«Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик»


Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ба ин асари худ ду ном гузоштааст: «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» («Воқеаҳои роҳ ва–масофаи байни мамлакатҳо») ва унвони дигари ҳамин асар «Ғароиб-ул-хабар фи аҷоиб-ус-сафар» («Ҳикоёти ғариб аз аҷоиботи сафар») мебошад. Ин асари сафарӣ буда, соли 1887 таълиф шудааст. Асар зоҳиран ба ҳокими вақт амир Абдулаҳад бахшида шудааст. Ин асар аз муқаддима, бахши асосӣ ва хотима иборат аст. Муқаддимаи асар суннатӣ буда, аз таҳмид, наът оғоз мешавад ва муаллиф дар ҳамин бахш мақсади худро аз сафари Ҳиҷоз баён менамояд.

Дар қисмати асосии асар Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тасвир менамояд, ки ӯ соли 1886 чӣ гуна бо нияти ба ҷо овардани маросими ҳаҷ ба сафари Ҳиҷоз баромадааст. Возеҳ аввалан роҳи хешро тариқи саҳроҳои Туркманистон, шимолии Эрон, соҳилҳои баҳри Хазар (Каспий), қаламрави мулки Қафқоз, баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин ва баҳри Сурх ба Ҳиҷоз рафта расидааст. Пас аз адои маросими муқаддаси ҳаҷ ӯ зимистони соли 1887 тавассути роҳҳои Эрон ба Бухоро омадааст. Дар ин асар оварда мешавад, ки муаллиф ҳангоми мусофират бисёр шаҳрҳои мутараққии олам мисли: Марв, Ашқобод, Боку, Искандария, Машҳад, Ироқ, Эрон ва ғайраро дидааст, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат, рӯзгор, забон, маданият, муносибат, пешрафт, усули давлатдорӣ, ободонии шаҳрҳо, машғулияти халқҳои ин ё он шаҳру кишвар, боигарии онҳо, истеҳсолоту истеъмолоти онҳо, зироату боғдориҳо, дарёҳо, иқлимҳо, раставу бозорҳо, масҷиду мадрасаҳо, таълимкадаҳо, машғулияти дӯстдоштаи баъзе халқу кишварҳо ва ғайраро мушоҳида намудааст. Возеҳ, хусусан ба шаҳрҳои Боку, Тифлис, Батуми ва дар як қатор шаҳрҳои Русия ва ғайра чанд муддат меистад, аз ободонию маданият ва усули кишвардории онҳо амирро мехоҳад огоҳ созад. Ҳатто амирро барои беҳбудии мамлакат ба чораҷӯӣ мехонад, вале бисёр афсӯс, ки хидмати адибро дар Бухоро ба амир чоплусҳову чокарони ӯ дигархелтар шарҳ медиҳанд, ки амир Абдулаҳад ба Возеҳ ба чашми таҳқир менигарад. Миёни шоҳ ва шоир низоъ ба амал меояд. Ғояҳои пешқадам ва маърифатпарваронаву маорифхоҳонаи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар ин асар, дар он ҳам зоҳир мегардад, ки шоир маданият, санъат, илм ва фарҳанги пешқадамро тарғиб мекунад. Бояд гуфт, ки аввалан асар барои тарғиби макони муқаддаси ислом, Макка ва Мадина, ба ҷо овардани ҳаҷ таълиф шудааст ва муаллиф аслан ҳамин ҷиҳатро мехоҳад ба мардум шиносонад. Зеро дар ин муддат робитаи Бухоро ба Шарқу Ғарб чандон ҷоннок набуд ва аз ин рӯ, Возеҳ мехоҳад мардумони Бухоро ва атрофи онро бо муқаддасоти исломӣ шинос намояд ва ба хусус, насли миёнсол ва ҷавони қаламрави Бухороро бештар воқиф созад. Танҳо пас аз роҳ ёфтани Русияи подшоҳӣ, бо вуҷуди бисёр ҷанбаъҳои манфӣ, тарафҳои пешқадам низ ба мушоҳида мерасад ва ин ҷанбаи пешқадам пайвастан ба тамаддуни Ғарб ва техникаву тахнологияи Аврупо мебошад. Возеҳ дар ин ҷода то ба дараҷае пайрави Аҳмади Дониш аст, зеро ӯ мутаассиб нест. Возеҳ бештар ба он шаҳрҳо рафта буд, ки он ҷойҳо нисбат ба Бухоро хеле пешрафта ба шумор мерафтанд. Возеҳ асосан ба се ҷиҳат бештар диққат додааст:

а) сохтори сиёсии кишварҳо, мамлакатҳо,

б) сатҳи рушди иқтисодиву сиёсӣ,

в) ҳолати илму маданият, адабиёту ҳунар, техникаву технологияи то дараҷае пешрафта.

Возеҳ ба шаҳри Марв аз он ҷиҳат таваҷҷӯҳ мекунад, ки он аллакай тавассути роҳи оҳан ба Аврупо пайваста буд. Ӯ менависад:

«Аз ҳангоми убури доӣ (яъне ман, банда) то алҳол, ки ёздаҳ моҳ аст, Марв бисёр обод шуда ва тафовути куллӣ дар умроноту (ободонӣ) асвоқ (бозорҳо) ба ҳам расонидааст. Ва ба ҷиҳати дарё пуле сохтаанд муштамил бар сездаҳ хона аз чӯб…» Ё худ дар тасвири осиёби шаҳри Истамбул менависад: «Мошин дошт,–ки сабӯсро аз орд ҷудо мекард ва мошини дигар дошт, ки орди аълоро аз авсату (миёна) адно (пасттар) имтиёз медод». Возеҳ ин ҳама техникаву технологияро аз мувофиқати илму амал ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ медонад. Возеҳ Теҳронро аз он ҷиҳат тасвир мекунад, ки дар баробари мадрасаҳо мактабҳои усули нави ҳарбӣ-низомӣ ва техникаву технологияи Аврупоиро кор гирифтааст. Ӯ менависад:

«Ба иморати муаллимхонаи шаҳрӣ рафтем, ки ба даруни ҳуҷароти онҳо мардумон ва кӯдакони дигар ҳастанд, ки забонҳои мухталифа аз русиву фарангӣ ва арабию юнонӣ ва ғайра илми низоми сарбозӣ таълим медиҳанд». Ҳангоми сафар Возеҳ ба бисёр миллатҳо ва намояндагони динҳои дигар вомехӯрад. Ӯ ба як тан тоҷири арман дар бораи худ чунин нақл мекунад: «Ман марди толибилми фақирам ва на моле хариданӣ ва на бизоате фурӯхтанӣ дорам. Он чӣ ман дорам, ҳамин мояи илму ҳунар аст, ки касе онро намеписандад…»

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив