
СОЛҲО | МАЪЛУМОТҲО |
1642 | Математики 19-солаи фронсави Блез Паскал (1623-1662) дар чаҳон аввалин шуда мошини ҳисоббарории (арфометр) механикиро ихтироъ намуд. |
1694 | Математики барчастаи немси Готфрид Вилгелм Фон Лейбнитс (1646-1717) мошини нави ҳисоббарориро ихтироъ намуд, ки ғайр за чор амали математики боз аз решаи квадрати низ ададҳоро бароварда метавонист. |
1830 | Олими намоёни асри XIX, математики англис Чарлз Беббич (1792-1871) лоиҳаи мошинеро пешниҳод намуд, ки ба ихтирои компютерҳои ҳозиразамон асос гузошт. Аз ин рў вайро ҳамчун асосгузори компютер дар чаҳон ном мебаранд |
1937 | Профессори Донишгоҳи Айоваи ИМА-булғор Чон Атанасов мошини ҳисоббарорие ихтироъ намуд, ки барои ҳалли масъалахои физики ва математики пешбини шуда буд. |
1944 | Мошини религии Mark-1, ки лоиҳаи онро корманди Донишгоҳо Говарди ИМА-Говард Айткен пешниҳод намуда буд, аз тарафи фирмаи IBM сохта шуд. |
1945 | Математики барчастаи америкои Чон Фон Нейман аввалин шуда, дар баробари маълумоти ададии додашуда, барномаи коркарди он низ ба хотираи мошин дохил намуданро пешниҳод намуд. |
1946 | Дар ИМА аввалин мошини электронии ҳисоббарор бо номи ENIAC, ки муаллифони он кормандони Донишгоҳи Пенсилван – Преспер Эккерт ва Чон Мочли буданд, сохта шуд. |
1949 | Аввалин компютери дар асоси принсипи Чон Фон Нейман амалкунанда дар Англия аз тарафи Морис Уилкс ихтироъ карда шудааст. |
1951 | Мошини электронии ҳисоббарори бо номи МЭСМ дар Русия сохта шуд. |
1954 1965 1974 1978 1983 | Дар тамоми чаҳон тақрибан 100 МЭҲ сохта шуда буд. Минбаъд ин шумора: 40000 адад; 215000 адад; 580000 адад; қариб 2 миллион адад ва айни ҳол миқдори онҳо ба якчанд миллиард расидааст. |
1982 | Компютери нав бо номи IBM PC (Ай-Би-ЭМ Пи-Си) ба чаҳониён муаррифи карда шуд, ки ба ҳамагон писанд омад. Ҳоло бошад IBM PC дар ду намуд – рўи мизи ва портативи (NoteBook – Блокнот – Дафтарча) истеҳсол карда мешавад. |
Комментарии (0)