Мақоми афсонаҳо дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол


АфсонахоМақсаду вазифаҳои ниҳонии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, сохиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.

Мақоми афсонаҳо дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол басо бузург аст. Симои маънавии кӯдак пеш аз хама дар протссеси фаъолияти ҳархела: таълим, меҳнат, бозӣ, дар корҳои фонданоки ҷамъиятӣ ва дар протссеси муошират бо одамони гирду атроф ташаккул меёбад. Илова бар ин, таълими афсона кӯдаконро барои бо донишу қоидаю қонуни ахлоқ мусаллаҳ намудан, аҳамияти калон дорад. Хонандагони хурдсол дар рафти шунидан ва хондани афсонаҳо меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунанд. Дар байни тасаввуротҳои маънавӣ аз ҳама комилтару гуногуншаклтар масъалаҳои рафоқат аст. Мувофиқи фаҳммши толиболмони хурдсол дар масъалаи рафоқат ҷои асосиро таърифу тавсифи симои ахлокии ҳамсолон ишғол менамояд. Хонандагони синфхои ибтидоӣ ҳангоми шунидани нақл ва хондани афсонаҳо хулоса мебароранд, ки рафиқ бояд меҳрубон, софдил, сахӣ, гапдаро, вафодор буда, кинагир ва хасис набошад. Хонандагони хурдсол ба сифатхои қаҳрамонҳо дар афсона қиёсан ҳамаҷониба баҳо дода метавонанд. Муаллим бояд инро ба назар гирад ва ин қобилиятро ҳангоми ба ҳодисаҳо баҳо додани аҳли синф ва ҳангоми ташаккул ёфтани афкори дар байни онҳо ҷамъиятӣ истифода барад.

Мактаббачагон дар афсона он қаҳрамононе, ки онҳо бо якдигар муноқиша мекунанд, эрод мегиранд, ҷанг мекунанд рафиқони бад меноманд. Акнун дар кӯдакон тасаввурот ҳосил шудааст, ки то ҳадде рафтори бад накунанд, то ки рафиқони хуб дониста шаванд.

Барои ошкор намудани тасаввуроти кӯдакон дар бораи адолат аз рӯи афсонаи хондашуда сӯҳбат гузаронида шуд. Афсона дар мавзӯи ахлоқ имконият медихад, ки як мавод ба ҳар як кӯдак пешниҳод карда шавад ва ҳамроҳи онҳо ҳангоми як ҳодиса муҳокима карда шавад. Таълими афсона дар тасаввури мактаббачагони хурдсол некию меҳрубонӣ карда тавонистан, ба мадади касе расидан, саховат ва ғамхорӣ нисбат ба рафиқон, калонсолон ва ниёзмандон зоҳир намуданро ҳосил менамояд.

Сарчашмаи асосии ҳосил намуднаи дониш – шиносоии кӯдакон бо афсонаҳои мароқовар мебошад. Афсонаҳо дар бораи ахлоқ пеш аз ҳама ба мактаббачагони хурдсол заруранд, чунки дар кӯдакон ҳангоми мутолиаи афсонаҳо нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ инкишоф меёбанд. Хонандагон бошуурона хондан, нақл кардан ё навиштан, нақша тартиб додан, хулоса бароварданро ёд мегиранд.

Мактаббачагони хурдсол дар натиҷаи хондани китобҳои бадеӣ, яъне китобчахои афсона шавқу ҳавасашон доир ба ҳунаромузӣ зиёд мешавад, инчунин мустақилона мутолиа намудани китобҳоро ёд мегиранд ва ин шуури онҳоро тарбия карда, тасаввуроти онҳоро хеле бою равшан мегардонад.

Афсона ҳамон чархест, ки хусусиятҳои нозуктарини таффаккури фардии ҳар бачаро тез мекунад ва дар баробари хамин дили бачаро ба бачаи дигар во мекунад, дар коллективи бачаҳо муносибатҳои нозуки интеллектуалӣ ба вучуд меоварад. Дар мактаби мо бачаҳое ҳастанд, ки таҳсил барояшон хеле душвор аст. Ҷараёни таффаккури ин кӯдакон хеле сусту батаъхир ва кувваи хофизаашон бағоят сует аст. Бинобар ин, ман бо ин гурӯҳи бачаҳо чӣ хеле, ки дар сатрҳои боло қайд намудам афсона бачаҳоро рӯҳбаланд месозад, шавқу завқ, хушбахтӣ ба бачаҳо меорад, агар афсона намебуд, онҳо бадбахту бенасиб монда, бовариро аз қувваи фикрии худ канда, чаласавод ва одамони ноқису кӯтоҳандеш ба воя мерасанду бас.

Вақте ки ман кӯдаконро ба экскурсия мебурдам, он ҷой ҷойи мӯҷизанок буд, дар фасли зимистон дар таги кӯҳ аз зери харсанги бузург оби гарм ҷорӣ мешуду болои кӯҳ ва пуштаҳо барфпӯш буданд. Ана дар ҳамин ҷойи афсонавӣ аз худ афсона бофта нақл мекардам бачаҳо бо тамоми ҳиссиёт ва завки бепоён гӯш мекарданд. Ана он афсонае, ки ба бачаҳои синфи 2-юм гуфтам:

Марди хасис

Рӯзе марди хасис ба тарафи қалъаи Каҳ – каҳа сафар кард. Дар наздикии калъа ҷашмаи хушманзараи хуш боду ҳаво воқеъ буд. Ин чашма боби тамошо буд. Одамони саховатманд ба мақсад мерасиданду одамони хасис бошанд, аз ин ҷойи мӯъҷиза бематлаб, бемақсад мерафтанд.

Дар наздикии чашма як марди чоруқдӯз зиндагӣ мекард. Марди хасиси дар даст пӯсти бузи кӯҳӣ дошта ба тарафи ҳуҷраи чоруқдӯз раҳсипор шуд. Ба назди чоруқдӯз расиду хоҳиш намуд, ки аз ин пӯст ба ӯ чоруқ дузад.

– Хеле хуб, – гуфт чоруқдӯз-медӯзам.

Он мард аз ҳуҷраи чоруқдӯз баромаду фикр кард.

– Ин ҷо ҷойи мӯъҷиза аст, шояд ба мақсадам расам. Аз ин пӯст ду чоруқ дӯхтан мумкин аст, охир ин пӯст калон аст. Боз ба назди чоруқдӯз омаду гуфт:

– Усто, ин ҷо ҷойи муқаддас аст, ту метавонӣ аз ин пӯст барояям дуто чоруқ бидӯзӣ?

– Барон чӣ надӯзам, албатта медӯзам!

– Ин тавр бошад, дуто бидӯз, гуфт он мард ва рафт. Каме роҳ рафту фикр   кард  ва  баргашту   пурсид:

–   Усто,   аз   ин   пӯст  сето   чоруқ  дӯхта наметавонӣ?

–   Чаро не? Сето ҳам медӯзам.

–   Чандтое, ки хоҳӣ медӯзам.

–   Марди хасис хурсанд шуду пурсид:

–  Нӯҳто ё беҳтараш даҳто дӯхта наметавонӣ?

–  Чаро наметавонам? Даҳто ҳам метавонам.

–  Пас бароям даҳто чоруқ бидӯз!

–   Бисёр хуб, даҳто медӯзам. Баъди ҳафт рӯз биё.

Марди хасис баъди як ҳафта ба назди чоруқдӯз омад ва пурсид:

–  Чоруқҳои маро дӯхтӣ?

–  Дӯхтам! – гуфт усто. Ва рафту чоруқҳоро гирифта овард. Вале онхо чунон хурд буданд, ки ҳатто ба лӯхтакҳои хурд ҳам пӯшонда намешаванд. Мард ҳайрон шуду пурсид:   .

–  Чаро чоруқҳо ин қадар хурданд?

–  Худат фикр кун, гуфт устои чоруқдӯз.

Марди хасис даҳто чоруқи хурдакакро гирифта рафт ва ҳамеша фикр мекард:

Барои чӣ чоруқҳо ин қадар хурд шуданд? Чаро?

Эҷодиёти муқаддим, фикре, ки дар каломи бадеъ таҷассум ёфтааст, шарораест, ки шӯълаи эҷодиёти бачаҳоро фурӯзон мекунад. Чашмони бача зирактар, нигоҳаш бодиққаттар, фикраш кунҷковтар мегардад. Дар шуури бача афсона пайдо мешавад. Бача дар атрофаш афсонаро дида, аз шодӣ ба ҳаяҷон меояд. Вай мехоҳад, ки фикрашро ба рафиқонаш баён кунад. Инак афсонаи офаридаи бачаҳои ҳаштсоларо мисол меорам.

Симои ҳаштсола афсонаи офаридаи худро «Бачаи бераҳм» – ном ниҳодааст.

Гунҷишкак дар ошёнаи ҳавлиашон лона сохт.  Ӯ дар лонааш тухм гузоштааст. Як рӯз бинам, ки се то чӯҷа сар аз лона бароварда чир-чир мекарданд. Фаҳмидам, ки модарашонро интизоранд. Як рӯз дидам, ки яке аз чӯҷаҳои гунҷишк ба замин афтида бачаи ҳамсояамон онро бардошта ба тарафи хонаашон равон шуд. Модари гунҷишкак аз қафои он болзанон гоҳ ба боло, гоҳ ба поён бол мезад. Ва мехост, ки бачаашро аз дасти ин бачаи бераҳм халос кунад. Аммо писарак инро пай набурда, чӯҷаҳоро бурда дар як кунҷи хавлиаш партофтааст. Ман ин аҳволро дида ба ҳавлии писарак рафтам хостам, ки чӯҷаҳоро гирфта оварда дар лонааш монам. Афсӯс, ки дар вақташ нарасидам. Бо ин бачаи бераҳм ҷангӣ шуда:

– Чаро чӯҷаҳоро аз ҳавлии мо гирфита бурдӣ? Мarap, нафаҳмидӣ, ки оча доранд?

– Чӯҷаи мурғи шумо нест – гуфт писарак. Рав, маҳмадоноӣ накун! Ин гапҳои моро бобои Сӯфӣ шуниду гуфт:

– Духтарам, аз гуфтаҳои ӯ наранҷ, «Чоҳкан, зери чоҳ гуфтаанд».

Аз ҳавлиашон баромада ба хона омадам. Пагоҳӣ ба мактаб рафтам ин воқеаро нақл кардам. Дарсҳоям ба охир расиду дугонаам Саврӣ давида омад.

– Дугонаҳоям бачаи – дина гуфтагиатон аз болои дарахт афтида ҳарду пояш шикастанд. Ана, дидед бачаҳо аз бадӣ кас ба мақсад намерасад.

Муносибатҳои интеллектуалии кӯдаконро бе афсона ба худ тасаввур карда наметавонам.

Афсона тухмест, ки дар майнаи бача аз рӯи он баҳои эмосионалии ҳодисаҳои ҳаёт мерӯяд. Бача оламу ҳамсолони худро дарк мекунад. Муаллим ва волидайнашро бо тарзи худ дарк мекунад. Андешахои вай ба воситаи болу пари афсона ба олами ҳақиқат нигаронида шудаанд.

Афсона гаҳвораи фикр аст, пас барои мо омӯзгорон лозим аст, ки тарбияи бачаро тавре ба рох монда тавонем, ки вай гаҳвораро як умр нигох дорад.

Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт ва баҳои ҷомеа аст.

Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон ,«Дар бораи маориф» волидайн ва шахсони ивазкунандаи онхоро ба тариқи зайл вазифадор мекунад: «барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии бача пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд»: ҳуқуқ ва қадри бачагонро ҳимоя намоянд: фарзандашонро дар рӯҳия башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси некӯкорӣ, раҳмдилӣ, муносибатҳои боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар халкҳо тарбия намоянд.

Тарбияи кӯдак аз оила cap шуда, фаъолияти муҳимтарину аввалини ҷамъиятии фардии қарзу вазифаи фардии ӯст. Аксарияти кулли волидайн инро бисёр хуб мефаҳманд.

Муаллими синфҳои ибтидоӣ ва падару модарон тарбиятдиҳандагони асосии мактаббачагони хурдсол мебошанд. Аз ин рӯ, самаранокии кори тарбиявии муаллим аз бисёр ҷиҳат аз кор бурда тавонистан бо падару модарон, бо онхо ҳамфикрӣ кардан, ба ёрӣ ва мадади онхо такя кардан вобаста аст.

Шаклу усулҳои ҳамкорӣ бо оила зиёд аст. Ҳангоми сӯҳбат бо падару модар маълум мегардад, ки қисме аз оилахо ба мутоила намудани китобҳои бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои бачагона диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Бинобар ин, аз пешрафти хонандагон дар мактаб маълум мегардад, ки дар онҳо ба хондани ҳикояю афсонаҳо шавку ҳаваси зиёд пайдо шудааст.

Афсона дар тарбияи ахлоқии кӯдакон дар оила нақшии басо муҳимро ишғол мекунад. Аксарияти бачахои хурдсол гӯш кардани афсона, хондани китобчаҳои шавқоварро дӯст медоранд. Аммо худашон китобро интихоб карда наметавонанд. Бинобар ин, бисер мухим аст, ки калонсолон ба дар хондан ва мутоилаи китобҳо ба кӯдакон кӯмак кунанд.

Ба китобхонии кӯдакон аҳамият дода истода,  шавқу завқи фардии

кӯдаконро ба хисоб бояд гирифт. Бачагон хусусан писарон, аксар вақт ба адабиёти саргузаштӣ майлу рағбат доранд.

Аз ин рӯ, ҳатман ба он бояд кӯшид, ки китобҳо аз ҷиҳати мавзӯъ гуногун бошанд: афсонаҳо, ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот, саргузаштҳо, афсонаҳо дар бораи қаҳрамонҳо, тилисмшиканхо, оид ба меҳнати осоиштаи калонсолон ва кӯдакон, дар бораи Ватан ва ғайраҳо.

Барои кӯдакони хурдсол дар оила падару модар, ё ин ки бобою бибиашон афсонаҳои ачҷибу ғарибро нақл кунанд, китобчаҳо ё рӯзномаҳоро бо овози баланд хонанд.

Аз таҷриба: Ман, байни падару модарон лексияҳои педагогӣ-психологиро ташкил намудам. Нақшаи тахминии онро тартиб дода чунин сӯҳбатҳоро ба нақша гирифтам:

1. Интихоби китоб барои хондан.

2. Чӣ бояд кард, ки агар кӯдак хонданро дӯст надорад.

3. Китобҳо чӣ гуна бошанд ва ғайраҳо.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар баҳсу мунозираи мавзӯҳо аксарияти волидайн аз таҷрибаи хеш ҳарф мезаданд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки дар қисме аз оилаҳо ба хондани китобҳо, ё ин ки нақли афсонаҳо ҳикояҳо ба кӯдакон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Гапҳо умумӣ нашаванд аз таҷрибаи яке аз волидони синфам мисол меорам.

Модари толибаи синфи 2 Умеда – апа аз таҷрибаи хеш чунин нақл кард: «Дар кӯдакони ман завқи китобхониро бибиҷонашон бедор кард. Бибиашон зани рӯзғордидаю меҳнаткаш ба фарзандонамон афсонаҳои гуногунро аз ҳаёти он замон, қисмашро худашон бофтаю сохта карда нақл мекард. Бачаҳо бо тамоми завқ ба бибиашон гӯш мекарданд.

Ман, пай бурдам, ки кӯдаконам ба қаҳрамононе, ки дар афсона бадхоҳанд, нафрат мехонданд ва ба қаҳрамонҳои мусбӣ пайравӣ мекарданд».

Вакте ки бибиашон афсонаи «Кали айёр» – ро нақл кард: Бачаҳо чунон бо завқ гӯш мекарданд, ки гуё худашонро дар нақши «Кали айёр» тасаввур намуданд. Модоме, ки афсона тамом шуд ба бибиашон чунин ваъда доданд, ки мо «Кали айёр мешавем, савдогарҳои ҳаромхӯрро боб мекунем».

Ҳатто кӯдаконам чунин одат карданд, ки то бибиҷонашон ягон афсона нагӯянд, хоб намерафтанд.

Бибиҷонашон, ки зани оқилу доно буд, бо онҳо чунин шарт гузошт:

-Канӣ, рӯзномаҳоятонро нишон диҳед, агар баҳои «3» ё «2» дошта бошед дигар афсона намегӯям. Бачаҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳамеша баҳои «4» ва «5» гиранд.

Як нафар шогирди сустхон буд. Гуфтан мумкин нест, ки Усмон китобро дӯст намедошт. Ӯ китобро дар дасти худ мегирфт, суратҳояшро тамошо мекард, аммо хонданро нагз намебинад.

Падараш чунин роҳҳои тарзи мутолаи китобро бо ӯ ташкил намудааст:
«Ман ба писарам фақат китобчаҳои хурди афсонаҳоро ёфта меовардам.Қисме аз афсонаро мехондаму ҷое, ки бисер шавқовар аст, намехондам. Усмончон, ки мехост то охир воқеаро фаҳмад, аммо маҷбур мешуд китобро мутолиа мекард, ба ӯ хондан душворӣ мекард, баъзе калимаҳоро нодуруст мехонд, андаке азоб кашида, Усмон назди модараш ё апаш рафта илтимос
 мекард»: «Китобро хон». Баъзан ягон кас ғамхорӣ карда, ба Усмон китоб мехонд.

Ҳамин тавр, дар Усмон шавқи китобхонӣ бедор шуд.

Падару модар бояд барои инкишофи санъати китобхонӣ ба кӯдак ёрӣ расонанд.

Ман, айёми бачагиамро ба ёд оварда, чашмони падарбузургамро мебинам, афсонаи вайро мешунавам. Ҳамон вақт ба назарам чунин менамуд, ки бобоям, ки нақл мекард, он қаҳрамони афсонаро медидагӣ бошад. Ман аз ӯ мепурсидам: «Бобоҷон чӣ тавр гӯсфанд бачаи одам зоидааст?» ва ғайраҳо. Ҷойҳои шавқовар кӯдакро ба ҳаяҷон меоварад. Падарбузургам механдиду моро ба дарунтари олами афсонаҳо мебурд. Мо дар гирди вай бо хамдигар ҷавс шуда менишастем, барои мо на танхо пайроҳаи сеҳрноки афсона қадам мезанем, балки бинобар он ҳам, ки тапиши дили ҳамдигарро сабуки якдигарро мешунавем, дар чашмони ҳамдигар оташаки шодиро мебинем.

Падарбузугам ба мо афсонаи «Майзман» – ро борҳо нақл кардааст. Ва ман ҳар бор иборахои кӯҳи Қоф, чинорбоз, осиёббоз, кӯхбоз, сӯрохии сутуни хонаро нафас ба дарун кашида бо дили пуризтироб мунтазир мешудам. Ёд дорам, маҳз бинобар гаштаю баргашта ин афсонаро шунидан мехостам, ки эҳсоси шодии фикррониро бори дигар аз cap гузаронида, оҳанги хуши чунин суханонро шунавам: Майзман, чинорбоз, осиёббоз, кӯхбоз, кӯхи Қоф, духтар – барзангӣ. Мо накли афсонаро бо ҳузури ҳаловат, чун оҳанги дилкаши мусиқӣ гӯш мекардем. Дар аснои нақли афсона, ҳар кас, чун ҳофизи суруд маҳораташро зоҳир месохт.

Фақат ба фақат аз бобоҷонам илтимосу хоҳиш мекардам, ки дар бораи чизе фикр   накунаму ҳамин афсонаро бори дигар такроран шунавам. Падарбузургам як одат доштанд дар нақл кардани афсона ҷойи шигифтангезашро банд мегузошт. Мақсад аз банд гузоштан ба фикр кардан моро водор месохт. Ман орзу мекардам, ки падарбузургам чӣ тавр аз худ афсонаро, бофта мекард, ки пинҳонӣ бинаму чизҳои аҷоибу ғароиб, афсонавӣ ва ғайриоддиро аз он кас хоҳад омӯхт.

Афсона бачаҳои беҷуръаттаринро ба гaп дароварда, фикри бачаҳои сустаринро бедор мекунад.

Бинобар ин, падару модарон вазифадор ҳастанд, ки ба кӯдаконашон китобхонаи шахсӣ ташкил намояд, дар он китобҳои ба синну соли онҳо мувофиқро ҷамъ оваранд. Худи волидайн ба китобхонӣ машғул шаванд, дар баҳсу мунозираи фарзандон шарик бошанд.

Маълумоти донишҳои маънавӣ дар протссеси таҳсил махсусан, дар дарсҳои забон ва инкишофи нутқ пайдо мешавад. Ҳанӯз К.Д. Ушинский барои ташаккулёбии маънавии кӯдак аҳамияти китобхонии бачагонро қайд карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳар як асар ин ё он тарафи ҳаётро ба кӯдакон мефаҳмонад. Адабиёти бадеӣ оид ба ғояҳои маънавӣ материали боеро дар худ дорад. Ин ё он китобро хонда истода, мактаббачагони хурдсол кӯшиш мекунанд, ки ба рафтори маънавии қаҳрамонон тақлид намоянд. Онҳо дар баҳодиҳии некию бадӣ ҳақгӯю созишнопазиранд, ки ҳамроҳи қаҳрамонони китоб барои ҳақиқату адолат мубориза баранд.

Сарчашмаи асосии ҳосил намудани дониш – нақл аз рӯи расмҳои сиситеманок, афсонаҳо, ҳикояҳо, панду андарзҳо ва зарбулмасалу чистон, суруду таронаҳо мебошад.

Аз ин ҷо дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ як қатор афсонаҳо дар бораи ҳайвонот, рафоқат ва дӯстӣ, дар бораи некӯкорӣ, хайрхохӣ ва хоксорӣ, дар бораи бовиҷдонӣ ва ростқавлӣ, дар бораи оштинопазирӣ нисбат ба бадӣ ва бепарвоӣ пешкаш гардида таълим дода мешаванд.

Дар синфи 1 – ум афсонаҳои «Рӯбоҳи зирак ва гурги ғофил», «Гург ва шағол», «Рӯбоҳи фиребгар ва бузи содда», «Мурғобияки худписанд», «Мурғ, мурғобӣ ва муш», «Хурӯсаки далер», «Писарбачаи зирак», «Саги чашмгурусна», «Лаклак – табиб», «Рӯбоҳ ва хирс», «Харгӯшаки ҳавобаланд», «Рӯбоҳ, шағол ва шер», «Рӯбоҳ ва шағол», «Рӯбоҳ ва паланг», «Чаро бинии нахӯдак кач шуд», «Ҳезумкаш ва хирс», «Пиёлаи гули нор» дастрас гардидааст,

Барои кӯдакони синфи 1 интихоб кардани афсонаҳо, ки дар шароитҳо ба ҳам монанд усулҳои гуногуни рафторро пеш мегиранд, ба мақсад мувофиқ аст. Ҳангоми хондан ё нақл кардани афсонаҳо, ҳодисаҳо чунон авҷ мегиранд, ки бачагон дар онҳо мураккабии пайдоиши сифатҳои маънавиро мебинанд, масалан алоқаи накӯкорӣ ва беғаразии афсонаи «Рӯбоҳи фиребгар ва бузи содда» меҳрубонии лаклак ва бераҳмии гург нисбати лаклак дар афсонаи «Лаклак -табиб».

Афсонаҳо ба кӯдакон ёрӣ мерасонанд, фаҳманд, ки некӯкори ҳиссиёти мураккабест, дар он ҳис карда тавонистани дарди шахси дигар ва бо ӯ ҳамдардӣ кардан яке аз роҳҳои накӯкорист. Нек будан – маънои бо бад мубориза бурданро дорад, вале барои ин ҷасур қатьӣ ва субботкор будан лозим аст. Дар он ҷое, ки як кас, мубориза бо бадӣ, беадолатӣ камқувватӣ мекунад, якчоя бояд амал кард. Якдигарро дастгирӣ бояд кард, дар он сурат некӣ ғалаба мекунад. Албатта, кӯдакон ҳама чизро якбора ва пурра намефаҳманд, лекин ҳатто фаҳмидани мураккабӣ, мухолифати рафторҳо ва ҳиссиёти одамон барои муаяйншавии мафҳуми ахлоқ аҳамияти калон дорад.

Дар китоби дарсии синфи 2 –юм афсонаҳои «Девбарзангӣ», ки дар ин афсона хонандагон ба донои, зиракию ҳушёри вa ҷaққонию далерии духтарак шинос шуда, бa рафтори ӯ таҳсин мегуфтанд ва кӯшиш мекарданд. ки рафторҳои далеронаи духтаракро дар худ бипарваранд.

Дар афсонаи «Миралӣ, Мирвалӣ, Миркарим» бошад, кӯдакон баръакс ба ин ҷӯраҳо нафарт оварда, онҳоро лаънат мехонданд.

Афсонаи «Қози якпо»-и Муҳаммад Субҳон, ки дар қисми аввали афсона мурғобӣ шишахои холиро ҷамъ.намуда ба дӯкони шишақабулкунӣ месупорид, хонандагон кори хайри мурғобиро писандиданд. Дар қисми 2-юми афсона аз хандаю мaзоқи қашқалдоқ, мурғобӣ шишахои холиро ба даруни об партофта, қоз ба даруни об даромада шино карда, ногоҳ шиша пояшро мебурад. Баъди мутолиаи афсона бачагон рафтори қаҳрамонони ин афсона ва муносибати онҳо бо якдигарро муҳокима мекунанд.

Дар афсонаҳои «Тақсими панир» таҳияи Баҳроми Шермуҳаммад. «Осмон ба замин меафтад» (афсонаи халқии франсавӣ). «Тӯҳфаи наврӯз» – и Муҳаммадраҳими Сайдар, «Ду шайху як. деҳқон» нодонӣ, фиребгарӣ, хушёриву зиракӣ барин мавзӯҳои. ахлоқӣ мухокима карда мешаванд.

Инчунин дар синфи 2 -юм афсонаҳои «Донак» (афсонаи халқӣ) -накӯкории тифлак ва бадхоҳии кампири ҷодугар», «Тортанаки хира» -фиребгарию қаллобӣ, «Хоин бадкирдорию дурӯягӣ – яке аз мавзӯҳои_асосӣ буда, дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол мақоми хоса доранд.

Ҳунармандӣ, дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, аҳлу тифок дар афсонаи «Се бародар» – и бародарон Грим муҳокима гардид.

Дар кор бо хонандгони синфҳои 1 – 2 нақли муаллим, аз тарафи ӯ таҳлил кардан ва баҳо додан ба воқеаҳои гуногун нисбатан мавқеи калонро ишғол менамояд.

Дар синфҳои 3-4 ҳаҷми нақлкунии худи бачагон, мустақилона баҳо додани онҳо ба ҷиҳатҳои маънавии воқеаҳои муҳокимашаванда меафзояд.

Аз ин рӯ, дар синфи 3 афсонаҳои «Харгӯшаки доно», «Подшоҳ ва шоҳин», «Каду, каду» (афсонаҳои халқӣ), «Девбарзангӣ»- «Кӯрмуш», «Хори хиллагар» (афсонаҳои халқӣ), «Сангпушт ва каждум», «Калила ва Димна», «Дӯстони бовафо», «Гурбачаи содда», «Аз ҳама зӯртар кист?», «3oғ_ва мор» (аз китоби Калила ва Димна), «Достони гургу уштуру рӯбоҳ» (аз Синбодномаи Зоҳири Самарқандӣ), «Шери мариз» (масал), «Ҳунар» (масал), «Ду рафик» (аз Калила ва Димна) таълим дода шуда, ҳар яке он ҷиҳатҳои тарбияи ахлоқӣ дощта хонакдагон дар рӯҳияи дӯстӣ, рафоқат, адолатхоҳӣ, вафодорӣ, меҳнатдӯстӣ, доноию хирадмандӣ, ватандӯстию. сулҳпарварӣ ва ғайра тарбия меёбанд.

Инчунин дар китоби забони модарии синфи 4 – ум «Гунҷишк ва мор», «Саъба ва фил», «Мурча ва пашша», «Рӯбоҳи чашмгурусна», «Пушаймонӣ»-и Ҳусайн воизи Кошифӣ. «Хар ва Шутур» – и Маҷди Хафӣ, «Зулм окибат надорад» – и Зиёуддини Нақшабӣ. «Зоғ ва кабӯтар», «Сангпушт ва Каждум»-и Ҳусайн воизи Кошифӣ, «Боз, чуғз, зоғ, рӯбоҳ ва кабк», «Ҳезумкаш ва мор», «Гуг ва мор» барин афсонаҳо гирд оварда шудааст, ки ҷиҳатҳои тарбияи ахлоқии ин афсонаҳо дар боло қайд карда шудааст.

Дарс ҳамчун шакли асосии кори таълим бояд аз рӯи нақша омӯхта шудани ҳар як фанро таъмин кунад. Ҳар як дарс бояд мазмуни тамоман муайяни бо барнома мувофиқе дошта бошад.

Дар пеши ҳар як дарс мақсади муайян гузошта мешавад. Тамоми протссеси таълиму тарбия ва аз он ҷумла ҳар як дарс бояд мақсадҳои таълиму тарбиявӣ дошта бошад.

Мақсадҳои маълумот ҳосилкунӣ ин гуна мешаванд:

1)    дар дарс додани донищҳои муайян чуночӣ: дониши қоидаи нави грамматика, дониши асари нави бадеӣ бо тавсифи шахсони вай;

2)    инкишоф  додани  малакахои  муайян,  чунончӣ:  малакаи  ба  кор бурдани ягон қоидаи грамматика, ягон матни китоби дарсиро дуруст, буро ва зуд хондан, дар нутқи даҳонакӣ ва хаттӣ усулҳои муайянро ба кор бурдан.

Муаллим бояд дар дарс ба бачагон на танхо таълим дихад. Дар дарс ин вазифаро вобаста ба хамдигар баровардани муаллим яке аз вазифаҳои асосии вай аст.

Гарчанде дарс фақат як кисми системаи умумии кори таъ.лиму тарбия буда, мақсади ин кор на якбора ба даст дарояд ҳам, бо вуҷуди ин вазифаҳои маълумот ва тарбиядиҳии ҳар як дарс бояд тамоман мушаххас бошад.

Муаллим дар дарс бояд ҳар гуна методҳои нави таълимро самаранок истифода барад. Методҳои таълим бояд ба таври системанок ва тариқи баён аз худ карда шудани донишро таъмин кунад. Чунончӣ бо материали наву мушаххас бачагонро шинос накарда хулосаи вайро гуфтан мумкин нест.

Дар мактаби ибтидоӣ бояд чунин методҳо бисёртар истифода карда шаванд, ки ин методҳо ба таври васеъ ба кор бурдани таълими аёниро таъмин кунонанд, зеро тафаккури конкретӣ ва образноки бачаҳамингуна таълимро талаб мекунад.

Мамадносирова Моҳбегим – ассистенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив