Дар замони имрӯза сотсиология дар байни дигар илмҳои ҷомеашиносӣ мақоми худро пайдо намудааст. Аввалан сотсиология ҳамон як раванд ва ё ҳодисаи иҷтимоиро такрор ба такрор меомӯзад. Баъдан, натиҷаи тадқиқотҳои сотсиологӣ дар тамоми илмҳои ҷомеашиносӣ истифода мешавад. Тавассути методҳои сотсиологи намояндагони дигар илмҳои ҷомеашиносӣ тадқиқотҳои худро ба анҷом мерасонанд.
Сотсиология махсусан бо фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ (бюрократия, идоракунӣ), илмҳои иқтисодӣ (омӯзиши рафтори иқтисодӣ, бозор) илмҳои психология, омор, демография, математика ва дигар илмҳо алоқамандии зич дорад.
Аксарияти мо ба ҷаҳон бо назардошти тарзи зиндагии одатии худ менигарем. Сотсиология ба мо меомӯзонад, ки барои чӣ бо чунин ҳастем, маҳз дигар хел нею ҳамин тавр рафтор мекунем. Сотсиология нишон медиҳад, ки он чизеро мо табиӣ, хуб ва дурусту зарурӣ меҳисобем, мумкин чунин набошад ва ҳаёти мо аз омилҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ сахт вобастааст.
Равиши сотсиологӣ на ба тағйир додани одамони алоҳида, балки ба дигаргун намудани тамоми ҷомеа нигаронида шудааст. Ба ақидаи сотсиолог Чарлз Райт Миллс дар назарияи “Тасаввуроти сотсиологӣ”-и худ сабаби камбизоатӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро на дар хатогиҳои шахсии одамон, балки дар ҷомеа мебинад. Ба фикри ӯ тасаввуроти сотсиологӣ одамонро ба он мақсад муттаҳид менамояд, ки масъалаҳои шахсии худро дар партави масъалаҳои ҷамъиятӣ тағйир диҳанд. Ч. Миллс дар ин бора чунин менависад: “Ҳангоме, ки ҷомеа саноатӣ мешавад, деҳқон ба коргар табдил меёбад, феодал аз саҳна берун мебарояд ё тоҷир мегардад; ҳангоме, ки синф рушд меёбад ё рӯ ба таназзул меорад, инсон ё кор меёбад ё бекор мемонад; ҳангоме, ки сатҳи сармоягузорӣ меафзояд ё кам мешавад, инсон ё сатҳи накуаҳволии худро боло мебардорад ва ё қашшоқ мегардад. Ҳангоме, ки ҷанг мешавад, агенти суғурта ракетагар, хизматчии мағоза оператори радар мегардад; зан бе шаваҳар зиндагӣ мекунад ва кӯдак бе падар калон мешавад. На таърихи ҷомеа ва на ҳаёти алоҳидаи инсонро бе ин ё он ҳолати ҷомеа фаҳмидан ғайриимкон аст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин вазнини тоқатпазирро аз нуқтаи назари тағйироти таърихӣ дида намебароянд. Накуаҳволие, ки онҳо аз он лаззат мебаранд, ба тараққиёт ва таназзули ҷомеаи худ алоқаманд намедонанд. Аҳёнан алоқаи печидаи байни ҳаёти шахсӣ ва рафти таърихи инсониятро дарк карда, одамон одатан гумон намекунанд, ки ин алоқамандӣ барои ояндаи онҳо ва ба вуҷуд омадани таърих, ки худ як қисми он буда метавонанд, чӣ аҳамият дорад. Онҳо он зеҳнеро соҳиб нестанд, ки тавассути он баҳамтаъсиррасонии байни одамон ва ҷомеа, тарҷумаи ҳол ва таърих, “ман”- и алоҳида ва ҷаҳонро фаҳманд...Ба онҳо чи лозим аст... ҳамон сифати ақле, ки барои фаҳмидани он ки... дар ҷаҳон чӣ ҳодисаҳо руй медиҳанд ва... онҳо худ чиро офарида метавонанд, кӯмак расонида тавонад. Маҳз ин сифатро... тасаввуроти сотсиологӣ номидан мумкин аст”.
Ҳоло давлатҳои дорои даромади дараҷаи баланд ИМА, Канада, Аргентина, давлатҳои Аврупои Ғарбӣ (Англия, Франсия, Германия ва ғайра), Изроил, Арабистони Саудӣ, Япония ва Австралия (қариб 40 давлати дунё) мебошанд. Шаҳрвандони ин давлатҳо на барои он хуб зиндагӣ мекунанд, ки аз дигарон боақлтаранд, балки тақдирашон баландӣ кардааст, ки дар ин давлатҳо таваллуд шудаанд. Давлатҳои дараҷаи миёнаи даромад (тахминан 90 давлат) бештари давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Баъзе аз давлатҳои Африкои Ҷаубӣ ва қариб ҳамаи давлатҳои Америкаи Ҷанубӣ (Лотинӣ) мебошанд, ки қисман дар шаҳрҳо ва қисман дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба онҳо ҳам рушди саноат ва ҳам рушди хоҷагии деҳот хос аст. Давлатҳои дорои дараҷаи пасти даромад, ки ними аҳолии ҷаҳон ва тахминан 60 давлати ҷаҳонро дар бар мегирад. Ин давлатҳо асосан дар Африка ва Осиё ҷойгиранд. Баъзе аз одамони ин давлатҳо хеле сарватманд буда, аксарияти аҳолии онҳо дар вазъияти қашшоқона ва ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд, оби нӯшокӣ ва хӯрока намерасад, аз ҳама бадтараш барои ҳаёти беҳтар умедвории кам доранд.
Аввалин сотсиологи зан дар давраи охири асри XIX ва аввали асри XX Гарриет Мартино (1802-1876) мебошад. Ӯ англис мебошад ва панҷ китобу мақолаҳои зиёд навиштааст. Аввалин маротиба китоби “Фалсафаи позитивӣ” – и О. Контро ба забони англисӣ тарҷума карда, пешкаши англисҳо менамояд. Соли 1930 –уми асри XIX ба Америка рафта, ҷомеаи онҷоро меомӯзад ва китоберо бо номи “Ҷомеаи Амрико” менависад. Ба ақидаи Г. Мартино тадқиқотчӣ и ҷомеа бояд ба ҳама қисматҳои он, махсусан институтҳои сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоии он таваҷҷӯҳ намояд ва ҳаёти занонро низ ҳамчун бахши ҳаёти ҷомеа омӯзанд. Ӯ аввалин шуда диққати сотсиологҳоро ба масъалаҳои никоҳ, кӯдакон, ҳаёти оилавӣ ва динӣ, муносибатҳои нажодӣ равона намудааст. Ба ақидаи ғ сотсиолог на танҳо мушоҳида кунад, балки баро ба ҷомеа фаоида овардан амал намояд. Ӯ то охири умр барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва озод намудани ғуломон муборизаҳо бурдааст.
Алоқамандии сотсиология бо дигар илмҳо ва аҳамияти омӯзиши он
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Таъсири раванди омӯзиши фанҳои равияи табиӣ – гуманитарӣ дар ташаккулёбии донишҳои ҳуқуқии мактабиёни наврас (Дар асоси таҳлил ва муайянсозии имконоти фанҳои таълимӣ дар самти таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасони хурдсол)
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)