Нақша:
Муқаддима
1. Ҳаёти шоир
2. Мероси адабии ӯ
3. Мундариҷаи асосии ашъори Масъуди Саъди Салмон
Хулоса
Масъуди Саъди Салмон яке аз устодони бузурги адабиёти тоҷику форс буда, дар навиштани қасида истеъдоди баланде доштааст. Ӯ соли 1047 дар шаҳри Лоҳути вилояти Панҷоби Покистони имрӯза ба дунё омадааст. Шоир да Покистон таваллуд шуда бошад ҳам, бо забони форсии тоҷикӣ шеъру ғазалу қасида эҷод намудааст. Ин забон дар он замон дар Ҳиндустону Покистон забони давлатӣ маҳсуб мешуд. Гузаштагон ва авлоду аҷдоди Масъуди Саъди Салмон аз шаҳри Ҳамадон будаанд. Падари ӯ аз аҳли фазл ва донишманди замони худ будааст. Падараш бо писари Масъуди Ғазнавӣ Султон Маҷдуд, ки ҳокими яке аз вилоятҳои Ҳиндустон таъин гардида буд, ба он ҷо сафар намуд. Бинобар ин, Саъди Салмон муддате дар Ҳиндустон истиқомат кардааст. Падари Масъуди Саъди Салмон як замон дафтардор ва сарҳисобчии девони давлатӣ низ будааст. Ӯ корҳо ва амалҳои девониро дар ҳукумати Ғазнавиён бар ӯҳда доштааст:
Шаст соли тамом хизмат кард,
Падари банда Саъд бинни Салмон.
Гоҳ ба атроф будӣ аз аъмол,
Гоҳ ба даргоҳ будӣ аз аъён.
Таҳсилоти ибтидоиро Масъуд дар назди падари худ гирифтааст. Баъдан, ӯ низ ба корҳои давлатӣ ҷалб карда мешавад. Зиндагии шоир якранг набудааст. Ӯ соли 1122 аз олам даргузаштааст.
Масъуд аз хурдӣ ба адабиёт ва шеъру адаби форсӣ шавқу завқи зиёде дошт. Ӯ эҷодиёти худро хеле барвақт оғоз намуда, дар наср моҳир будааст:
Ба назму наср касеро гар ифтихор сазост,
Маро сазост, ки имрӯз назму наср марост.
Ба ҳеҷ вақт маро назму наср кам нашавад,
Ки назму насрам дурр асту табъи ман дарёст.
Мероси адабии шоир бо эҷодиёти Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Унсурӣ ва Манучеҳрӣ пайванди ногусастание дорад. Масъуд бо шоирон ва адибони бузурги замони худ Саноӣ, Муиззӣ, Рашидии Самарқандӣ дӯстиву рафоқат дошт.
Тавре Муҳаммад Авфӣ хабар медиҳад, аз Масъуд ба мо се девон боқӣ мондааст, ки бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва ҳиндӣ суруда шудааст.
Шоир якчанд сол зиндонӣ шудааст, бинобар ин як миқдор ашъори ӯ дар бораи ҳабсхона баҳс менамояд. Масъуди Саъди Салмон ранҷу кулфатҳои зиндонро бо зулму ситами ҳокимони давр вобаста медонад:
Торе мӯйи ман сафед набуд,
Чун ба зиндон малик маро биншонд.
Мондам андар болою ғам чандон,
Ки яке мӯйи ман сиёҳ намонд.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки шоир бо оҳу нола маҳдуд намешавад. Ӯ инсони некбину нексирате аст, ки дар ҷисму ҷойи худ умеду орзу, мардиву ҷавонмардӣ ва инсондӯстиро тарғибу ташвиқ менамояд:
То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст,
Ки ба сустӣ касе зи марг нараст.
Ҳар кӣ ӯро баланд мардӣ кард,
То ба рӯзи аҷал нагардад паст.
Масъуди Саъди Салмон худ дар мардиву ҷавонмардӣ ва матонату сабру тоқат нисбат ба даромондагону мӯҳтоҷон намунаи ибрат будааст. Аз ин рӯ, ранҷу кулфат, азобу хории зиндон ӯро ноумед накардааст ва ӯ рӯҳан худро қавӣ нигоҳ медошт:
Аз фалак тангдил машав, Масъуд,
Гар фаровон туро биозорад.
Бад маяндешу сар чу сарв барор,
Гар ҷаҳон бар сарат фурӯ орад.
Хизмати халқу ватан ва нафъ расондан ба мардуми оддиро вазифаи муқаддаси хеш меҳисобад:
Рӯзе, ки роҳате нарасад аз ман,
Мар халқро, зи умр напиндорам.
Ашъори шоир саропо панду ахлоқ аст. Аммо, фикру андешаҳои пандуахлоқии шоир на танҳо оҳанги насиҳатӣ доранд, балки садои даъвати ҳақиқиро фаро гирифтаанд, ки хонандаро ба мубориза баҳри озодиву беҳбудӣ ҳидоят менамояд.
Комментарии (0)