Нақша:
1. Мухтасари ҳаёти шоир
2. Мероси адабии шоир
3. Мавзуъхои асоси дар ашъори шоир
Хулоса.
Шамсиддин Шоҳин сарояндаи шеърҳои лирикӣ буда, соли 1859 дар Бухоро таваллуд шудааст. Ӯ дар оилаи Мулло Амони камбағал ба дунё омадааст. Гузаштагони Шамсиддин – махдум аз ҷониби Хатлони имрӯза: шаҳри Кӯлоб ба Самарканд кӯч баста буданд. Мадрасаро дар шаҳри бостонии Самарқанд хатм намуда, баъдтар ба Бухоро меояд ва дар ин ҷо хонадор мешавад. Шоҳин аз овони кӯдакӣ малакаву истеъдод ва қобилияти баланди донишомӯзӣ дошт. Ӯ бештар ба назм шавқу ҳаваси беандозае дошт. Тавре аз рӯйи нақлу ривоятҳои худи ӯ бармеояд, дар синни ҳафтсолагӣ девони Ҳофизро аз бар намуда, дар пайравии ғазалҳои ӯ шеърҳои пурмазмуне эҷод кардааст. Ӯ баъди таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаи касбӣ таҳсил намуда, илмҳои муқаррарии мадрасаро хеле хуб аз худ кардааст. Шоҳин, ки хатти хеле зебо дошт, ба касби хаттотӣ низ машғул шудааст ва ба маблағи он рӯзгори худро таъмин мекардааст. Шоҳин дар синни 8-9- солагӣ ба сурудани шеър оғоз намудааст. Ҳарчанд Шоҳин умри кӯтоҳ ва пуртаҳлука дида бошад ҳам, вале аз ӯ мероси хеле ғани ва гаронбаҳое ба мо расидааст, ки қобили зикр аст. Мероси адабии шоир аз девони ғазалиёт, маснавии “Лайли ва Маҷнун”, “Тӯҳфаи дӯстон” ва рисолаи насрии “Бадоеъ-ус-саноеъ” иборат мебошад.
Шоҳин яке аз шоирони ғазалсарои бузурге будааст. Мавзӯи ғазалҳои шоир мухталиф буда, масъалаҳои маорифпарварӣ, танқиду носозгориҳои ҷамъиятӣ, васфу ситоиши ишқу муҳаббати поки инсонӣ, ғояҳои инсондӯстӣ ва некиву накӯкори фаро гирифтааст. Шоҳин қариб ба ҳамаи мавзуҳои иҷтимоиву ҳаётӣ дахл намудааст. Шоир дар ашъори лирикӣ анъанаи ҳазорсолаи шоирони адабиёти форсу тоҷикро идома додааст. Ин пайравии шоир ҳам дар шакл ва ҳам дар мазмуну мундариҷаи ғазалҳои ӯ эҳсос карда мешавад.
Мавзӯи ғазалиёти шоир васеъ ва доманадор будааст. Мавзӯи ишқу муҳаббати поки инсонӣ дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз мавзуҳои ҷовидону анъанавӣ буда, дар эҷодиёти Шоҳин низ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Дар ашъори лирикии ӯ эҳсоси ишқу муҳаббад ва ҳиссиёти некбинонаи ошиқро пай бурдан мумкин аст. Шоир лаҳзаҳои висоли маҳбуба ва лаззати ишқи ӯро хеле воқеӣ тасвир намудааст.
Имшаб чи шаб аст, ки ту дар оғуши ман астӣ,
Дар чина чу дил, балки чу ҷон дар бадан астӣ.
…Ту шамъиву парвонасифат гирди ту гардам,
Чандон ки ба ҷону дили ман шӯълазан астӣ.
Ҳатто, эҳсоси некбинонаи ошиқии ӯ ба дараҷаи аъло расида, ки
ба зарофатгӯиҳову шӯхиҳо табдил меёбад. Ӯ эҳсосоти баланди
ошиқонаи хешро бо як зарофату лутфи дилчаспе адо менамояд:
Қурбони лаби лаъли шакарҳои ту гардам,
Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.
Лаб мегазӣ, эй шӯх, надонам, ки чӣ гӯйӣ,
Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.
Яке аз мввзуҳои дигаре, ки шоир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст, ин мавзуи май ва майгусорӣ мебошад. Шоҳин тавассути тасвир ва тавсифи маю майгусорӣ мазмунҳои мухталифро баён намудааст. Шоир аз тақдир ва “чархи гардун” арзу шикот мккунад. Шоир бадбахтии умумро аз чарх медид, вале аз сабаби ин бадбахтиву мусибад ва аз решаи ин балои иҷтимоӣ хабардор набуд:
То кай, эй чархи муарбад, зи пайи кинаи ман,
Фитнаи даҳр барангезиву ошӯби заман?
Дар баробари эътироз намудан ба муқобили сохти иҷтимоӣ, тартиботи ҷомеаи онвақтаро маҳкум мекунад ва зиндагии озоду комилро орзу менамояд:
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо, чӣ метавон кард, ҷойи дигар набошад?
Ҳамин тариқ, Шоҳин тавонистааст мавзӯҳои наву пешқадамро дар ғазалиёти худ бо эҳсосоти бузург ифода намояд.Шоир аз ибораҳои халқӣ, ки дар забони гуфтугӯйи ниҳоят маъмул буданду дар нутқи хаттӣ кор фармуда намешуданд, фаровон истифода намудааст.
Комментарии (0)