Сотсиологияи психологӣ - самти таҳқиқоти сотсиологиест дар бораи рафтори одамони алоҳида дар раванди иҷтимоӣ ва маданӣ. Ин самти сотсиология ҳанӯз дар асри ХVIII мавриди таваҷҷӯҳи олимон гашта буд, лекин танҳо нимаи асри ХIХ аз тарафи олимони немис Лазарус ва Вундт асоснок карда шуд. Ибтидои асри ХХ бошад, ин соҳаи сотсиология равнақ ёфта, имрӯз ҳамчун самти махсуси тадқиқоти сотсиологӣ мавқеъ пайдо кардааст. Сотсиологияи психологӣ маҷрои муносибатҳои психологӣ, асосҳои иҷтимоии шахс ва алоқамандии муносибату рафтори одамонро дар бар мегирад. Муҳаққиқоне ки имрӯз масъалаи сотсиологияи психологиро таҳқиқ мекунанд, бештар бо ширкатҳои бо одамони сершумор сару кор дошта, ҳамкорӣ намуда, ба онҳо дар ташкили кор маслиҳатҳо медиҳанд, барои беҳтар намудани муносибатҳои иҷтимоӣ чораҳо меандешанд. Умуман, сотсиологияи психологӣ самти нав ва дар оянда равнақёбандаи илми сотсиология ба ҳисоб меравад.
Сотсиологияи сиёсат. Сотсиологияи сиёсат ба омӯзиши ҳаёти сиёсии ҷамъият равон карда шудааст. Ҳаёти сиёсӣ бошад, дар замони ҳозира самти мураккаб, бисёрҷанба ва муҳими фаъолияти ҷомеа ва инкишофи он мебошад. Сотсиологияи сиёсат бо ёрии мафҳумҳои «сиёсат», «ҳокимияти сиёсӣ», «муносибатҳои сиёсӣ», «мақсадҳои сиёсӣ», «фаъолияти сиёсӣ», «идораҳои сиёсӣ», «системаи сиёсии ҷомеа», «шуури сиёсӣ» ва ғайраҳо асоснок карда мешавад.
Сиёсат пеш аз ҳама муносибати байни синфҳо ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоиро нисбат ба давлат ва ҳокимияти сиёсӣ дар бар мегирад. Муҳимтарин самти сиёсат ин танзими муносибатҳои миллӣ аз тарафи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аксаран қувваҳои сиёсии гуногун, махсусан партияҳои сиёсӣ ё сарварони онҳо ирода ва мақсадҳои худро ба ҷомеа тҳмил намуда, амалӣ мегардонанд. Лекин, амалӣ гардонидани ирода ва мақсадҳои ин ё он гурӯҳ ё партия, тавассути ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Ин қувваҳо механизми ҳокимияти давлатиро истифода намуда, масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро мувофиқи мақсадҳои худ дар амал татбиқ менамоянд. Чунин фаъолият ба мустаҳкам гардидани мавқеи ин қувваҳо ва беҳбудии шароити зиндагии онҳо мегардад. Мубориза барои ба даст даровардани ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ гардонидани он дар натиҷаи фаъолияти сиёсии байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ, намояндагони дастгоҳи қуввае, ки ҳокимияти сиёсиро дар даст дорад ва шахсони алоҳида, сурат мегирад. Чунин мубориза ва роҳи ҳалли он ба муносибатҳои сиёсӣ ва мақсадҳои ин қувваҳо вобаста аст. Мақсаду мароми гурӯҳ ё қудрати сиёсӣ бо ёрии воситаҳои (органҳои) сиёсӣ амалӣ гардида метавонад. Институтҳо ё воситаҳои сиёсӣ ин ҳокимияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идеологӣ мебошанд. Ин воситаҳо дар фаъолияти парламент, ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, органҳои ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, амали партияҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори умум – пеш аз ҳама рӯзнома ва маҷаллаҳо, радио ва телевизион зоҳир мегарданд.
Сотсиологияи сиёсат, чи навъе, ки таъкид гардид, ба таҳқиқи системаи сиёсии ҷомеа диққати махсус медиҳад, зеро вай дар байни институтҳои сиёсии ҷомеа мавқеи муҳим дорад.
Системаи сиёсии ҷомеа маҷмӯи ташкилотҳое мебошад, ки ба фаъолияти сиёсӣ машғул аст.
Унсурҳои муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеа инҳоянд:
- органҳои давлатӣ (шохаҳои қонунгузор ва иҷроия)
- артиш (армия)
- органҳои ҳифзи ҳуқуқ (суд, прокуратура, милитсия ва политсия)
-арбитражи давлатӣ(суди иктисоди)
- ҳизбҳои сиёсӣ
- ҳаракатҳои сиёсӣ
- ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттифоқи касаба, ташкилотҳои ҷавонон ва иттиҳодияҳои эъҷодӣ).
Аз маҷмӯи унсурҳои системаи сиёсии ҷомеа муҳимтаринаш давлат мебошад. Давлат дар натиҷаи ба синфҳо тақсим шудани ҷамъият ба вуҷуд омада, вазифаи муайянро адо мекунад. Вазифаи муҳимтарини давлат аз инҳо иборатанд:
- Таъмин намудани ҳокимияти ин ё он гурӯҳ ё синф дар ҷомеа.
- Ҳимояи кишвар аз таҷовузи берунӣ.
- Таъмин намудани инкишофи фарҳанг ва идеология.
- Таъмин намудани ин ё он шакли инкишофи иқтисодиёт.
- Таъмин ва ташкили муносибатҳои байналхалқӣ (алоқаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ)
Сотсиологияи хуқуқ. Мафҳуми ҳуқуқ аз тарафи олимони соҳаҳои гуногуни ҷомеашиносӣ ва худи ҳуқуқшиносон ба таври гуногун тавсиф, таъриф ва маънидод карда мешавад. Аслан, ҳуқуқ ин самти муносибатҳои сиёси мебошад, ки иштирокдорони он ҳамчун барандагони ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва уҳдадориҳо зоҳир мегардад. Ҳуқуқ, инчунин, натанҳо воситаи таъзиқ овардану паҳш кардан, балки воситаи ба эътидол овардани манфиатҳо мебошад.
Сотсиология он қисми шуур ва рафтори одамонро таҳқиқ мекунад, ки муносибати онҳоро ба меъёрҳои ҳуқуқи ва ташкилотҳои ҳуқуқи, дар бар мегирад. Маълумотнокии ҳуқуқии одамон, талабот ва муносибати онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқи низ, мавзӯи омӯзиши сотсиологя мебошад. Сотсиология махсусан, ба шуури ҳуқуқӣ ва вазъи дорандагони асосҳои ҳуқуқ, қонунгузорон ва риоякунандагони асосҳои ҳуқуқи, ки дар ҳаёти рӯзмарраи онҳо мушоҳида мегардад, диққати махсус медиҳад. Таҳлили масъалаҳои ба сотсиологияи ҳуқуқ марбут буда, нишон медиҳад, ки барои сотсиология проӣеси таҳия ва қабули қонунҳо, муайян намудани воситаву усули амалӣ гардондани онҳо муҳим набуда, муҳим он аст, ки одамон – ҷомеа онҳоро чи гуна дарк мекунанд, мақбул ё ғайримақбул мешуморанд, ба он меъёрҳо то кадом андоза риоя мекунанд, дар ҳалли муаммоҳои зиндагӣ, то кадом андоза ба меъёрҳои муқаррар гардида итоаткор мебошанд.
Сотсиология вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ, натиҷаҳои қабул ва дар ҳаёт тадбиқ гардидани қонун, санад ва меъёрҳои ҳуқуқиро таҳлил ва таҳқиқ мекунад.
Сотсиологияи ҷавонон. Ҷавонон дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мақоми хосса доранд. Онҳо бонуфузтарин қисми аҳолиро ташкил намуда дар системаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии ҷомеа қувваи ҳалкунанда мебошад. Аз ин рӯ омӯзиш, таҳлил ва тадқиқи сотсиологии ҷавонон аз ҷумлаи ҷанбаҳои муҳимтарини илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта равшанӣ андохтан ба ҷанбаҳои гуногуни он дар таъмини пешрафти ҳаёти ҷомеа кӯмак мерасонад.
Ҷавонӣ давраи муайяни ҳаёти инсонӣ (аз 16-18 солагӣ то 33-35 солагиро) дар бар гирифта, бо хосиятҳои махсуси рӯҳӣ, интеллектуалӣ, сиёсӣ, аз дигар марҳилаҳои ҳаёти инсонӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ҷавонӣ аз нуқтаи назари сотсиологӣ ин як давраи махсуси фаъоляти иҷтимоии шахс мебошад, ки бо заковат, ақл, фаҳмиш, идрок, фаъолият, ҳаракат, мақсад, маром, майл, хоҳиш ва ғайраҳо аз давраҳои дигари ҳаёт афзалиятҳо дорад. Маҳз дар ҳамин давра шахс соҳиби маълумоти миёна мегардад, касби ояндаашро интихоб мекунад, оиладор мешавад, дар ҷое кор мекунад, дар натиҷаи муносибат ва мушоҳидаҳояш дар оила, коллективи меҳнатӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҷомеаро мешиносад, мустақилона ақидаронӣ менамояд, мақсад, орзу ва ниятҳои худро аниқ ва равшан гузошта, барои амалӣ гардонидани онҳо кӯшиш мекунад.
Яке аз фарқияти куллии давраи ҷавонӣ аз дигар давраҳои ҳаёт аз он иборат аст ки ба ҷавонӣ «манманӣ» хос буда, метавонад дар ҳаёти ҳар як шахси ҷавон роли мусбӣ ё манфӣ бозад.
Дар роҳи ба камолрасии ҷавонон омилҳои объективӣ: табиат, ҷомеа, муҳит ва субъективӣ: афкору ақида, нияту орзу, майлу хоҳиш, таълиму тарбия дар оила (мактаб, донишгоҳ), коллектив, касб, рағбат ва ғайраҳо таъсир мерасонанд. Вобаста ба он, ки дар кадом давру замон (муҳити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, маънавӣ), дар кадом оила, коллектив, чӣ гуна таълим гирифтааст, дар фаъолияташ бо коллектив, оила, ҷомеа, то кадом дараҷа пайваста буд, ҳаёти минбаъдааш ҳамон тавр сурат мегирад. Дар натиҷаи омилҳои номбаршуда ва таъсири онҳо, яке деҳқон, дигаре коргар, сеюм зиёӣ шуда дар ҷомеа мақоми худро пайдо мекунад.
Омӯзиши масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва ҷавонӣ, омӯзиши худи ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар байни тадқиқотҳои соҳавии сотсиологӣ, муҳимтарин мавқеъро ишғол мекунад. Бештар аз 60 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил мекунанд, бинобар ин масъалаи ҷавонон, тарбияи солими онҳо, фаро гирифтан бо меҳнати самаранок, таъмин намудан бо кор, далолат намудан ба ахлоқи ҳамида вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа, давлат ва илмҳои ҷомеашиносӣ ва махсусан сотсиология мебошад.
Саволхо доир ба мавзӯ;
- Сотсиологияи соҳавӣва самтҳои асосии онро номбар кунед.
- Сотсиологияи психологӣкадом самти ҳаёти жомеаро таҳқиқ мекунад?
- Сиёсат ва сотсиологияи сиёсатро маънидод кунед.
- Сотсиологияи ҳуқуқ ва моҳияти онро баён кунед.
- Барои чӣсотсиологияи жавонон самти муҳимтарини тадқиқоти сотсиологӣба ҳисоб меравад?
Комментарии (0)