Дар адабиёти ватани то ҳол мафҳумҳои “ҷамъиятӣ” ва “иҷтимоӣ” ҳаммаъно ё синоним истифода мегардад. Аз ин рӯ, ҳангоме, ки сухан дар бораи равиши сотсиологии омӯзиши ҷомеа равад, мафҳуми “иҷтимоӣ” – ро ба кор бурдан лозим аст, аммо ҳангоми омӯхтани ҷомеа аз тарафи дигар намояндагони илмҳои ҷамъиятшиносӣ мафҳуми “ҷамъиятӣ” –ро истифода намудан бомаврид мебошад. Масалан, барои сотсиолог муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ – ин иҷтимоӣ мебошанд, аммо барои иқтисодчӣ ё сиёсатшинос муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд. Ин ҷо дар бораи мафҳуми “сотсиум” низ сухан кардан ба маврид аст. Мафҳуми “ҷомеа” ба ҳаёти ҷамъиятиро ба маънои васеъ ифода менамояд, мисли ҷомеаи муосир. Аммо муҳити иҷтимоии хурду ба ҳаёти муштараки одамон наздик ва мушаххасро бо мафҳуми “сотсиум” низ ифода намудан мумкин аст. Масалан, муҳити иҷтимоии оила, коллективи меҳнатӣ ва деҳаю маҳалла. Дигар категорияҳои муҳими сотсиология: “низоми иҷтимоӣ”, “муносибатҳои иҷтимоӣ”, “институтҳои иҷтимоӣ”, “ташкилотҳои иҷтимоӣ”, “табақабандии иҷтимоӣ”, “гурӯҳҳои иҷтимоӣ”, “тадқиқоти сотсиологӣ” ва ѓайраҳо.
Агар мо ба ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ нигарем, мушоҳида менамоем, ки онҳо аз руи ким кадом қоидаи нонавишта, бо тартибу низом пайдо шуда, амал менамоянд. Ин қоидаҳои нонавишта қонунҳои иҷтимоӣ мебошанд. Қонуни сотсиологӣ - ин робитаҳои асоситарин, заруртарин, такроршавандаи низомҳои иҷтимоӣ, зернизомҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ, ҷараёнҳо, ниҳодҳо ва дигар бахшҳои ҷомеа мебошанд. Маѓзи ҳар як илмро қонунҳои вай ташкил мекунанд. Сотсиология ба омӯзиши қонунҳои иҷтимоие, ки дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон амал мекунанд, нигаронида шудааст.
Аз рӯи асосҳои гуногун қонунҳои иҷтимоӣ ба намудҳои гуногун чудо карда мешаванд.
- Қонунҳои умумӣ (иҷтимоӣ - иқтисодӣ) - қонунҳои умумии рушд ва таѓйироти ҷомеа мебошанд. Мисол, қонуни муайянкунандаи нақши тарзи истеҳсолот дар рушди ҷомеа, қонуни ягонагии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ва ѓ.;
- Қонунҳои сохторӣ - қонунҳои низомҳои гуногун (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва ѓайра);
- Қонунҳои хусусӣ - ин гуна қонунҳо ҳамчун натиҷаи маҷмӯи вазъиятҳо ва омилҳои гуногун дар шароитҳои мушаххаси макону замон зоҳир мегарданд. Масалан, қонуни зиёдшавии нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар пешрави ҷомеа, эҳтимолияти зиёд шудани талоқҳо бо пешрафти фаъолии иқтисодии занон.
- Худинкишофёбанда будани ҷамъият;
- Мувофиқат намудани характер ва дараҷаи муносибатҳои истеҳсоли ба қувваҳои истеҳсолкунанда;
- Афзудани талаботҳои одамон бо рушди ҷомеа;
- Вобастагии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба рушди иқтисодиёт;
- Беҳтар шудани накуаҳволии ҷомеа ҳангоми ба кор таъмин шудани аҳолӣ;
- Афзудани мақоми ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мушорикати иҷтимоӣ дар раванди демократикуннонии ҷомеа.
Комментарии (0)