Дар бораи ҷомеа ва фаҳмиши моҳияти он ақидаҳои гуногун вучуд дорад. Аксаран, бо ин мафҳум маҷмӯи одамонеро, ки раuбат, таваҷҷӯҳ тарзи зиндагӣ ва фаъолияти муштарак доранд ифода мекунанд. Ин мафҳумро сотсиология аз нуқтаи назари хоссаи худ шарҳ медиҳад. Таърихи ташаккули тафаккури сотсиологӣ ба он шаҳодат медиҳад, ки аз замонҳои қадим ҷомеашиносӣ ба муайян намудани назарияи илмӣ оиди ҷомеа машuул будааст. Дар ин маҷро ақидаҳои мухталифи, баъзан бо ҳам зид дар бораи «ҷомеа» баён гардидаанд. Файласуфи машҳури Юнони қадим Аристу ҷомеаро маҷмӯи гурӯҳҳои одамон мешуморид, ки боҳамалоқамандии онҳоро меъёр, норма, қоидаҳои муайян ба низом медарорад. Мутафакири франсус Сен-Симон (асри 18) ҷомеаро устохонаи бузурге мешуморанд, ки мақсади он таъмин намудани ҳукумронии инсон бар табиат мебошад. Прудон - олими аввали асри 19 ҷомеаро маҷмуи гуруҳҳои баҳам зид, синфҳо мешуморад, ки онҳо дар якҷоягӣ барои ҳалли масъалаи адолат кӯшиш мекунанд.
Асосгузори сотсиология Огюст Конт бошад, ҷомеаро ҳамчун ду падидаи воқеи:
- Натиҷаи инкишофи табии эҳсосоти ахлоқие медонад, ки он оила, халқ, миллат, умуман одамизодро ба ҳамдигар муттаҳид месозад.
- «Механизми» бевосита амалкунандае, ки аз қисмҳои таркибӣ, унсурҳо «заррачаҳо» иборат мебошад.
Ақидаҳои гуногунро дар бораи ҷомеа таҳлил намуда доир ба ҷомеа ба чунин хулоса омадан мумкин аст: ҷомеа гуфта чунин хосият, муносибатҳои ҷамъиятиро меноманд, ки онҳо пайвастагӣ, алокамандӣ, вобастагии тарафҳои гуногуни фаъолияти одамони алоҳида, гуруҳҳои одамон, коллективҳои меҳнатиро ифода менамояд.
Мафҳуми ҷомеа аз диди сотсиологӣ ин организми ягона, томи иҷтимоӣ буда, дар он одамони касбу кори гуногун, баҳри таъмини хаёти хеш фаъолият доранд ва кору зингдагӣ мекунанд.
Чомеа дар шакли муайян ва мушаххас (ҷомеаи обғинаи ибтидои, uуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ, сотсиалистӣ ва uайраҳо) давраи муайяни тарихӣ вучуд дошта, аломату нишона ва хосиятҳои махсуси худро доранд. Бинобар ҳамин ҳам модоме, ки сухан дар бораи ҷомеа меравад бояд ҷанбаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ,сиёсии он ба инобат гирифта шавад.
Ҷомеа падидаи том – яклухт бошад ҳам, вай дорои қисмҳои таркибӣ (ҳаёти иқтисодӣ, ҳаёти сиёсӣ, ҳаёти маънавӣ ва uайраҳо) буда ҳар яки онҳо вазифаҳо мақом, ҷои худро доранд.
Муносибатҳои истеҳсолӣ, тақсимоти неъматҳои моддӣ, фаъолияти меҳнатии одамон, дар ҳаёти ҷомеа, мақоми муҳим дошта, муносибати байни қисмҳои таркибии ҷомеаро муайян месозанд.
Муносибатҳои сиёсӣ, фархангӣ, миллӣ, маънавӣ, ахлокӣ, ҳуқуқӣ, динӣ демографии дар ҷомеа зоҳир шаванда, хусусияти таърихӣ ананавӣ ва объективӣ дошта, аз табиати инсонӣ ва эҳтиёҷи ӯ бар меоянд. Бинобар ин сотсиология ҷомеаро дар алоқамандӣ бо муносибатҳои номбурда маънидод мекунад.
Дар соӣиологияи муосир доир ба омӯзиши моҳият ва мазмуни «ҷомеа» ду равия, мушоҳида мегардад. Функӣионалӣ ва конфликтологӣ (ихтилофӣ). Пайравони равияи функӣионалистӣ назарияи худро бо 5 манбаи назариявӣ баён мекунанд.
- Чомеа маҷмӯи чузъҳое мебошад, ки ба мавҷудияти яклухт муттаҳид гаштааст.
- Системаи иҷтимоӣ, ягонагии худро нигоҳ медорад, зеро, ки дар таркиби он механизми дохилии назоратӣ, суд, прокуратура, милитсия ва uайраҳо вучуд дорад.
- Берунравӣ аз маҷрои умумии инкишоф вуҷуд дорад, лекин он боз ба маҷрои умумӣ бармегардад.
- Таъuиротҳо метавонанд марҳила ба марҳила, оҳиста-оҳиста ё ба таври револютсионӣ сурат гиранд.
- Якҷоягии иҷтимоӣ дар натиҷаи ҳамоиши шаҳрвандони кишвар дар пайравӣ ба арзишҳои умуми ба амал меояд.
Тахлили сотсиологии ҷомеа. Мафҳуми «ҷомеа», он умумиятеро, ки ба тамоми мавҷудияти иҷтимоӣ-инсонӣ мансуб аст ифода мекунад. Дар асоси ақидаи мазкур, ин мафҳуми хеле васеи ҳастиро маънидод намудан ё фаҳмида гирифтан имконпазир мегардад. Ҷомеа ё худ дар ифодаи умумитарин – ҷамъият ин маҷмӯи муносибатҳои таърихан ташаккул ёфта ва равнақёбандаи байни одамон мебошад, ки ин муносибатҳо дар рафти ҳаёту фаъолияти якҷояи онҳо ба амал омадааст. Чунин таърифи умда ва васеи ҷомеа, гуруҳи таълимии донишҷуён, ҷамъияти дустдорони табиат, коллективи меҳнатӣ, табақа, синф ва дигар умумиятҳои одамонро дар бар мегирад. Бинобар ҳамин ҳам таҳлили сотсиологии ҷомеа дорои дараҷаҳои гуногун мебошад. Тадқиқи сотсиологии сохтори ҳаёти вокеии ҷомеа дар ду дараҷа метавонад сурат гирад: дараҷаи умумӣ ё азими сотсиологӣ (макросотсиологӣ) , ки он бештар ба омӯзиши моҳияти ҷамъият умуман, машuул буда оила, таълим, ақидаи динӣ, сохти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеаро дар бар мегирад. Дар ин дараҷаи таҳлили сотсиологӣ, ҷомеа ҳамчун системаи томи давоми инкишофи дуру дарози таърихӣ ташаккулёфта бо муносибатҳои мухталифи гурӯҳҳои бузург ва хурди одамон, ки дар натиҷаи таъсири анана, урфу одат, қонунҳо бо ҳам пайваста шудаанд, фаҳмида мешавад. Чунин пайвастагӣ, инчунин ба тарзи муайяни истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ вобаста мебошад дар бар мегирад. Дар дараҷаи омӯзиши ҷузъи сотсиологӣ ё дараҷаи хурди омӯзиши сотсиологӣ (микросотсиологӣ) муносибатҳои байни шахсони алоҳида, муҳити бевоситае, ки онҳоро иҳота кардааст, маҷмӯи эҳсосоти инсонӣ дар муносибаташон бо одамони дигар, мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дар натиҷаи афзудани муносибатҳои гуногун, гурӯҳҳои начандон калони одамон ташаккул меёбанд, ки бо якдигар алоқаи мусбӣ- некбинона дошта ба гурӯҳи дигар муносибати манфӣ, бадбинӣ ё беэътиноӣзоҳир мекунанд. Мухаққиҳони ин дараҷаи омӯзиши падидаҳои иҷтимоӣ, мӯътақиди онанд, ки ҳодисоти иҷтимоиро танҳо он вақт дуруст дарк намудан - фаҳмида гирифтан мумкин аст, агар мазмуни муносибатҳои гуногуни одамон, тадқиқ карда шавад. Бинобар ҳамин ҳам дар ин дараҷаи таҳқиқот ба рафтор, кирдор, мақсад, мазмуни боҳамалоқамандии байни одамон диққати хосса медиҳанд, ки ин омилҳо ба устувории ҷомеа дар ҳолати доимотаuирёбии он таъсир мерасонанд.
Аслан, мафҳуми «ҷомеа умуман» вҷуд дошта наметавонад зеро, воқеан «ҷомеаи тоҷикон», «ҷомеаи русҳо», «ҷомеаи амрикоиҳо» ва гайраҳо вуҷуд доранд. Дар чунин ҳолат, мафҳуми «ҷомеа» бо мазмуни маҳдуд, ҳамчун миллат, давлат, халқ фаҳмида мешавад, ки он маҷмӯи одамони дар қаламрави ин ё он давлат вуҷуд доштаро ифода мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, ҷомеаро «хамчун умумияти одамоне шуморидан ҷоиз аст, ки онҳо дорои сарзамини умумии географӣ, қонунгузории муштарак ва тамомияти миллӣ-мадании худро доранд». Барои васетар дарк намудани моҳияти ҷомеа дар дараҷаи макросотсиологӣ чанд хосияти онро махсус қайд намудан зарур аст:
- Сарзамин (территория) муҳити географие, ки бо ҳудуди муайян вуҷуд дошта, дар дохили он баҳамтаъсиррасонӣ, алоқамандӣ ва муносибатҳои одамон сурат мегирад.
- Мавҷудияти номи мушаххаси худ.
- Аз ҳисоби насли нав, фарзандони шахсоне, ки намояндаи аслӣ ва эътирофгардидаи ин умумият мебошанд, пурра гардидан.
- Пойдорӣ ва имконият доштан ба барқароркунии муносибатҳои дохилӣ ва баҳамалоқамандӣ
- Мухторият, ки он маънои қисми ҷомеаи дигар будан ва имконияти фароҳам овардани шароитро барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гуногуни афрод, худогоҳӣ ва худшиносии онҳо мусоидат мекунад. Хаёти ҷомеа ҳамон тавр ба танзим дароварда, идора карда мешавад, ки худи вай ташкилотҳои заруриро барои ин таъсис додааст.
- Мавҷуд будани қудрати якҷоякунандаи қавӣ. Ҷомеа дорои арзишҳои муштараке мебошад (фарҳанг, тамадун), ки ба он муттасил насли навро ошно мекунад,бо он мепайвандад.
Дар ҳолати таҳлили ҷомеа ҳамчун маҷмӯаи томи иҷтимоӣ натанҳо ба сохтори дохилии он, балки ба алоқамандии унсурҳои дохилии он, ки дар назари аввал бо ҳам робитае надоранд диққат додан зарур аст.
Дар байни деҳкон ва муаллим, аз ҷиҳати нақше, ки онҳо дар ҷамъият мебозанд чӣ умумият вучуд дорад? Умумияти байни муносибатҳои оилавӣ ва истехсолӣ дар чӣ зоҳир мегардад? Ба чунин саволҳо дар натиҷаи таҳлили сотсиологии таркиби ҷомеа ҷавоби дақиқ додан мумкин аст. Ҷомеа ҷузъҳои худро бо ҳамдигар дар асоси баҳам тобеъ будани онҳо мепайвандад. Бо ҳам тобеъ будани ҷузҳои таркибии ҷомеа ягонагии иҷтимоиро фароҳам оварда маънои, онро дорад, ки онҳо дар алоҳидагӣ, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Яке аз сотсиологҳои амрикои Парсон сохтори иҷтимоиро таҳлил намуда чунин ӯҳдадориҳои иҷтимоиро зарур мешуморад:
- Ба муҳит мувофиқ гардидан.
- Ба мақсад мувофиқ фаъолият бурдан.
- Якҷоя нигоҳ доштани интизоми дохилӣ.
- Тартиби муайяни баҳамтаъсиррасонӣ дошта, пеши роҳи шиддатнок шудани муносибатҳои иҷтимоиро гирифтан.
Ҷомеа, сабабияти иҷтимои-таърихии ташаккул навъҳои он. Дар ҳолати сабабияти иҷтимоӣ таърихии ташаккули ҷомеаро таҳлил намудан ногузир савол ба миён меояд, ки аз омилҳои (иқтисодӣ, сиёсӣ фарҳангӣ ва муносибати хешутаборӣ) кадомӣ нақши асосӣ бозида, симои ҷомеаро муайян мекунад. Барои ба саволи гузошта шуда ҷавоби аниқ додан ба он омилҳо аз нуқтаи назари сабабияти таърихӣ-иҷтимоӣмуносибат намудан зарур аст. Лекин, доир ба ин масъала дар байни муҳакқиқони иҷтимоиёт ҳамфикрии том вуҷуд надорад. К.Маркс авлавияти омилҳои иқтисодиро(сабабияти иқтисодиро) ҷонибдорӣ намудааст. Як зумра олимон, сабабияти технологиро ҷонибдорӣ намуда таъкид мекунанд, ки дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа нақши техника ва технология муҳим аст. Ҷонибдорони саббаияти маданию фархангӣ бошанд, асоси ҷомеаро, аз анана, урфу одат иборат медонанд, ки риоя намудани онҳо устуворӣ ва нотакрории ҷомеаро ташкил медиҳанд. Тарафдорони сабабияти биологӣ бошанд, таъкид мекунанд, ки тамоми падидаҳои иҷтимоиро бояд аз нуқтаи назари биологӣ ё ирсӣ бояд маънидод намуд.
Лекин, агар ҷамъиятро аз нуқтаи назари муайян намудани қонуниятҳои баҳампайвастани шахс ва ҷомае, омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он, таҳқиқ намоем назарияе ба вужуд меояд, ки онро ногузир бояд назарияи сабабияти иҷтимоӣ-таърихӣ номид. Сабабияти иҷтимоӣ-таърихӣ, яке аз қонуниятҳои муҳимтарини сотсиологӣ ба ҳисоб рафта, алоқамандии куллӣ ва баҳам вобастагии ҳодисоти ичтимоиро ифода мекунад. Ҷомеа, инсонро чӣ гуна ташаккул дихад, инсон ҷомеаро ҳамон хел бунёд мекунад. Фарқияти кулии инсон аз дигар махлуқоти олам дар он аст, ки худи вай, маҳсули фаъолияти моддӣ ва маънавии худаш аст. Инсон на танҳо объект, балки субъекти фаъолияти ичтимоӣ мебошад. Фаъолияти ичтимоӣ, аслан ҳамон рафтори шахсони алоҳида мебошад, ки бошуурона, ба рафтори гузашта, ҳозира ва ояндаи одамони дигар, такя мекунад. Моҳияти ҳаёти иҷтимоӣ ба фаъолияти рӯзмараи онҳо вобастагии комил дорад. Одамон рафтору кирдори худро тавре зоҳир мекунанд, ки он аз муносибатҳои ананавии баҳамоии онҳо хосбуда бармеояд. Аз ин рӯ фаъолияти одамон дар кадом самти ҳаёти ҷамъият сурат нагирад, вай хосияти иҷтимоӣ дорад.
Фаъолияти иҷтимоӣ, маҷмӯи амалиёти якчояи одамон (чамъият, гурӯҳ, шахс) аст, ки дар самтҳои гуногуни хаётӣ, бо ҳадафи муайян барои ноил гардидан ба мақсаду мароми мушаххас (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ) бурда мешавад. Таърихи инсоният, муносибатҳои иҷтимоӣ, берун аз фаъолияти иҷтимоӣ, дар алоҳидагӣ аз он, вуҷуд дошта наметавонад. Фаъолияти иҷтимоӣ аз як тараф, мувофиқи қонуниятҳои объективӣ, (ба иродаи одамон вобаста набуда) сурат гирад, аз тарафи дигар, азбаски дар он одамон иштирок мекунанд, онҳо мувофики мақоми дар ҷомеа доштаашон, ин ё он тарзу усули фаъолиятро интихоб мекунанд.
Ба ҳамин тариқ қонунҳои иҷтимоӣ-қонунҳое мебошанд, ки фаъолияти амалии одамонро инъикос намуда, ҷомеаро такмил медиҳанд, қонунҳое мебошанд, ки фаъолияти иҷтимоии худи онҳоро ба низом медароранд.
Дар даврони муосир навъҳои гуногуни ҷомеа вучуд дошта, онҳо аз якдигар бо хусусиятҳои аёну зоҳирӣ (забони муошират, фарҳанг, мавқеи чуuрофӣ, миқдор) ё бо хосиятҳои ноаён (баҳамоӣ, устуворӣ) фарқ мекунанд. Таснифи илмии навъҳои ҷоме тақозо мекунад, дар табақабандии он, ба хосиятҳои умда, нишонҳои асосие, ки ҷомеаро аз якдигар фарқ мекунонанд, ё ба монандии онҳо далолат медиҳанд, диққати махсус дода шавад. Лекин, мушкилии ба навъҳо тақсим намудани ҷомеа дар он зоҳир мегардад, ки аввалан, ҳар як ҷомеа бо ҷомеа дигар монанд аст, бо вужуди ин комилан як хел нест, сониян меъёри аниқ ва дақиқи табақабандии ҷомеа вуҷуд надорад. Миёнаҳои асри Х1Х К.Маркс ба навъҳо тақсим намудани ҷомеаро вобаста ба тарзи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ пешниҳод намуд, ки мувофиқи он ҷомеа асосан ба 5 навъ тақсим карда мешавад: ҷамъияти обғинаи ибтидоӣ, uуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ. Як зумра олимон ҷомеаро ба ду нав, оддӣ ва мураккаб тақсим мекунанд. Ҷомеаи одӣ, чунин ҷомеа маънидод карда мешавад, ки қисмҳои таркибии он аз ҳамдигар, фарқи кулли надоранд, бою камбаuал, сарвару тобеъ, мавҷуд нест (қабилаҳои ҷамъияти ибтидое, ки то ҳол низ дар баъзе минтақаҳои курраи замин боқӣ мондаанд). Ҷомеаи мураккаб бошад, ҷомеаест, ки дар байни қисмҳои таркибии он фақияти ҷиддӣ вуҷуд дошта, яке тобеи дигаре буда, муносибати байни онҳоро ба танзим даровардан ногузир аст.
Гуруҳи дигари сотсиологҳо ҷомеаро ба «ҷомеам пӯшида» ва «ҷомеаи кушода» тақсим мекунанд. Ҷомеаи пӯшида аз нуқтаи назари онҳо бо маҳдудкуниҳо, маҳкумкунии навгониҳо, шахшуда монда, идологияи ягонаи ҳоким вобаста буда, Прусия, Россияи подшоҳи, Германияи фашистӣ амсоли он аст. Ҷомеаи кушода бошад дорои сохтори доимо таuирёбанда, навоварона, демократӣ ва гуногунақидагии идеологӣ аст. Мисоли чунин ҷомеа ба ақидаи пайравони ин маҷро Афинаи қадим ва демократияи муосири uарбӣ мебошад.
Маъмултарин табақабандии ҷомеа, дар замони мо тақсимкунии ҷомеа ба ҷомеаи ананавӣ, ё то индустриалӣ ва индустралӣ мебошад. Асоси ҷомеаи тоиндустриалиро, бо усули бобои истеҳсол намудани маҳсулоти, хоҷагии қишлоқ ташкил намуда, ба он меҳнати дастӣ, дарачаи пасти инкишофи истеҳсолот хос аст, ки он танҳо талаботи камтарини одамонро қонеъ кунонида метавонаду халос. Фаъолияти одамон дар чунин ҷомеа хеле маҳдуд, побанди ананаҳои қафомонда мебошад. Урфу одат, меъёрҳои зиндагӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ, азалӣ, тагирнаёбанда шуморида мешаванд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маданият, ҳама гуна озодии шахсро, ки он омили муҳимтарини инкишофи ҷомеа мебошад, маҳкум ва маҳдуд менамоянд.
Ҷомеа индустриалӣ бошад ҷомеаи мураккаби ба истеҳсолоти саноатии такмилёбанда асос ёфта мебошад, ки дар он таносуби озодии шахс ва манфиатҳои ҷомеа ба инобат гирифта мешавад. Хосиятҳои муҳимтарини ин ҷомеа тақсимоти ҳарҷонибаи меҳнат, истеҳсоли фаровони неъматҳои моддӣ, механиконӣ ва автоматкунонии истеҳсолот, инкишофи ҳарҷонибаи воситаҳои ахбори умум, афзудани сокинони шаҳрҳо мебошад.
Охири асри ХХ, мафҳуми ҷомеаи баъдииндустриалӣ (постиндустриалҳное обғество) ба вуҷуд омад, ки онро ҷомеаи ахборотӣ низ меноманд. Асоси чунин ҷомеаро фаровонии ахборот ва афзудани саҳми он дар инкишофи ҷомеа ташкил мекунад.
Таркиби чунин ҷомеа, аз сохтори пешинаи иҷтимоӣ фарқ дошта, мувофиқи пешгӯии сотсиологҳо, ибтидои асри ХХI дар кишварҳои тараққикарда, ними қувваи кории ҷомеа дар соҳаи ахборотӣ, чоряки он дар истеҳсолот ва аз чор як ҳиссаи он дар соҳаи хизматрасонӣ машuул хоҳанд буд. Дар чунин ҷомеа, алоқамандӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ низ ба куллӣ таъuир хоҳад ёфт. Агар, дар ҷомеаи индустриалӣ, синфи асосии сершумортарин коргарон ба ҳисоб раванд, дар ҷомеаи баъди индустриалӣ (ахборотӣ) хизматчиён ва кормандони идоракунанда мавқеи асосӣ хоҳанд бозид. Дар натиҷа табақабандии нави иҷтимое метавонад ба вуҷуд ояд, ки он ба дигаргуншавии доимӣ, вобаста ба вазъи иҷтимоӣ марбут аст.
Умуман табақабандии ҷомеа ё ба навъҳо тақсим намудани он вобаста ба он аст, ки кадом омилҳо барои таснифи ҷомеа ба асос гирифта шудааст. Вобаста ба асоси барои тасниф интихоб гардида, метавонад, шаклҳои дигари табақабандии ҷомеа вуҷуд дошта бошад.
Саволхо доир ба мавзӯъ:
- Нуқтаи назари муосир дар бораи ҷомеа.
- Таҳлили сотсиологии ҷомеа
- Ҷомеа, сабабияти иҷтимоӣ-таърихи ташакул, навҳои он.
Комментарии (0)