Aҷобатҳои забони англисӣ


Англиси
Дар забони англисӣ фактҳои бисёр шавқовару ҷолиб ва ҳатто ғалатӣ вуҷуд дорад ки метавон дар ин ҷо бо онҳо шинос шуд:
  1. Калимаи англисии “alphabet”  аз номи ду ҳарфи аввали алифбои забони юнонӣ “alpha” (алфа) ва “beta” (бета) гирифта шудааст.
  2. Панграмма («pangram») ба ҷумлае гуфта мешавад, ки дар худ 26 ҳарфи алифбои англисиро фаро гирад. Барои мисол, дар ҷумлаи «The quick brown fox jumps over the lazy dog» (“Рӯбоҳи чаққони ҷигариранг аз болои саги танбал меҷаҳад”) ҳар яке аз ҳарфҳои алифборо вохӯрдан мумкин аст. Ё ин ки дар ҷумлаи «The five boxing wizards jump quickly» (“Панҷто сеҳргари муштзан тез меҷаҳанд”) айни ин нуқта дида мешавад.
  3. Аз ҳама ҷумали кӯтоҳтарин дар забони англисӣ метавонад аз се ҳарф иборат бошад (“I am” – “Ман ҳастам” ва “I do” – “Ман мекунам”) бо мубтадо ва хабар. Ва агар “I am” – ро то “I′m” кӯтоҳ кунем, он гоҳ тамоман аз ду ҳарф иборат мешавад.
  4. Замоне “амперсэнд” (рамзи “&”), ки дар забони англисӣ пайвандаки “ва” – ро ифода мекунад, яке аз ҳарфҳои алифбои забони англисӣ буд.
  5. Аз ҳама ҳарфҳои маъмултарини забони англисӣ R, S, T, L, N, E мебошанд. Аз ҳама бештар ҳарфи “Е” ва аз ҳама камтар ҳарфи “Q” истифода мешавад.
  6. Нуқтаи дар болои ҳарфи “i” ҷойгирбуда дар забони англисӣ TITTLE (қисмати хурдтарин/чакра) номида мешавад.
  7. Аз ҳама калимаи дарозтарин дар забони англисӣ тибқи луғати англисии Оксфордӣ “pneumonoultramicroscopicsilicovolcanoconiosis” (бемории роҳҳои нафас, ки ҳангоми нафаскашии чангҳои вулқони ва дигар ифлосиҳои ба монанди чанг вуҷуд меояд) ба ҳисоб меравад. Ҳангоми талаффузи ин калима баъди ҳар ҳиҷо бояд таваққуф кард. Калимаи мазкур аз 45 ҳарф иборат мебошад.
  8. Аз ҳама калимаи якҳиҷоии дарози забони англисӣ “screeched” (чиррос зада дод задан) ва “strengths” (тарафҳои пурқувват) мебошад.
  9. “Almost” калимаи аз ҳама дарозтарини забони англисӣ, ки дар он ҳамаи ҳарфҳо бо тартиби алфавитӣ ҷойгир шудаанд.
  10. Дар забони англисӣ калимае вуҷуд дорад, ки дар он як садонок (i) 6 маротиба такрор ёфтааст – “indivisibility” (ягонагӣ).
  11. “Goddessship” (олиҳагӣ) – ягона калимае, ки дар он ҳарфи ҳамсадо (s) 3 маротиба пай дар пай омадааст.
  12. Аз ҳама калимаи дарозтарини забони англисӣ бидуни садонокҳои “аслӣ” (a, e, i, o, u) ин: rhythm (ритм, вазн, усул) мебошад.
  13. “Four” (чор) – дар забони англисӣ ягона шумораест, ки шумораи ҳарфҳояш ба худи рақам баробар аст.
  14. Калимаи “set” (маҷмӯъ (ҳамчун исм) / гузоштан (ҳамчун феъл)) назар ба дигар калимаҳои забони англисӣ сермаънотар мебошад. Аз ҷумла, 44 маънои асосии “феълӣ”, 17 маънои асосии “исмӣ”, 7 маънои асосии “сифатӣ” ва боз маъноҳои зиёди дигареро дорост.
  15. Калимаи “racecar” (автомошинаи пойгаҳӣ), “kayak” (каяк/қаиқ) ва “level” (сатҳ, савия, дараҷа) калимаҳои палиндромӣ (калима ё иборае, ки аз чап рост ва аз рост ба чап як хел хонда мешавад) мебошанд.
  16. Ягона калимае, ки дар забони англисӣ аз 15 ҳарф иборат будаву дар он ҳарфҳо такрор намеёбанд, калимаи “uncopyrightable” (бо ҳуқуқи муаллиф ҳимояношуда) мебошад.
  17. Ягон калима дар забони англисӣ бо калимаҳои “month” (моҳ), “orange” (афлесун), “silver” (нуқра) ва “purple” (ранги арғувонӣ) ҳамқофия намешаванд. Бисёр шоирони ҳаваскор барои ёфтани ҳамқофияи онҳо кӯшиш карда, “orange” – ро (афлесун) бо “courage” (ҷасорат, далерӣ) ва “porridge” (шавла), “arrange” (ҷобаҷогузорӣ) ва дигар калимаҳои ба ин монанд ҳамқофия намудаанд, аммо аён аст, ки чунин “қофия” сохта ва аз ноилоҷист.
  18. Пайвастшавии ҳарфҳои “ough” дар забони англисӣ метавонад бо 9 усули гуногун хонда шавад. Ҷумлаи зерин хониши ҳамаи онҳоро дарбар мегирад: “A rough – coated [rʌfkəutəd] – (пашминапӯш), dough-faced [dəufeisəd] – (туршрӯй), thoughtful [ɵɔ:tf(ə)l] – (хайёлӣ), ploughman [′plaumən] – (ҷуфтгар, барзгар, заминрон), strode through [ɵru:] – (аз байни), the streets of Scarborough [′skɑ:b(ə)rə] – (Скарборошаҳр дар Англия); after filling into a slough [slau] – (ботлоқ, лойқа), he coughed [kɔfəd] – (сулфа задан) and hiccoughed [′hikʌpəd] – (ҳиққақ задан)”. (“Заминрони пашминапӯши туршрӯй хайёли аз бани кӯчаҳои шаҳри Скарборо бо қадамҳои калон – калон гузашта, баъди ба даруни лойқа афтиданаш сулфид ва ҳиққақ зад”). Мисоли равшан он аст, ки дар забони англисӣ аз ҳама мураккаб қоидаи хондан аст (аниқтараш, мавҷуд набудани қоида).
  19. Дар забони англисӣ тақрибан 800 000 калима вуҷуд дошта, аз ҳама бойтарин қатораҳои синонимӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, Президенти Амрико Бенҷамин Франклин беш аз 200 синоними калимаи “drunk” – ро (маст) – ро, аз ҷумла бо иловаи “шоҳасарҳо” – и “cherry – merry” (хуморӣ), “nimptopsical” (масту аласт) ва “soaked” (нӯшидагӣ, таршуда) ҷамъоварӣ кардааст.
  20. Аз ҳама тезгӯяки мураккабтарин дар забони анлисӣ “The sixth sick sheik′s sixth sheep′s sick” мебошад, ки ҳатто соҳибони забон аз ӯҳдаи дуруст талаффуз кардани ин тезгӯяк ба мушкилӣ мебароянд.
  21. Тибқи қонунҳои иёлати Иллинойс, дар ин иёлат бо забони англисӣ гуфтугӯ кардан манъ аст. Забони расмии иёлати мазкур забони амрикоӣ қабул шудааст.
  22. Калимаи қадимтарин дар забони англисӣ – town (шаҳрак) ва ҳамчунин, калимаҳои: bad (бад), gold (тилло), apple (себ) ба ҳисоб мераванд.
  23. Калимаи “goodbye” (хайрбод) замоне (аз забони англисии қадима) пурра ҳамчун “God be with ye” (“Худованд бо шумо бошад!”) истифода мешудааст.
  24. Калимаи англисии “slave” (ғулом, банда) ба “славянҳо” алоқаи мустақим дорад. Дар замонҳои қадим қабилаҳои олмонӣ барои ғуломӣ намояндагони славяниро ба румиҳо мефурӯхтанд.
  25. Дар забони англисӣ танҳо 4 калима ба охирбандак (пасванд) – и “dous” мавҷуд аст: “tremendous” (азимҷусса), “horrendous” (бадвоҳима, воҳиманок), “stupendous” (бузург, калон) ва “hazardous” (хатарнок).
  26. “Underground” (метрополитен, роҳи зеризаминӣ) ягона калимае дар забони англисӣ аст, ки бо “und” оғоз ва анҷом меёбад.
  27. Калимаи “queue” [kju:] (брит. навбат) – ягона калимаест, ки талаффузи он баъд аз ихтисор кардани чор ҳарфи охирин ҳам тағйир намеёбад.
  28. Танҳо ду калима дар забони англисӣ бо пайвастшавии ҳарфҳои “gry” ба охир мерасанд. Инҳо калимаҳои “angry” (“бадқаҳр”) ва “hungry” (“гурусна”) мебошад.
  29. Калимаи “triskaidekaphobia” [triskʌidɛkə′fəʊbiə] маънои “даҳшат пеш аз рақами 13” – ро дорад. Калимаи ғалатии дигар ин “paraskevidekatriaophobia” [paraskɛvidɛkə′triʌfəʊbiə] мебошад, ки маънои “тарс аз ҷумъаи 13 – ум” – ро дорад.
  30. Ҳарфи бештар маъмул, ки калимаҳо бо он оғоз мешаванд, ҳарфи “s” мебошад.
  31. Ягона калима дар забони англисӣ, ки бо ҳарфҳои “mt” дар якҷоягӣ ба охир мерасанд ин калимаи “dreamt” (шакли феълии нодурусти “dream” – “орзу кардан”) мебошад.
  32. “Stewardesses” (стюардессаҳо – пешхизматҳои тайёра) калимаи дарозтарини забони англисӣ, ки дар тугмачаҳои (клавиатура) – и компютер бо дасти чап чоп кардан мумкин аст.
  33. Калимаҳое, ки аз қисмҳои дигар калимаҳо тартиб дода шудаанд, ба монанди “blend” ё ин ки “portmanteauword” [pɔ:t′mæntəu wɜ:d] (калимаҳои омехта) номида мешаванд. Мисол, “brunch” (breakfast+lunch) (наҳорӣ+чошт), “guesstimate” (guess+estimate) (ётфан+баҳогузорӣ кардан). Дар ин ҷо қайд кардан мумкин аст, ки калимаҳои омехта ва калимаҳои таркибӣ ду чизи мухталиф ҳастанд. Мисол, калимаҳои таркибии website (сомонаи интернетӣ), blackboard (тахтаи синф).
  34. Дар забони англисӣ ҷумлаи мукаммале, ки он аз 8 калимаи якхелаи пай дар пай ва бе аломатҳои китобатӣ таркиб ёфтааст, вуҷуд дорад: “Buffalo buffalo Bufallo buffalo buffalo buffalo Bufallo buffalo”. Онро чунин тарҷума кардан мумкин аст: “Говмешони шаҳри Буффало, ки аз говмешони дигари Буффало тарсида буданд, говмешони шаҳри Буффалоро метарсонданд.
  35. Калимаи “typewriter” [′taipraitə] – (мошинаи чопкунӣ, чопгар) калимаи аз ҳама дарозтарине, ки дар тугмачаҳои (клавиатура) – и компютер дар як қатори қисми болоӣ чоп карда мешаванд.
  36. Калимаҳои англисии “salary” (маоши корӣ, моҳона) ва “salad” (хӯриш, салат) аз калимаи лотинии “sal” (намак) гирифта шудаанд. Калимаи аввал аз он пайдо шудааст, ки бо сарбозони румӣ барои харидани намак иҷозат медоданд ва дуюм бошад, румиҳо намак кардани кабудиро дӯст медоштанд.
  37. Калимаҳои англисии “dinner” аз калимаи куҳани фаронсавии “disner”, ки маънои “наҳорӣ” – ро дорад, гирифта шудааст. Оҳиста – оҳиста дар қитъаи Аврупо ва дар Англия ба ин истилоҳ тановули хӯрокро, ки дар наздикиҳои нисфирӯзӣ ба амал меояд, меномдагӣ шуданд, агар шахс ҳатто пеш аз ин наҳорӣ ҳам карда бошад. Дар асрҳои XVIII вақти хӯроки асосӣ дар давоми рӯз дуртар ва дуртар партофта мешуд ва “dinner” (хӯроки нисфирӯзӣ) аллакай ба соатҳои 7 – и бегоҳ рост меомадагӣ шуд. Дар айни замон англисҳо таҳти ин калима хӯроки бегоҳирӯзиро дар назар доранд, ҳатто агар онҳо дар хӯроки нисфирӯзӣ бештар хӯранд ҳам.
  38. Ибораи тақрибан монанд ба “ҷомадони бедаста” дар забони англисӣ бо идомаи “white elephant” (“фили сафед”) рост меояд. Мегӯянд шоҳи Сиам филеро ба шахси маъруфе, ки ба ӯ маъқул набуд, тӯҳфа карда буд. Бинобар муқаддас бедан фил кор фармуда намешуд, вале нигоҳдории он дер ё зуд хуҷаинро муфлис мекард.
  39. Калимаи “сифра” аз арабии “сифр” иқтибос шудааст, ки маънои “нол ё холигӣ” – ро мефаҳмонад. Дар бештари забонҳои аврупоӣ ин калима бо гузашти айём нишондиҳандаи дилхоҳ рамзи шуморавӣ гардидааст. Танҳо дар забони англисӣ яке аз маъноҳои калимаи “cipher” то кунун маънои “нол” ё “сафсата” – ро ифода мекунаду бас.
  40. Баъзе калимаҳо танҳо дар шумораи ҷамъ истифода бурда мешаванд. Мисол “glasses” (айнак), “scissors” (қайчӣ, миқроз), “trousers” (шим), “jeans” (ҷинс), “pyjamas” (пойҷома, шалвор). Вале ҳангоми ба вазифаи муайянкунандаи ибораи изофӣ омаданашон онҳо дар шумораи танҳо истифода мешаванд. Мисол, “trouserpocket” (қиссаи шим).

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив