Садриддин Айнӣ
Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Устод Садриддин Саййидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфта, айёми баччагияшро дар миёни аҳли заҳмат сипарӣ намудааст.
Ҳангоми мактабхонӣ бо намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Сойиб, Бедил ва диг. устодони шеъри классикии форсии тоҷикӣ шиносоӣ пайдо кардааст.
Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд.
Солҳои 1935-1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд.
Абулқосим Лоҳутӣ
Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст.
Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст.
Соли 1907 аввалин шеъри ӯ – қасидаи «Ҳуббулватан» дар моҳномаи «Ҳаблулматин» (Калкутта) чоп шудааст.
Мирзо Турсунзода
Устод Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст.
Ашъори баъдиҷангиаш дар маҷмӯаи «Тӯҳфаи ҷавонӣ» (1947) фароҳам омадаанд.
24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт.
Мақбараи шарифи ӯ дар «Мазористони Лу-чоб» қарор дорад.
Мирсаид Миршакар
МИРСАИД МИРШАКАР 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд ёфтааст.
Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст.
Соли 1993 аз олам даргузашт.
Раҳим Хошим
РАҲИМ ҲОШИМ 5 октябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Номзади илми филология (1963).
Таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ аз шуғлҳои дигари Раҳим Ҳошим буда, солҳои 1929-1931 китобҳои дарсии «Ҷаҳони нав», «Сохтмони нав», «Китоби қироат», «Забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои русӣ), «Алифбо» (дар ҳамқаламии В. Любенсов), «Роҳи нав», «Панҷ дар чор» (ҳамроҳи Устод Айнӣ, Пайрав ва В. Любенсов)-ро ба табъ расондааст.
24 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
Тӯрақул Зеҳнӣ
Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов) - (1892 - 1983), шоир, адабиётшинос ва забоншинос, маорифпарвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Фаъолияти эҷодиаш ҳамчун шоир оғоз ёфтааст (1919-1920). Ашъори ҳаҷвӣ, мақолаҳои танқидиаш бо тахаллусҳои “Сомонӣ”, “Рустам”, “Мушфиқӣ”, “Қӯчқор”, “Мулло” дар маҷ. ва рӯзн. “Шӯълаи инқилоб”, “Дониш-биниш”, “Раҳбари дониш”, “Барои адабиёти сотсиалистӣ”, “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик” чоп шудаанд. Зиёда аз 300 мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои мухталифи таър. адаб. класс. ва сов. тоҷ., роҷеъ ба илмҳои адабиётш., фолклорш. ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Аввалин тарҷ. повести Н.В. Гогол “Шинел” (1928).
Яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна:
“Омӯзиш” (1928, бо ҳамқаламии В.Маҳмудӣ), “Сарфи забони тоҷикӣ” (бо ҳуруфи форсӣ, 1930, 1933, бо ҳамқаламии Б.Ҳоҷизода ва Л.Бузургзода), “Сарф” (бо ҳуруфи лотинӣ, 1935 бо ҳамқаламии Ҳамид Бақозода),
“Таронаҳои бачагон” (1927).
Комментарии (0)