Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриëр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ëдгор.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Паяфкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наëбад газанд.
Бар ин нома гар умрҳо бигзарад
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.
Асрҳо аз умри “Шоҳнома” гузашта аст ва боз садҳо соли дигар мегузарад. Вале бар рағми таҷрубаҳо ва қонуниятҳои мавҷуди ҳастӣ, ки барои ҳар як падидаву рухдод, аҷрому аҷсом ягона мебошанд, “Шоҳнома” ҳамоно мисли як гулистони шодобу муаттару атрогин мемонад. Атрофаш ҳамоно баҳсҳои гарму маҳфилҳои латиф дар ҷараён аст. Дар ибтидои таърихи адабиёт бисёр суол шуда ва шояд аз ин ба баъд пурсида шавад, ки иллату сабаби ин таровату боландагӣ ва тағйирнопазирӣ дар чист? Ин шоҳкори гаронсангро чӣ розест, ки ба ин андоза кашандагиву зеҳнпазирӣ дорад, таронату шукуфоӣ дорад, каломаш ғурурофарину шодизост?
Посух ба ин суоли доимӣ бисëр гуфта шудааст ва ҳар кас, ки ба “Шоҳнома” ошност ба қадри тавонову донишу ошноии худ қодир аст ба ин пурсиш посух бигӯяд. Вале нуқтаи арзишманду ҳайратангез, ки ҳамон пурсиши мазкур аст, аз абëти болоӣ бармеояд ва онро ба шарҳи зер метавон чунин хулоса намуд.
Дар байти аввал Фирдавсӣ бо қалби пур аз нишоту сари баланду ифтихор иброз медорад, ки вай вазифа ва рисолати ҷонӣ-инсонии худро иҷро намуда ва бад-ин тариқ ëдгоре барои наслҳои пасин ба ëдгор гузоштааст.
Андешаи дуввум, ки рӯи он шоир такявар аст, ҳақиқати қонунияти таҳаввулу тағйир, фанопазирӣ бар асари ҳаракати мудовими табиат, таъсири борону офтоб тағйир мекунанд ва ин андешааст, ки дар саломати он шакку тардиде нест.
Фирдавсӣ пас аз ибрози ин ҳақиқат дар байти баъдӣ боби саввумро бисëр мӯътадилона ва нерӯмандона мебардорад ва ба чанд пушти худ таъкид мекунад, ки “коҳе, ки ӯ аз назм бино”, ба қонуниятҳои болоӣ муносибат надорад, унсури замон ба он таъсире надорад. Ҳеҷ рухдоде қодир нест ба пайкари ин кохи суханобод газанде бирасонад. Маҳз дар ҳамин нуқта аст, ки бузургӣ, пешгӯӣ, дурбинӣ ва дурнигарии шоир касро шигифтзада мекунад.
Воқеан ҳам дар тӯли беш аз 1000 сол магар нерӯе тавонист халале ба “Шоҳнома” бирасонад? Меҳру дилбастагии мардумро аз он барканад? Посух кӯтоҳ аст: -Не, натавонист. Ҳарчанд кӯшишҳо шуданд.
Ҳусни таваҷҷӯҳи мардум на танҳо кам нашуд, балки чандин маротиб афзоиш ëфт. Зеро дар мушкилтарин лаҳозоти зиндагӣ боз ҳам “Шоҳнома” буд, ки ба дасти имдодагари худ ба ҷонҳо хуну равона тоза мебахшид ва лашкари яъсу ноумедиро сар мезад.
Меросхорони ин шоҳасар дар навбати худ онро доману вусъати бештар бахшиданд, рӯи пардаи филмҳо кашиданд. Бар асоси достонҳои ширину ҷаззоб садҳо намоишномаҳо омода намуданд.
Аз дигар сӯ маҳз андешаҳову дидгоҳҳои шигарфу инсонгароëнаи Фирдавсӣ буд, ки аз марзҳои ватанӣ берун рафт ва бо садҳо забони дунë тарҷума гардид. Баъд аз ин ҳама гуфторҳо боз ҳам суоле пеш меояд, ки “Шоҳнома”-ро дар зиндагии меросбаронаш чӣ ҷойгоҳе аст?
Шояд нахустин омиле, ки боиси маҳбубияту мондагарии “Шоҳнома” гардида, ин ҷанбаи қавии ватанпарвариву ватандӯстии он аст, ки аз банду басти он дарак медиҳад.
Магар ин сатрҳои оташини ибратомезу ҳидоятгарро мешавад, фаромӯш кард:
Нигаҳ кун бад – ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор
Зи баҳру бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаку хурду пайванди хеш
Ҳама сар ба сар тан ба кӯштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Қимату арзиши “Шоҳнома” аз дигар сӯ ба ҷониби таърихӣ иртибот мегирад. Шоир бо офариниши шоҳасари худ, таърихи пуршукӯҳи миллату сарзаминеро аз нав эҳë намуд. Ба бисёри аз масоиди таърихи қадимаи кишвар равшанӣ андохт. Таърихе, ки онро намешавад аз хотирҳо зудуд.
Арзиши дигари “Шоҳнома” дар ҷанбаҳои ахлоқӣ, маърифатӣ ва тарбиятии ӯст, ки ин ниҳоят муҳим аст. Шоир ҳидоятгари некиву накӯкорӣ аст:
Биë, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем
Набошад ҳама неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ëдгор.
Ва ниҳоят аҳамияти “Шоҳнома” ва хидмати бузурги Абулқосим Фирдавсӣ дар он зоҳир мешавад, ки ба қавли худаш “кишвари бую атри забони порсӣ” – ро аз нав зинда кард, ба ҳазорон достону осори мардумӣ ҷони тоза дод ва дар зими ба номи хеш ҷовидонӣ бахшид:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ
Аҷам зинда кардам бад – ин порсӣ
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам
Ки тухми суханро парокандаам.
Комментарии (0)