Имлои ҳиссача
Якҷо навишта мешаванд:
Ҷузъҳои ҳиссача ва калимаҳои модалии рехтаи навъи зерин: кошки, бигузор (бигзор), мабодо, даркор ва ғ.
Ҷудо навишта мешаванд:
а) ҳиссачаҳои на, фақат, танҳо, гӯё, магар, ҳатто, оё, ҳам, низ аз калимаҳои дигар: На омадед ва на пайғом фиристодед. Ин гапро танҳо (фақат) як кас медонист. Ҳатто баъд аз ҷаласа баҳс идома дошт. Оё (магар) ин кор барои Шумо вазнин нест? Меҳмон ҳам (низ) бо мо меравад ва ғ.;
б) ҳиссача ва таркибҳои модалии ҳа (ҳо), на (не), оре, бале, биё мон, гӯё ки, шояд ки, равад ки ва ғ.
Бо нимтире навишта мешаванд:
Ҳиссачаҳои -чи, -ку, -а, -да (-дия) пас аз калима: равем-чи, баргардем-чи, рафтед-ку, нагуфтед-ку, напурсидед-ку, наовардед-а, гуфтем-да ва ғ.
Имлои нидо
Якҷо навишта мешаванд:
Нидоҳо ва калимаҳои модалии зерин: дареғо, Илоҳо, Худоё, ҳайфо, раве, хезе, гурезе ва ғ.
Ҷудо навишта мешаванд: Нидоҳои таркибии зерин: сад дареғ!, сад афсӯс!, бисёр афсӯс!, сад ҳайф!, ҳазор тавба!, во дареғо!, ҳай дареғ!, э вой! ва ғ.
Бо нимтире навишта мешаванд:
Нидоҳои такрор: бай-бай, баҳ-баҳ, вай-вай, ҳай-ҳай ва ғ.
Комментарии (0)