Таснифи бемориҳои рӯҳӣ


Нақшаи кор :
 Сарсухан.
1. Аломатҳои бемории рӯҳӣ.
2. Сабаби асосии пайдоиши беморӣ.
 
Таснифи бемориҳои  рӯҳӣ Фаъолияти рӯҳии инсон, табиатан чи хеле ки набошад, дар натиҷаи ихтилоли кори мағзи сар хароб мегардад. Бо вуҷуди ин ҳама гуна ихтилол боиси бемориҳои руҳӣ намегардад. Масалан, ҳангоми баъзеи бемориҳои асаб, сарфи назар аз он ки мағзи сар иллат дорад, руҳӣ халал намеёбад. Дар мавриди бемориҳои руҳӣ воқеиятҳо дуруст дарк карда намешавад. Чунончи шароити муқаррари ба назар муҳити бегона менамояд, бемор атрофиёнро бадхоҳ ё душман мепиндорад.
 Дар баробари дуруст дарк кардани олами воқеи зери тарсу ваҳм, ё баракс, мариз аз ҳад зиёд шод мегардад, аз душмани хаёли мегурезат, ба рақиби хаёли ҳамла меоварад, кӯшишҳои худкушӣ мекунад ва ғайра ба амал меояд. 
Бемориҳои рӯҳӣ – бемориҳои одам, ки бештар бо ихтилоли рӯҳ шарҳ дода мешаванд. Ҳангоми бемории руҳӣ, инъикоси реалияти объективӣ эҳсоси шахсӣ, муносибат бо атрофиён ва рафтор тағйир меёбад.
 Бемориҳои руҳӣ аввал аз осеби мағзи сар бо минбаъд, шудани фаъолияти тамоми организм ё аз касалии узв ва бори дуюм аз ихтилоли функсияҳои руҳӣ, сар заданашон мумкин аст.
 Бемориҳои руҳӣ асосан се навъ мешаванд ;
1. Психозҳо (шизофрения).
2. Ихтилоли асабию руҳӣ (невроз).
3. Камақлӣ (олигофрения).
 Бемории руҳӣ, ҳолати фосилавӣ байни солимии равонӣ, ва беморӣ мебошад. Ихтилоли тафаккур (васваса, ваҳмакӣ, психастения), табъ (молихумиё, савдоӣ, депрессия), ихтилоли шуур (моҳпарвин), хотир, сафоҳат (кретимизм). Ба бемории руҳӣ тамоилҳои ирсӣ, сироятёбӣ, заҳролудшавӣ, бемориҳои мағзи сар, ғадудҳои даруни, узвҳои дохилӣ, захмҳои руҳӣ, ихтилол инкишофи дохилибатнӣ боис мегардад. 
 Аломатҳои бемориҳои руҳӣ:
1. Таваҳҳум.
2. Фиреби ҳис.
3. Ҳазён.
4. Ҳолатҳои безоркунанда.
5. Абулия.
6. Вайроншавии хотира.
7. Афтодаруҳӣ.
8. Ҳолати ғайриҳақиқӣ (онейроид ).
9. Ҷунунҳо.
10. Васваса. 
 Сабаб, зоҳиршавӣ, моҳият ва табобати бемориҳои руҳиро (психиатрия) бо доруҳои психиотропӣ (нейролептикоҳо, транквилизатор, энергизаторҳо ва ғайра ) муолиҷа мекунанд.
 Усулҳои асосии муолиҷа, ташхис ва парастории бемориҳоии руҳии асаб инҳоянд ;
  • Рефлекси зону.
  • Ҳиссиёт.
  • Ҳолати мушакҳо.
 Ташхис:
  • Ренгени коси сар ва сутунмӯҳр.
  •  ЭЭГ ( сабти барқи мағзи сар ).
  •  ЭКГ.
  • Томография.
  • ЭМТ.
  • Функсияи ҳарроммағз.
 Сабабҳои асосии пайдоиши ин беморӣ пеш аз ҳама носолимии модар ба хусус сарторикии дурудароз, камхунӣ, фишори баланд, хафи исқоти ҳамл дар вақти ҳомиладорӣ, сустшавии дарди валодат ҳангоми таваллуд аст. Бо вазни зиёд бо печиши сохти ноф гирди гардан ё бадан, бадунё омадани навзодон низ ба чунин бемориҳо оварда мерасонад.
 Ичунин аксари ҳомиладорон дар вақти ҳомиладори гирифдори бемории сироятӣ мегарданд. Лекин ба пешгири ва табобати он кӯшиш намекунанд, бепарво шуда ба духтур муроҷиат намекунанд, ба худ муолиҷа машғул мешаванд,ки боиси иллати майнаи сар таваллуд мегарданд.
 Ин омилҳо боиси нафаскашии кӯдак дар батни модар яъне ҷанин нафастангӣ ба амал меояд. Кӯдаке, ки ба гирифтори бемории асаби майнаи сар мегардад, чунин аломатҳо зоҳир мешавад ; 
  • Нолиш.
  • Инҷиқӣ.
  • Гиряи сахти дарднок.
  • сарро ба оқиб партофан.
  • Кашиш ва ё тарангшавии мушакҳо.
  • Беҳолию бемадорӣ.
  • Қайкунӣ.
  • Синамаккии суст.
 Бемории иллати майнаи сари кӯдакон, оқибатҳо вазнин дорад. Модар бояд ҳангоми ҳомиладорӣ ба саломатии худ бештар диққат дода ва хӯрокҳои серғизо истеъмол намояд.
 Ақидае, ки гӯё бемориҳои руҳӣ, ҳамеша оқибати нохуш ба бор меоварад, асос надорад. Баъзеи бемориҳои руҳӣ ба таври шадид оғоз ёфта, зуд бартараф мегарданд, бемориҳои дигар ноаён падид меоянд ва дар мавриди он ихтилои руҳӣ беш аз беш меафзояд. 
 Бемориҳои дигар андаке зиён мерасонад, вале дар сурати сари вақт табобат кардан пурра ё қисман рафъ мегардад. Бемориҳои руҳиро дар беморхонаи амрози руҳӣ муолиҷа мекунанд.

Адабиёти истифодашуда:
1. Бемориҳои руҳӣ - Н. Шарифова.
2. Психиатрия – Гулямов М.Г.
3. Аз шабакаи иҷтимоии интернет. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив