Миробиология. Вазифаҳои микробиология. Инкишофи фанни микробиология


МикробиологияМикробиология (аз калимаи юнонӣ: micros - хурд, bios - ҳаёт, logos - илм) - илмест, ки сохт, инкишоф, ва паҳншавии организмҳои ба чашм ноаёнро (бактерияҳо, замбурӯғҳо, соддатаринҳо, вирусҳо) дар мӯҳити атроф меомӯзад.
Ҳанӯз дар асрҳои гузашта манбаъи омӯзиши микробиология васеъ шуда зарурияти ба равияҳои гуногун тақсим шудани ин фанн ба амал омад. Вобаста аз самти истифодабарӣ ва тараққӣ микробиологияро ба қисмҳои гуногун ҷудо намуданд: микробиологияи тиббӣ (клиниӣ, санитарӣ, ва фармасвтӣ), бойторӣ, саноатӣ, аграрӣ, баҳрӣ, техникӣ, кайҳонӣ ва ғ.
Микробиологияи тиббӣ - микроорганизмҳои барои одам касалиовар, мавқеъ ва дар тибб истифодабарии микроорганизмҳои шартӣ-касалиовар ва сапрофитикиро меомӯзад. Баъдан, микробиология тарапққӣ ҷӯзъҳо тақсим мешавад: бактериология, вирусология, иммунология ва паразитология
Вазифаҳои асосии фанни микробиология ин омӯзиши морфология ва физиологияи микроорганизмҳо (яъне сохт ва мубодилаи моддаҳо, ғизогирӣ, нафаскашӣ, инкишоф, афзоиш ва генетикаи онҳо); мавқъи микроорганизмҳо дар пайдоиш ва ҷарраёнгирии бемориҳои сироятӣ: омӯзиши аломатҳои асоси; ташхис ва табобати хосса; коркарди маводҳо ва усулҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва омӯзиши экологияи микроорганизмҳои касалиоварро дар бар мегирад.
 
Таъсисёбӣ ва инкишофи микробиология.
Микробиология ҳамчун ҷӯзъи мӯхими биология ва тибб дар тули ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад. Одамон аз қадиммулайён оиди ҷараёнҳои микробиологӣ тасаввурот доштанд, аммо сабабҳои асосии ба амал омадани онро сарфаҳм намерафтанд. 
Инсоният микроорганизмҳои зиндаро дар саноат, шаробпазӣ, нонпазӣ, коркарди пӯст ва дигар фаъолиятҳои худ ҳанӯз аз давраҳои пеш аз мелодӣ истифода мебурд аммо, аз мавҷудияти онҳо маълумоте надошт. 
Дар навбати худ равшанфикрон ва тадқиқотчиёне буданд, ки оиди вуҷуд доштани ҳиссачаҳои ноаёни табиати зиндадошта фикрронӣ мекарданд. Чунончӣ, Джироламо Фракасторо (1478—1553) вуҷуд доштани (бо ибораи ӯ) «ҷаҳони ҷонваракҳои ба чашм ноайёнро» бештар ва хубтар дарк намуда тахмин кард, ки боиси сарзадани уфунатҳо ин ҳиссачаҳои хурди ба чашм нойён буда ҳангоми дар тамос будан (шишту хез, сӯхбат кардан ва наздик будан) аз як шахс (аслан бемор) ба дигар нафар мегузарад ва муддате дар анҷомҳои нафари сироятёфта нигоҳ дошта мешаванд. Аммо, дар он давра имконият ва шароити тасдиқ кардани ақидаҳои ӯ фароҳам набуд. Бинобар ин, ҳамзамон назарияҳои дигар вуҷуд ва дар байни омма мавқеъи хоси худро доштанд. Марҳала ба марҳала маълумотҳо ва тасаввуроти муккамал нисбати ин ҳиссачаҳои ноайён ҷамъ оварада шуд ва микробиология ҳамчун соҳаи мустақили соҳаҳои биология ва тибб таъсис ва инкишоф ёфт. 
Таъсисёбӣ ва инкишофи микробиология ба тараққиёти ҷамъият алоқамандӣ дорад. Дар марҳалаҳои алоҳидаи тараққиёти ҷамъият сатҳи маънавии инсон низ муккамал гардида барои тараққиёти соҳаҳои гуногуни биология ва тибб шароитҳо мусоид фароҳам меомад. Вобаста аз тараққиёт ва комёбиҳо дар инкишофи микробиология даврахои зерин сабт шудаанд:
 
  1. Давраи эвристикӣ (марҳалаи то илмӣ)
  2. Давраи морфологӣ (марҳалаи тасвирӣ)
  3. Давраи физиологӣ
  4. Давраи иммунологӣ
  5. Давраи вирусологӣ
  6. Марҳалаи ҳозира
 
Давраи эвристикӣ (аз юнонӣ heurésko –ҷустуҷӯ, кашф) асрҳои IV-III- и пеш аз мелодӣ то асри XVI-и мелодиро дар бар мегирад. Равшанфикрони ин давра Гиппократ (Суқрот) ва нависандаи Рим Варрон назарияро пешниҳод намуданд, ки дар он табиати уфунат доштани бемориҳои сироятӣ нишон дода мешуд. Онҳо сабаби бемориҳои гузарандаро бо минзмаҳо – ҷонварони зиндаи бо чашм ноаён, алоқаманд мекарданд.
Олими Итолявӣ Д.Фракастро (1478 - 1553) дар ин асос назарияи «контагияҳои зинда» (contagium vivum) –ро пешниҳод кард. Ба ақидаи Д.Фракастро барангезандаи ҳар як беморӣ махсус «контагияҳо» мебошанд, ки боиси сироятёбии атрофиён мешаванд. ӯ фармуд, ки бо мақсади пешгирии сироятёбӣ беморонро бояд аз аз шахсон солим ҷудо карда (изоляция) даҳону биниро бо даҳонпушакҳои махсус пӯшида, зарфҳо ва дигар анҷомҳое, ки бемор истифода мебарад бо ёрии кислотаи сирко безарар кард. 
Давраи морфологии микробиология бо ихтирои заррабин (микроскоп) алоқаманд мебошад. Баъд аз ихтирои заррабин имконияти дидани зарраҳои зиндаи ба чашм ноаён пайдо шуд. Яъне, заррабин шароити на танҳо бо чашм дидан, балки имконияти омӯзиши шакл ва сохти (морфология) онҳоро фароҳам овард ва аз ин лиҳоз ин марҳалаи инкишоф ҳамчун давраи морфологӣ ном гирифт. Бори аввал А.Левенгук (Итолян) (1632 - 1723) шишачаи махсусеро (линза) ихтироъ намуд, ки қобилияти калон кардани он (нишондиҳандагӣ) 300 маротиба буд. ӯ дар зери линза чирки дандони худ, оби борони кулмоқҳоро омӯхта дар он ҷонваракҳои зиндаи ҳаракаткунандаи хурдро муайян намуд ва онҳоро «анималкул» номид ва натиҷаҳои мушоҳидаҳо ва тадқиқотҳои худро соли 1695 дар китоби «Асрори табиат» ба нашр расонид .
Давраи физиологӣ бо номи олими фронсавӣ Луи Пастер (1822 - 1895) ва кашфиётҳои ӯ алоқаманд аст. Луи Пастер яке аз олимони барҷаста ва намоёни асри XIX ба ҳисоб меравад ва ҳамчун асосгузори микробиологияи тиббӣ, иммунология ва биотехнология машҳур мбошад. Кашфиётҳои бузурги у ҳамчун олим, аъзои академияи илмҳои Фаронса (солҳои 1857 – 1885), аъзои академияи илмҳои тибби Фаронса чунинанд. 
  1. Табиати туршшавиро омухта муайян намуд, ки ҷараёни он бо фаъолияти микроорганизҳо вобастааст.
  2. Исбот намуд, ки баъзе намуди микроорганизмҳо дар шароити беоксигенӣ яъне анаэробӣ инкишоф меёбанд.
  3.  Асосҳои дезинфексия, ассептика ва антисептикаро муайян намудааст.
  4. Ваксинаҳоро (эм, моя) ба даст оварда, онҳоро барои пешгирии хоссаи бемориҳои уфунатӣ пешниҳод намуд (барои пешгирии бемории ҳора (бешенство), яраи сибирӣ, вабои мурғон.
Хизматҳои шоистаи Л.Пастер дар соҳаи микробиология дар ин марҳалаи инкишоф ин истифодабарии моддаҳои ғизоии моеъ барои руёнидани микроорганизмҳо ба ҳисоб меравад. Аз дигар тараф, истифодабарии моддаҳои ғизоии моеъ имконияти дар шакли алоҳида парвариш кардани микробҳоро фароҳам намеовард, яъне, ки дар дохили онҳо парвардаҳои як микробро аз дигараш фарқ намудан имконнопазир мебошад. 
Бо ин назардошт, олими намоёни немис Р. Кох соли 1881 моддаҳои ғизои сахтро пешниҳод намуд. Соли 1891, олими рус С.Н.Виноградский аввалин моддаи ғизоии элективиро пешниҳод намуд.
Истифодабарии моддаҳои ғизои барои парвариш ба тадқиқотчиён имконият дод, ки хосиятҳои физиологии мироорганизмҳоро омӯзанд ва мафҳумҳои илмиро оиди онҳо ғанӣ гардонанд.
Давраи иммунологӣ бо кашфиётҳои олимон дар соҳаи масунияти бадан ва пшгирии бемориҳои сироятӣ алоқаманд мебошад. Яке аз масалаҳои муҳими ҳалталаб дар он марҳалаи ҳайёти инсонияти ин фавтидан аз бемориҳои сироятӣ ҳисоб меёфт. Бинобар ин, олимон дар ҷустӯҷуи маводҳои пешгирикунадаи чунин бмориҳо қарор доштанд.
Дар ин самт низ, саҳми олими барҷастаи фрносовӣ Луи Пастер ниҳоят беҳамто мебошад. У дар натиҷаи дар шароити номусоид нигоҳ доштани микроорганизмҳо (таъсири ҳарорати баланд, хунукӣ) ваксинаҳоро ба муқобили бемории ҳора (бешенство), яраи сибирӣ ва вабои мурғон ба даст овард. Ин тарзи ба даст овардани ваксинаҳои зинда то ба ҳол дар соҳаи иммунология истифода бурда мешавад.
Олими русс, дорандаи ҷоизаи Нобел, Мечников И.И – асосгузори назарияи масунияти ҳуҷайравӣ мебошад. ӯ муайян намуд, ки ҳуҷайраҳои хоси организм макро- ва микрофагҳо ҷисмҳои бегона ва микроорганизмҳои ба бадан ворид шударо фурӯ бурда онҳоро ҳал (нест) мекунанд. 
Олими немис П.Эрлих бошад – асосгузори масунияти гуморалӣ буда, дар асоси тадқиқотҳои худ исбот намуд, ки ба муқобили микроб ва заҳри он дар хун сафедаҳои махсус – антителаҳо ҳосил шуда, онҳоро безарар мекунанд.
 
Дар давраи иммунологӣ чунин кашфиётҳо шудаанд:
  1. Синтези антителаҳо – иммуноглобулинҳои хосса ба муқобили антиҷисмҳои бегона
  2. Фагоситоз
  3. Баландҳассосии суст вусъатёбанда 
  4. Баландҳассосии тез вусъатёбанда 
  5. Хотироти иммунологӣ (олими русс М.Расай соли 1915)
  6. Толерантнокии иммунологӣ (олими англис П.Медшар соли 1953),
ки ҳамаи он бо фаъолияти ҳуҷайраҳои ҷудогонаи системаи иммунӣ алоқаманд аст.
Дар ин давра якчанд назарияҳои илмӣ пешниҳод шудаанд, Аз ҷумла: назарияи масунияти гуморалии П.Эрлих, назарияи масунияти ҳуҷайравии Мечников И.И ва назарияи селексионию – колонагӣ аз тарафи олими австролявӣ Ф.Беркет пешниҳод шуд аҳамияти калони илмию амалӣ доранд.
Давраи вирусологӣАсосгузори ин самти илм ва марҳалаи тараққиёти микробиология олими русс Д.И. Ивановский (1864 - 1920) мебошад. ӯ бори аввал вируси бемории барги тамокуро кашф намуда, исбот намуд, ки ғайр аз бактерияҳо, микроорганизмҳои дигар низ вуҷуд доранд. Онхо андозаи ниҳоят хурд дошта, аз филтрҳои бактериявӣ мегузаранд. Омӯхтани сохти вирусҳо танҳо баъд аз ихтироъи заррабини электронӣ муяссар гашт. Ҳоло бошад то 1000 намуди вирусҳо маълум мебошанд. 
Дар солҳои охир (соли 1983) вируси бемории норасогии масунияти одам (ВИЧ - инфекция), вируси зукоми паррандагон ва хук (нав) кашф карда шуд. 
Давраи молекулавию-генетикии. Ин марҳалаи инкишофи микробиология дар солҳои 50 –уми асри гузашта оғоз ёфта, то ҳоло давом давом дорад. 
Кашфиётҳои намоёни ин давра:
  1. Муайян намудани сохти молекулавию биологии вирус ва бактерияҳо
  2. Кашфиёти сохти соддатарини ҳаёт «сафедаҳои сироятӣ» - прионҳо 
  3. Муайян намудани сохти химиявӣ ва синтези химиявии баъзе намуди антигенҳо, масалан: лизосим (Села Д., 1971), пептид – сафедаҳои вируси СПИД (Р.А. Петров, В.Т. Иванов).
  4. Кашфиёти антигенҳои ҳуҷайраҳои омосӣ (Зильбер Л.А), антигенҳои мувофиқати бофтаҳо (гистосовместимость) – HLA – система. 
  5. Муайян намудани сохти иммуноглобулинҳо (антитела Эдельман Д., Портер., 1959) 
  6. Ба даст овардани бактерияҳо ва вирусҳои рекомбинатӣ, синтези генҳои ҷудогонаи бактерияҳо ва вирусҳо.
  7. Усулҳои гибридии якҷоякунии ҳуҷайраҳои иммунии В-лимфоситҳо ва ҳуҷайраҳои омосӣ бо мақсади ба даст овардани антителаҳои моноклонали (Келер Д., Мильтштейнд, 1975).
  8. Кашфиёти иммуномодуляторҳо – иммуноситокинҳо – интерлейкин, интерферон ва истифодабарии онҳо барои табобат ва пешгириҳои бемориҳои гуногуни сироятӣ.
  9. Ба даст овардани ваксинаиҳои гепатити В, вараҷа (малярия), бо ёрии усулҳои биотехнология ва истифодабарии усулҳои инжинерияи генӣ.
  10. Ба даст овардани вакцинаихои синтетики
  11. Омӯзиши сабабҳои норасогии масунияти модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ. Кашфиёти вирусҳое, ки боиси норасогии масуният мебошанд.
  12. Пешниҳоди усулҳои замонавии ташхиси бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ: ташхиси радиоиммунӣ, иммуноферментӣ, иммуноблотинг, гибридизатсияи кислотаҳои нуклеинат.
 Ҳамаи ин номгӯйҳо кашфиётҳои намоёни давраи молекулавию-генетикӣ буда, миқдори он сол то сол зиёд мегардад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив