Заррабинҳо. Усулҳои заррабиноишӣ


Донишҷӯ бо заррабин ва сохти он ҳанӯз аз давраи дарсомӯзи дар макотиби таҳсили умум ва курси биологияи донишгоҳ ва ё коллеҷ шинос мебошад. 
Заррабинҳо дар илми тибб васеъ дар соҳаҳои биология ва микробиология, паразитология ва вирусология истифода мешаванд. Бо ёрии заррабинҳо морфология ва сохти таркибии бактерияҳоро омӯхта намуд ва ба кадом гуруҳ таалуқ доштани онҳоро муайян мекунанд. Барои омӯзиши сохти вирусҳо заррабини электрониро истифода мебаранд. 
Заррабин аз ибораи русӣ микроско́п, мафҳуми калимаҳои юнонӣ: μικρός –хурд ва σκοπεῖν –диданро дар бар мегирад. Заррабинҳо - ҳамчун таҷҳизотҳои оптикӣ барои калон кардани ҳиссачаҳои хурди ба чашм ноаён истифода мешавад. 
Заррабини аввалин ба фаъолияти олими барҷаста Г.Галилей таалуқ дорад. ӯ соли 1609 соддатарин асбоби дорои имконияти калон намудани ҷисмҳои хурдро сохт ва истифода бурд. Бояд қайд кард, ки асбоби ихтироъкардаи Галилей танҳо аз як «нойи заррабинӣ» (микроскопическая труба) иборат буду халос ва наметавон онро бо маънои том заррабин номид. Баъдан, Афанасий Кирхер бо истифодаи асбоби ихтроъкардаи худ аввалин дар дуньё заррачаҳои зиндаи бо чашм ноайён «кирмчаҳо»-ро (бо ибораи А.Кирхер)          дар гӯшти фасодшуда, шир, сиркою дигар маводҳо ва ҳамчунин дар хуни беморони тоун ошкор намуд. 
Заррабине, ки падару писар аз ҳоландия Ханс ва Захариес Янесенҳо ихтироъ карданд мукаммалтар буд ва қобилияти то 32 маротиба калон карданро (нишондиҳандагӣ) дошт. 
Соли 1665 Роберт Гук заррабини худро ихтироъ намуд.
Заррабини ихтироъкардаи Антон Ван Левенгук (1632 - 1723) нисбати заррабинҳо Янсенҳо Роберт Гук бартарии хело калон дошт ва имконияти то 160 маротиба калон кардани ҷисмҳоро фароҳам овард.
Заррабин пайваста мукаммал ва дар марҳалаи ҳозира намудҳои гуногуни он коркард шудааст ва дар соҳаҳои гуногуни илму техника истифода мешаванд. Дар биология ва микробиология бештар заррабинҳои биологӣ ва бинокулярӣ истифода мешаванд. 
Бо истифодаи заррабинҳо усулҳои гуногуни заррабиноишӣ (методы микроскопии) вӯчуд доранд. Аз ҷумла: иммерсионӣ, заррабиноишӣ дар заминаи сиёҳ, фазов-контрастӣ, люменесцентӣ. Электронӣ (ниг. адабиётҳ).
ЗаррабинҳоЗаррабинҳоЗаррабинҳо

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив