Бемории ҳорӣ
Ҳорӣ бемории шадиди вирусии ҳайвонот ва одамизот буда бо вайроншавии системаи асаби марказӣ гузашта, ба марг оварда мерасонад.
Ангезандаи ин беморӣ 2 намуд мешавад, яке ёбоӣ, ки дар табиат давр мезанад, дигараш ҳамроҳшуда (дар одам ва ҳайвонот). Берун аз бадани ҳайвон дар шароити муқарарӣ зиндагӣ карда наметавонад.
Дар маҳлули глисерин бошад то 90 рӯз зиндагӣ мекунад. Дар хунукӣ тобовар, дар бадани заргӯш ва дигар хояндаҳо афзоиш меёбад. Дар шароити лабараторӣ кишт намешавад. Дар температураи 60 С нест мешавад-дар 5 дақиқа, дар ҷушонидан дар 2 дақиқа, аз таъсири маводҳои химиявӣ тез нобуд мешавад. Манбаи асосии вирус-ҳайвонҳои ваҳшӣ ба ҳисоб мераванд (гург, рубоҳ, шағол) баъд муши парвоз ва дигар хунмакҳо.
Ғайр аз ин ҳорӣ дар миёни ҳайвонҳои хонагӣ (чорвои калони шохдор, моли майда, асп,хар,шутур, хук, саг, гурба ва ғайра) низ дучор мешавад. Инсон дар 80-90 фоизи ҳолатҳо аз сагҳо зарар мебинад Одами бемор моҳияти эпидемиологӣ надорад, манбаи беморӣ шуда наметавонад. Ҳайвоноти бемор бошанд дар охири давраи пинҳонӣ ангезандаро (вирусро) бо вобастаи оби даҳон ба берун (ба табиат) мебароранд, аз ҷумла: дар давраи беморӣ то вақти фавтидан.
Барангезанда (вирус) аз ҳайвони бемор дар натиҷаи газидан, луобигардонии пусти ярадор, захмдор ё луобии узвҳо дар вақти пуст кардани ҷасади аз ин беморӣ фавтида (ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагӣ). Гоҳ-гоҳ дар фасли тобистону тирамоҳ (корҳои саҳроӣ) дар байни мардуми деҳот, бемори ба қайд гирифта мешавад.
Барои пешгирии беморӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ кардан зарур аст:
а) Нобуд кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ, сагҳо. Аз он ҷумла ҳайвонҳои гумонбар ба ҳорӣ ва ҳайвонҳои ҷабрдида аз ҳайвонҳои бемории ҳорӣ дар чоҳи беккари гуронидани онҳо.
б) Эмгузаронии ҳайвонҳои хонагӣ. Алоҳида нигоҳ доштани ҳайвонҳое, ки одам ҷабр дидааст. Ба муҳлати 10 рӯз зери назорати бойтор қарор додани онҳо. Ҳайвонҳое, ки баъди газидани ҳайвони ҳорӣ ҷабр дидаанд ҳатман бояд эм гиранд.
в) Бо шаҳодатномаи саломати таъмин намудани ҳайвонҳои бемаҳсули хонаги (саг, асп, хар, гурба) аз тарафи бойторон (РНДБ).
Мардуми ҷабрдида, луобгардонда шуда, харошидашуда (захмдоршуда), ё ин, ки ҳайвони гумонбар зарардида, баъди ёрии аввалин додан ба зидди кузоз эм гузаронида мешаванд, нисбати бемории ҳорӣ аз рӯи дастурамали ҷойдошта ба таври шартӣ ё ғайришартӣ эм гузаронида мешаванд, ҳамзамон гаммаглабулини зидди ҳорӣ низ, шахсони зарардида то муайян шудани ҳолати саломатии ҳайвони гумонбар ба таври шарти 3-эми ваксинаи антираби, ё ҳолати вазнин заҳролудшавӣ (дараҷаи вазнин) гаммаглабулини антирабӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳолати баъди 10 – рӯз пайдо шудани аломатҳои беморӣ дар ҳайвон табобатро ба таври ғайришартӣ давом медиҳанд. Дар ҳолати солим мондани ҳайвон табобат қатъ гардонида мешавад.
Ҳатман чорабиниҳои оммафаҳмонӣ нисбати муайян сохтани шумораи ҷабрдидагон ва сари вақт муроҷиат кардани онҳо бояд гузаронида шаванд.
Ҳорӣ (дигар номҳо — рабиес аз лот. rabies), обтарсӣ, ҳидрофобия (аз юн.-қад. ὕδωρ «об» и φόβος «ҳарос») — бемории сироятиест, ки боиси иллати сахти системаи асабҳо, рагкашӣ, фалаҷ, инчунин ташаннуҷи мушакҳои гулӯ ва нафаскашӣ мегардад. Бо ин маризӣ одам ва ҳайвон гирифтор мешавад. Дар мавриди беморӣ силсилаи марказии асаб иллат меёбад (энсефалит), ки баҳри одам марговар аст.
Ангезаи ҳорӣ мансуби рабдовирусҳо (оилаи Rabodoviridae, ҷинси Lyssavirus) аст. Вай дорои вириони шаклаш тирмонанд ва ҷилди берунии липопротеидӣ мебошад. КРН (кислотаи рибонуклеат) дорад. Вируси ҳорӣ ду навъ – «дайду» («ваҳшӣ») ва беҳаракат аст. Вируси аввалӣ барои ҷонварони ширхор (пистондорҳо) хеле зиёновар буда, мағзи сарро хароб месозад ва ҳаргуна унсурҳои ситоплазмавӣ – ҷисмчаҳои Бабеш-Негри ҳосил менамояд. Вируси дуюм барои харгӯшҳо бемориовар нестанд. Ҷисмчаҳои Бабеш-Негри ҳосил намекунанд ва тавассути оби даҳон ихроҷ намешаванд.
Вируси ҳорӣ дар глитсерин то 3 моҳ маҳфуз монда, ҳини ба 600С расидани ҳарорат дар тӯли 5 – 10 дақ. маҳв мегардад. Дар мавриди ҷӯшондан пас аз 2 дақ. нобуд мешавад. Вай хусусан ба таъсири нурҳои ултрабунафш ва моддаҳои гуногуни гандзудо (эфир, лизол, осиди карбол, хлорамин, сулема) ҳассос мебошад.
Манбаъи сироят ҳайвоноти ҳомили вирусҳои ҳорӣ (саг, рӯбоҳ, гурба, гург, қашқалдоқ, ҷонварони алафхор) мебошанд. Мувофиқи баъзе маълумот солиёни охир дар ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ манбаи 60 фоизи ин беморӣ саг, 24 фоиз рӯбоҳ, 10 фоиз гурба, 3 фоиз гург ва 3 фоиз ҳайвоноти дигар будаанд. Одам асосан баҳору тобистон сироят меёбад.
Ангезаи ҳорӣ дар натиҷаи газидани ҳайвонот ва ба ҷои захм расидани оби даҳони онҳо сироят мекунад. Ҳорӣ баъзан дар натиҷаи ба пӯст расидани оби даҳони ҳайвони касал низ ба вуҷуд меояд. Хусусан аз рӯй ва панҷаи даст газидани ҷонварон хавфнок аст. Ҳайвони сироятёфта вирусҳоро дар охири давраи ниҳонӣ, 7 – 8 рӯз қабл аз зуҳуроти аломатҳои сарири (клиники)-и беморӣ ихроҷ менамояд.
Баъди аз пӯсти осебёфта ба организм ворид шудан вируси ҳорӣ тавассути танаи асабҳо ба мағзи сар ва ҳароммағз меравад. Вай дар ин ҷо афзоиш карда зиёд мешавад. Минбаъд вирусҳо ба ғадуди оби даҳон гузашта, ба воситаи луоби даҳон хориҷ мегарданд. Ҳини дар бофтаҳои асаб афзоиш бинмудани вирус , тағйироти гуногуни махсус (варам, хунрезӣ, тағйироти таназзуловари ҳуҷайраҳои асаб) рух менамояд. Дар ситоплазмаи ҳуҷайраҳои майнаи иллатёфта (бештар дар нейронҳои шохаи Аммон ё худ аспаки обӣ) унсурҳои окси-филӣ (ҷисмчаҳои Бабеш-Негри) ҳосил мешаванд, ки дорои подгун (подген)-и махсус мебошанд. Дар давру бари ҳуҷайраҳои осебёфта инфилтратҳои лимфотситӣ (ғуддаҳои ҳорӣ) пайдо мешаванд.
Давраи ниҳонии беморӣ бисёр вақт 1 – 3 моҳ (баъзан аз 10 рӯз то 1 сол) аст. Маризӣ се давраи инкишоф дорад: пешхабар (депрессия), ошуфтагӣ (пурҳаяҷонӣ) ва фалаҷ. Дар давраи пешхабар ҷои газидаи ҳайвон сӯзишу хориш мекунад, пӯст ангезишпазир мешавад, ҳол он ки ҷои захм кайҳо карахш бастааст. Мариз ошуфтахотир, андӯҳгин мегардад, бехобӣ мекашад. Ин давра 1 – 3 рӯз тӯл мекашад. Дар давраи ошуфтагӣ дар бемор хислатҳои обтарсӣ (ҳидрофобия), ҳавотарсӣ (аэрофобия), тундмизоҷӣ ба вуҷуд меоянд. Мариз дар вақти об хостан ва ба лаб бурдани пиёлаи об бехуд мешавад, мушакҳои гулӯ ва ҳалқ кашиш мехӯранд, нафаскашӣ хирросӣ ва ҳатто андаке қатъ мегардад. Минбаъд чунин ҳолат аз садои рехтани об ва шунидани номи «об» низ ба вуҷуд меояд. Мариз доду фарёд карда сарашро ба пушт хам мекунад, бо дастони ларзон зарфи обдорро қафо тела медиҳад. Аз қиёфаи ӯ нишонаи ваҳм бармеояд, гавҳараки чашм васеъ мешавад, зориву тавалло мекунад, ки мадад расонанд. Баъзан ӯ қай менамояд. Хурӯҷи беморӣ чанд сония идома меёбад. Ташаннуҷ мумкин аст ҳини ба рӯй расидани мавҷи ҳаво (аэрофобия) низ сар занад. Ва ҳатто рӯшноии тез (фотофобия), садои шурӯ мағал (акустикофобия), даст расондан ба пӯст, сурфидан, тоб додани сар, таранҷиши мушакҳо ҳам боиси хурӯҷи ҳорӣ мешаванд. Бисёр вақт мариз арақ карда, оби даҳонаш мешорад; ӯ оби даҳонашро фурӯ бурда наметавонад ва ҳамеша туф мекунад. Бемор сахт ошуфта мешавад, ба гӯшаш ҳаргуна садоҳои ваҳмангез ва таҳдидӣ мерасанд, дар пеши назараш симоҳои гуногун намудор мешаванд. Ӯ ба дигарон дарафтода сару рӯи онҳоро мехарошад, газидан мехоҳад, чизҳои дар наздаш бударо зада мешиканад; қувваи вай ғайритабиӣ – «девонавор» аст. Вай гоҳо аз ҳад зиёд пурхашм ва бадҷаҳл мегардад. Пас аз 2 – 3 рӯз мушакҳои дасту по, забон, рӯй фалаҷ мешаванд. Марг дар натиҷаи фалаҷи му-шакҳои нафаскашӣ ва қатъи фаъолияти дил, ки баъди 12 – 20 соат рух менамоянд, фаро мерасад. Беморӣ 3 – 7 рӯз тӯл мекашад. Давраи ниҳонии ҳорӣ дар кӯдакон кӯтоҳ аст. Мариз баъди як шаборӯзи оғози беморӣ мефавтад. Ташхис Ҳориро дар асоси маълумоти анамнезӣ (газидани ҳайвоноти аз касалӣ гумонбар, дуру дароз будани давраи ниҳонӣ), зуҳуроти ҳидрофобия, аэрофобия, фалаҷ ташхис мекунанд. Баъди фавти мариз майнаи ӯ таҳқиқ карда мешавад. Аз қисмҳои гуногуни майна (қишри нимкураҳои калон, мағзча, мағзи дарозрӯя, шохчаи Аммон) порчаҳо (0,5 – 1 см) мегиранд. Ёфт шудани унсурҳои махсус – ҷисмчаи Бабеш-Негри, ки дар дохил ва беруни ҳуҷайраҳо ба назар расиданашон мумкин аст, далолат бар мавҷудияти ҳорӣ хоҳад буд. Бо мақсади зудтар муқаррар кардани маризӣ аз усули подтанҳои флюорессенсиявӣ истифода менамоянд, ки барои дар бофтаи майна ё ғадудҳои оби даҳони зери ҷоғ дарёфтани подгун (антиген)-и вируси ҳорӣ мадад мерасонанд. Ҳини бо маводи сироятнок сарукор доштан, эҳтиёт шуда қоидаҳои муносибат бо ангезаҳои хеле хавфнокро набояд фаромӯш сохт.
Ҳориро аз кузоз, энсефалит, фалаҷи Ландри, полиомиелит, интероневроз фарқ кардан лозим аст.
Дар вақти рух намудани нишонаҳои саририи беморӣ маризро аз марг наҷот додан имконнопазир аст. Муолиҷаи алоимиро бо мақсади камтар кардани ранҷи бемор мегузаронанд. Мариз дар хонаи торики ором ҷой дода мешавад. Ба миқдори зиёд ҳидрохлориди морфин, амнопон, аминазин, димедрол, хлоралгидрат (бо ҳуқна) фиристода хоҳад шуд. Истифодаи доруҳои шабеҳи кураре ва додани нафаси сунъӣ ум-ри беморро мумкин қадре дароз бикунад.
Анҷоми беморӣ ҳамеша нохуш аст. Марг дар тӯли 1 – 3 рӯзи ба вуҷуд омадани хурӯҷи ҳидрофобия фаро мерасад.
Барои пешгирии ҳорӣ нест кардани ҳайвоноти дайду, роҳ надодан ба касалии ҷонварон, ба низом даровардани саршумори рӯбоҳ, гург ва ҳайвоноти дигар муҳим аст. Сагҳои солим бояд моякӯбӣ карда шаванд. Ҷои газидаи ҳайвонро бо собун шуста, йод молидан лозим аст. Рӯзҳои аввал буридани атрофи захм ё дӯхтани он манъ мебошад.
Моякӯбии ҳорӣ ғайришартӣ ва шартӣ мешавад. Аз рӯи аломатҳои ғайришартӣ одам ҳангоми газидани ҳайвони ҳақиқатан девона ё маълум набудани касалии он моякӯбӣ карда мешавад. Моякӯбӣ аз рӯи аломатҳои шартиро ҳангоми газидани ҳайвоне, ки дар вай нишонаҳои ҳорӣ дида намешаванд, ҳамчунин дар муддати то 10 рӯз нигоҳ доштани он ҳайвон амалӣ мегардонанд. Подтан (антитела) баъди 12 – 14 рӯзи моягузаронӣ ба вуҷуд омада, пас аз 30 рӯз ба ҳадди бештарин мерасад. Бинобар ҳамин, дар он ҷое ки давраи ниҳонии маризӣ кӯтоҳ аст (газидани сар, рӯй, ангушти даст, бисёр хоидан) иммуноглобулини зидди ҳорӣ кор фармуда хоҳад шуд (аз рӯи аломатҳои ғайришартӣ – 0,5 мл/кг; аз рӯи аломатҳои шартӣ – 0,25 мл/кг). Як қисми иммуноглобулинро метавон ба зери пӯсти атрофи захм фиристод.
Комментарии (0)