Шахс ва мавқеи он дар муносибатҳои иҷтимоӣ


Инсон ва фаҳмиши сотсиологии он. Инсон падидаи мураккабтарин ва олитарини олами ҳастӣ мебошад. Вай аз аввалин зинаҳои ҳаёти бошууронаи худ, давоми миллионҳо сол мехост моҳияти ҳастии худро дарк намояд. Аз ин рӯ илмҳои гуногуни табиатшиносиву ҷомеашиносӣ ба омӯзиши инсон, табиати он, моҳияти вай, диққати махсус додаанд. Барои ошкор намудан ва фаҳмида гирифтани инсон, вайро ҳамчун ягонагии падидаи биологию иҷтимоӣ ҳисобидан лозим аст. Бинобар ҳамин ҳам сотсиологияи муосир барои рӯшнои андохтан ба масъалаи инсон, бо дигар самтҳои илми ҷомеашиносӣ: фалсафаи иҷтимоӣ, антропология, психологияи иҷтимоӣ, педагогика, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва иқтисодиёт такя мекунад, зеро масъалаи инсон ва инсоният, он нуқтаи тамос мебошад , ки сотсиологияро бо дигар илмҳо мепайвандад. Ҳар як илме, ки масъалаи инсонро мавриди таҳкиқ қарор медиҳад, усул ва услуби хоси худро дорад. Масалан, фалсафа инсонро аз нуқтаи назари таърихӣ – назариявӣ омӯхта, қонунҳои умумитарини инкишофи онро ҳамчун ҳастии биологию иҷтимоӣ, моҳияти онро, мақсади ҳаётии онро ошкор месозад. Антропология бошад пайдоиш ва таҳаввули инсон, ташаккули ирқу нажоди инсониро таҳқиқ намуда, барои фаҳмиши сотсиологии инсон замина мегузорад. Барои дуруст дарк намудани инсон, моҳият ва мавқеи он дар олами ҳастӣ, дар замони ҳозира, самти нави омӯзиши инсон, таҳқиқ ва таҳлили равонию руҳи (психоанализ), саҳми сазовор гузошт. Аз нигоҳи сотсиологӣ, инсон зинаи олитарини инкишофи олами зинда дар рӯи замин, зуҳуроти фаъолияти иҷтимоию таърихӣ ва маданӣмебошад. Фарқияти куллии вай аз дигар намудҳои олами зинда аз он иборат мебошад, ки худи инсон маҳсули фаъолияти моддӣ ва маънавии худаш мебошад. Вақте, ки сухан дар бораи одами алоҳида, ҳамчун ҷузъи ҷамъият, халқ, табақаи иҷтимоӣ ё синф меравад, одатан мафҳуми «фард» истифода бурда мешавад. «Фард»-и иҷтимоӣ – ин одами алоҳида, аъзои умумияти иҷтимоӣ ба ҳисоб маравад. Фард ва фардият барои минбаъд ташкилёбии шахс ва шахсият замина мегузорад.
 
Мафҳуми шахс ва шахсият дар сотсиология. Мафҳумҳои «инсон» ва «шахс» одатан, мафҳумҳои ҳаммаъно, мазмуни якхела дошта, синонимҳо шуморида мешавад. Лекин, аз нуқтаи назари илмӣ, ин ду мафҳум аз ҷихати мазмун фарқ мекунад. Мафҳуми «одам» хосияти ба ҳамаи инсонҳо мансуб бударо ифода намуда, мавҷудияти олами зиндаро бо ақли фаъол инъикос мекунад, мавҷудияти онро аз ҷомеаи ибтидоӣ то замони муосир, аз навзодӣ то пирӣ дар бар мегирад.
Доир ба таносуби «одам» ва «шахс» дар байни олимони ҷомеашинос ва сотсиолог, ду ақида мушоҳида мегардад. Мувофиқи ақидаи аввал, ҳар як одам ба таври худ нотакрор, мӯъҷизаи ҳастӣ буда, бо имкониятҳои беканор ба дунё меояд, бинобар ҳамин ҳам, ҳар як одам, шахс мебошад. Ҷонибдорони ақидаи дуюм таъкид мекунанд, ки он одаме шахс эътироф карда мешавад, ки дорои хосиятҳои наҷиби инсонӣ бошад.
Мафҳуми «шахс» маҷмӯи хосиятҳои иҷтимоии инсонӣ, муоширати ӯро бо ҷомеъа, фаъолияти ба мақсад мувофиқи онро дар бар гирифта, маҳсули муносибатҳои иҷтимоӣ будани одамро ифода мекунад.
Бинобар ҳамин ҳам, бо назардошт ва таҳлили ақидахои гуногун оид ба таносуби одам ва шахс, шахсро одами бо ҷомеа пайваста ҳисобидан афзалтар аст.
Файласуф ва сотсиологи рус Спиркин А.Г. шахсро ҷавҳари фардият, ифодаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, субъекти маърифат ва дигаргунсозии олам мешуморад. Чунин таъриф моҳияту мазмуни шахсро дуруст инъикос мекунад. Аз нуқтаи назари таълимоти марксисти, «шахс» ифодаи алоқамандии куллии инсон бо ҷомеа буда, зуҳуроти хосиятҳои иҷтимоии одамизод шуморида мешавад. Бо вуҷуди ин, гарчанде, ки шахс дар натиҷаи шароитҳои иҷтимоӣ, махсусан иқтисодӣ, ташаккул меёбад, маҳсули муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, метавонад то андозаи муайяне мустақил бошад, мавқеи хосаи худро дошта, онро ҳимоя намояд. Аммо мустақил будан ё мустақил шудани шахс ба тафаккури чуқур, дониши ҳарҷониба, иродаи қавӣ, худшиносӣ, ба худ баҳо дода тавонистанро тақозо мекунад, заҳмати зиёд талаб мекунад, бинобар ҳамин ҳам на ба ҳар кас муяссар мегардад. Одам, фарди муайян, танҳо дар сурате шахс эътироф мегардад, ки вазифа ва масъулияти иҷтимоии худро дарк намояд, худшиносиашро равнақ дихад.
 
Таҳлили сотсиологии шахси меъёри ва шахси маъмул. Фарқияти таҳлили шахс аз тарафи илми сотсиология аз дигар илмҳои ҷомеашиносӣ дар он зоҳир мегардад, ки ин илм шахсро дар ду дараҷа тахқиқ мекунад ; дар дараҷаи шахси кулл (макросотсиологӣ) ва шахси инфиродӣ (микросотсиологӣ). Дар дараҷаи шахси инфиродӣ ба он ҳамчун иҷрокунандаи накши (вазифаи) муайяни иҷтимоӣ баҳо дода мешавад. Дар дараҷаи шахси кулл бошад шахс ҳамчун маҳсули маданият ҳисобида мешавад. Дар ин дараҷа боз ду хели шахс аз ҳамдигар фарқ мекунад : 
1 Шахси меъёрӣ (бунёди), шахсоне, ки онҳоро маданияти ҷомеаи муайян ҳамчун ифодакунандаи аломатҳои асосии маданияти онҳо эътироф мекунад. Масалан барои амрикоиҳо «амрикоихои асли», барои ҷомеаи собиқ Шӯрави «халқи совети», барои тоҷикистониён «тоҷики асил». Умуман, шахсони меъёрӣ, касони идеалие мебошанд, ки ҷомеа дар тарбияи наслҳои нав ба онҳо такя мекунад. 
 2 Шахсони маъмул, маҷмӯи ашхосе мебошад, ки арзишҳои мадании аз тарафи аксарияти ҷомеа эътироф ва риояшавандаро қабул кардаанд ва дар минтақа ё қаламрави муайян аксариятро ташкил медиханд. Бо баробари ин дар замони ҳозира тоифаи ашхосе ташаккул ёфтаанд, ки тоифаи ашхоси тиҷоратӣ номидан мумкин аст. Воситаи ахбори умум ва сотсиологҳои навин аз ташаккулёбии ашхоси мафиозӣ дар ташвишанд, зеро ин тоифа барои ҷомеа хавфи ҷидди дорад.
Таснифи ашхоси маъмул ба муҳаққиқон имконият додааст, ки онҳоро ба 6 хел ҷудо намоянд : назариявӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, эстетикӣ ва динӣ. Чунин тасниф ба майл ё рӯоварии одамон ба арзишҳои номбурда асос ёфтааст. Масалан, агар одами ба тоифаи иқтисодӣ тааллуқ доштаро гирем, ӯ бештар, ё пеш аз ҳама, манфиати моддии худро меҷӯяд.
Агар таносуби байни шахси меъёри ва шахси маъмулро мушоҳида намоем, аввалӣ мустаҳкам, доимӣ, суст таuирёбанда буда, дуюми тез таuирёбанда, ба шароит мувофиқшаванда мебошад.
Одамоне, ки аз шахсони меъёри ва маъмул, куллан фарқ карда, аз меъёрҳои дар ҷомеа қабул карда шуда дур мешаванд барои ҷомеа хафнок мебошанд. Дар чунин ҳолатҳо ё меъёрҳои иҷтимоӣ таuир дода мешаванд, ё ҷомеа чунин ашхос (фардҳоро) водор мекунад, то онҳо меъёрҳои иҷтимоиро риоя кунанд.
 

Амали мутақобилаи шахс ва ҷомеа. Амали мутақобилаи шахс ва ҷомеа дар натиҷаи баҳампайвастагӣ ва баҳамтаъсиррасонии онҳо дар муҳити иҷтимоӣ сурат мегирад. Муҳити иҷтимоӣ маҷмӯи одамоне мебошанд, ки шахс дар ҳайати он амал мекунад, бо онҳо вобаста мебошад, аз онҳо ибрат мегирад, меомӯзад, омилҳои иҷтимоие мебошад, ки ба ташаккули шахс ва рафтори ӯ таъсири бевосита мерасонанд.

Дар натиҷаи амали мутақобилаи шахс ва ҷомеа, муносибатҳои иҷтимоӣ ташуккул меёбад. Муносибатҳои иҷтимоӣ аз алоқа ва муносибати мустаҳками байни афрод иборат аст, ки дар натиҷаи баҳампайвастагии онҳо дар ҷомеаи муайян ба вуҷуд омадааст. Аслан муносибати иҷтимоии дар байни одамон мавҷуд буда, муносибати байни аъзоёни гуруҳҳои иҷтимоӣ ва одамони алоҳида мебошад. Масалан, агар касе ба таври расмӣ оиладор шудан хоҳад, ногузир бо шахси дигар, бо хешовандони ӯ, бояд муносибатҳои муайян барқарор намояд, чунин муносибатҳое, ки онҳо низ ба хоҳиши ӯ розӣ бошанд. Касе, агар оилаи нек ва хушбахт доштан хоҳад ҳатман бо аъзоёни оилааш чунин муносибатҳо барқарор мекунад, ки ба амалӣ шудани хоҳиши ӯ замина гузорад. Барои бо роҳи ҳалолу пок ба мансаби болотар соҳиб шудан, мутахассиси хуб шудан кофи нест, инчунин бо ҳамкорон ва сарвари коргоҳ муносибати хуб доштан зарур аст. Умуман ҳамаи фаъолияти ҳаётии мо натиҷаи муносибатҳои иҷтимоӣ буда, мо ҳамеша муносибатҳои худро бо ҷомеа ба роҳ мегузорем, онҳоро аз нав барқарор месозем.
Шахс ҳамчун объекти муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳатман марҳилаи бо ҷамъият омезишро мегузарад. Ин марҳила аз тарафи ҳар як фард қабул намудани тарзи рафтор, меъёрҳои чамъиятӣ, арзишҳои умумибашариро дар бар гирифта, барои фаъолият намудан дар ҷомеа зарур мебошад. Омезиш ё ҳамроҳшавии шахс бо ҷамъият, дар натиҷаи пазируфтани таъсири муҳити иҷтимоӣ, таълиму тарбия, азхуд намудани дастовардҳои маданӣ ба вуҷуд омада, табиати иҷтимоии инсонро равнақ медиҳад. Имконияти дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок карданро тамоми унсурҳое, ки фардро иҳота мекунанд: оила, ҳамсояҳо, бачагони ҳамсин, мактаб, радио, телевизион, газета, журнал, китоб ва гайраҳо фароҳам меоранд. Алоқа ва амали мутақобилаи байни одамон аз он сабаб сурат мегиранд, ки одамон барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавӣногузир бо дигар одамон муошират мекунад, аз ягон ҷиҳат ба якдигар тобеъ мебошанд.
Масалан, алоқаи байни А ва В дар он сурат барқарор мегардад, ки А ба В эҳтиёҷ дошта бошад ва дар навбати худ В ба А мӯҳтоҷ аст. Чунин муносибат барои амали гаштани нақши иҷтимоии одамон зарур аст. Нақш ё вазифаи иҷтимоии одамон, онҳоро водор месозад, ки онҳо нисбат ба якдигар чунин муносибатҳо дошта бошанд, ки статуси (вазъият ё мавқеи) онҳо, ӯҳдадории онҳо ва ҳуқуқи онҳо тақозо мекунад. Ҳар як инсон дар ҷомеа мавқеъ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайяне дар назди якдигар ва ҷомеа дошта, бояд онҳоро иҷро намояд.
 
Консепсияи (нуқтаи назар) оид ба статуси шахс. Ҳангоми муайян намудани ҷои ишuол кардаи шахс дар ҷомеа, пеш аз ҳама мафҳуми «мавқеи иҷтимоӣ» ва мазмуни онро аниқ намудан, зарур аст. Мавқеи иҷтимоӣ – ин мароми фард дар фазои иҷтимоӣ мебошад.
Фазо ё муҳити иҷтимоӣ бошад, хеле бисёрҷанба ва васеъ буда барои муайян кардани он маҷмӯи статусҳои иҷтимоии инсонро ба инобат гирифтан лозим аст.
Статуси сотсиалӣ – мавқеъи одам ё гуруҳро дар сохтори иҷтимоӣ, вобаста ба вазифаи иҷро мекардагиашон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоеро ки мавқеи онҳоро муайян мекунад, дар бар мегирад. Ҳар як инсон, азбаски ҳатман ба ин ё он гурӯҳ шомил мебошад, дар алоқамандӣ бо ҷомеа вазифаҳои сершуморро ба ӯҳда дорад. Аз ин рӯ вай ногузир статусҳои гуногун дорад. Аз маҷмӯи статусҳои инсон пеш аз ҳама статуси асоси (муҳимтарини) вайро муайян кардан ҷоиз аст.
Статуси асосӣ, нишондиҳандаи муҳимтарини фард мебошад, ки ҷой, симо, мавқеи ӯро дар ҷоме муайян месозад. Лекин статусе, ки ҷомеа барои ин ё он фард статуси асоси мешуморад, метавонад барои худи он фард статуси муҳимтарин ба ҳисоб наравад. Ба ягон ташкилоти ҷамъиятӣ аъзо будан, шаҳрванди ин ё он кишвар будан, ба ягон оилаи номдор мансуб будан метавонад барои афроди гуногун, статуси асоси шуморида шавад. Одамон якдигарро бештар вобаста ба статус – мавқеи онҳо дар ҷомеа мешиносанд. Дар ҷараёни як тадқиқоти сотсиологӣ ба донишҷӯёни гурӯҳҳои гуногун, як одами хурджуссаро , ба як гурӯҳ ҳамчун – студент, ба гурӯҳи дигар ҳамчун – лаборант, ба гурӯҳи сеюм ҳамчун – аспирант ва ба гурӯҳи чаҳорӯм ҳамчун – муаллими донишгоҳ, муаррифи намуда, баъд дар бораи қаду қомати ӯ пурсиданд, ӯро гурӯҳи якӯм, (донишҷӯен) одами хурдакак (мисли худашон донишҷӯи оддй) шумориданд, гурӯҳи чаҳорум бошад, ҳамон фардро одами калон ва босалобот шумориданд. Ин таҷриба шоҳиди он аст, ки вобаста статуси инсон, одамон, ба шахс ҳатто ба намуди зоҳирии он ҳархела баҳо медиханд.
Вобаста ба он, ки ба статуси муайян, шахс аз рӯи мансубияташ ба ин ё он оилаи баобрӯ, миллати бузург, соҳиб шудааст, ё тавассути заҳмату меҳнати худаш ба даст овардааст, статуси асосиро ба ду навъ тақсим мекунанд.
  1. Статуси нишондодӣ – статусе, ки ҷомеа пешакӣ новобаста ба қобилият ва кӯшиши худи одам барои ӯ муайян мекунад. Аз қабили ба ин ё он синф тааллуқ доштани фард.
  2. Статуси андӯхтшуда (ҳосил карда шуда) – статусе мебошад, ки дар натиҷаи кӯшишу uайрат, заҳмат, мубориза ва рақобат, худи фард ба даст овардааст. Статуси касбию мансабие, ки дар натиҷаи лаёқату маҳорати баланд, донишу заковати шахсии фард ҳосил карда мешавад, инчунин ба статуси андӯхтшуда дохил мегардад.
Ба ҳамин тариқ мафҳуми статуси сотсиалӣ, ҷой ва мақоми шахсро дар муносибатҳои иҷтимоӣ муайян мекунад, фаъолияти ӯро дар соҳаи муайяни ҳаёт дар бар мегирад, аз тарафи ҷомеа қадр карда шуда, дар шакли музди кор, мукофот, унвонҳои фахрӣ, имтиёзҳо, таҷассум меёбад.
 
Назарияи нақши (роли) шахс дар ҷомеа. Назарияи нақши инсон дар ҷомеа, яке аз усулҳои омӯхтани шахс мебошад, ки он ба воситаи таҳлили рафтору ӯҳдадории иҷтимоии вай, мақоми вай дар ҷомеа муайян карда мешавад. Нақши сотсиалии шахс одатан аз статуси иҷтимоии вай сарчашма мегирад. Инсон аксаран, мехоҳад худро бо чашми дигарон бинад, ба дигарон маъқул шудан мехоҳад ва дар зиндагӣ нақши худро мебозад. Бинобар ҳамин ҳам дар рафти омӯзиши нақши шахс, дар сотсиология мафҳуми «нақши» (роли) сотсиалӣ вуҷуд дорад, ки он қолаби рафтори қабулшуда, ба мақсад мувофиқи одами дар ҷомеа статуси муайян доштаро ифода мекунад. Барои дар амал нишон додани нақш ва статуси фард, сотсиологӣ амрикоӣ Филипп Зимбадо таҷрибае гузаронидааст, ки бо номи «маҳбас»-(ҳабсхона) машҳур аст. Аввал дар яке аз коллеҷҳои номдори Амрико эълон карда шудааст, ки барои омӯзиши психологии ҳаёти ҳабсхона ҷавонписарони донишҷӯи аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ бардам даъват карда мешаванд, таҷриба давоми як ҳафта гузаронида мешавад. Баъди номнавис кардан, донишҷӯёнро ба ду гурӯҳи баробар тақсим намуда як гурӯҳро «посбони ҳабсхона» дигареро «маҳбус» таин карда, ба ҳабсхонаи ҳақиқӣ бурданд. «Посбонон» дар лаҳзаи кӯтоҳтарин либоси «маҳбусонро» кашида, тафтиш карда, онҳоро ба камераҳо ҷой карданд, гарчанде, ки ҳеҷ кас чунин амалро аз онҳо талаб накарда буд. Рӯзи аввал рафтори ҳар ду гурӯҳ шӯхиомез ва ором гузашт. Лекин, аз рӯзи дуюм сар карда муносибати байни «маҳбусон» ва «посбонон» шиддатнок гардида, рӯзи шашум боиси лату кӯби байни онҳо гардид. Сотсиологҳо – таҷрибагузорон, ночор маҷбур шуданд таҷрибаро хотима диҳанд. Таҷрибаи оварда шуда нишон дод, ки намояндагони ҳар ду гурӯҳ ҳам ба нақши худ (роли худ) ворид шудаанд. Вақте, ки донишҷӯён (ҷавонони аслан хуб) роли иҷтимоии гуногунро бозиданд, муносибатҳои нек барҳам хӯрд. Намояндаи ҳар як гурӯҳ ногузир ба таври автоматикӣ нақши худро бозида «посбонҳо» мехостанд тартиботи ҳабсхонаро нигоҳ доранд, «маҳбусон» эътироз ва мубориза мебурданд. Таҷриба инчунин далели он гардид, роле ки инсон дар ҷомеа мебозад аксаран ба рафторе, ки ҷамъият аз онҳо дархост ё тақозо мекунад, мувофиқ мегардад. Дар таҷрибаи гузаронида шуда (посбон бояд ба тартибот назорат кунад, маҳбус ногузир ҳамчун одами дар ҳабс буда амал намояд) рафтору кордории донишҷӯён ба роле, ки ҷомеа аз онҳо интизор буд мувофиқат намуд, гарчанде ҳамаи онҳо донишҷӯ буданд.
Ҳар як инсон метавонад статусҳои гуногун дошта бошад, ҳар як статус бо нақши (роли) муайян вобаста мебошад. Масалан, як фард (мард) дар як вақт падар, бобо, профессор ва депутат буда метавонад, агар нишондиҳандаҳои номбурда статус шуморида шавад, ба ҳар як статус роли муайян марбут аст ва шахс ногузир дар ҷомеа ин нақшҳоро иҷро мекунад, роли муайянеро мебозад (дар хонаи худаш – падар, дар хонаи фарзандаш – бобо, дар донишгоҳ – профессор, дар ҳукумат – депутат). 
Солимии ҷомеа, инкишофи он, тараққиёти бемайлони он ба фаъолияти шахсони алоҳида нақше, ки онҳо дар ҷомеа мебозанд вобаста мебошанд. Бинобар ин ҷамъият бо роҳу усулҳои гуногун; маданӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, тарбиявӣ ва uайраҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ҳар як фард мувофиқи статуси аз тарафи ҷомеа дода шуда ё статуси ҳосил намудаи худ нақши солим, пок ва ҳалолкоронаро бозад, ки ҳам ба нафъи худаш, ҳам ба манфиати ҷомеа равон карда шуда бошад. 
Саволҳо доир ба мавзӯъ:
  1. Инсон ва фаҳмиши сотсиологии он.
  2. Мафҳуми шахс ва шахсият дар сотсиология.
  3. Шахсони меъерӣ ва маъмул киҳоанд?
  4. Амали мутақобилаи шахс ва ҷомеа.
  5. Нуқтаи назар оид ба статуси шахс.
  6. Роли шахс дар ҷомеа. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив