Конунияти ижтимоӣ (сотсиологӣ), қонунияти ба иродаи одамони алоҳида вобаста набуда, алоқаи такроршавандае мебошад, ки пайдоиш, инкишоф ва фаъолияти жамъиятро ҳамчун системаи том ифода мекунад.
Мафҳуми муҳимтарини сотсиология «ҳодисоти ижтимоӣ» мебошад. Он мажмуи хосиятҳо, нишонаҳо, аломатҳо, муносибатҳои байни одамонро дар бар гирифта фаъолияти якжояи онҳо, зоҳиршавии шаклҳои гуногуни муносибати байни онҳо, муносибатро ба мавқеи ишғолкардаашон дар жамъият ифода мекунад.
Ҳодисоти ижтимоӣ ва жараёни он мавриде сурат мегирад, ки рафтори фарди алоҳида дар зери таъсири фарди дигар ё гурӯҳи одамон зоҳир мегарданд, қатъи назар аз он ки худи ӯ дар ҳамон марҳила иштирок дорад ё не. Маҳз дар натижаи бо ҳамтаъсиррасонии шахсони алоҳида ба якдигар, ҳар кадоми онҳо ифодакунандаи ин ё он хусусияти ижтимоӣ мегарданд. Ба ҳамин тариr ҳодисоти ижтимоӣ, мазмун ва хосияти ба ҳам таъсиррасонии одамонро ифода намуда, ба ҳам пайвастани фардро бо жомеа ва муносибатҳои жамъиятӣинъикос мекунад. Дар айни ҳол ҳодисоти ижтимоӣва зуҳуроти он дар якчанд даража: даражаи фардо (бо ҳам алоқамандии ду фард), даражаи гурӯҳи (оила, бригада), даражаи гурӯҳи калонтари одамон (этникӣ, минтақавӣ), даражаи умумӣ – жомеавӣ ва глобалӣ(умумижаҳонӣ) ифода мегардад. Ба ҳамин тариқ, сотсиология илмест, дар бораи жомеа ва зуҳуроти гуногуни он, қонуниятҳои пайдоиш, инкишоф ва фаъолияти умумиятҳои одамон ва муносибати байни онҳо.
Усули сотсиологи (методи сотсиология). Ҳар як илм самтҳои тадқиқоти хосаи худро муайян намуда, роҳу усули дониста гирифтани онро аниқ месозад ва бо ёрии онҳо, тарзи асоснок намудани он донишҳоро пайдо мекунад. Ҳақиқати ҳодисаи тадқиқшаванда танҳо дар ҳолате муяссар мегардад, ки роҳу усул ва воситаи дурусти ҳосил намудани дониш дар бораи он истифода гардида бошад.
Усул (метод) – аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънояш «роҳ ба сӯи чизе» мебошад. Маҳак ё меъёре, ки бо воситаи он муҳайяни моҳияти предмети тадқиқодшавандаро дониста мегиранд. Аслан, сотсиология дорои усул (методҳои) саршумор мебошад. Бинобар ҳамин ҳам усулҳои сотсиологӣ(методҳои сотсиологӣ) барои чуқуртар, ҳаржониба ва аниқ гардидани донишҳои сотсиологӣ хизмат мекунад. Усулҳои сотсиологӣмуносибат, роҳ, воситаҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо дар рафти тадқиқот боиси васеъ ва чуқуртар гардидани донишҳои сотсиологӣмегарданд.
Методи сотсиологӣтамоюл, муносибат, услуб, тариқа, воситаҳоеро дар бар мегирад, ки бо ёрии онҳо омӯзиши ҳодисоти жузъӣ ё умумии ижтимоӣ, воқеаҳои хосияти тасодуфӣ ё умумӣдошта сурат мегирад.
Умуман, усулҳои сотсиологиро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
1. Умумӣ-илмӣ;
2. Жузъӣ-илмӣ;
Ба усули умумӣ-илмӣ мажмӯи воситаҳое дохил мегарданд, ки аз тарафи ҳамаи илмҳо истифода бурда мешаванд, аз жумла усулҳои муқоисавӣ, муқоисавии таърихӣ, функсионалию сохторӣ, танқидиву диалектики, ирсӣ (генетикӣ), мушоҳидавӣ, тажрибавӣ-озмунӣ ва дигарҳо.
Ба усули жузъӣ-илмӣ танҳо он воситаҳое дохил мегарданд, ки маҳз ба ҳамин илм тааллуқ доранд. Ба ин усул, пурсиши инфиродӣ (индивидуалӣ), усули хислатномавӣ ва баҳисобгирии ижтимоӣ (сосиотметрия) дохил мегардад. Хосияти муҳимтарини усулҳои сотсиологӣ аз он иборат аст, ки онҳо дар таҳқиқи ҳастии ижтимоӣ бештар ба тажриба такя мекунанд. Бинобар ҳамин хам усули ғункунӣ ва таҳлили маълумотҳо оид ба ҳодисаҳои воқеии ижтимоиро низ яке аз методҳои сотсиологӣ мешуморанд. Роҳ ё усули асосии ғункунии маълумот пурсиш, омӯхтани ҳужжатҳо ва мушоҳида мебошад. Усули таҳлили маълумоти ғуншуда бошад, тавсиф (описание), тасниф (классификасия), тафриқа (типологизасия) ва тадқиқи статистикӣмебошад.
Сохтори дониши сотсиологӣ. Дониши сотсиологӣ сохтори мураккаб дошта дар ду мажрои асосӣ: бунёдӣ (фундаменталӣ) ва тажрибавӣ (прикладной) равнақ ёфтааст. Ба мажрои бунёдӣ ва тажрибавӣ тақисм шудани тадқиқоти сотсиологӣ ба он вобаста аст, ки дар назди муҳақкиқ кадом вазифа ё мақсад гузошта шудааст. Тадқиқи тажрибавӣ ё амалӣ ба ҳалли масъалаҳои хосияти конкретии ҳаётӣ дошта равон карда мешавад. Таҳқиқи бунёдӣ бошад ба асоснок намудани назарияи илмӣ, ошкор намудани қонуниятҳо, баҳампайвастагиҳои ҳодисоти жамъиятӣ нигаронида шудааст. Тадқиқоти назариявӣ ва миёна», ки онро муҳақиқи амрикоӣ Роберт Мертон, соли 1947 ба сотсиология ворид сохтааст таъмин карда мешавад. Ин назария ду шакли асосии алоқамандии ҳодисоти жамъиятро ошкор месозад:
1. Алоқаи жомеа бо шакли муайяни ҳаёти жамъиятӣ;
2. Робитаи дохилии ба шакли муайяни ҳаёти жомеа хос буда;
Назарияи «даражаи миёна» ҳамчун усули дониста гирифтани ҳодисоти жамъяитӣхизмат намуда, барои гузаронидани тадқиқотҳои конкретии сотсиологӣкӯмак мерасонад.
Имрӯз назарияи сершумори «даражаи миёна» вужуд дорад, ки онҳоро шартан ба се мажро жудо кардан мумкин аст:
1. - назарияҳои институтҳои сотсиологӣ (сотсиологияи оила, сотсиологияи таълим, сотсиологияи меҳнат, сотсиологияи сиёсат, сотсиологияи дин ва ғйра).
2. - назарияи муносибатҳои сотсиологӣ (гурӯҳҳои хурди одамон,
ташкилотҳо, синфҳо, гурӯҳҳои этникӣва ғайра)
3. - назарияи просесҳои махсуси ижтимоӣ(ахлоқи ғйриоддӣ, кӯчбандӣаз як минтақа ба минтақаи дигар, кӯчбандӣаз қишлоқжой ба шаҳр ва ғайра)
Ба ҳамин тариқ дониши сотсиологи мажмӯи донишҳое аст, ки ба омӯзиши ҳақиқати ҳаёти жомеа асос ёфта, онро маънидод мекунад, аз жиҳати назариявӣ баҳо медиҳад, мажрои онро муайн месозад.
Мақоми сотсиология дар байни илмҳои жомеашиносӣ. Сотсиология бо дигар илмҳои жомеашиносӣ робитаи куллӣ дошта дар байни онҳо мақоми хосса дорад. Мақоми хосаи сотсиология дар он зоҳир мегардад, ки вай барои дигар илмҳо дар бораи жамъият назарияи илмӣ асосноккардашударо оиди сохтори жомеа пешниҳод мекунад, меъёр ва усулҳои омӯзиши одамон ва фаъолияти онҳоро муайян меозад.
Дар натижа, самтҳои нави моӯзиши жомеа: жанбаҳои ижтимоӣ-иқтсиодӣ, ижтимоӣ-равонӣ(психологӣ), ижтимоӣ-сиёсӣ, ижтимоӣ-афзоишии одамон ташаккул меёбад.
Сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар илмҳои жомеашиносӣ танҳо ягон жанбаи алоҳидаи жамъиятро меомуӯзанд, сотсиология бошад жамъиятро ҳамчун системаи том бо хосиятҳои махсусаш, муносибат ва қонуниятҳои мавжудааш, қатъи назар аз нишондиҳандахои иқтисодӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқиаш мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Аз ин нуқтаи назар сотсиологияро илми жамъбасткунанда шуморидан мумкин аст. Антропологияи сотсиалӣ ва психологияи сотсиалӣ аз жиҳати мавзӯи омӯзишашон ба сотсиология аз дигар илмҳои жомеашиносӣ наздиктарин ба ҳисоб мераванд. Бо вужуди ин дар байни ин илмҳо фарқият вужуд дорад.
Дар байни фалсафа ва сотсиология алоқаи зич вужуд дорад. Дониши фалсафӣ иқдоми аввалине ба ҳисоб мераванд, дар роҳи омӯзиши ҳодисоти ижтимоӣва қонуниятҳои он, бинобар ҳамин ҳам, фалсафа сарчашмаи ташаккулёбии сотсиология ба ҳисоб меравад. Фалсафаи ижтимоӣ барои сотсиология ҳамчун асоси умумӣ-назариявӣ ва методологӣ хизмат мекунад.
Фарқияти тадқиқоти сотсиологӣ аз тадқиқи фалсафии жомеа дар он зоҳир мешавад, ки сотсиология асосан ба таҳлили ба тажриба асос ёфтаи ҳаёти жамъият машғул мешавад, фалсафа бошад ба таҳлили назарияи умумии инкишофи жамъиятӣ.
Дар байни сотсиология ва таърих низ умумият вужуд дорад, лекин агар таърих, ҳодисоти ижтимоиро аз нуқтаи назари, кай?, чӣгуна?, дар кадом марҳила?, сурат гирифтанашон, таҳлил намояд, сотсиология такроршавӣ, хосият, моҳияти ҳодисоти ижтимоиро дар бар мегирад. Сиёсатшиносиву сотсиология низ ба ҳамдигар қаробати куллӣ доранд, вале ин ду илмро як чиз шуморидан мумкин нест, сотсиология чӣ навъе, ки қайд гардид ҳаёти ижтимоиро меомӯзад, сиёсатшиносӣ бошад – сиёсати конкретӣ, ҳаёти сиёсиро таҳлил мекунад. Дар байни сотсиология ва илми иқтисодиёт, ҳуқуқ, ахлоқ ва илми таълиму тарбия робитаи наздик вужуд дорад. Умуман, дар байни ҳамаи илмҳои жомеашиносӣ алоқаи зич вужуд дошта ҳамаи оно жомеаро аз жанбаҳои гуногуни он омӯхта якдигарро пурра мегардонанд.
Вазифаи илми сотсиология дар замони муосир. Муқаррароти нақши ижтимоии сотсиология дар замони муосир, аз вазифаҳои он бармеояд.
Вазифаи сотсиология аз се қисми таркибӣ иборат аст: назариявӣ-маърифатӣ, тажрибавӣ-амалӣ ва жаҳонбинӣ.
Вазифаи назариявӣ-маърифатии сотсиология, андӯхтан ва афзудани донишҳо дар бораи жамъият, сохтор ва инкишофи он мебошад. Аҳамияти чунин вазифаи сотсиология дар замони муосир аз сабаби бо суръати том ва хеле тез дигаргуншавии инкишофи жамъият боз ҳам меафзояд. Махсусан, барои кишвари мо, ки имрӯз дар жомеа дигаргуниҳои куллӣ ва ҳаржониба жараён дорад, ин самти сотсиология аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро танҳо дар асоси дониши аниқ ва реалӣ, ҳодисоти ижтимоиро дуруст дарк намуда, самти инкишофи жамъиятро муайян намудан, роҳҳои бартараф намудани таззод ва бӯҳронҳои гуногунро дарёфт намудан имконпазир мегардад. Донишҳои объективӣ-илмие, ки тавассути сотсиология ва усулҳои он ҳосил карда мешаванд, ноқисиҳо, масъалаҳои ҳалталаби ҳаети жамъиятро ошкор намуда, дониши назариявӣ маърифатиро равнақ дода, барои ҳалли муаммоҳои жомеа замина мегузорад.
Вазифаи тажрибавӣ– амиалии сотсиология дар он зоҳир мегардад, ки вай жомеаро ҳамчун мажмӯаи яклухт таҳқиқ намуда, метавонад мажрои ояндаи икишофи жомеаро аз нуқтаи назари илмӣ пешгӯӣ намояд, ки он махсусан барои жомеаи дар марҳилаи гузариш қарор дошта аҳамияти хоса дорад. Донишҳои сотсиологӣ одатан ба тадқиқоти реалӣ (тажрибавӣ) такя намуда бо ёрии тарзу услубҳои маҳз ба сотсиология тааллуқ дошта пурсиши афкори умум, телефони боварӣ, маркетинг ва ғайра ҳолати аслии ҳаёти жомеаро аниқ месозад.
Сотсиология инчунин жамъяитро ҳамчун падидаи яклухт таҳлил намуда, барои ташаккули мажмӯи ақаидаҳо оид ба жаҳони одамӣва мавқеи шахс дар он замина мегузорад, бинобар ин сотсиология омили муҳимтаринест, дар такомули жаҳонбинӣ дар жараёни омӯзиши жамъият.
Солҳои охир дар Жумҳурии Тожикистон ба тадқиқоти сотсиологӣ диқкати махсус дода шуда, бо мақсади омузиши жанбаҳои гуногуни ҳаёти жамъиятӣ «Маркази тадқиқотҳои сотсиологӣ» ташкил ёфтааст, ки он дар шаҳрҳои калонтарини Жумҳурӣ: Душанбе, Хужанд, Кургонтеппа ва Кулоб бо усулҳои хосаи сотсиологӣ таҳқиқотҳои сотсиологӣ гузаронида истодааст.
Саволҳо доир ба мавзӯъ:
- Мафҳуми «сотсиология» аз кадом забонҳо гирифта шуда, чӣ маъно дорад?
- Сотсиология ҳамчун илм чиро меомeзад?
- Усулҳои сотсиологӣ кадомҳоянд?
- Сохтори дониши сотсиологӣ дар кадом мажроҳо сурат мегирад?
- Мақоми сотсиологияро дар байни илмҳои жомеашиносӣ муайян созед.
- Вазифаи илми сотсиологияро дар замони муосир муайян созед.
Комментарии (0)