Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон омили пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни онҳо


Баланд бардоштани маърифатДавраи наврасӣ давраест кӯтоҳмуддат, вале нисбатан душвор. Садсолаи охир асару мақолаҳои зиёди илмие, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқон маҳз доир ба ҳамин масъала нашр шудаанд, далели ин гуфтаҳоянд. Шояд суоле ба миён ояд, ки давраи наврасӣ аз кадом ҷиҳат душвор аст? Албатта, аз лиҳози тарбия ва муносибат бо онҳо. Ин масъала, на танҳо дар сад соли охир, балки аз ин пештар ҳам диққати бештари равшанфикронро ба худ ҷалб кардааст. Агар ба эҷодиёти Унсурулмаолии Кайковус, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Низомии Ганҷавӣ ва дигар намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷику форс назар афканем, ин чизро ба осонӣ пай хоҳем бурд.

Мавриди зикр аст, ки давраи наврасӣ ба марҳилаи панҷуми ҳаёти инсон рост омада, он дар бештари адабиёти педагогию психологӣ барои ҳарду ҷинс тақрибан аз 10 то 15 солагӣ нишон дода шудааст. Албатта перомуни ин нуқта андешаҳо миёни олимон басо гуногун буда, ҳар кадом онро аз дидгоҳи хеш муайян сохтааст. Масалан, Г. Гримм онро аз 12 то 16 солагӣ медонад, вале Ҷ. Биррену ба он як соли дигар зам намуда, давомнокии марҳилаи мазкурро аз 12 то 17 солагӣ изҳор доштааст. Агар дар бастагӣ ба ҳамин мавзӯъ ба ақидаи олими машҳури Фаронса Ж. Пиаже назар намоем, мебинем, ки ӯ давраи наврасиро ҳамагӣ ҳудуди 3 сол, яъне аз 12 то 15 солагӣ донистааст. Аз рӯи тақсимоти муосир ақидаи Ж. Пиаже танҳо давраи калони наврасиро дар бар мегирад, ки давраи хурди он аз ин доира берун хоҳад монд. Аммо дар қиёс ба ҳамаи ин олимони номбурда донишманди рус Элконин тавонистааст, ки доираи ин синну солро нисбатан саҳеҳтар ва мувофиқ ба тақсимоти замони имрӯза муайян созад, яъне аз 10 то 15, ки фарогири ҳар ду марҳилаи синну соли наврасӣ мебошад. Ҳамчунин дар адабиёти зикргашта ин давраи синнусолро давраи бӯҳронӣ муаррифӣ кардаанд. Ин нуктаро, инчунин таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст. Бӯҳрони давраи наврасиро Л. Айзенберг дар он мебинад, ки дар фурсати кӯтоҳи вақт дар организм дигаргуниҳои хеле зиёд падид меоянд ва аз ин боис рафти мутобиқшавии наврас ба он душвор мегардад.

Дар ин давра дар организми наврасон тағйироти куллии биологӣ ба амал меояд. Ин тағйиротҳои баамаломада албатта, ба равони (психикаи) онҳо бетаъсир нахоҳад монд ва аз ин рӯ дар заминаи ин тағйиротҳо як қатор дигаргуниҳои психологӣ низ хоҳу нохоҳ ба амал меоянд, ки ҳамаи ин аксар вақт боиси минбаъд «душвортарбия» гаштани наврасон мешавад.

Навраси «душвортарбия» гуфта наврасеро гӯянд, ки дар рафтору гуфтор дилозор аст, барои дигарон бо ӯ муносибат кардан хеле душвор аст, инчунин содиркунандаи аъмоли ношоиста, аз қабили нос ва тамокукашӣ, истеъмол кардани машруботи спиртӣ, қонуншиканӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ғайра.

Ҳуқуқвайронкуниҳои давраи наврасӣ ва амалҳои ношоями онҳо, агар саривақт аз ҷониби шахсони масъул ва мақомоти дахлдор пешгирӣ ва ё ислоҳ нагарданд, он гоҳ аз эҳтимол дур нест, ки ин рафтори онҳо тадриҷан ба одат табдил ёбаду сабаби дар оянда ба ҷиноят даст задани эшон гардад. Ва дар ин ҳолат барои аз ин роҳ баргардонидани ин қабил ҷавонон бурдани корҳои зиёди ислоҳотию тарбиявӣ лозим меояд. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки бовуҷуди саъю талоши наздикону пайвандон ва хуни ҷигаршавиҳои волидон аз ин роҳ баргардонидани онҳо даст намедиҳад, чунки аллакай дер шудааст. Зеро «тарки одат, амрест муҳол» гуфтаанд ва ё ба қавле «оби рехтаро бардоштан ғайриимкон аст».

Аз ин рӯ, ҳар як падару модарро зарур аст, ки бо дарки амиқи гуфтаҳои боло маҳз дар ҳамин давраи синнусолӣ нисбати тарбияи фарзандони хеш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд ва дар пешгирӣ намудани содир гаштани рафторҳои ғайримақбул аз ҷониби наврасон камарӣ ҳиммат банданд, агар хоҳанд, ки фарзанди эшон дар оянда номи онҳоро доғдор насозад. Зеро фармудаанд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ». Умуман, бояд донист, ки ҳар кори бадро аз ислоҳаш дида пешгириаш осонтар аст.

Солҳои охир, аниқтараш баъд аз пош хӯрдани собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди шӯравӣ тавре аз барномаҳои гуногуни садову симо ва мақолаҳои зиёди рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ бар меояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи наврасони ҷиноятпеша ва теъдоди ҷиноятҳо дар байни наврасон афзудааст. Боиси хурсандист, ки шумораи ин гуна наврасон феълан дар қиёс ба солҳои 90-уми қарни ХХ кам гаштааст, вале ин ҳанӯз намегузорад, ки масъулину мутахассисин нисбати ин масъала бепарво бошанд. Зеро набояд дар давлате, ки анқариб 90 фисади аҳолиашро тоҷикон ташкил мекунанду таърихи кӯҳану фарҳанги волоро соҳиб аст, инчунин эҷодиёти адибонаш сар то сар аз панду ҳикматҳо иборат аст, теъдоди наврасони ҷиноятсодиркунанда зиёд бошад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеаи он гардад.

Ҳамаи ин албатта, сабабу омилҳои зиёди худро доранд, ки аз ҷумлаи ин гуна омилҳо инҳоро метавон ном бурд: паст будани сифати таълиму тарбия дар макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ, бо таълиму тарбияи мактабӣ фаро гирифта нашудани қисме аз наврасон, ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ барои наврасон ва ё умуман амал накардани онҳо, сатҳи пасти вазъи иҷтимоию иқтисодии бештари оилаҳо, ба меъёр ҷавобгӯ набудани сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолии кишвар, аксар вақт беназорат мондани наврасон аз тарафи волидайн, суст ба роҳ монда шудани ҳамкории мактабу хонавода, ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудани тарбияи ахлоқӣ ва ҳуқуқии наврасон дар мактаб, бинобар сабаби амал накардани маҳфилҳои фаннӣ дар аксари мактабҳо бекор мондани наврасон ва дар натиҷа ба амалҳои ношоиста даст задани онҳо, дар оилаҳои нопурра ба воя расидани бархе аз наврасон, сол аз сол афзудани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксари онҳоро падарон ташкил мекунанд ва дар натиҷа аз тарбияи падари хеш бебаҳра мондани наврасон, барои наврасон комилан дастрас будани тамоку машруботи спиртӣ, ба варзиш ва корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб нагаштани қисми зиёди наврасон, қариб, ки ҳамарӯза қисми зиёди вақти худро ба тамошои филм ва бозиҳои компютерии тарғибгари куштору зӯроварӣ сарф намудани наврасон ва дар натиҷа дар рӯҳияи бераҳмиву ҷоҳилӣ тарбия ёфтани онҳо, дар бораи меъёрҳои аз тарафи ҷамъият қабулгаштаи ахлоқӣ тасаввуроти нодуруст доштани наврасон ва дар заминаи ин дар сатҳи паст қарор гирифтани маърифати ҳуқуқии онҳо ва ғайра.

Дар баробари неъмати бузург – истиқлолиятро соҳиб гаштани Тоҷикистон мутаассифона, ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба таназзул ниҳоданд ва дар ҳамин радиф ин гуна таназзулёбӣ дар низоми маориф низ бараъло мушоҳида гардид, ки то ба имрӯз ислоҳи он идома дорад. Бовуҷуди он ки ҳамасола аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста тадбирҳои зиёд андешида мешаванду маблағҳои зиёд низ ҷудо мегарданд, аммо ҳеҷ не, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба талаботи давру замон мувофиқат намояд. Ин дар ҳолест, ки ин миқдор ғамхориҳо дар дигар давлатҳои узви ИДМ шояд ба назар нарасанд, вале дар ин кишварҳо сатҳи дониши кӯдакону наврасон дар муқоиса бо кишвари мо дар сатҳи хеле ва хеле боло қарор дорад.

Беҳуда нест, ки низоми маорифро пойдевори давлат ва давлатдорӣ номидаанд. Аз ин рӯ, моро мебояд, дар пайравӣ ба мамолики пешрафтаи ҷаҳон иқдомоти боз ҳам ҷиддиро рӯи кор орем, зеро илму техникаи ҷаҳон ҳамвора густариш меёбад. Вагарна аз пешрафти бемайлони илму техникаи ҷаҳон ақиб хоҳем монд ва ҳамзамон сафи ҷиноятҳо дар байни наврасон ба ҷои он, ки коҳиш ёбанд, баръакс зиёд хоҳанд шуд. Ин ҳам бошад, бинобар сабаби аз маърифат дур мондани онҳо.

Илова бар ин, феълан дар ҷумҳурӣ на ҳамаи наврасон бо таълиму тарбияи ҳатмӣ фаро гирифта шудаанд, бахусус духтарон. Ҷои пӯшида нест, ки қисме аз онҳо ҳини давраи наврасӣ бо хости падару модари дараҷаи маърифату маданияташон паст аз мактаб бароварда мешаванду дар хона менишинанд. Гӯё ба корҳои хона машғул мешаванду бо ин роҳ ба зиндагии оянда, яъне оиладорӣ омода карда мешаванд. Ин ҳама аз минталитети тоҷиконаи баъзе аз оилаҳо вобастагӣ дорад ва ин ҳолат бештар дар манотиқи кӯҳистони кишвар вомехӯрад.

Аммо дар робита ба ин тибқи нишондоди бардурӯғи ҳисоботи ҳарсолаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ҳамаи наврасон бо таълиму тарбияи ҳатмӣ фаро гирифта шудаанд, вале агар ба асли воқеа назар афканем мебинем, ки на ҳамаи наврасон ба мактаб мераванд. Зеро иддае аз наврасон бо иллати камбуди зиндагӣ ба хотири пайдо сохтани қутти лоямуте ба ҷои таҳсил дар мактаб аз саҳар то бегоҳ ба меҳнати басо вазнин, ки фаъолияти ғайриасосии ин синнусол маҳсуб мешавад, аз қабили шустани мошинҳо, аробакашӣ дар бозорҳо, тоза кардани пойафзол, пулчинӣ дар нақлиёти мусофирбар, ҳатто ба талбандагӣ ва дигар корҳои шаъну шарафи одамиро пасткунанда машғул мешаванд.

Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои тарбияи саҳеҳи наврасон ин таҳким бахшидани ҳамкории мактаб ва хонавода ба шумор меравад. Зеро бидуни ҳамкории қавӣ наметавон дар тарбияи насли наврас ба муваффақиятҳо ноил гашт ва ин нукта борҳо аз ҷониби педагогони маъруф низ таъкид гаштааст. Вале ин масъала то куҷо дар ҷумҳурии мо ба талабот ҷавобгӯ аст?

Яке аз роҳҳои маъмули ҳамкории оила бо мактаб ин ташриф овардани падар ва ё модар ба мактаб ва баръакс ташрифи муаллим ба оилаи хонанда аст. Вале ҳайҳот, таи солҳои охир ин навъи ҳамкорӣ қариб, ки умуман аз байн рафтааст, ба ҷуз аз дар ҳолати ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои нохуш ташриф овардани волидайн ва ҳамчунин маҷбуран даъват шудани онҳо аз ҷониби омӯзгор ҳангоми баргузории маҷлиси падару модарон ва чорабинии дигар.

Ҳамчунин лозим ба таъкид аст, ки яке аз воситаҳои таъминкунандаи ҳамкорӣ миёни мактаб ва оила ин рӯзномаи хонанда маҳсуб мешавад, ки падидаи замони шӯравист. Вале аз чӣ бошад, ки аз як тараф худи падару модарон аз ин воситаи хуби ҳамкорӣ низ ба таври самарабахш истифода намебаранд. Ба ҳар сурат ҳамин қадараш аён аст, ки бархе аз волидайн нисбати тақдири фарзанди хеш бетафовутӣ зоҳир менамоянду бархеи дигар аз боиси серфарзандӣ дар оила баҳри таъмини онҳо рӯзи дароз аз паи дарёфти маблағе мешаванду фурсати саривақт аз назар гузаронидан ва имзо гузоштан ба рӯзномаҳоро намеёбанд. Ҳатто ёфт мешаванд чунин падару модароне, ки на танҳо нисбати тақдири ояндаи фарзандони худ бепарвоянд, балки дар синфи чандум таҳсил кардани онҳоро намедонанд. Аз тарафи дигар муаллимон ҳам дар ин самт бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Зеро он маблағи ночизе, ки омӯзгорон бар ивази заҳмати пурмашақати хеш ба даст меоранд, ба онҳо имкон намедиҳад, ки нисбати пешаи интихобкардаашон ҳавасманд бошанду рисолати худро ба таври бояду шояд иҷро намоянд. Ҳамчунин аз сабаби дар ду-се ҷой ба хотири дарёфти маблағи бештаре фаъолият доштани омӯзгорон ва ё дар як ҷой ҳам бошад аз сабаби ба таври максималӣ соати дарсӣ доштан на ҳамаи омӯзгорон фурсати ҳар ҳафта тафтиш кардани рӯзномаҳоро доранд. Ин ҳама мақоли халқии «Холаи ҳамакора ҳама кораш нимкола»-ро мемонад.

Ва ниҳоят омили дигаре, ки сади роҳи пешгирӣ намудани ҷиноятҳо дар байни наврасон гаштааст, ин суст ба роҳ монда шудани тарбияи ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар макотиби миёнаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки тарбияи ахлоқӣ яке аз ҷанбаҳои асосии ҳадафи имрӯзаи тарбия ба ҳисоб меравад.

Воқеан ҳам имрӯзҳо на дар ҳамаи макотиби миёнаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби хонандагон қатъиян риоя мегарданд, ки ин аз ба таври нокифоя ба роҳ монда шудани тарбияи ахлоқӣ дар аксари мактабҳо гувоҳӣ медиҳад. Солҳои охир бо телефонҳои мутаҳарик (мобилӣ) ба дарс ҳозир шудани хонандагон ва дар ин робита ба тасвиб расидани фармони Ҳукумат ва Вазири маорифи кишвар «оид ба манъи истифодаи телефонҳои дастӣ дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ» бурҳони возеҳи гуфтаҳои болоянд.

Илова бар ин, бо алфози қабеҳу гӯшношунид, ба монанди дашному ҳақорат миёни худ ҳарф задани аксарияти хонандагон далели риоя нагаштани меъёрҳои ахлоқӣ аз тарафи наврасон аст. Лозим ба тазаккур аст, ки ба забон овардани суханҳои қабеҳ, на танҳо аз тарафи хонандагон, балки аз тарафи худи иддае аз омӯзгорон ба назар мерасад. Тавре борҳо аз мушоҳидаҳои шахсӣ бар меояд, баъзе аз омӯзгорони ба ҷинси мард тааллуқдошта аксар вақт муаллимони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва таълими меҳнат ҳангоми муошират бо писарон ва ҳамчунин байни худ аз ин қабил суханон бидуни  шарм доштан истифода мебаранд. Ҳамчунин носу тамоку кашидан дар назди хонандагон ва дигар амалҳои ноҷоро содир кардани ин қабил омӯзгорон иловаест бар гуфтаҳои боло. Дар ҳамин ҷо метавон гуфт, ки аз эҳтимол дур нест, ки сафи ин гуна ба қавле омӯзгорон дар мактабҳои деҳоти кишвар боз ҳам бештар бошад.

Ин дар ҳолест, ки борҳо аз тарфи педагогони барҷаста дар китобҳои дарсии педагогика таъкид гаштааст, ки худи муаллимон бояд дар риоя намудани меъёрҳои ахлоқи ҳамида барои хонандагон намунаи ибрат бошанду инчунин аз онҳо ин чизро пайваста талаб намоянд, то ки риоя кардани меъёрҳои ахлоқ ба одати рафтори хонандагон табдил ёбад. Дар ҳамин замина бино ба гуфти асосгузори илми педагогика, педагоги чех Ян Амос Каменский «Мактаби беинтизом монанди осиёби беоб аст».

Ин ҷо бешубҳа метавон гуфт, ки сабаби борҳо мушоҳида гаштани қоидаҳои ахлоқиро вайрон кардани наврасон ин дар бораи меъёрҳои ахлоқ тасаввуроти саҳеҳу комил надоштани онҳо аст. Беҳуда нест, ки аксар вақт мутахассисини соҳа сабабу ваҷҳҳои ба ҷиноят даст задани наврасонро дар надонистани меъёрҳои ҳуқуқ, яъне дар сатҳи ниҳоят паст қарор доштани маърифати ҳуқуқии онҳо арзёбӣ мекунанд.

Умуман, донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ аз донистани меъёрҳои ахлоқӣ сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, ҳар як наврасе, ки меъёрҳои ахлоқиро хуб донаду ба онҳо ҳамеша риоя намояд, пас ӯ албатта меъёрҳои ҳуқуқиро низ ба осонӣ аз бар хоҳад кард ва бад-ин васила сатҳи маърифати ҳуқуқиаш низ боло хоҳад рафт. Бинобар ин, ҳар як омӯзгорро мебояд бо дарки масъулият ҳарчӣ барвақтар ба тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии наврасон аҳамияти бештар диҳад ва ба туфайли ин дар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо талош варзад.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳоли ҳозир масъалаи дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқии на танҳо наврасон, балки аксарияти мардуми ҷумҳурӣ, ба хусус духтарон ва занони деҳот ба доғи рӯз табдил ёфтааст ва ба ин чиз қариб, ки ҳамарӯза аз тариқи шабакаҳои ватании садову симо пахш гардидани барномаҳо перомуни ин масъала, инчунин сари чанд вақт бо иштироки мутахассисони соҳа, кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ баргузор шудани мизи мудаввар, ҳамоишу конфронсҳо ва ғайра шаҳодат медиҳанд.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо аксарияти занону духтарони навраси деҳоти кишвар бо иллати доштани фаҳмиши пасти ҳуқуқӣ ва надонистани қарору асноди ҳуқуқӣ ва меъёрҳои он дар рафти гирумонҳои зиндагӣ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванду ҳангоми ба вуҷуд омадани проблемаҳо ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд. Ва дар натиҷа ба ноумедиҳо гирифтор шуда, даст ба ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳатто ба худкушӣ мезананд, ки ин ҳам яке аз проблемаҳои ниҳоят ҳалталаб буда, бештар маврид аз сабаби фаҳмиши пасти ҳуқуқӣ рух медиҳад.

Аз эҳтимол дур нест, ки шояд сабаби ҳамаи ин ҳанӯз аз оғози давраи наврасӣ ба тарбияи ҳуқуқӣ ва боло бурдани дараҷаи маърифати ҳуқуқии онҳо аҳамияти зарурӣ надодан ва беэътиноӣ зоҳир намудани оила ва муассисаҳои таълимию тарбиявӣ бошад.

Зеро ҳар чӣ қадаре, ки тарбияи ҳуқуқӣ ва фаҳмонидани моҳияти меъёрҳои ҳуқуқӣ барвақтар оғоз гардад, албатта бо роҳу усулҳои мувофиқ ба синну сол ҳамон қадар эҳтимолияти ба ҷиноят даст задани наврасон дар ин давраи басо душвор, ки болотар муфассал зикр гашт, коҳиш меёбад. Вале мутаассифона ба назари мо яке аз камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, ин нисбатан дертар, аниқтараш аз синфи 9-ум таълим дода шудани фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дар макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ  ба шумор меравад, ки зимни он омӯзиши мушаххаси меъёрҳои ҳуқуқӣ сурат мегирад. Мусаллам аст, ки дар синфи 9-ум синну соли хонандагон ба ҳисоби миёна ба 14 ва баъд аз хатми он ба 15 мерасад, ки дар ин давра марҳилаҳои душвори давраи наврасӣ, аллакай сипарӣ мегарданд.

Ҳарчанд, ки нақшаҳои таълимии кулли макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маорифи кишвар бо омӯзишу барасси амиқи хусусияту паҳлӯҳои мухталиф муайян ва тасдиқ мегарданд, аммо хуб мешуд, агар ин тарафи масъаларо низ ба эътибор мегирифтанду бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткориҳо дар байни наврасон омӯзиши мушаххаси меъёрҳои ҳуқуқиро дар шакли нисбатан содда ҳанӯз аз оғози давраи наврасӣ ва ё бо дарназардошти имконият аз он ҳам пештар дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба роҳ мемонданд.

Тавре аз моддаи 1-уми боби аввали қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ҳамзамон давлату ҳукумати кишвар дар ояндаи начандон дур бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи худ қарор додааст. Вале набояд фаромӯш кард, ки пиёда сохтани ҳамаи ин ҳадафҳо, ба хусус бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд аз шаҳрвандони он пеш аз ҳама доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд. Дар ҳамин радиф бо ҳар роҳу восита боло бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини рушди  ҳамаҷонибаи наврасон ногузир аст, чунки ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти онҳост.

Шояд ин ҷо суоле ба миён ояд, ки таҳти мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» чиро бояд фаҳмид? Дар робита ба ин, қабл аз ҳама бояд гуфт, ки мо ин ҷо аз шарҳи пурраи он худдорӣ намудем, зеро атрофи шарҳи ибораи мазкур гуфтаниҳо ниҳоят бисёранд ва шарҳи муфассали онро метавон аз дигар сарчашмаҳои бевосита ба ин мавзӯъ бахшидашуда пайдо кард. Аммо ба ҳар сурат, ҳарчанд ки моҳияти он барои ҳамагон то ҷое фаҳмо аст, сарфи назар аз ин бо амри зарурӣ буданаш овардани шарҳи мухтасари онро лозим донистем.

Зери мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» – маҷмӯи донишҳое, ки атрофи меъёрҳои  ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои  ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида ва ғайра баҳс мекунанд, фаҳмида мешавад ва ҳамаи он ҷиҳати ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.

Дар охир як чизи дигарро бояд ёдовар шуд, ки истифода гаштани истилоҳи навраси «душвор», ё худ «душвортарбия» ифодаест шартӣ. Чаро ки, агар мо навраси бадгуфтору бадрафторро навраси «душвор» ном барем, пас мебояд навраси хушгуфтору хушрафторро навраси «осон» номем. Вале, алабатта ин гуна ном бурдан хандаовар хоҳад буд. Бинобар ин, истилоҳи навраси «душвор»-ро ба маънои ғайриаслиаш бояд фаҳмид, ба қавле ба маънои маҷозии он бояд аҳамият дод.

Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив