Мавзўи 1. Мафҳум ва моҳияти идоракунии давлатӣ ва шакли идоракунии давлатӣ
- Мафҳум ва моҳияти идоракунии давлатӣ.
- Давлат чун субъекти идоракунӣ.
- Шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Идоракунии давлатӣ яке аз намудҳои идоракунии иҷтимоӣ буда, дар байни намудҳои дигари идоракунӣ (иқтисодӣ, ҷамъиятӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва гайра.) ҷои муҳимро ишгол мекунад. Аҳамияти он бо афзудани нақши давлат дар ҳаёти имрўза муайя мегардад. Давлат соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро идора мекунад. Масъалаҳое ҳастанд, ки дар шароити имрўза иштироки давлатро барои ҳалли бевоситаи худ талаб мекунанд (комплекси сўзишвориву энергетикӣ, истифодаи кайҳон, захираҳои табиӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва м.и). Аз ин лиҳоз, муфассал таҳлил намудани идораи давлатӣ аз мақсад холӣ нест.
Идоракунии давлатӣ аз дигар намудҳои идоракунӣ бо якчанд хусусиятҳояш фарқ мекунад:
- Идоракунии давлатӣ аз ҷониби давлат амалӣ мешавад. Давлат – ташкилоти сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҳокимияти сиёсии омма аст, ки таввассути низоми муташаккили мақомоти давлатӣ (ҳокимияти давлатӣ) идоракунии одамон ва ҷомеаро баҳри банизомдарории ҳаёти ҷомеа ва инкишофи мўътадили он тавассути чораҳои махсуси ҳокимиятӣ-ҳуқуқӣ ба ҷо меорад. Идоракунии давлатӣ аз моҳият, шаклҳои давлатдорӣ, мақсаду вазифаҳо ва функсияҳои он вобаста аст. Дар давлатҳо шаклҳои гуногуни идоракунӣ (идораи монархӣ ва ҷумҳурӣ), сохтори давлатӣ (сохти ягона ва федеративӣ), режими сиёсӣ-давлатӣ (демократӣ, авторитарӣ, либералӣ ва г.) истифода мешаванд. Ҳар як давлат мақсаду вазифаҳо ва функсияҳои худро (вобаста ба шароити дохиливу байналхалқӣ) иҷро мекунад. Бояд гуфт, ки дар замони муосир бо назардошти масоилу проблемаҳои глобалӣ вазифаву функсияҳои давлатҳои мутамаддин торафт умумӣ мегарданд.
- Давлат идоракуниро тавассути ҳокимияти давлатӣ амалӣ месозад. Ҳокимияти давлатӣ як намуди ҳокимияти иҷтимоӣ буда,мазмуни иҷтимоӣ дорад, дар институтҳои давлативу ҳуқуқӣ ифода мегардад ва барои идоракунии ҷомеа истифода мешавад.
- Идоракунии давлатӣ тавассути мақомоти давлатӣ (дастгоҳи давлат) мегузарад. Мақоми давлатӣ – воҳиди таркибии ҳокимият (коллективи хизматчиёни давлатӣ ва ашхоси ёрирасони техникӣ) мебошад, ки аз ҷониби давлат баҳри иҷрои вазифаву функсияҳои давлат таъсис дода шудааст. Мақомоти давлат дар маҷмўъ дастгоҳи давлатро ташкил медиҳанд.
- Идоракунии давлатӣ тамоми ҷомеаро фаро мегирад. Агар идоракунии иқтисодӣ соҳаҳои муайяни ҳаёти ҷомеаро дар бар гирад, пас идоракунии давлатӣ ба кулли соҳаҳо дахл дорад. Аз ин лиҳоз, идоракунии давлатӣ ин идоракунии умуми ҷамъиятӣ буда, аз намудҳои дигари идора васеътар аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат бояд тамоми соҳаҳои ҷомеаро зери назорати қатъии хеш қарор дода, ба ҳаёти хусусии одамон дахолат намояд. Моҳияти давлати тоталитарӣ маҳз дар ҳамин аст. Дар давлати демократӣ идоракунии давлатӣ бо назардошти ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзиши олӣ будани инсон, дар асоси нигаҳдошту таъмини озодиву мустақилият ва худидора ба роҳ монда мешавад.
- Азбаски дар ҷараёни идоракунии давлатӣ шумораи зиёди мақомоти давлат, захираҳои молиявӣ, техникӣ, интеллектуалӣ истифода шуда, асноду чорабиниҳои зиёди ташкиливу идоравӣ қабулу иҷро мешаванд, идоракунии давлатӣ бонизому муташаккилона мегузарад. Идоракунии давлатӣ, аз як тараф, идораи соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз тарафи дигар, идораи худи мақомоти давлатиро дар назар дорад. Аз ин нуқтаи назар, идоракунии давлатӣ – идоракунии бонизому муташаккилона аст.
- Идоракунии давлатӣ тавассути истифодаи шаклу воситаҳои ҳуқуқӣ, дар асоси қонун ба роҳ монда мешавад. Яъне, идораи давлатӣ ин идораи ҳуқуқӣ аст. Чунин хусусияти идораи давлатӣ махсусан дар шароити бунёди давлати ҳуқуқӣ бештар зоҳир мегардад.
Доир ба мафҳуми «Идоракунии давлатӣ» байни олимон ягонафикрӣ ҷой надорад. Масалан, Сотиволдиев Р.Ш мафҳуми зерини идоракунии давлатиро пешкаш мекунад: «Идоракунии давлатӣ гуфта, фаъолияти дар қонун пешбинигаштаи бонизому муташаккилонаи мақомоти давлатиро меноманд, ки тавассути истифодаи ҳокимияти давлатӣ (ваколату чораҳои ҳокимиятӣ) баҳри идораи одамон, ташкилотҳои онҳо ва соҳаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеа бо назардошти ҳуқуқҳои инсон, имкони ҳар чӣ бештари мустақилиту фаъолияти озодонаи онҳо ба роҳ монда мешавад»[1].
Идоракунии давлатӣ ҳамчун як шакли фаъолияти иҷтимоӣ дар мазмуни васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Идоракунии давлатӣ ба мазмуни васеъ – ин идора намудани корҳои ҷамъият буда, аз ҷониби давлат дар маҷмўъ амалӣ карда мешавад. Он аз ҷониби тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардида, дар он инчунин муассиса ва ташкилоти давлатӣ ба сифати мусоидаткунандаи идораи давлатӣ иштирок менамояд.
Идоракунии давлатӣ ба мазмуни маҳдуд – ин идора намудани корҳои ҷамъиятӣ танҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия ба воситаи шакли муайяни фаъолияти иҷроиявӣ – фармоишӣ ва назоративу санҷишӣ мебошад[2].
- Ҳар як доираи муносибат дорои субъект ва объект мебошад. Идоракунии давлатӣ низ аз ин истисно нест. Дар идоракунии давлатӣ субъекти идоракунӣ – ин давлат, дастгоҳи давлатӣ ва объекти идоракунӣ бошад идорашаванда, ки дар маҷмўъ ҷамъият ва гурўҳҳои иҷтимоӣ мебошанд. Яъне давлат-идоракун, ҷомеа-идорашаванда.
Ҳаёти инсониро бе идора нашояд тасаввур кард. Аммо идоракунӣ на ҳама вақт тавассути давлат сурат гирифтааст. Замоне буд, ки давлат ҷой надошт. Дар марҳилаи тодавлатӣ вазифаи идораи одамонро ташкилотҳои тодавлатӣ (пешвоёни авлоду қабила, шўрои кўҳансолон ва м.и.) ба ҷо меоварданд. Идоракунии тодавлатӣ бо мақсади таъмини ҳаёти одамони ибтидоӣ тавассути меъёрҳои иҷтимоии тодавлатӣ (ахлоқ, одатҳо, дин) сурат мегирифт. Бо пайдоиши давлат идоракунии одамон ва ҷомеа ба зиммаи давлат мегузарад. Идоракунии давлатӣ ташаккул меёбад.
Давлат чун падидаи муҳими ҳаёти ҷомеа аз замони қадим сар карда то ба имрўз дар маркази таваҷҷуҳҳи мутафаккирон, файласуфон, олимон, муҳаққиқони гуногун қарор дорад. Оид ба мафҳум ва моҳияти давлат дар тўли асрҳо назарияҳои зиёд ва гуногун пешкаш шудаанд. Баҳсу мунозираҳои илмии муҳаққиқон оид ба фаҳмиш, мафҳум, моҳияти давлат то ҳол идома дорад.
Давлат барои идораи одамон ва ҷомеа пайдо шудааст, аниқтараш аз ҷониби одамон ба ҳамин мақсад ташкил дода шудааст. Давлатро одамон ба вуҷуд овардаанд. Ҳадаф аз ин амал – маҳз идораи ҷомеа буд. Дар ҷомеаи тодавлатӣ шумораи одамон дар Замин кам буд, онҳо ба табақаҳои мухталиф тақсим намешуданд, ҷараёни истеҳсолот ҷой надошт, зарурати истифодаи маҷбурсозии сиёсӣ эҳсос намешуд. Гузариши таърихии одамон аз хоҷагии истеъмолӣ ба иқтисоди истеҳсолкунанда дар натиҷаи бўҳрони экологӣ дар сайёраи мо омилҳоеро ба вуҷуд овард, ки давлатро талаб намуданд. Аммо зарурати давлат ба ҳайси ташкилоти ҳокимияти сиёсӣ дарҳол эҳсос нагардид. Аввал зарурат ба ташкилоту сохторҳои махсус барои, масалан, ба ҳисоб гирифтани шумораи зироатпарварон (ва дигар кормандон), меҳнати сарфнамудаи онҳо, ба тобеъият даровардани онҳо, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва таъмини онҳо бо чораҳои маҷбурӣ ба вуҷуд меояд. Сипас дастгоҳи давлатӣ бо шумораи кофии мансабдорон ташаккул меёбад. Бо пешрафти ҷомеа ин дастгоҳ торафт васеътару мустаҳкамтар мегардад. Шумораи одамон низ зиёд мешавад. Ба ном «таркиши демографӣ» (афзоиши тези аҳолӣ) яке аз омилҳои муҳими пайдоиши давлат гардид. Он дар ҳазорсолаи сеюм низ дубора омили асосӣ гардид, ки аз он воқеан ҳастии инсоният вобастагӣ дорад. Ҳамин тариқ, дар марҳилаи муайяни инкишофи ҷомеа бино ба эҳсосу дарки зарурати давлат бо мақсади идораи ҷомеаи торафт мураккабшаванда одамон давлатро ба вуҷуд оварданд. Аниқтараш навъи идораро тагйир доданд – идораи тавассути сохторҳои гайридавлатиро (тодавлатиро) бо идораи давлат (тавассути мақомоту сохторҳои давлатӣ) иваз намуданд.
Ба гуфтаи профессор М. Рассолов «Пайдоиши давлат ин марҳилаи қонунии рушди ҷомеаи инсонӣ аст».
Оид ба пайдоиши давлат дар давраҳои гуногуни таърихӣ, дар кишварҳои мухталиф, аз ҷониби мурафаккирон, файласуфон, олимон, муҳаққиқон назарияҳои зиёд пешбарӣ шудаанд. Дар ин назарияҳо нуқтаҳои назари гуногун дар хусуси пайдоиши давлат истифода мешаванд. Барои ҳамин хулосаи ягона доир ба ин проблемаи назариявӣ то ҳол вуҷуд надорад. Дар илми назарияи давлат одатан назарияҳои зерин мавриди таҳлил қарор мегиранд:
- Назарияҳои асотирӣ ва илоҳӣ.
- Назарияҳои патриархалӣ ва патерналӣ.
- Назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ.
- Назарияҳои шартномавии пайдоиши давлат.
Давлат аломатҳои зерин дорад:
- ҳокимияти давлатӣ (давлат воситаи амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ мебошад).
- ҳудуди давлат.
- соҳибихтиёрӣ.
- низоми ягонаи андозу молия.
- низоми ҳуқуқӣ.
Давлат ин ташкилоти соҳибихтиёр, ҳудудӣ, ва ҳокимиятии ҷомеа мебошад, ки идоракунии ҷомеаро бо мақсади таъмини тартибот, назму субот ва рушди ҷомеа амалӣ мекунад.
- Шакли давлат – тартиби ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, ташкили ҳудудии ҳокимияти давлатӣ ва тарзҳои амалӣ намудани он мебошад.
Аз ин хотир, мафҳуми шакли давлат аз се унсур иборат аст: шакли идоракунии давлат; шакли сохти давлатӣ; режими сиёсӣ.
Ташкили ҳокимияти олӣ тартиби ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ – парламент, президент, ҳукумат, муносибати байни ҳокимият ва шаҳрвандонро дар назар дорад. Тартиби ташкили мақомоти ҳокимияти олӣ бо мафҳуми «шакли идоракунӣ» ифода мегардад.
Ташкили ҳудудии ҳокимият ташкили ҳудудии аҳолӣ, муносибати байни мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, байни мақомоти федералӣ ва дохилифедералӣ, тартиби ташкили мақомоти ҳокимияти давлатии федералӣ ва мақомоти аъзои федератсия, тартиби ташкили мақомоти давлатии воҳидҳои марзиву маъмуриро дар назар дошта, бо мафҳуми «шакли сохти давлатӣ» ифода мешавад.
Шакли давлат дар баробари ташкили ҳокимияти давлатӣ ҳамчунин тартиби амалӣ намудани ҳокимияти давлатиро низ дар назар дорад. Тарзҳои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ бо мафҳуми «режими сиёсӣ» ишора мешавад[3].
Шакли идоракунӣ – тарзи ташкили ҳокимияти олии давлатӣ, тартиби ташкили (интихоб, таъин, ташкил) мақомоти олии давлатӣ – парламент, президент, ҳукумат, муносибати байни мақомоти давлатӣ, байни онҳо ва аҳолӣ. Ду шакли идоракунӣ фарқ карда мешавад: шакли идоракунии монархӣ ё шоҳигарӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ.
Монархия ё шоҳигарӣ (аз кал.юнонии monarchia – ҳокимияти як шахс) – шакли идораест, ки ба мансубияти ҳокимияти олии давлатӣ ба монарх (шоҳ, султон, корол, император) асос меёбад. Се намуди монархия ҷудо карда мешавад: монархияи маҳдуд, мутлақ ва дуалистӣ.
Ҷумҳурӣ шакли идоракуниест, ки дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ба мўҳлати муайян интихоб мешаванд. Дар ҷааҳони имрўза ҷумҳурии президентӣ, ҷумҳурии парлумонӣ ва ҷумҳурии омехтаро фарқ мекунанд.
Шакли идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1994 ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 муайян шудааст, ҷумҳурии президентӣ ба ҳисоб меравад. Меъёри моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 шакли идораи Тоҷикистонро ҷумҳурӣ ва моҳияти онро демократӣ муқаррар кардааст, ки интихобӣ будани сарвари давлатро ифода мекунад. Аммо дар он кадом намуд ё шакл доштани идораи давлатии ҷумҳурӣ бевосита муқаррар карда нашудааст. Мувофиқи моддаи 64 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, бевосита дар интихоботи умумӣ аз тарафи халқ интихоб карда мешавад.
Комментарии (0)