Дар инкишофи фалсафаи Чини қадим ду марҳилаи асосиро нишон медиҳанд:
1. марҳилаи пайдоиши андешаҳои фалсафӣ, ки асрҳои VIII-VI п.а.м-ро дар бар мегирад ва
2. марҳилаи нашъунамои андешаҳои фалсафӣ, ки мутаалиқ ба асрҳои VI-III п.а.м. мебошад ва «давраи тиллоии фалсафаи Чин» номида мешавад.
Маҳз ба марҳилаи дуюм ташкили мактабҳои фалсафии чинӣ, аз қабили конфутсия, даосизм, моизм, легизм рост меояд. Ин мактабҳо ба инкишофи минбаъдаи андешаҳои фалсафӣ дар Чин нақши босазое гузоштаанд. Дар ҳамин давра масъалаҳо, мафҳумҳо ва категорияҳое ба вуҷуд меоянд, ки баъдан барои таърихи фалсафаи чинӣ то замони мо масъалаҳои анъанавӣ мегарданд.
Конфутсия. Асосгузори фалсафаи Чини қадим Кун-фу-сзӣ (Конфутсия), ки солҳои 551-479 п.а.м. зиндагӣ кардааст, ба ҳисоб меравад. Ў мактабро бунёд намуд ва шогирдони зиёде дошт, ки андешаҳои устоди худро рўи коғаз менавиштанд. Ҳамин тариқ эҷодиёти асосии конфутсионӣ «Луеь юй» («Сўҳбатҳо ва гуфторҳо») ба вуҷуд омад. Ин асар дорои сохтори ягона набуда, бештар аз андешаҳои мутаззод иборат буда, чун маҷмўъи панду насиҳат ба шумор меравад.
Масъалаҳои асосии таълимоти Конфутсия ин табиати ахлоқии инсон, ҳаёти давлат, оила, усулҳои идоракунӣ ва аз қабили ҳамин масъалаҳо мебошанд.
Мақоми марказиро дар таълимоти Конфутсия категорияи ли «оин», «дастур», «қонун» ишғол мекунад. Ба андешаи ў ли муқарароти анъанавӣ ва меъёрҳои ахлоқиро муттаҳид месозад. Ба шогирдони худ таълим медод: «Бе риояи ли ба чизе нигоҳ накунед, чизеро нашунавед: бе риояи ли чизе нагўед ва кореро анҷом надиҳед».
Ҳамаи умр Конфутсия оиди эҳёи муносибатҳои комили «асри тиллоӣ» орзу мекард. Барқарор намудани тартиботи пештараро ў дар ду роҳ медид: 1) «ислоҳи номҳо» ва 2) худкомилсозии ахлоқӣ. Аз нуқтаи назари Конфутсия «ислоҳи номҳо» чунин маъно дошт, ки тартиботи мавҷудаи ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣро бо меъёрҳои анъанавӣ мувофиқ кунонидан, барқарор намудани мафҳум ва тасаввурот дар нисбати муносибатҳо байни мардум, пеш аз ҳама байни табақаи болоӣ ва поёнӣ.
Тезис оиди «ислоҳи номҳо» бо ақидаи худкомилсозии шахс алоқаи ногусастанӣ дошта, дар бунёди он мафҳуми жэн- «инсондустдорӣ», маҷмўи қоидаҳои рафтори инсони идеалӣ меистад. Мазмуни ин мафҳумро шарҳ дода Конфусия боре гуфа буд: «Одамият-яъне он чизе ки ба худ намеписандӣ ба дигарон низ маписанд». Мақсади олии худтакмилдиҳӣ ва ноилшавӣ ба жэн дар чунин формулаи Конфутсия баён ёфтааст: «Бар худ ғолиб омадан ва қонунро барқарор кардан».
Арзишҳои маънавии гузаштаро ба даст овардан ба андешаи Конфутсия, ба инсон имконият медиҳад, ки «амри Осмонро» хуб дарк кунад. Зеро «ҳаёт ва марг аз қисмат вобастааст, аммо бойгарӣ ва дониш ба Осмон таааллуқ доранд». Таълимоти конфутсионӣ оиди дониш ба масъалаҳои иҷтимоӣ тобеъ аст. Барои Конфутсия дониш ин донистани мардум аст, аммо дониш оиди табиат барои ў муҳим нест.
Даосизм. Асосгузори даосизм Лао-сзы (асрҳоиVI-V п.а.м.), мебошад, ки дорои шогирдон ва пайравони зиёде буд. Таълимоти ин донишманд аввал ба таври шифоҳӣ ва баъдтар дар китоби «Дао дэ сзин» иншо гардид. Дар тафовут аз таълимоти конфутсионӣ ва дигарон, ки ба масъалаҳои ҳастӣ таваҷҷўҳ зоҳир накарда, фақат масъалаҳои инсон ва ҷамъияти инсониро баррасӣ менамуданд, даосизм ба таври ҷиддӣ масъалаҳои ҳастӣ, нестӣ, барқароршавӣ, ягонагӣ ва ғ.-ро мавриди омўзиш қарор медиҳад. Ақидаи асосии фалсафии «Дао дэ сзин», дар он асос меёбад, ки гуногунии олам ва ҳаёти мардум на аз тарафи «иродаи осмон», на аз тарафи рўҳҳо, балки бо роҳи ягонаи табиӣ –дао ҳаракат мекунад. Дао ҳамчун асос ва қонуни ҳамаи мавҷудот ҳисобида мешавад. Ў бо ёрии қувваҳои ҳисси мо дарк намешавад. Дар «Дао дэ сзин» гуфта мешавад: «Ба ў нигоҳ мекунам, аммо ўро намебинам, барои ҳамин ўро нопадид мегўям. Ўро гўш мекунам, аммо намешунавам, барои ҳамин ўро бесадо меномам. Кўшиш мекунам, ки онро даст кунам, аммо дастам ба он намерасад, барои ҳамин ўро хурди хурд меномам». Ба қонунҳои дао ҳамаи ашё ва мавҷудот тобеъ мебошанд. «Одам пайравии Замин мекунад, Замин пайравии Осмон. Осмон аз пайи дао меравад, дао бошад пайрави табиӣ мекунад».
Дар китоби дигари ин давра «Шу Сзин» («Китоби таърих») дар бораи мавҷудияти панҷ мабдаъ -об, оташ, дарахт, фулузот ва замин сухан меравад. Илова бар ин, дар бораи панҷ ҳодисаи табиат — борон, нури офтоб, гармӣ, сардӣ ва бод низ дар он маълумот дода шудааст. Саривақтӣ ва мӯътадилии онҳоро асоси некӯаҳволии мардум медонистанд ва инчунин мекӯшидаанд, ки сабабҳои мусоидӣ ва номусоидии онҳоро низ шарҳ диҳанд. Шарҳи ин ҳодисаҳо хеле соддалавҳона буда, хусусиятҳои хоси шуури ибтидоиро инъикос менамуданд, ки он пеш аз ҳама дар алоқаманд намудани ҳодисаҳои табиат ба ахлоқи ҷомеа ва ҳодисоти иҷтимоӣ зоҳир мешуданд. Чунончи, боронҳои мусоид, нури офтоб, гармию сардӣ ва бод ба ақидаи онҳо, аз рафтори шоистаи ҳокимон, аз тартибу низом дар мамлакат, аз хирадмандии сарварони давлат вобаста буда, бепарвогию саҳлангорӣ, хатокорию ҷоҳилии ҳокимон боиси боронҳои тӯлонӣ, офтоби сӯзон, гармои тафсон ва хунукию тӯфони сахт мегарданд.
Баъдтар барои чиниёни қадим ҷаҳонбинии хеле муҳим- «Дао» («роҳ») ба вуҷуд омад. Он қонуни ҷаҳоние ҳисоб мешуд, ки ҳам табиат ва ҳам инсон ба он итоат мекард. «Дао» — ин қонуни ҳам кайҳонӣ ва ҳам ахлоқӣ буд. Ахлоқ дар Чини қадим аз меъёрҳои таркибии он- «Ли» — «боэҳтиром будан», «Сяо» — «парастиши волидайн», «Ди» — «парастиши бародари бузург» сахт алоқаманд буд.
Сароғози фалсафаи Чин дар худ аллакай ҷанини илмҳо, аз он ҷумла риёзиёт, ситорашиносӣ, тиб ва ғайраро гузошта буд. Лекин бо вуҷуди ин, дар ин давра дар Чин илм ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дошт, ки ин, бешубҳа, ба фалсафа низ таъсири худро расонда буд.
Фалсафаи Чини қадим дар давраи Чжанго, ки бо номи «асри тиллоии фалсафаи Чин» низ ёдрас мешавад, ба вуҷуд омадааст. Таърихи онро ба давраҳои Тсин ва Хан ҷудо мекунанд. Фарқияти ин давраҳо аз он иборат аст, ки дар давраи Тсин гуногунии макотиб, муборизаи ақоид ва дахолат накардани ҳукуматдорон ба фалсафа маъмул буд.
Дар фалсафаи Чини қадим шаш мактаби асосӣ — Конфутсий, Мотсзи, Лаотсзи, легизм, ин-ян (файласуфони табиатшинос) ва софистҳо вуҷуд дошт. Қисми асосии ин макотиб ахлоқию сиёсӣ буда, қисми хурди онҳо характери метафизикӣ доштанд. Дар макотиби Чини қадим фалсафаи амалӣ, масоили идороти халқу мамлакат афзалият доштанд. Тарафи ҷаҳонбинии он бошад, хеле суст инъикос ёфта буд. Умуман, фалсафаи Чини қадим ба низоми муайян надаромада буд, зеро ки бо илмҳои мавҷудаи замон алоқа надошт ва сабаби ин, пеш аз ҳама дар он буд, ки илми мантиқ ҳанӯз дуруст ташаккул наёфта буд.
Бояд гуфт, ки миёни макотиби номбурда оид ба масоили гуногун ақоиди мухталиф вуҷуд доштанд, лекин ҳадафи ягона ва ниҳоии онҳо наҷот додани қавму мамлакати худ аз ҳолати ҷоҳилию қашшоқӣ буд.
Фалсафа дар Чини қадим
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз 30 июни соли 2021, №458
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
Комментарии (0)