Маданият ва мақоми он дар системаи иҷтимоӣ


Маданият ва моҳияти онДар тамоми давру замонҳо, дар ҷамъиятҳои гуногун, маданият мавқеъи хоссаи худро дошт. Оммаҳои халқ ва намояндагони пешқадами онҳо маданиятро ба вуҷуд оварда, аз он баҳра мебурданд, вобаста ба ҳар як давраи инкишофи ҷамъият, маданият хусусият ва аломатҳои махсуси худро пайдо мекард. Бунёдгар ва нигаҳдорандаи маданият оммаҳои васе буда, шахсиятҳои алоҳида метавонанд дар пешрафту такомули он саҳми худро гузоранд. Аз ин рӯ пайдоиши маданият, бо ташаккули ҷомеаи инсонӣ якҷоя сурат мегирад. Калимаи «маданият» аз забони арабӣ гирифта шуда маънои аслиаш шаҳрдорӣ, сокини шаҳр мебошад, вале ин мафҳум давоми асрҳои тӯлонӣ дорои мазмуни хеле васе гардидааст. Маданиятро ҳамчун амалиёти фаъолонаи эҷодии инсон дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ барои аз худ намудани олам маънидод кардан ҷоиз аст.
Маданият шакли махсуси ташаккул ва инкишофи фаъолияти инсонӣ мебошад, ки он дар маҳсули меҳнати моддӣ ва маънавии одамон,меъёрхои зиндагӣ ташкилотҳои таъсисдодаи онҳо, маҷмӯи муносибатҳои онҳо ба олами табии ва муносибати байниҳамдигарии онҳоро дар бар мегирад . Бо ин мафҳум инчунин фарқияти куллии фаъолияти ҳаётии одамон аз дигар намудҳои олами зинда, хусусиятҳои ҳар як давраи инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ вобаста ба зинаҳои такомули он ифода карда мешавад.
Маданиятро асосан ба ду шакл ҷудо кардан мумкин аст.
 1.Маданияти моддӣ
 2.Маданияти маънавӣ
Азбаски одамон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии худ неъматҳои моддӣ ё маънавӣ меофаранд,ба ду намуд ҷудо намудани маъданият аз он сарчашма мегирад. Дар ҳолати маданиятро аз нуқтаи назари рафтор, шуурнокӣ, машuул будани одамон ба шакли муайяни фаъолият, баррисӣ намудан онро ба намудҳои сершумор, аз қабили; маданияти меҳнат, маданияти зиндагӣ, маданияти сиёсӣ,маданиятим шахсӣ, маданияти синфӣ ва uайраҳо ҷудо кардан мумкин аст.
Маданияти моддӣ дар шакли қасрҳо, биноҳои мӯҳташами нотакрор, дастгоҳои мураккаби меҳнат, офаридаҳои рассомӣ ва меъморӣ, муҷассама, ҳайкал, нақшу нигор, асбобҳои рӯзгор, таҷассум меёбад. Зимнан маданияти моддӣ як қисми маҷмӯи офаридаҳои инсонӣ мебошад,ки дар натиҷаи фаъолияти моддии онҳо ба вуҷуд омадааст.
Маданияти маънавӣ дониш, эътиқод, ақидаҳо, арзишҳо, uояҳо, ахлоқ, забон, қонунҳо, ананаҳо, урфу одатро дар бар гирифта, онҳо дар маҷмӯ ҷаҳони ботинӣ,боигарии маънавӣ,дараҷаи инкишофи рӯҳонии инсонро ифода мекунад.
Бо баробари ин бояд дар назар дошт,ки на ҳамаи офаридаҳои моддӣ ва маънавии одамон ба таркиби маданият дохил мешаванд, он маҳсул, он офарида, ба маданият дохил мешавад,ки аз тарафи ҷомеа ё як қисми он қабул ва эътироф гардида, дар ботину шуури одамон мустаҳкам гашта бошад, дар катибаҳои рӯи чарм, қоuаз, санг сабт гардида, мақбули одамон бошад ва ба одамони дигар ,ба наслҳои оянда, мерос гузошта шуда,боиси эҳтиром бошад.
Маданият дар ҳаёт ва фаъолияти рӯзмарраи истеҳсолӣ, сиёсӣ, илмӣ, таълимии одамон, инчунин дар рӯзгор ва рафтори онҳо таҷассум меёбад, бинобар ҳамин ҳам ҷиҳатҳои маданиро дар тамоми самтхои фаъолияти иҷтимоии одамон мушоҳида намудан мумкин аст. Зоҳиршавии ҳарҷонибаи маданият дар фаъолияти одамон ба он вобаста аст,ки худи маданият мафҳуми дорои мазмуни васе дошта буда, самтҳои гуногун ва жанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро дар бар мегирад. Аз ин рӯ илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ ба вожаи маданият таърифҳое медиҳанд,ки аз якдигар фарқ мекунанд.
Дар илми сотсиология ба ҷанбаи иҷтимоии маданият, таъсири он ба пайвастагии ҳамдигарии унсурҳои иҷтимоӣ, диққати махсус дода мешавад.
Сотсиология маданиятро ҳамчун маҷмӯи, усул, шакл, тарзи алоқамандии одамон бо муҳити зист меҳисобад, ки одамон дар натиҷаи ҳаёти якҷоя ба вуҷуд оварда, барои нигоҳ доштани сохтори муайяни фаъолияти иҷтимоӣ ва муошират бо якдигар аз он истифода мебаранд. Аз ин ҷост, ки таҳлили сотсиолигии маданият пеш аз ҳама танзими муносибати байни одамон,маҷмӯи арзиш, идеалҳо ва тарзу меъёри рафтори одамонро дар мадди аввал мегузорад. Ҳама намуди фаъолияти одамон ва натиҷаи он (қаср ё асари рассом, киштӣ ё компютер, шеър ё шиор) танҳо дар он сурат қимати иҷтимоӣ-маданӣ ҳосил мекунанд,ки дар байни одамон арзиш дошта, амалиёт, рафтор ва эҳсосоти онҳоро ба маҷрои муайян равон созад. 
 
      Унсурҳои таркибии маданият. Сотсиологияи маданият, самти бойтарин ва мураккабтарини ҳаёти инсонӣ ба ҳисоб рафта, он фаъолияти одамони алоҳида гурӯҳҳои иҷтимоӣ,табақа ,синф,ҳизбу ҳаракатҳои гунргунро дар бар мегирад. Дар ҳолати ба таври инфиродӣ номбар намудани самтҳои фаъолияти одамон, вай зиндагӣ, кор, истеҳсол, истеъмол, вазъи иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, муносибати байниҳамдигарӣ, тарзу усули идоракунӣ, коргузорӣ, дараҷаи сиёсӣ, идеалогӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, оила ва оиладорӣ, касбу ҳунар, маҳорат, қобилият, завқу шавқ, одоб, рафтор, кирдор,гуфтор пиндор ва uайраҳоро дар бар гирифта, онҳо дараҷа ва сатҳи инкишофи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро нишон медиҳанд.
Бо вуҷуди сершумории нишона ва аломатҳои муайянкунандаи дараҷаи инкишофи маданияти ҷомеа, чанд унсури таркибии маданиятро ҷудо кардан мумкин аст, ки онҳо мазмун ва моҳияти маданиятро дар худ таҷассум мекунанд.
Унсурҳои таркибие, ки дар онҳо мазмуни маданият бештар таҷассум меёбад забон, арзишҳо, ақидаҳо ва меъёрҳо мебошанд.
Забон-аз маҷмӯи мафҳумҳо иборат буда ,ҳар як мафҳум(калимаи мазмуни том дошта) ҳамчун аломат, мазмуни муайянро ифода мекунад ва унсури ногузири маданият ба ҳисоб меравад. Забон аз он сабаб воситаи муошират мебошад,ки ҳар як гурӯҳи калони одамон (милатҳо) ба ин ё он маҷмӯи овозҳо, мазмуни муайян медиҳанд.
Масалан, сарчашмаи зндагии инсон дар забони тоҷикӣ бо мафҳуми «модар» ифода карда шавад, арабҳо ин мазмунро ба калимаи «умм», русҳо бо калимаи «матҳ» ифода мекунанд. Дар ибтидо, одатан маҷмӯи муайяни одамон қарор медиҳанд, то ин ё он мазмунро, бо маҷмӯи муайяни овозҳо (калима) ифода кунанд, калимаҳоро боҳам пайванданд, тавассути онҳо оламро дарк намоянд бо ҳамдигар муошират намоянд. Ҳамин тавр омӯзиш ва азхуд намудани мафҳумҳо ва забон воситаи муошират ва ҳамдигарфаҳмии одамон гашта барои нигаҳдорӣ ва ба наслҳои нав мерос гузоштани дастовардҳои инсонӣ табдил меёбад. Аз ин рӯ забонро унсури муҳимтарин ва таркибии маданият мешуморанд. Зиёда аз ин, ягонагии забон, инкишофи он омили муҳимтарини якпорчагии одамоне мебошад,ки бо як забон гуфтугӯ мекунанд. Забони тоҷикӣ ,пайдоиш ва инкишофи он давоми ҳазорсолаҳо, такомулу равнақи он дар замони ҳозира аломат ва нишони маданияти волову мутараққии халқи тоҷик мебошад.
Унсури дигари муҳимтарини маданият арзишҳо (сарватҳои маданӣ) мебошад. Арзиш – ин сарватҳои маданиест, ки он эҳтиёҷоти инсонӣ (одамон, гурӯҳҳо ва ҷамъиятро) қонеъ мегардонад. Тавассути арзишҳо қимат, аҳмият, моҳияти ҳодисоти олами ҳастӣ барои шахсони алоҳида ва одамон муайян карда мешавад. Дар илми сотсиолгия бештар мафҳуми «арзиши иҷтимоӣ» истифода бурда мешавад, ки он аз қисми таркибии системаи иҷтимоӣ иборат буда, дар шуури инфиродӣ ва иҷтимоӣ мавқеи махсус дорад. Аслан, арзишҳо рамзи субҳективиест, ки он барои ҳар фард мазмуни гуногун дошта метавонад, гарчанде ҷомеа ҳамеша арзишҳои умумибашарӣ ва умумиинсониро тарuиб ва талқин мекунад.
Давоми якҷоя фаъолият намудан, унсурҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба предмет, ҳодисоти иҷтимоӣ аз нуқтаи назари ба манфиати онҳо мувофиқ будан ё мувофиқ набудан, фоиданок ё бефоида будан, дастрас будан ё дастнорас будан, баҳо медиҳанд. Арзишҳои иҷтимоӣ ҳамчун маҷмӯи мақсадҳои ҳаётӣ ва воситаи ба он ноил гардидан зоҳир мегарданд. Агар, барои як зумра одамон, мақсади ҳаёт хушбахт гардонидани одами дӯстдошта ё наздикон, бо роҳи меҳнати софдилона бошад, барои гурӯҳи дигар мақсади ҳаёт бо ҳар роҳ (хоҳ ҳалолу хоҳ ҳаром) сарватuункунӣ ва бой шудан, буда метавонад.
Қабул намудани ин ё он шакли арзиши иҷтимоӣ аз тарафи афроди алоҳида, рӯоварӣ ба арзишҳо, дарк намудани маҷмӯи сарватҳои моддӣ ва маънавӣ тарзи зиндагӣ, меъёрҳои, ахлоқие мебошанд, ки шахс ё гурӯҳи одамон онҳоро афзалиятнок шуморида, интихоб намуда, мувофиқи онҳо амал мекунанд.
Дар ҷомеа арзишҳои асосӣ барои тамоми аъзоёни он ягона мебошанд. Лекин барои гурӯҳҳои иҷтимоӣ, табақа ва синфҳои гуногун арзишҳо метавонанд ба таври мухталиф зоҳир гарданд. Умуман, арзишҳо метавонанд ҳамчун маҷмӯи тасаввурот,эътиқод,афкоре зоҳир шаванд,ки аз иродаи одамони алоҳида вобаста нестанд, метавонанд дар шакли маҷмӯи назарияи мантиқан асосноккардашудаи илмӣ зоҳир гардад. Дар чунин ҳолат арзишҳо ҳамчун идеология баромад мекунад. (идеология – калимаи юнонӣ, маънояш таълимот дар бораи uояҳо).
Идеология аз нуқтаи назари сотсиологӣ маҷмӯи ақидаҳо, uояҳое мебошад, ки манфиатҳои муайяни гурӯҳҳои калони одамон, халқҳо, синфҳо, ҷамъият, ва ҳаракатҳои иҷтимоиро ифода мекунад. Аз ин нуқтаи назар, идеология метавонад ҳамчун ифодагари манфиатҳои синфи муайян зоҳир гардад, бо вуҷуди ин, идеологияе,ки ба қонунҳои объективии ҷамъиятӣтакя мекунад, ҳамчун шакли махсуси маданият эътироф карда мешавад.
Унсури дигари маданият, меъёрҳои иҷтимоӣ мебошад. Меъёрҳои иҷтимоӣ тарзи рафтор, қолабҳои фаъолият, меъёри амалҳое, ки барои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ раво мебошанд, тавассути тасдиқи (хуқуқӣ) асоснок карда мешаванд.
Масалан мо даст ба сари сина гузошта ё дасти ростро ба ҳамдигар дароз карда салом мекунем, дар китобхона бо овози паст гап мезанем, рӯзи иди занон ба онҳо тӯҳфа мекунем, рӯзҳои ид шаҳрамонро бо байрақу шиорҳо оро медиҳем, рӯзҳои мавлудро кайд мекунем, пеш аз хӯрок дастамонро мешӯем ва uайраҳо. Ин амалҳоро иҷро намуда мо меъёрҳои умумиро риоя мекунем, чунин рафторҳоро маданияти мо ҳамчун кирдори нек ва хуб мақбул мешуморад, яъне чунин амалҳо ба меъёрҳои иҷтимоӣ мувофиқ ҳисобида мешавад. Меъёрҳои иҷтимоӣ дар натиҷаи инкишофи тӯлонии ҷомеа ташаккул ва инкишоф меёбанд ва барои танзими муносибати ҳамидаи байни одамон хизмат мекунанд. Ихтилоф ё риоя накардан ба меъёрҳои иҷтимоӣ маҳкум карда мешавад. Азбаски ҷомеа ҳамеша дар таuирёбӣ ва инкишоф мебошад, меъёрҳои иҷтимоӣ низ метавонанд таuир ёбанд, базеъашон аз байн раванд, меъёрҳои нав зоҳир гарданд, лекин меъёрҳои умумибашарӣ солҳои тӯлонӣ устувор мемонанд.
Меъёрҳои иҷтимоии дар ҷомеа мавҷуд бударо аз ҷиҳати амал ба меъёрҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷихати мазмун ба одат, феълу хӯ ва ҳуқуқ ҷудо кардан мумкин аст.
Урфу одат – ин тарзи рафтор, афкор ва амали одамон мебошад, ки он аз наслҳои гузашта мерос гузошта шуда ба ананаҳои миллӣ ва умумиинсонӣ такя мекунад, аз насл ба насл мегузарад, бинобар маъқул ва фоидабахш буданаш, давом дода мешавад. Бо баробари ин, он қисми урфу одатҳое, ки ба зинаи нави инкишофи ҷомеи ё вазъи иқтисодиву сиёсии он, мувофиқат намекунанд оҳиста-оҳиста таuир меёбанд, дигаргун мегарданд.
Ба ҳамин тариқ, ҳар як ҷомеа арзишҳои мадании аз тарафи аксари аъзоёни он эътироф гардида ва дар ҳаёти рӯзмарраи онҳо иҷро карда шавандаи худро доранд, ки онҳо ба ҳамин ҷомеа хос, такрорнашаванда буда ин ҷомеаро аз ҷомеаҳои дигар фарқ мекунонанд.
Мавқеи маданият дар ҳаёти ҷомеа. Ҳангоми марому мавқеи маданиятро дар ҳаёти ҷомеа муайян кардан, пеш аз ҳама вайро ҳамчун захираи гаронбаҳои, маҳфуздоранда ва воситаи ба наслҳои нав мерос гузоштани тиҷрибаи бойи гузоштагон ҳисобидан зарур аст. Нақш ва мавқеъи маданият махсусан дар ҳолати таҳлили вазифа ва мақоме, ки он дар ҷомеа мебозад равшан зоҳир мегардад.
Маданият, пеш аз ҳама ҳамчун воситаи ба танзим дароварандаи (ба тартиб даровардани) амалу фаъолияти одамон хизмат мекунад. Масалан агар шахси муайян барои худ озодиро арзиши муҳимтарин ҳисобад, тақрибан чунин амалҳоро пеша мекунанд:
1. Восита ва шароитеро меҷӯяд, ки озодӣ муҳаё бошад
2. Дар ҷойҳое, ки озодии ӯ маҳдуд карда мешаванд, худро нороҳат, зери таъзиқ ҳис мекунад.
3. Бо шахсоне, ки ҷонибдори ақидаи ӯ мебошанд наздик шуда, барои мубориза алайҳи онҳое, ки ақидаи ӯро нодида мегиранд, тайёр мешавад.
Агар барои шахси дигар арзиши авлотарин саломатии ӯ, (ё оилаи ӯ, ё ватандӯстӣ) бошад, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки амалу фаъолияти ин шахс аз рафтору кирдори шахсе, ки озодиро барои худ арзиши авлотарин меҳисобад, фарқ мекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи маданиятро танзимдиҳандаи рафтор мешуморанд. Fайр аз ин, одам ҳар як арзишҳои аз тарафи ҷомеа ба вуҷуд овардаро дар маҷрои ба ҷомеа пайвастани худ омӯхта, ҳамчун шахс ташаккул меёбад, аз ин рӯ маданият нақши таълимию тарбиявии худро зоҳир мекунад. Маҷмӯи арзишу меъёрҳо, унсурҳои таркибии маданият буда, нақши сарҷамкунанда, муттаҳидкунандаи ҷомеаро мебозанд. Ин вазифаи маданият хеле муҳим буда, имрӯз дар кишвари мо, ба ин ҷанбаи маданият – фарҳанг – тамаддун диққати махсус дода мешавад, зеро ояндаи дурахшони ҷомеаи мо ба қадр намудан, шинохтан, аз худ намудан, ҳазм намудани маданияти волои ниёгон, риоя ва равнақ додани он вобаста мебошад.
Азбаски дар маданият таҷрибаи гузаштагон таҷассум меёбад, он ногузир бояд вазифаи пайвастани гузаштаро бо ҳозира ва таъмин намудани равнақи минбаъда (ояндаи) фарҳанги насли навро таъмин созад, ки ин ҳамчун анана давом меёбад.
Ҷараёни инкишофи маданият. Ҷомеа аз умумиятҳои гуногуни иҷтимоӣ (этникӣ, демографӣ, касбӣ ва uайраҳо) иборат аст. Ҳар кадоми онҳо метавонанд маҷмӯи арзишҳои муайянро пайравӣ намоянд, лекин ҳамаи он арзишҳо аз арзишҳои оммавӣ замина мегиранд. Бо вуҷуди ин маданияти гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун метавонад аз маданияти умумӣ фарқ кунад. Маданияти шаҳр ва деҳот, ҷавонон ва нафақахӯрон, сарватмандон ва бенавоён, ҳокимон ва маҳкумшудагон якхела нестанд.
Дар илми сотсиология чунин зуҳуроти гурӯҳиро (субкулҳтура) меноманд, ки он аз маданияти оммавӣ тафовут дорад. Fайр аз ин, дар замони ҳозира зуҳуроти маданияти гурӯҳии таззодӣ, мушоҳида мегардад, ки он натанҳо аз маданияти ҷомеа фарқ мекунад, балки ба вай зид аст (амали роҳзанҳои муташаккил, дуздон, қаллобон, маҳбусон). Ҷомеа бо чунин падидаҳо мубориза мебарад, онҳоро маҳкум менамояд.
Инкишофи ҷомеа ва маданият, шаҳодат медиҳанд, ки маданият чизи шахшудамонда-бетаuир нест. Рушду нумӯи маданияти халқамонро мушоҳида намоем аён мегардад, ки аз давраи Авастову Сомониён то имрӯз маданияти мо такомул ёфта, дар ҷараёни таърих аз анананҳои авлодӣ бархӯрдор гардида, марҳила ба марҳила бою uанӣ гаштааст, имрӯзҳо барои инкишофи пуравҷи маданият шароити мусоид муҳаё шудааст.
Таҳлили ҳамкорӣ ва баҳампайвастагии ҷомеаи имрӯза нишон медиҳад, ки ҳаёти иҷтимоӣ хусусияти гурӯҳӣ ва ҳамдигарфаҳмии онҳоро дошта фаъолияти якҷояи онҳо ба мавҷуд будани арзишҳо ва меъёрҳои умумӣ вобаста аст. Аз ин рӯ сотсиологияи муосир ҷомеаро ҳамчун ягонагии иҷтимоию – мадании одамон таҳқиқ мекунад.
 
Саволҳо доир ба мавзӯъ:
  1. Моҳияти маданият ва шаклҳои онро муайян созед.
  2. Унсурҳои таркибии маданиятро номбар кунед.
  3. Мавқеи маданиятро дар ҳаети ҷомеа баен намоед.
  4. Ҷараени инкишофи маданият чӣ гуна сурат мегирад?

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив