Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тусӣ


Нақша :

Муқаддима
1.Ҳаёти мухтасари шоир
2.Мероси илмиву адабии Асадии Тусӣ
 Хулоса

Асадии ТусиАсадии Тӯсӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик авалин шоири сарояндаи мунозираҳои тоҷикӣ ба шумор меравад. Абӯмансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тӯсӣ ҳамчун луғатшинос ва ҳаттоти машҳури замони худ шинохтаву эътироф гардидааст.

Шоир соли 1005 дар Тӯс ба дунё омадааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, шоир таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи хеш гирфта, илмҳои расмии замонаашро аз қабили адабиёти арабӣ, таърих, фалсафа ва ҳикматро омӯхта, илми ҳаттотиро низ хеле хуб аз бар намудааст. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ майлу рағбати зиёд дошта, ба ҷамъ овардани луғат майл доштааст. Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо ҳамин буд, ки ӯ “Луғати фурс” – ро таълиф  намуд. Шоир ба Хуросон ва Озорбойҷон сафар намудааст. Баъди сафарҳои дурудароз ба ватани худ баргашта,соли 1073 дар зодгоҳи худ Тӯс вафот мекунад.

Таъкид намудан лозим аст, ки фаъолияти илмиву адабии шоир хеле барвақт оғоз шудааст. Мероси адабии ӯ бою рангин буда, аз асарҳои зерин иборат аст: “Луғати фурс”, “Гаршоспнома” ва панҷ мунозира. Ин панҷ мунозира дар шакли қасида ва тарзи баёни баҳси ду тарафи мутақобил эҷод шудааст. Мунозираҳо чунин ном доранд: “ Мунозираи габр ва мусулмон”, “Мунозираи араб ва аҷам”, “Мунозираи замин ва осмон”, “Мунозираи шаб ва рӯз”, “Мунозираи камон ва найза”.

“Луғати фурс” луғати тафсирии забони тоҷикии форсист, ки то ба замони мо омада расидааст. “Луғати фурс”  асосан, дар пояи маводи ашъори шоирони Хуросону Мовароуннаҳр ҷамъоварӣ ва тартиб дода шудааст. Дар ин луғати бузург роҷеъ ба сад шоири асри IX-XI маълумот дода мешавад, ки ин барои таърихи адабиёт бисёр бузург аст. Дар луғати мазкур аз ашъори устод Рӯдакӣ, Шаҳидии Балхӣ, Мунҷик, Дақиқӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Фирдавсӣ ва дигарон мисолҳо оварда шудааст. “Луғати фурс” арзиши баланди илмӣ дорад. Луғат дорои бештар аз 2000 калима мебошад. Дар луғат чун луғатҳои дигар калимаву ибораҳои душворфаҳм, камистеъмол, номи ситораҳо, вожаҳои маҳаллию лаҳҷавӣ ва як миқдор калимаву ибораҳои ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ, ва туркӣ шарҳ дода шудаанд.

Маснавии “Гаршоспнома” аз афсонаҳои қадимаи Эрони бостон буда, хеле маъруфу машҳур аст. Қиссаи “Гаршоспнома”- ро бори аввал дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз адибони асри Х Абулмуйяди Балхӣ ба риштаи таҳрир кашидааст. Қиссаи “Гаршоспнома” қисман ба забони паҳлавӣ ва дар “Таърихи Систон” ба забони форсии дарӣ оварда шудааст. Дар он ҷо Гаршосп аз паҳлавонони Систон буда, ҳамчун бобокалони Рустами Достон тасвир ёфтааст. “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ дар шакли маснавӣ бо вазни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ суруда шудааст. Достон дорои нӯҳ ҳазор байт аст. “Гаршоспнома” қаҳрамонҳои зиёде дорад: Гаршосп, Заҳҳок, Ҷамшед, Гурганг, Фаридун, Норимон ва ғайра.

Гаршосп ҳамчун марди ободиҳох тасвир ёфтааст. Падараш бошад, меҳрубону шахси ботадбир ба қалам дода шудааст.

Асадии Тӯсӣ дар достон ба масъалаҳои одобу ахлоқ дахл намуда, ақидаҳои пандуаҳлоқиро бо сифатҳои хуби инсонӣ тағрибу ташвиқ менамояд. Бартарии некиро бар бадӣ дар бисёр лаҳзаҳо тасвир менамояд. Забону услуби нигориши “Гаршоспнома”-ро махсус қайд кардан мумкин аст. Забони “Гаршоспнома”-ро намунаи барҷастаи забони шеъри тоҷикии асри ХI номидан мумкин аст.   Дар “Гаршоспнома” панду андарзҳои ҳакимона хеле фаровон аст ва он барои тарбияи насли навраси ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аҳамияти бузург дорад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив