Фалсафаи классикии олмон


Тавсифи мухтасари фалсафаи классики олмон
Нимаи дуюми асри ХVIII – даҳаи авали асри ХIХ дар таърихи Олмон чун инкишофи бошиддати маданияти маънавӣ қайд карда мешаванд. Дар нисбати дигар кишварҳои Урупо санъат ва фалсафаи олмонӣ ба нашъунамоӣ ғайримуқарарӣ расид. Дар инҳо идеалҳои Маорифпарварӣ, шавқи таъғир додан ва ҳамзамон арзишҳои дониш, меҳнат, одоби парҳезкорӣ ва диндории қалбӣ, ки дар он вақт табақаҳои васеи ҷамъияти олмониро ҷудо мекарданд. таҷассуми худро пайдо намуданд.
Фалсафаи классики Олмон дар андешаи фалсафии башарият нақши босазое гузоштааст. Ба миён омадани чаҳор нобиға дар олами фалсафа андешаи мардумро оиди моҳияти ҳаёт ва фалсафа таъғир дода, ба самти дигаре равона намуданд: Асосгузори фалсафаи классики Олмон: И. Кант (1724-1804). Фихте (1762-1814), Ф. Шеллинг (1775-1854), Г. Гегел (1770-1831).
Ҳар яке аз ин файласуфони номбаршуда дорои системаи нодири фалсафӣ мебошанд, ки ба тафсил ҳамаи қисматҳои дониши фалсафиро коркард кардаанд. Дар инкишоф ва такмили худ фалсафаи олмон ба қуллае расида буд, ки аз замони схоластикаи асримиёнагӣ фалсафаи Урупо ба он нарасида буд. Фалсафаи классики Олмон ҳам чун қуллаи баланди инкишофи фалсафаи нави урупоӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ҳамчун мунаққиди он низ баромад мекунад.
Дар фалсафаи И. Кант парастиши ақл аз нуқтаи назари маърифатӣ мавриди танқид қарор мегирад. Кант ба хулосае меояд, ки маърифати ақлӣ дорои ҳудуди муайян аст.
Дар фалсафаи Фихте бартарафсозии нисбатан ҷасуронаи методологияи объективӣ ба амал меояд: бунёди назарияи фалсафии худро Фихте аз субъект- аз «Ман»-и озод ва мухтор шурўъ мекунад. Ҳамин тариқ ин ақидаро аз субъективизми методологии фалсафаи ғайриклассикии асри XX пештар бунёд мениҳад.
Фалсафаи классики олмонӣ дар шахсияти Шеллинг ва Гегел ба интиқоди механисизми* Замони Нав мепардозанд. Дар фалсафаи Гегел диди нави олам – диалектикӣ, мураттаб мегардад, ки дар асоси он инкишоф ҳам чун характери умумии модда, маърифат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Фалсафаи баъдии Шеллинг аз чаҳорчубаи ратсионализми Замони Нав баромада, дар он бунёди тамоюли ирратсионалистии фалсафаи ғайриклассикӣ дар фаҳмиши инсон, озодӣ ва ҳастӣ гузошта мешавад. Фалсафаи Л. Фейербах танқиди маорифпарварии динро идома дода, лаҳзаҳои асосиро ба он дохил мекунад: ў ба таври ҷуқур ва амиқ решаҳои маърифатии динро таҳқиқ намуда, ба чунин хулосае меояд, ки дин дар моҳияти худ шакли комилан номувофиқи худшиносии инсон аст: тасаввурот оиди Худо ҳақиқтан тасаввуроти инсон дар бораи худ аст, танҳо дар шакли бегонашуда. Дар асоси ҳамин хулоса Фейербах системаи мантиқии материалистӣ- фалсафаи «материализми антропологӣ»-ро тартиб медиҳад.

Иммануил Кант (1724–1804)
Иммануил КантФалсафаи И. Кант анҷом ва ҳамзамон танқиди Маорифпарварӣ мебошад. Фалсафаи И. Кант оғози марҳалаи охирини инкишофи фалсафаи классики урупоиро бо муаррифӣ аз мактаби идеализми олмонӣ, гузошт. Мақоми махсуси фалсафаи И. Кант боз дар он зоҳир мегардад, ки маҳз андешаҳои навтарини алакай ғайриклассикии асрҳои XIX-XX ба ақидаҳои ў боз гаштанд.
И. Кант проблемаи асосии фалсафа, масъалаи аввалин ва охирини онро масъалаи моҳияти инсон: «Кистам ман, инсон?» медонист. Барои ҷавоб гардондан ба ин савол, фалсафа бояд ба се саволи дигар ҷавоб гардонад: «Чиро ман донистан метавонам?», «Чиро бояд ман анҷом диҳам?», «Ба чи бояд ман умед бандам?».
Ба саволи аввал ҷавоб дода, И. Кант маърифати оптимистии Маорифпарвариро мавриди танқид қарор дода, усули объективизми фалсафаи Замони Навро зери шубҳа қарор медиҳад. Дар рисолаи «Танқиди ақли холис» И. Кант мавқеи агностисизмро асоснок ва инкишоф медиҳад. Агноститсизм-ин консепсияе аст, ки донисташавандагии оламро барои ақли инсонӣ имконнопазир ҳисоб мекунад.
И. Кант исбот мекунад, ки ба ақли инсонӣ «ашё дар худ» дастнорас аст. Яъне олами объективӣ мустақилона буда, аз фаҳми инсонӣ вобаста нест. Маърифати инсонӣ ҳатман субъективӣ аст: он фақат дар шаклҳои априории (то таҷрибавӣ) эҳсос, фаҳм, ақл имкон дорад. Илм дар асоси муҳокимаҳои синтетикӣ априорӣ инкишоф меёбад. Яъне муҳокимае, ки дониши навро оиди объекте, ки дорои характери умумӣ мебошад, инкишоф медиҳад.
Фалсафа ин амали ақл аст, аммо ақл ин истеъдоди хулосабарории ақлист. Аммо И. Кант яқинан исбот мекунад, ки ақли инсонӣ ба қувваи худ наметавонад, ки масъалаҳои асосии фалсафаро ҳал намояд: 1. Оё олам дар макон ва замон маҳдуд аст ё он бе охир ва бемаҳдуд аст? 2.Оё мумкин аст, ки мураккабро ба сода тақсим кард? 3. Оё инсон озодӣ дорад ё ҳама мутеи зарурат мебошанд. 4. Оё Худо мавҷуд аст ё не? Ин проблемаҳоро И. Кант антиномияҳои* ақли холис ҳисоб мекунад. Дар мисоли ҳаминҳо И. Кант имконияти маҳдуди ақли холисро нишон медиҳад. Ў на моҳияти ашё, балки фақат зуҳуроти онҳоро – на олами «ашё дар худ», балки олами «ашё барои мо»-ро дарк мекунад.
Аммо ба ғайр аз ақли холис ақли фаъол вуҷуд дорад. Фаъолияти ин ақл бе идеяҳои априорӣ: худо, озодӣ ва абадияти рўҳ ғайри имкон аст. Ҳамин тариқ антиномияҳои, ки ба таври назарӣ ҳал намешаванд, дар амал ҳалшаванда мебошанд. Масаланд инсон, дар чаҳорчубаи ақли худ аз шубҳа ба яқин ва аз яқин ба шубҳа омада, метавонад ба таври беохир дар ҳастии Худо шубҳа кунад. Аммо фаъолияти амалии ў, ҳаёти ў дар маҷмўъ ин масъаларо хело равшан ҳал мекунад: агар дар рафтори худ инсон дар нисбати дигарон хайрхоҳ ва бо ҳурмат бошад, пас инсон ба ҳастии Худо боварӣ дорад. И. Кант чунин меҳисобад, ки масъалаи Худо-ин масъалаи дин аст, на масъалаи илм. Ин масъаларо ақли фаъол ҳал мекунад на ақли холис.
Ҳаёти эҷодии Кант ба ду давра ҷудо мешавад: то танқидӣ ва танқидӣ. Дар давраи аввал Кант ба илмҳои илмӣ-табиӣ ва фалсафаи табиат мароқ зоҳир мекунад. Дар давраи аввал Кант фарзияеро, ки бадтар бо номи фарзияи Кант-Лаплас машҳур мегардад баён намуд. Асари пурарзиштарин дар давраи танқидӣ ин «Танқиди ақли холис мебошад».
Асарҳои асосии фалсафии имануил Кант: «Танқиди ақли холис», «Танқиди ақли фаъол», «Танқиди қобилияти муҳокима».

Г.В.Ф. Гегель (1770–1831)
Г.В.Ф. ГегельФалсафаи Георг Вилгелм Фридрих Гегель (1770–1831) ин қуллаи инкишофи фалсафаи идеалистии олмонӣ ба ҳисоб меравад. Ақидаҳои дилектикӣ, яъне тасаввурот оиди инкишофи олам, сабабҳо ва қонуниятҳои ин инкишоф, ки дар фалсафаи Урупоӣ аз замонҳои атиқа вомехурданд дар таълимоти Гегел шали қатъии системанокро гирифтанд. Дар фалсафаи Гегел диалектика ҳам метод ва дар айни замон ҳам система ба ҳисоб меравад.
Системаи идеалистӣ ба ҳисоб меравад: олам дар ҳаракат аст, аммо ин ҳаракат-ҳаракати Идеяи мутлақ (Худо) аст. Вале олами моддӣ фақат марҳалаи инкишофи Идеяи мутлақ буда, дорои қобилияти худинкишофёбӣ намебошад.
Раванди инкишоф вобаста аст ба зиддияти дохилӣ. Он ду марҳилаи ҳаракатро мегузарад: тезис, муқобили он-антитезис ва дар натиҷа аз байнравии зиддият синтез ба вуҷуд меояд. Табиат антитези Худо ба буда, шакли зоҳирии таҷассуми рўҳ ба ҳисоб меравад. Аммо дар табиат тадриҷан бо андозаи гузариш ба дараҷаи нисбатан баландтар, руҳ аз нав ба сўи худ бар мегардад. Ин «бозгашт» дар худи инсон ба вуҷуд меояд. Тавассути инсон идеяи мутлақ худро мешиносад. Аммо ин танҳо дар марҳилаи олии инкишофи инсон имконпазир аст. Танҳо дар марҳалаи шахсияти озоди мутафаккир, яъне вақте ки инсон файласуф мешавад. Фалсафа дар қатори санъат ва дин шакли «рўҳи мутлақ» (шакли олӣ) ба шумор меравад. Гегел инчунин рўҳро ба «руҳи субъективӣ» (инкишофи фардии инсон) ва «рўҳи объективӣ» (рўҳи мардумон, оила, ахлоқ, ҳуқуқ, давлат) ҷудо мекунад.
Асарҳои асосии Гегел: «Илми мантиқ», «Фалсафаи табиат», «Фалсафаи рўҳ».


* Усули ноқису яктарафаи ҷаҳонбинӣ, ки дар асрҳои 17-18 пайдо шудааст ва он инкишофи табиат ва ҷамъиятро дар асоси қонунҳои шакли механикии ҳаракати материя шарҳ медиҳад
* Ба ҳамдигар муқобил будани ду фикр ё ду қоида, ки ба алоҳидагӣ дуруст эътироф мешавад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив