Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
Дурӯғ одамиро кунад шармсор.
Оре, дурӯғ гуфтан, сухани хато задан инсонро ҳамеша шармсор месозад. Оиди ин масъала бузургон, аҳли дин, волидайну бобоёни мо суханҳои ҳикматноки зиёде гуфтаанд. Ман низ ҳоло дар радифи онҳо мехостам фикри худро оиди ин масъала баён созам. Падару модарони мо мегӯянд, ки ба саратон шамшер ояд ҳам ҳеҷ гоҳ сухани дурӯғ нагӯед. Зеро гуфтори дурӯғ одамро шармандаву сархам мегардонад. Бузургон дар ин бобат гуфтаанд: ”Дурӯғгӯ ҳар ҷо залил асту безабонӣ беҳ аз дурӯғгӯӣ”.
Хирадмандону донишмандон шахсони дурӯғгӯйро мазаммат кардаанд, зеро дар таърих омадааст, ки аз хабари дурӯғ ба фитнаҳо хеле одаму олам зарар дидааст. Шамшери асосии фосиқ ин забони ӯст, яъне шахси дурӯғгӯ метавонад як қавму қабиларо, ё як шахсро бо дигараш бо ҳам ҷанг андозад, байни онҳо низоъву балоро барпо кунад. Ба сухани дурӯғгу ҳаргиз бовар кардан нашояд. Чароғи дурӯғ фурӯғ надорад. Рости ва ростгӯи бошад ҳаргиз завол намеёбад, аммо умри дурӯғ ҳамеша кӯтоҳ аст. Шахси дурӯғгӯй дар ҷамъият беқадр мешавад. Чуноне ки Носири Хусрав гуфтааст:
Макун фаҳшу дурӯғу ҳазл пеша,
Мазан бар пойи худ зинҳор теша.
Аз аъмоли зишти дурӯғгӯёну фосиқон чанд хона вайрон асту ёрони дӯстон аз ҳам ҷудо гаштаанд. Ба ёд меорем қиссаи достони “Шоҳнома”-ро , ки аз хабари бардурӯғи Судоба Сӯҳроб аз дасти падар кушта мешавад.
Дар ҳақиқат шахси дурӯғгӯй фосиқ аст. Шахси шубҳаноку ғаразнок аст. Дар чеҳрааш нур дида намешавад. Ба қавли Носири Хусрав:
Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,
Зи рӯи ақл рӯяш бефурӯғ аст.
Аз ин навиштаҳо ман ба хулосае омадам, ки дар ҳақиқат аз ростӣ шоистатар ва аз дурӯғ зишттар коре нест. Инсон бояд аз гуфтори дурӯғ барҳазар бошад, зеро ҳаёти дурӯғгӯй ҳамеша дар хатар аст. Дурӯғ ҳусни инсонро мекоҳонад. Ростгӯйи ва ростқавлӣ ҳусни бебаҳои инсон аст. Инсони ростгӯй дар дили ҳама маъво мегирад, ӯро тамоми оламиён дӯст медоранду ҳурмат мекунанд:
Дило, гар кунӣ ростӣ ихтиёр,
Шавад халқи дунё туро дӯстдор.
Комментарии (0)