Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзхои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатхоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад, ва барои ҳастии он чоннисорӣ мекунад.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 21 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайрахо шаҳодат медиҳанд.
Вале ислоҳоти иқтисодӣ дар шароите оғоз ёфт , ки бо пош хӯрдани ИҶШС аз як тараф риштаҳои ҳаёти иқтисодӣ канда шуда, аз тарафи дигар бо норасидани ашёи хом, қисмҳои эҳтиёти аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мутахассисони русизабон низ сабаби нарасидани як қисми нарасидани корхонаҳои саноатӣ ва таваққуфи сохтмонҳои калон гардиданд.
Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ кабул гардид, ки вай роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Ҳангоми тартиб додани барнома таҷрибаи байналхалқӣ истифода гардида, хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба назар гирифта шуд.
Дар базаи ин ислоҳот қабули қонун оид ба моликият кооперативҳо, соҳибкорӣ, андози даромад, буҷаи давлатӣ пардохти замин қабул карда шуд. Натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳоло ҳам ба иқтисодиёти давлатӣ зарбаи сахт расонида истодааст. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат кӯшишу ғайрат намуда истодааст. Иқтисодиёт роҳи бозоргониро пеш гирифтааст. Қариб ҳамаи заводу корхонаҳои нав бунёд шуда истодаанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби ва канданиҳо мебошад. Бо ёрии инвиститсияҳои хориҷӣ ва бо қувваи шаҳрвандон саноат пурра барқарор шудааст.
Тоҷикистон дорои маъданҳои бойи зеризаминӣ ва захираҳои обӣ мебошад. Аксарияти аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ва занон ташкил дода, бештари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Захираҳои зиёди меҳнатие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, метавонад иқтисодиёти онро баланд бардорад. Сарфи назар аз мушкилиҳои ислоҳоти иқтисодӣ оҳиста-оҳиста ҷомаи амал пӯшида истодааст. Дар роҳи ҳалли масъалаҳои аграрӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бо фармони Президенти ҷумҳури Э. Раҳмон аввал 50 ҳазор, баъд 25 ҳазор гектар замин ба шаҳрвандон тақсим карда дода шуд. Чунин тадбир натичаҳои дилхоҳ дод. Ҷумҳурӣ акнун аз кишварҳои хориҷ ғалла нахарида, бозори давлатии мамлакатро бо мева ва сабзавоти худ таъмин карда истодааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият: хусусӣ, коллективӣ ва давлатӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурӣ тавонист пули миллии худро ҷорӣ намуда, хусусигардонии амвол ва бозори пулиро ташкил диҳад.
Бо ташаббуси Эмомали Раҳмон ба сохтмони НБО Сангтӯда, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма – Қайроқум, нақби Анзоб шурӯъ карда шуда буд, ки пурра иҷро гардидани онҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои мутараққӣ хоҳад гузошт.
Фарҳанг ва маданияти ҷумҳурӣ низ баъди ҷанги шаҳрвандӣ зарари калон дид, аммо натиҷаҳои он бо шарофати Президент ва сиёсати хирадмандонаи ҳукумат бартараф шуда истодаанд. Қонун дар бораи фарҳанг қабул карда шуд, ки таъмини ҳуқуқии шаҳрвандон бо фаъолияти озоди фарҳангиро таъмин мекунад. Бе инкишофи маориф пешравии мамлакат ғайри имкон аст. Соли 1997 аз ин лиҳоз дар ҷумҳурӣ қариб 700 ҳазор мактабхо ба таҳсил шурӯъ карданд. 27-июни соли 1993 Маҷлис Олӣ қонун дар бораи маориф қабул кард, роҳи гузаронидани макотиби ҳамагони пеш гирифта шуд. Литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо рӯз то рӯз меафзоянд. Дар Академияи илмҳои ҶТ, ки соли 1957 ташкил шуда буд, зиёда аз 7 ҳазор кормандони илм кор ва фаъолият мекунанд. Китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳо аз соҳаҳои гуногуни илмӣ чоп мешаванд. Каналҳои нави телевизионии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар онҳо барномаҳои фарҳангӣ, тарбиявӣ ва намоишӣ нишон дода мешаванд, ки ин ҳама бо шарофати соҳибистиқлол будани Тоҷикистони азизамон мебошад.
Дар ҳақиқат шукргузори аз он мекунем, ки моҳи декабри соли 1991 вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард. Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро беш аз сад давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд. Ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли 21 соли истиқлолият мебошад.
Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.
Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.
Мо ҷавонон ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хуби огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳисси ватандории ҷавонони тоҷик ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райхон хуштар медонад.
Дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем. Ва забонҳои хориҷӣ махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ бошанд омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир мансуб меёбанд. Забондони имконияти бевосита сару кор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонида, дастраси маводи иттилоотии техникаро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад.
Аз баландиҳои шаъну шони ту,
Ман баландиҳои даврон дидаам.
Аз булури чашмаҳои равшанат,
Равшании рӯзгорон дидаам.
Истиқлолият шараф ва номуси хар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеи ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Шукргузори онам, ки миллати бузурги точик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат ҷавонон. Бале, мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдоди ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад, ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Ва инчунин барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.
Дар хақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият мукаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, ки 21 соли истиқлолият чун 21 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигзор , ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафхои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! Бигзор, истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то адаб устувору поянда бошад!
Мо ба он рӯз расидем, ки Истиқлол аст,
Мо ҳамон манзара дидем, ки Истиқлол аст.
Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,
Чун дили хеш тапидем , ки Истиқлол аст.
Комментарии (0)