одиро фаҳмонед ҳам, кӯдак онро намефаҳмад, расми мушкилеро ба онҳо фаҳмонед, онҳо маънии онро ба зудӣ азхуд мекунанд…».
Мақсади асосии омӯзиши интерактивӣ- ин дар қонунгузорӣ ҳамчун яке аз усулҳои бунёдии инсонгароии раванди омӯзишӣ зикр шудаст. Ин банди қонун аз нав баррасӣ намудани муҳтавои омӯзиш, махсусан эътирофи табиати эҷодии ҳар кӯдакро талаб мекунад. Дар қонун мавҷуд будани фаъолии дохилӣ боис мегардад, ки аз азхудкунии ҳаҷми донишҳои мушаххас ҳамчун ҳадафи асосии раванди омӯзиш даст кашем. Ҳадафи асосӣ – рушди маҷмӯии шахсияти хонанда мебошад. Восита барои рушди шахсият, ки иншокунандаи маҳоратҳои ботинианд, фаъолияти маърифатӣ ва андешамандӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгор дар рафти дарс таъминсозии чунин фаъолиятест, ки ба технологияҳои интерктивии муосир мусоидат мекунанд, мебошад. Дар ин ҳолат хонанда худаш роҳ ба дарккуниро мекушояд. Ба даст овардани дониш натиҷаи фаъолияти ӯ мебошад.
Самти мақсадҳо
- Фаъолгардонии инфиродии равандҳои зеҳнии хонанда.
- Ангезиши гуфтугӯи дохили (монологи)-и хонанда
- Таъмини фаҳмиши иттилоот, ки предмети мубодила мебошад.
- Фардикунонии мусоидати педагогӣ.
- Хулосаи хонанда ба мавқеи субъекти таълим.
- Ба даст овардани робитаи мутақобил зимни табодули иттилоот миёни хонандагон.
- ошкорсозии гуногунандешӣ;
- рӯ овардан ба таҷрибаи инфиродии иштирокчиён;
- дастгирии фаъолии иштирокчиён;
- пайванди назария ва амалия;
- ғанигардонии таҷрибаи иштирокчиён;
- сабуксозии идрок, азхудкунӣ, ҳамдигарфаҳмии иштирокчиён;
- дастгирии эҷодкории иштирокчиён.
Комментарии (0)