Дар девони шоир ғазал мавқеи марказӣ дорад. Чун анъана мавзӯи асосии ғазал ишқ аст. Ин мавзӯъ бо тамоми ҷузъиёт: ҳиҷрону висол, сабру тоқат, васфи ҳусну ҷамоли дилбар, бевафоӣ ва сустаҳдӣ, номеҳрубонӣ, сарддилӣ ва ғайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот бо ин мавзӯъ маю бода (ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, зиндагӣ), васфи баҳор ва ҷузъиёти ин фасли арӯси сол: резиши борони найсону шилдир-шилдири ҷоришавии чӯйҳои баҳорӣ, накҳати гулҳову муаттарии насими субҳгоҳӣ, сафои самову гармои ҳаво ва монанди инҳо хеле ҳунармандона аст. Лирикаи иҷтимоии ӯ баъзан вусъати бештаре пайдо намуда, ҳатто оҳангҳои қавии сиёсӣ низ мегирад. Ба ақидаи Ҳозиқ, оҳибмансабон бояд шахсони сазовору лоиқ бошанд. На ҳар як шахс аз ӯҳдаи корҳои роҳбарӣ баромада метавонад. Дар системаи роҳбарӣ бояд принсипи ҷиддие ҳукмрон бошад, то ин ки шахсони тасодуфии беистеъдод ба мансабҳои баланди давлатӣ соҳиб шуда натавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки агар шахси нолоиқе сари мансабе ояд, он гоҳ ҷомеъа дучори мушкилиҳои сершумор хоҳад шуд. Яъне ба ин восита лирикаи шоир ҷанбаъҳои воқеии ҳаётӣ гирифта, ба ҳаёти ҷамъият ва рӯзгори мардум бештар наздик мешавад. Шоир таъкид ба таъкид мегӯяд, ки шахсони ҳариси ҷоҳу мансабро набояд имкон дод, ки ҳадафҳои палиди худро амалӣ намоянд. Баръакс, пеши роҳи онҳоро бояд гирифт, то ин ки мардум аз ин тоифаи кӯтоҳ назар халос бошанд:
Баски масти бодаи ҳирсанд абнои замон,
Табъашон хуни падар аз шири модар мекашад.
Дар оғози расидан ба ҳадаф баъзан ин тоифа усули кори худро дигар хел намуда, рафтори чоплусонаро пеш мегиранд. Ҳамин ки ба ҳадафҳои ниҳоии худ расиданд, ҳамон замон тағйир меёбанд. Ба ин маънӣ шоири мушоҳидакор огоҳ месозад, ки ба тавозӯи сохтакоронаи мансабхоҳон фирефта набояд гашт. Бояд гуфт, ки Ҳозиқ шоирест, ки ба қадри сухан ва суханвар бо тамоми ҳастии худ мерасад. Ӯ суханро дурру гавҳар мегӯяд, вале шеърро, хусусан сухани матини манзумро афзал мешуморад, яъне агар сухани насрӣ, ки он ҳам дурру гуҳар аст, накӯ аст ва агар манзум гардад, накӯтар хоҳад гашт.
Комментарии (0)