Бузургон тору нахҳои беришимро зиннати дунё гуфтанд.
Ҳар як соҳаи фаъолияти инсон таърихи пайдоиш ва тараққиёти худро дорад. Истеҳсолӣ шоҳӣ чун як шуғли муштараки кишоварзону ҳунармандон таърихи қариб панҷҳазорсола дорад. Мардуми сарзамини мо аз асрҳои V-VII , ба ин кор шуғл варзиданд, ва шоҳи суғдӣ замоне аз дастранҷи ҳунармандони Чин монанӣ надошт.
Конибодом чун шаҳре дар канори роҳи абрешим бо анъанаҳои дерини худ дар парвариши кирмак ва истеҳсоли пила машҳур аст. Дар деҳот, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаи фаръии «Пиллаи Конибодом» дар даҳсолаи охир як силсила кирмакпарварони бо таҷриба, мутахассисони баландихтисос арзи ҳастӣ намуданд, ки меҳнати самаранок ва таҷрибаи пешқадамашон пайваста мавриди омӯзиш ва дастгирии ҳамкасбон аз навоҳии дигар қарор мегирад. Сарвари имрӯзаи корхонаи фаръии «Пиллаи Конибодом» Р. Бобоҷонов яке аз онҳост. Вай бо ташаббускорӣ, навооварӣ ва таҷрибаҳои пешқадамаш дар рушди соҳа саҳми гузошта меояд.
Кирмакпарварӣ як фаъолияти истеҳсолии аксарияти мардуми деҳотро ташкил медиҳад. Оилаҳое ҳастанд, ки бо чанд насли хонадони худ тӯли даҳсолаҳо анъанаҳои кирмакпарвариро давом дода меоянд. Чуночи оилаи Ибодат Бобоҷонова ва Лола Носирова аз ҶС «ирам», Зайнабҷон Бердиева ва Малика Искандарова аз Ҷс ба номи Э. Бойматова, Қурбон Норқузиева, Нодира Тоҷибоева ах АХД «Дӯстӣ» ба ин гуфтаҳо мисоли равшананд. Онҳо на танҳо ба даст овардани ҳосили баланди пила вазифаи худро чун узви хоҷагии кишоварзи бо масъулияти баланд ва хуб ба ҷо меоранд балки чун мактаби таҷрибаи пешқадам ҳамасола ба пешрафти соҳа ёри мерасонанд. Мушкилоти муваққати иқтисодию молиявии хоҷагиҳои кишоварзи низ чунин устодони шуғли аҷдодиро дилсард наменамоянд ин дурандеши ва суботкории кирмакпарварони асил шоистаи таҳсин аст зеро ин соҳа дар сарзамини мо ояндаи калон дорад баробари тарққиёти саноати сабук ва ривоҷи корҳо дар соҳаи кишоварзӣ маҳсули дасти кирмакпарварони мо шоҳии тоҷик эътибории азалии худро хоҳад ёфт.
Корхонаи фаръии пиллаи ноҳия дар солҳои мавҷудияташ бурду бохтҳои зиёде дошт чанд сол қабл дастранҷи кирмакпарварони мо гӯё бехаридор ҳам монд музди меҳнати онҳо низ саривақт пардохт намешуд бояд гуфт, ки дар ин масъала ҳоло ҳам норасоиҳо вуҷуд дорад, вале ҳайати имрӯзаи коргоҳ тадриҷан вазъи корҳои истеҳсоли фурӯши пилларо ба низом оварда истодаанд мутахассисони коргоҳ баробари ҳалу фасли корҳои зиёди агротехники ва ташкили хариду фӯрӯши дастранҷи кирмакпарварон инчунин қариб ҳар соло ид ба ин ёон тарзу усули нави парвариши кирмак ташаббусу навҷӯие зоҳир мекунанд. Усули нави парвариши кирмак дар инкубаторияҳои марказонида шуда ки ихтирои коргоҳи пиллаи Конибодом аст аз ҷониби раиси вилояти Суғд муовини аввали раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Р.Қосимов ва кирмакпарварони вилоят дастгирӣ ёфт, ки ин бесабаб нест. Ин усул имкон медиҳад, ки тавасути ғамхории кормандони коргоҳи пилла ки масъулияти парвариши кирмакро дар давраи аввал ба зиммаи худ гирифтанд кори кирмакпарваронро осон менамояд. Соли ҷори ин таҷриба бо нишондиҳандаҳои хуб дар амал тадбиқ шуда истодааст.
Дар баробари дастовардҳо бояд гуфт, ки дар соҳаи кирмакпарварӣ ҳоло захира ва имкониятҳои истифода нашуда ҳамаи чораю тадбирҳоро андешида мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кирмакпарвар пеш аз ҳама аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ба кор зиёдтар ҳавасманд бошад танҳо бо ҳамин роҳ масъалаҳои миқдору сифати маҳсулотро ба кули беҳтар намудан мумкин аст. Вақти он расидааст, ки баробари соҳаҳои дигар дар ин соҳа низ ба маданияти меҳнат аз ҷумла нигоҳубини кирмак парвариши тутзорҳо ва ғайра аҳамияти калон диҳем.
Дар шаҳру ноҳияи мо барои ташкили намунавии парвариши кирмаку коркарди пила ҳамаи имкониятҳо мавҷуд аст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр инро ҳамеша дарк менамояд ва минбаъд низ мутахассисони ин соҳа кули кирмакпарваронро ҳамаҷониба дастгири карда соҳаи кирмакпарвариро ба соҳаи фоиданок табдил медиҳад. Конибодом бо мардуми меҳнаткашу матинирода ва собитқадаму заҳматқаринаш ифтихор дорад, к иду соли охир он тадбирҳою таҷрибаи нав ҳама амали гардиданду натиҷаҳои судбахш оварданд. Кирмак дар ду давраи нахустини нигоҳубини худ дар инкубаторҳо парвариш меёбад. Ин тарзи кор ба сарфаи баргу сарфаи вақту меҳнат мусоидат менамояд. Пештар кирмакпарвон танқисии барг ба ноҳияҳои дигари вилоят мебурд, ки ҳоло масъала ба пурраги ҳалли худро ёфтааст. Ногуфта намонад, ки ин сол бо паст омададани вазъи обу ҳавои кишварамон ва хунук задании дарахтони меваҳо туту баргон нигоҳ накарда кирмакпарварони шаҳрамон аз ӯҳдаи пилласупорӣ баромаданд. Алалхусус кирмакпарварони Ҷамъяти Саҳҳомии Э.Бойматова аз ӯҳдаи пилласупори барзиёд иҷро намуданд. Тамоми кирмакпарварони кормандони корхонаи фаръии пиллаи Конибодом ба мутахассисони соҳаро бо ин мувафаққияташон табрик мегӯем ва дар корҳояшон барорҳо орзу дорем.
Абрешими Конибодом
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Садриддин Айни - омӯзгор ва тарбиятгари насли наврас
Комментарии (0)