Таърихи пайдоиши хат


Таърихи пайдоиши хатХат яке аз дастовардҳои бузургу пурарзиши инсоният мебошад, ки дар арзи ҳазорсолаҳо эҳтиëҷи ӯро пиëда намудааст. Он ғайр аз он ки талаботи мардумро дар замони макони муайян бароварда бошад, боз барои наслҳои оянда кулли бозëфти ақлонии гузаштагонро чун мерос ҳадя намудааст. Бешак, онро ба сони ноқиле тавсиф намудан мумкин аст, ки наслҳову замонҳоро ба ҳам пайвастааст.

Муҳаққикони таърихи хат бар ин ақидаанд, ки пайдоиши хат ба пайдоиши санъати тасвирӣ ва таъсиси аввалин давлатҳо марбут мебошад. Гумон меравад, ки унсурҳои аввалини хат 10-15 ҳазор сол пеш аз мелод ба вуҷуд омадаанд.

Мардумони форсизабон ҳамчун яке аз халқҳои мутамаддин дорои хат ва алифбоҳои гуногуни расмии давлатӣ буданд. Қадимтарини онҳо хатти мехӣ буд, ки хатти расмии давлатии Хахоманишиниҳо ба шумор мерафт. Ин расм дар асри 5 – 11 пеш аз мелод ҷорӣ шуда, то истилоҳи Искандари Мақдунӣ давом кардааст.

Хахоманишиниҳо дар асоси хатҳои бобулӣ ва ошурӣ барои худ ин хатро мураттаб намудаанд, ки аз хатҳои зикршуда тавофути зиëд дошт. Дар он 36 аломат мавҷуд буда, аз чап ба рост навишта мешуд. Хатти мехӣ ҳиҷоӣ буд, яъне як ҳарф (аломат) 2 овоз – ҳамсадо ва садонокро ифода мекард.

Намунаи аввалини ин хатти қадимиро дар кӯҳи Бесутуни Эрон пайдо намудаанд, ки он бо номи “Катибаи Бесутун” машҳур аст. Матни он аз номи шоҳ Дорои 1 бозгу шудааст ва аз корномаҳои шоҳони хахоманишӣ ҳикоят мекунад. Бо омадани юнониҳо ва барҳам хӯрдани давлати Хахоманишиниҳо хатти мехӣ низ аз байн рафт.

Хатти авестоӣ ë дин дабира барои сабти шакли барқароршудаи китоби муқаддаси зардуштиëн “Авесто” дар асрҳои 3-4 дар асоси хатти оромӣ тартиб дода шудааст. Дар алифбои авестоӣ 48 аломат мавҷуд буд, ки аз он 14 – тояшро садонокҳо ва 34-тояшро ҳамсадоҳо ва сонандҳо (ҳамсадоҳои бе шавшув) ташкил медоданд. Овози “г” бо ду аломат ифода карда мешуд. Ин хат то имрӯз да Ҳиндустон аз ҷониби порсиëн – тарафдорони дини зардуштӣ истифода мешавад. Хатти авестоӣ мисли хатҳои дигари оромиасос аз рост ба чап навишта мешавад.

Хати паҳлавӣ – хати расмии давлатии Сосониëн буд, ки дар асоси хатти оромӣ дар асрҳои 2-3 милодӣ ба вуҷуд омадаст. Ин хат дар аввалҳо аз 14 ҳарф иборат буд ва аксари калимаҳо бо идеограммаҳо ифода карда мешуданд. Азбаски дар давлати Сосониҳо ба масъалаҳои котибӣ ва корҳои идоракунии давлатӣ аҳамияти зиëд медоданд, дар ҳар як соҳаи ҳаëти иҷтимоӣ як навъи хат истифода мешуд.

Бо хатти паҳлавӣ осори мансуру манзуми таърихӣ, фалсафӣ ва адабӣ, ба монанди “Корномаи Ардашери Бобакон”, “Дарахти Асурик “, “Ëдгории Зарирон”, “Шатранҷнома“, ”Достони Йуишти Фриëн” , “Ëдгории Бузургмеҳр “, “Достони Менуи хирад” бо забони форсии миëна таълиф шудааст, ки то замони мо омада расидаанд ва ба забонҳои гуногуни дунë, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ бо хатти кириллӣ баргардонда шуда, дастраси умуманд.

Намунаҳо дигари ин хат аз мавзеъҳои гуногуни Эрон ва Миср дар шакли катибаи қабр, навиштаҳои болои сиккаҳо, мӯҳрҳо ва ашëи дигар, санадҳои муомилот дарëфт шудаанд. Баъд аз истилоҳи араб ва суқути давлати Сосониҳо хатти паҳлавӣ ҳам мансух гашт.

Хатти суғдӣ яке аз қадимтарин хатҳои мардуми Осиëи Марказӣ ба шумор рафта, бино ба қавли муҳаққиқин аз хатти форсии оромӣ ибтидо гирифтааст. Ин хат ҳам аз чап ба рост навишта шуда, дорои 23 ҳарф ва барои истифодаи садонокҳои дарозу кӯтоҳ аломатҳои алиф, йо ва вов истифода мекарданд. Мардуми суғд якчанд аср баъд аз истилоҳи арабҳо ҳам ин хатро ба кор мебурданд.

Намунаҳои ин хатро аз кӯҳи Муғи ноҳияи Айнӣ соли 1933 дарëфт намуданд. Хатти монавӣ дар асри 3 мелодӣ аз ҷониби Монӣ (номи аслиаш Крику) дар асоси хатти оромӣ мураттаб карда шудааст. Он аз 22 аломат иборат буд ва аз рост ба чап навишта мешуд.

Монӣ ғайр аз донишманди бузург буданаш инчунин рассоми беҳамтое низ буд. Осори офаридааш ва махсусан китобаш – ”Аржанг” – ро ба хатти ихтироъкардаи худ ва нақшу нигори зебо оро додааст. Хатти монавӣ то ҷорӣ шудани хатти арабӣ дар давлатҳои гуногуни Машриқзамин истифода мешуд ва баъдан аз байн рафт, аммо оини монавӣ то асри 13 дар Хутану Кошғар пойдор будааст ва ҳатто осори хатти монавиëнро ҳам аз ин мавзеъ дарëфт намудаанд. Назар ба маълумоти аҳли таҳқиқ, дар соли 923- и мелодӣ, мутобиқ ба соли 311 ҳиҷрӣ, дар назди дарвозаи Бағдод тасвири чеҳраи Монӣ ва чордаҳ ҷувол китобҳои “аҳли бидъат”-ро, ки аксари онҳо осори ӯ буданд, оташ заданд.

Хатти арабӣ шохаи навтарини хатти оромӣ ба шумор меравад, ки аз хатти набатӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчун аксари хатҳои оромиасос аз рост ба чап навишта мешавад ва аз 28 аломат иборат аст. Дар ин хат садонокҳои кӯтоҳ навишта намешаванд. Барои истифодаи онҳо аломатҳои махсус ба монанди фатҳа ë забар, зер ë касра, пеш ë замма ба кор меравад.

Баъд аз истилоҳи араб ва пойдор гаштани дини мубини ислом мардуми форсинажод хатти арабиро пазируфтанд ва ба он 4 ҳарфи ифодакунандаи овозҳои махсуси забони форсӣ – п, ч, ж, г – ро зам намуданд. То имрӯз хатти арабӣ дар Покистон, Эрону Афғонистон ва тамоми мамолики араб хатти расмии давлатӣ ҳисоб меëбад.

Мардуми тоҷик ин хатро дар тӯли ҳазор сол дар ҳаëти иҷтимоӣ истифода намуд ва тамоми дастовардҳои илмиву фарҳангии худро бо он интишор кард. Соли 1929 бо Қарори махсуси КИМ ва Совети Коммисарони халқи СССР ” Дар бораи ба алифбои нави лотинӣ гузаштани халқҳои алифбои арабидоштаи Иттиҳоди Шӯравӣ ” баромад ва моҳи августи соли 1930 дар съезди якуми забоншиносони тоҷик масъалаи ба алифбои лотинӣ гузаштан пурра ҳал гардид. Ин алифбо дорои 31 ҳарф буд ва дар Тоҷикистон то соли 1940 пойдор монд.

Хатти русӣ – кириллӣ хати расмии давлати Руссия, ки аз асри 10 ҷорӣ карда шуда буд ба ҳисоб меравад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив