Сохтор ва стратификатсияи сотсиалӣ


Сохтори сотсиалию синфии ҷомеа. Аз таҳлили масоили ба ҷомеа таалуқ дошта бармеояд, ки ҷомеа маҷмуъ ё тӯдаи тасодуфан баҳампайвастаи фардҳои алоҳида нест. Балки, маҷмуи ягонаест, иборат аз қисмҳои таркибии бо ҳамдигар алоқа, муносибат, пайвастагии муайян дошта. Қисматҳои таркибии ҷомеа, метавонад аз унсурҳои оддитарини ичтимоӣ, аз қабили фард ё шахс иборат бошад, метавонад аз маҷмуи унсурҳои иҷтимое иборат бошад, ки онҳо дар асоси ягон нишона ё хосият боҳам пайвастаанд.
       Бинобар ин сохтори иҷтимоии ҷомеа таркиби дохилии ҷомеа мебошад, ки аз унсурҳои бо тарзи муайян ва тартиби муайян боҳам пайваста шудаанд. Фардҳое, ки боҳамдигар алоқаманд, мавқеъ ва статуси муайян, мақому мароми муайян дошта, дар ҷомеа мувофиқи меъёр ва арзишҳои муайян нақш мебозанд. Маҷмӯи алоқаҳо, ҳусни тафоҳуми байни унсурҳои таркибии сохтори ичтимоӣ, дар муҳити ягона ва муштарак, ахлоқу рафтори афроди онро муайян месозад. Асоси сохтори таркибии ҷомеаро гуногунзотӣ ва тафриқаи уфуқии он ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо ба гуногунрангӣ, гуногунҷинсӣ, тобишу зуҳуроти мухталифи ҷомеа далолат намуда барои табақабандии он ба навъҳо ва гурӯҳҳо, асос мегузорад. Вақте, ки сохтори иҷтимоии ҷомеа мегӯем, пеш аз ҳама он нишондиҳандаҳоеро дар назар дорем, ки мувофиқи онҳо ҷомеа табақабанди карда мешавад. Аз қабили нишонаҳои этнетикӣ (мансуб будан ба ягон халқ) ва динӣ (эътиқод намудан ба ин ё он дин ё мазҳаб).
       Ҳар як шахс дар ҷомеа метавонад якчанд мавқеъ дошта бошад. Аз ҳамин сабаб сохтори иҷтимоӣ ва мансубияти ин ё он фардро танҳо таввасути ягон нишонаи алоҳидаи вай муайян намудан мумкин нест. Ҳар як аъзои ҷомеа ихтисос, маълумот, ҷои зисти ба худ хос дорад. Ҳатто қабилаҳои қадима вобаста ба синну солашон, муносибатҳои хешу табориашон, муносибаташон ба ҳоким ва ҳокимият, дорои сохтори муайяни иҷтимоӣ буданд.
       Таҳлили сохторӣ, имконият медиҳад якчанд намуди сохтори ғоявӣ, меъёрӣ, ташкилӣ, тасодуфӣ ва ғайраҳо аз ҳамдигар фарқ карда шавад. 
       Умуман, сохтори иҷтимоии ҷомеа аз маҷмӯи статусҳои аъзоёни он иборат буда ба тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вобаста мебошад. Сохтори иҷтимоии ҷомеаро бо хонаи занбури асал шабоҳат додан мумкин аст, ҳар як хонаи он бо ҳамдигар вобаста ва пайваста буда, оруи асал дар яке асал захира мекунад, дар дигаре насл мегузорад.
       Маҷмӯи статусҳое, ки фардҳои алоҳида доранд, ба ташаккули мафҳуми нави сотсиологӣ, ки ҳайъати иҷтимоии аҳолӣ ном дорад, асос мегузорад. Ҳайати иҷтимоии аҳоли бошад аз гурӯҳҳои мухталиф иборат буда, онҳо дар зинаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷой мегиранд. Бинобар ҳамин ҳам дар ҳаёти реалӣ бештар сохтори иҷтимоӣ – синфии ҷомеа мушоҳида мегардад.
       Сохтори иҷтимоӣ – синфии ҷомеа аз маҷмуи гурӯҳҳои аз чиҳати миқдор, симо, мавқеи дар муносибатҳои иҷтимоӣ доштаашон фарқкунанда иборат буда, дар байни онҳо синф ва табақаҳои иҷтимоӣ мавқеи махсус доранд. Синфҳои иҷтимоӣ – гурӯҳи калони одамоне мебошанд, ки аз ҳамдигар бо мавқеи худ дар низоми таърихан муайяни истеҳсоли ҷамъиятӣ, муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот, мақомашон дар ташкили ҷамъиятии меҳнат фарқ мекунад. Синф гуфта гурӯҳҳои калони одамонро меноманд, ки ин гурӯҳҳо аз ҷиҳати мақоми дар системаи таърихан муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ доштаашон, аз ҷиҳати муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот (аксаран ин муносибат дар қонунҳо ба расмият дароварда шудааст), аз ҷиҳати нақше, ки дар ташкили ҷамъиятии меҳнат доранд ва аз ин рӯ аз ҷиҳати тарзҳои ба даст овардани он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ, ки онҳо дар ихтиёри худ доранд ва аз ҷиҳати миқдори он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Табақаи иҷтимоӣ бошад – гурӯҳ, як қисми мардум, як гурӯҳи иҷтимоии одамон аст, ки аз чиҳати мавқеи иқтисодӣ ва ҳуқуқии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Табақаи иҷтимоӣ – як гурӯҳи муваққати ё мобайнии ҷамъиятиест, ки аз синфҳо фарқ мекунад. Масъалан зиёиён, коргарони баландихтисос, косибон, ҳунармандон, тоҷирон ва ғайраҳо. Табақаҳои иҷтимоӣ аз ҳамдигар бо обрӯ, эътибор, нуфуз, дараҷаи маълумотнокӣ, маданият ва даромад фарқ мекунанд. Сохтори синфии ҷомеа ҳануз дар ибтидои асри ХIХ асоснок карда шуда, дертар ба сохтори табақавии иҷтимоӣ аҳамият дода шуд. Лекин, таҳлили сохтори синфию табақавии ҷомеа дар якҷоягӣ барои дуруст инъикос намудани падидаҳои мураккаби иҷтимоӣ имконият фароҳам меорад.
 
Стратификатсияи ижтимоӣДар холати муайян сохтани сохтори иҷтимоӣ – синфии ҷомеа, одатан ба сохтори уфуқии (горизанталии) ҷомеа таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Дар мавриди ба сохтори иҷтимоӣ аз нигоҳи амудӣ (вертикалӣ) таваҷҷӯҳ намудан стратификатсияи иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Мафҳуми «старта» ё «стратификатсия»-ро сотсиологҳои ғарб давоми асри ҶҶ ба ҷои мафҳуми «таркиби сохтори иҷтимоии ҷомеа» ба илми сотсиология ворид сохтаанд. Стратификатсияи иҷтимоӣ – аз калимаи лотинии «ctzatғm» - табақа, «tacio» - мекунам, иборат буда, меъёру аломатҳои тақсимоти иҷтимоӣ, нобаробарии ҷомеаро ифода мекунад. Стратификатсияро табақабандии вертикали иҷтимоӣ номидан мумкин аст, гарчанде ки ин ибора мазмуни пурраи стратификатсияро ифода карда наметавонад.
       Дар сотсиологияи муосир ду қолаб ё меъёри стратификатсиони вуҷуд дорад: 
  1. Қолаби ғарбӣ (ки аз тарафи муҳаққиқони ғарб асоснок карда шудааст)
  2. Қолаби шарқӣ
 
Мувофиқи қолаби ғарбӣ дар ҷомеа стратификатсияи ҳафтзинагии табақаҳо мавҷуд аст:
- Гурӯҳи статуси олӣ дошта (сарварони корпоратсия ва фирмаҳои бузург, сарлашкарони рутбаҳои баланд дошта, судяҳо, кормандони биржаҳои молию пули, духтурон, архитектор ва ходимони машҳури санъат)
- Гурӯҳи статуси олии дуюм дараҷа дошта (сарварони фирмаҳои миёнаҳол, муҳандисони баландихтисос, соҳибони воситаҳои ахбори умум, ҳуқуқшиносони номдор)
- Гурӯҳи статуси сеюмдараҷа дошта, ки онро синфи миёна низ меноманд (муаллимони баландихтисос, роҳбарони сатҳи миёнаи коргоҳҳо, кормандони бонкҳо)
- Гурӯҳи статуси чаҳорумдараҷа дошта (ходимони оддии бонкҳо, муаллимони мактабҳо, табибон, сарварони сменаҳои коргари, кормандони идораҳои суғурта)
- Гурӯҳи статуси дараҷаи панҷум (механикҳо, сартарошон, хизматчиени тарабхонаҳо, фурушандаҳо, коргарони боихтисос, кормандони почта, милисаҳо, ронандаҳо)
- Гурӯҳи статуси шашумдараҷа дошта (ронандаҳои такси, коргарони ихтисоси паст дошта, пешхизматрасони меҳмонхонаҳо)
- Гурӯҳи статуси дараҷаи ҳафтум дошта (хизматгорони сарватмандон, боғбон, қаравул, фаррош)
Стратификатсияи шарқӣ, қадимтарин шакли табақабандии стратификатсионӣ ба шумор рафта баъзе унсурҳои он дар кишварҳои шарқ то ҳол ҳам мушоҳида мегардад. Ин навъи табақабандӣ дар Ҳиндустони қадим ташаккул ёфта, он аз 5 табақа иборат аст.
  1. Табақаи олӣ, дар ибтидо онҳо аз ҷанговарон иборат буда, мавқеи ҳукмронии худро нигоҳ доштаанд, ва дар кишвари Ҳиндустон «кшатри» номида мешаванд.
  2. Табақаи ситоишгарон, «брахманҳо» ё «браминҳо» номида шуда ба ин тоифа ходимони динии ғояҳои табақаи олиро ситоишкунанда ва асосноккунанда дохил мешаванд.
  3. Табақаи хизматрасон, «вайши» ки хизмати табақаи олиро ба ҷо меоранд.
  4. Табақаи тобеъ «шудрҳо» сершумортарин тоифаи одамон буда, тамоми мардуми оддиро дар бар мегирад.
  5. Табақаи аз тарафи мардум ради маърака карда шуда «приҳо», одамони махав эълон карда шуда.
 
Стратификатсияи иҷтимоӣ сохтори мустаҳками ҷамъиятӣ буда дар ҳолати вайрон шудани он, тоифаҳои нави иҷтимоӣ пайдо шуда, метавонад боиси нооромиҳои ҷамъияти гарданд.
 
      Нобаробарии иҷтимоӣ -дар ҷомеа ҳамеша як гурӯҳи иҷтимоӣ аз дигараш фарқ дошта, яке аз дигаре болотар ё поёнтар ҷой мегирад. Бинобар ин дар ҷомеа нобаробарии иҷтимоӣ ҷой дошта, яке бештар аз неъматҳои иҷтимоӣ (пул, ҳокимият, афзалиятҳо) баҳра мебарад, дигаре камтар. Нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои гуногун, аз кишварҳои суст тараққи карда сар карда, то мамлакатҳои мутараққӣ вуҷуд дорад. Лекин, нобаробарии иҷтимоӣ дар дараҷаҳои гуногун зоҳир мегардад, агар дар як ҷомеа, он бараъло ва назаррас мушоҳида гардид, дар ҷомеа дигар камтар ба назар мерасад. Дар ҷомеае, ки ҳаёти иҷтимоӣ бештар ба хоҷагии қишлоқ вобаста аст, нобаробарии иҷтимоӣ назаррас, зиёдтар ба назар мерасад, дар ҷомеаи ба саноат такя кунанда бошад, он камтар мушоҳида мегардад, вале мураккаб ва пурихтилоф мебошад. Ҳамаи ҷомеашиносон-сотсиологҳои олам мавҷуд будан ва васе паҳн шудани нобарорарии иҷтимоиро дар ҷомеа эътироф мекунанд, дар масъалаи муайян намудани сабабҳо ва моҳияти он бошад дар байни онҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад.
Як гурӯҳ сотсиологҳо нобаробарии иҷтимоиро шарти зарурии мавҷудияти ҷомеа мешуморанд, ки он имконият медиҳад ба одамони бо корҳои масъулиятнок, заҳматталаби фикриву зеҳнӣва барои ҷомеа самараи бештар оваранда, афзалиятҳо дода шавад. Шарҳи чунин мавқе доир ба нобаробарии иҷтимоӣ аввалин маротиба аз тарафи Э. Дюркгейм дода шудааст. ӯ ба чунин хулоса омадааст, ки давоми асрҳо, дар таркиби ҳамаи умумиятҳои одамон ва ҷомеа, як намуди фаъолияти одамон нисбат ба дигараш муҳимтар шуморида мешуд. Ҳатто қонунҳо, дин, оила ва меҳнат, вобаста ба аҳамият ва мақоми машғулияти одамон, онҳоро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо мекунанд. Худи одамон низ, аз чиҳати маҳорат ва лаёқат ҳархела буда, як зумраи онҳо доир ба аломатҳои зикршуда қавитар, дигарашон заифтар мебошанд. Дар ҷараёни таълиму тарбия бошад лаёқату заковати гуногун бараъло зоҳир шуда, минбаъд боиси нобаробарии иҷтимоӣ мегардад. Мувофиқи ақидаи Дюркгейм, дар ҷомеаи мутараққӣ одамони боистеъдод бояд вазифаҳои масъул, муҳим ва асосиро иҷро намоянд. Чунин одамон, хизматҳои шоистаи онҳо, бояд аз тарафи ҷомеа қадршиносӣ карда шуда, ба онҳо афзалиятҳо дода шавад, ин падида дар навбати худ боиси зоҳиршавии гурӯҳҳои нобаробар дар ҷомеа мегардад.
Гурӯҳи дигари сотсиологҳо, шарти зарурӣ будани нобаробарии иҷтимоиро дар инкишофи ҷомеа инкор намуда, таъкид мекунанд, ки нобаробарӣ натиҷаи тақсими нобаробари арзишҳои иҷтимоӣ, махсусан сарват ва ҳокимият мебошад. Одамони ба сарват ва ҳокимият даст дошта аз ин арзишҳои иҷтимоӣ бештар баҳра мегиранд, ба манфиати худ истифода мебаранд, дар натиҷа онҳо боиси зоҳиршавии равшани нобаробарии иҷтимоӣ мегарданд. Чунин ақида ба назарияи марксистӣ дар бораи сохтори иқтисодии ҷомеа ва табақабандии ҷомеа ба синфҳо, такя намуда, мавҷудияти нобаробарии иҷтимоиро ба сохти иқтисодии ҷамъиятӣ вобаста медонад. Ташаккул ва равнақи олигархҳо- ҳокимияти ақалият, ба дасти гурӯҳи начандон калони одамон гузаштани ҳокимияти сиёсӣ ва иктисодӣ низ сабаби нобаробарии ҳарчонибаи иҷтимоӣ мегардад.
Умуман, мавҷудият ва боқӣ мондани нобаробарии иҷтимоӣ ба сабаб ва омилҳои гуногуни иҷтимоӣ вобаста буда, ба ҷомеаи имрӯза муяссар нашудааст, ки он барҳам дода шавад. 
Зудтағирёбии сотсиалӣ. Одамон ҳамеша дар ҳаракат, тағирёбӣ ва инкишоф мебошанд. Аз ин рӯ табақабандӣ ё стратификатсияи иҷтимоӣ ба зудтағирёбии иҷтимоӣ вобаста аст. Дар илми сотсиологияи асри ХХ назарияи зудтағирёбии иҷтимоӣ асоснок карда шудааст, ки поягузори он ҷомеашиноси намоёни рус П.А.Сорокин ба ҳисоб меравад. Бо мафҳуми зудтағирёбии иҷтимоӣ тағирёбии бемайлон ва доимии ҷой ва мавқеи афрод, оилаҳо, ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, дар сохтори иҷтимоии ҷомеа ифода карда мешавад.
Мувофиқи назарияи номбурда ду шакли таҳаввулоти иҷтимоӣ вуҷуд дорад:
  • байнинаслӣ (байниавлодӣ);
  • дохилинаслӣ (дохилиавлодӣ).
Таҳаввули байнинаслӣ, дар табақабандии иҷтимоӣ, ба зинаи баландтар баромадан ё ба зинаи поёнтар фаромадани фарзандонро нисбат ба волидон дар бар мегирад. Масалан, писари коргар муҳандис мешавад, фарзанди муаллим деҳқон.
Таҳаввули дохилинаслӣ бошад тағирёбии мавқеи иҷтимоии як фардро давоми фаъолияти меҳнатӣ дарбар гирифта онро тағирёбии мартаба, маснад, шуморидан мумкин аст. Масалан харрот метавонад муҳандис, сардори сех ё сарвари коргоҳ гардад.
Ҳар як инсон бо баробари таваллуд ёфтан вазъ – ҳолат (статуси) волидони худро дорад. Падару модар, хешовандон, наздикони оила ба кӯдак меъёр, анана, рафторҳои мумкин ва номумкини дар доираи авлод қабулшударо талқин мекунанд. Дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ чунин меъёр аз тарафи насли нав риоя мегарданд, лекин давраи ба балоғат расидан ва шурӯъ намудан ба ҳаёти фаъолона, то андозае мустақил гаштан, фард метавонад ба он мавқеи иҷтимоии ишғолкардаи авлодӣ қаноатманд нашуда ба зинаи баландтари иҷтимоӣ довталаб гардад. Агар тағироти мақоми иҷтимоӣ баланд гардад таҳаввули болораванда маҳсуб мегардад. Аммо дар натиҷаи, таззодҳои зиндагӣ (бекор мондан, беморӣ, сустиродагӣ) фард метавонад ба зинаи поёнтари иҷтимоӣ фарояд, ки онро таназзули статуси иҷтимоии фард меноманд.
Ин ду навъи таҳаввули иҷтимоӣ, одатан, таҳаввулоти амудӣ (вертикали) ном доранд, ки дар натиҷаи он одамон аз як табақа, синф, каста ба дигараш гузашта мавқеъ, маром, статуси иҷтимоии худро тағир медиҳанд, ё болотар мераванд, ё таназзул мекунанд. 
Бо баробари таҳаввулоти амудӣ, таҳаввулоти горизонтали вуҷуд дорад. Чунин таҳаввул дигаргуншавӣ, гузаштани фард ё гурӯҳи иҷтимоиро аз як мавқеи иҷтимоӣ ба дигараш ифода мекунад. 
Cохтори иҷтимоии имруза. Сохтори иҷтимоии ҷомеаии имрузаи Тоҷикистон аз тарафи сотсиологҳои муосир омӯхта нашудааст. Лекин, бараъло аён аст, ки бо баробари ба куллӣ тағир   ёфтани сохти иҷтимоӣ, гузаштан аз як намуди муносибатҳои иқтисодиву сиёси ба дигараш, ҳатман сохтори иҷтимоии ҷамъият (стратификатсияи иҷтимоӣ) низ тағир меёбад. Сиёсатшинос-профессор Ш.Султонов хусусиятҳои сохтори иҷтимоии Тоҷикистони имрузаро таҳлил намуда, таъкид мекунад, ки дар натиҷаи табдили форматсияи ҷамъиятӣ-иктимодӣ, муҳити иҷтимоӣ тағир ёфт, синфҳои коргару деҳқон мавқеи устувори худро суст намуда, гурӯҳҳои соҳибкорон, сарватмандон, мулкдорони миёна ва хурд, менеҷерҳо, судхӯрон, пулҷаллобон ва ғайраҳо ташаккул ёфтанд. Дар ҳақиқат, чи навъе ки таҳқиқотҳои сершумори сотсиологиву сиёси дар миқёси чаҳони, нишон медиҳанд, дар давраҳои гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба дигараш, дар ҷомеъа зуҳуроти пайдо шудани гурӯҳҳои иҷтимоии баҳам зид ва ҳаёти иҷтимоиро халалдоркунанда мушоҳида мегардад. Бинобар ҳамин ҳам, бо баробари ба эътидол омадани вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеъа, сарварони сиёси кушиш мекунанд, сохтори иҷтимоиро ба дараҷаи равнақи иқтисодӣ, мувофиқ гардонанд. Таъсири унсурҳои номатлуби сохтори иҷтимоиро маҳдуд намуда, сохтори иҷтимоии таъминкунандаи адолати иҷтимоиро барқарор созанд. Фаъолияти институтҳои иҷтимоии Тоҷикистони муосир ба ҳамин мақсад равона карда шудааст.
 
Саволҳо доир ба мавзӯъ:
  1. Сохтори сотсиалию синфии ҷомеаро шарҳ диҳед.
  2. Стратификатсияи иҷтимоӣ чист?
  3. Нобаробарии иҷтимоӣ чи гуна зоҳир мегардад?
  4. Зудтағирёбии сотсиалӣ чист?
  5. Сохтори иҷтимоии ҷомеаи имруза.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив