Нақша:
Муқаддима
1. Ҳаёти мухтасари шоир
2. Мероси адабии ӯ: “Қобуснома”
3. Мавзӯи панду ахлоқ дар “Қобуснома”
Хулоса
Гар бар сари моҳ барниҳи пояи тахт,
В-ар ҳамчу Сулаймон шави аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт,
К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт.
Унсурулмаолии Кайковус яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти асри XI ба ҳиоб меравад. Доир ба аҳволи хонаводагии Унурулмаолӣ маълумоти зиёде нест. Аз рӯи гуфтаи сарчашмаҳо маълум мешавад, ки ӯ аз хонадони шахсони маърифатноку фозилу донишманд ба дунё омадааст. Унсурулмаолии Кайковус тахминан дар аввалҳои асри XI дар яке аз вилоятҳои кӯҳистони Эрони Шимолӣ таваллуд шуда, то солҳои 90-уми ҳамон аср умр ба сар бурдааст. Бобо ва падари Унсурулмаолӣ низ аз шахсони маърифатноки замонаш будаанд. Аз ин рӯ, падараш саъю кӯшиш намудааст, ки фарзандаш аз илмҳои пешқадами замонаш бархӯрдор бошад. Падараш кӯшиши зиёде ба харҷ дода, донишмандони замон ва ҳунармандони соҳаҳои мухталифро барои таълиму тарбияи фарзанди худ ҷалб намудааст. Унсурулмаолӣ як замон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиши илми тиб низ машғул шудааст. Ғайр аз ин, илмҳои пешрафтаи замони худ: нуҷум, ҳайат, шеър ва илми мусиқиро низ фаро гирифтааст. Ҳамин тариқ, Унсурулмаолии Кайковус аз илму донишҳои замони хеш хуб баҳраманд шудааст.
Аз мероси адабии шоир ба мо асари бузурги ӯ “Қобуснома” расидааст, ки дар таърихи адабиёти классикӣ бо номи “Насиҳатнома” низ маълуму машҳур аст. Унурулмаолии Кайковус шахси пуртаҷрибаву донишманд будааст, аз ин рӯ, таҷрибаи рӯзгор ва панду ҳикматҳои хешро дар асараш “ Қобуснома” ҷамъоварӣ намудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Унсурулмаолӣ анъанаи падари худро давом дода, барои тарбия ва таълими фарзанди худ–Гелоншоҳ насиҳатномае мураттаб месозад, ки бо номи “Қобуснома” маълуму машҳур шудааст. Баъд аз мутолиаи ин асар хонанда ба хулосае меоянд, ки дар ҳақиқат, Унсурулмаолӣ як шахси фозилу донишманд, таҷрибадида, ҷаҳондида ва хирадманд будааст.
“Қобуснома” дар таърихи адабиёти классикии фории тоҷикӣ ҳамчун асари тарбиявиву аҳлоқӣ шинохтаву эътироф шудааст. “Қобуснома” дорои 44 боб буда, ҳар яке аз бобҳо ба масъалаҳои мухталифи ахлоқу одоб, расму ойин, рӯзгордорӣ, оилаву оиладорӣ, таҳсили илму дониш, омӯзиши касбу ҳунар, варзиш, давлату давлатдорӣ ва доир ба дигар масъалаҳои ҳаётӣ бахшида шудааст. Асар аз ҳикоятҳои хурд-хурд иборат аст, ки шоир онро аз эҷодиёти худи мардум ҷамъоварӣ намудааст. Унулурмаолӣ аз ҳаёту саргузашти хеш, аз осори бадеиву таърихӣ низ нақлу ривоятҳо овардааст. Кайковус дар бобҳои асари худ масъалаҳои зурму золимӣ, ҷаҳлу ҷоҳилӣ, макру фиреб, мағрурию худписандӣ, кинаву бадгӯӣ, ҷабру ситамро маҳкум намуда, дар баробари ин, дӯстию рафоқат, некиву накӯкорӣ, ростиву росткорӣ, мардиву ҷавонмардӣ, саховатмандӣ ва дигар хусусиятҳои ҳамидаи неки инсонро ситоиш намуда, тарғибу ташвиқ менамояд. Ӯ, ки худ донишманд буд, ба фарзанди хеш низ тарбия медиҳад, ки илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад, то дар зиндагӣ хориву зориро набинад. Ҳаёти мо саросар панд аст, таҷриба аст. Бинобар ин нависанда таъкид бар он менамояд, ки мактаби ҳаёт таҷрибаҳои ибратомӯз дорад ва мо бояд аз онҳо бо маҳорати калон истифода намоем. Тавре гуфтем, мавзӯъҳои баҳи “Қобуснома” мухталифанд ва дорои аҳамияти тарбиявӣ мебошанд. Дар боби некиву накӯкорӣ cухан ронда мегӯяд, ки “то тавонӣ некӣ кун ва ҷаҳд кун, то касеро наёзорӣ”. Агар дидори инсон хуб бошад, бояд рафтору кирдораш низ чунин бошад. Дар мавриди сухан гуфтан бар он ақида аст, ки пеш аз сухан гуфтан, аввал андеша бояд кард. “Суханро бузург дон, суханро рост гӯй, ҳеҷ гоҳ сурдсухан мабош, ки аз сухани бад душманӣ рӯяд”. Дар боби пириву ҷавонӣ сухан ронда, таъкид менамояд, ки ба қадри пириву ҷавонӣ бояд расид, зеро ки “ин неъматест бебаҳо”.
Хулоса, нависанда дар асари худ аз забони бузургоне чун Анӯшервон, Бузургмеҳр, Афлотун, Суқрот панду ҳикматҳои судманд баён намуда, мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки панду ҳикматҳо ва ҳикоятҳои насиҳатомези “ Қобуснома” барои хурду бузург, чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони имрӯз аз аҳамият холӣ нестанд. Месазад, ки ин китоб ҳамчун дарси одобу ахлоқ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мо ҳамчун фанни алоҳида таълим дода шавад. Зеро одобу ахлоқи хуб нисфи ҳусн аст.
Комментарии (0)