Нақша:
1. Тадқиқоти сотсиологӣ ва намудҳои он2. Барномаи тадқиқот ва қисматҳои таркибии он
3. Интихобнома
1. Тадқиқоти сотсиологӣ ва намудҳои он
Тадқиқоти сотсиологӣ яке аз тарзҳои асосии инкишофи донишҳои сотсиологӣ мебошад, ки тадқиқотчӣ ё гурӯҳи тадқиқотчиён онро барои ҳалли масъалаҳои муайяни иҷтимоии ҷомеа истифода мебаранд.Тадқиқоти сотсиологӣ - ин маҷмӯи низоми амалиётҳои мантиқан пайдарҳами методологӣ, методӣ ва ташкилӣ-техникиест, ки дар алоқаманандии байниҳамдигарӣ барои дар бораи равандҳо ва зуҳуроти иҷтимоии омӯхташаванда ба даст овардани маълумоти мӯътамад ва истифодаи онҳо дар амалияи иҷтимоӣ имконият фароҳам меорад. Мафҳуми «тадқиқоти сотсиологӣ» - ро аввалин бор соли 1897 сотсиологи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм дар асараш «Худкушӣ» ба доираи истилоҳи илмӣ ворид намудааст.
Тадқиқоти сотсиологӣ барои васеъ намудани дониши одамон дар бораи ҷомеа, равандҳо ва тағироти ҳаёти иҷтимоӣ, шарҳи сабабу оқибатҳои рафтору фаъолияти субъектони муносибатҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои баратараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ (камбизоатӣ, бекорӣ, муҳоҷират, худкушӣ ва ғайра) равона шудааст. Барои он ки тадқиқотҳои сотсиологӣ ин рисолати худро ба анҷом расонанд, шароитҳои зарурӣ, озодии тадқиқот ва нашру паҳн намудани натиҷаҳои онҳо ва фазои мусоиди иқтисодию сиёсӣ лозим аст. Яке аз сабабҳои дар даврони шӯравӣ ва умуман давлатҳои сохтори ғайридемократидошта имкониятҳои гузаронидани ин гуна тадқиқотҳо маҳдуд мебошад. Дар давлатҳои демократӣ ва кушода барои тадбиқи оддитарин ташаббус афкори оммаро меомӯзанд ва истифода менамоянд.
Тадқиқотҳои сотсиологӣ вобаста ба асосҳои гуногун ба намудҳо ҷудо карда мешавад. Тадқиқоти озмоишӣ (ҷустуҷӯӣ, пилотаж)
Тадқиқоти озмоишӣ (ҷустуҷӯӣ, пилотаж) – яке аз намудҳои одии тадқиқоти сотсиологӣ буда, бо мақсади аниқ намудани масъала, гузориши дурусти вазифаҳо ва асоснок намудани фарзияҳо гузаронида мешавад, масусан, дар ҳолати оиди мавзӯи тадқиқотӣ кофӣ набудани маълумот дар адабиёти илмӣ.Тадқиқоти ҷустуҷӯи барои коркарди қоидаҳои техникӣ ва тафтиши пешакии олоти пурсиш, яъне апробатсияи саволнома пешбинӣ гардидааст. Тадқиқоти пилотажӣ чунин намуди тадқиқоти озмоишӣ мебошад, ки бо мақсади тафтиши коршоямии олоти тадқиқот ва усулҳои ташкили кори саҳроӣ гузаронида мешавад. Ин намуди тадқиқот то ба даст омадани натиҷаҳои мусбӣ ва мувофиқ гардидани олоти тадқиқот такрор меёбад. Дар замони ҳозира пеш аз нашри саволнома ва баромадан ба кори саҳроӣ ҳатман аз тадқиқоти пилотажӣ истифода мебаранд. Пас аз гузаронидани тадқиқоти пилотажӣ натиҷаҳои ба дастомада дар доираи иштирокчиён баррасӣ гардида, масъалаҳои ошкоршуда бартараф карда мешаванд.
Тадқиқоти тасвирӣ нисбат ба тадқиқоти озмоишӣ нисбатан мураккабтар буда, барои дар бораи омузиши масъалаи тадқиқотӣ ва унсурҳои он пайдо намудани тасаввуроти умумӣ имконият медиҳад. Ҳангоме, ки гурӯҳҳои омӯхташаванда якхела нестанд, он гурӯҳҳоро вобаста ба якхелагиашон ҷудо намуда, хусусиятҳои оси онҳоро муқоиса намуда, алоқамандии байни онҳоро ҷустуҷу менамоянд ва баҳо медиҳанд. Масалан, омӯзиши гурӯҳҳои иҷтимоӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ – демографӣ (ҷинс, синну сол, вазъи оилавӣ, мавзеи зист ва ғайра). Дар ин намуди тадқиқот робитаҳои сабабӣ-натиҷавии зуҳуроти иҷтимоиро ошкор намекунад, танҳо манзараи умумӣ, сохтор ва ҳаракати ҳодисаҳои иҷтимоиро тасвир менамояд .
Тадқиқоти таҳлили мушкилтарин намуди тадқиқот ба ҳисоб меравад, ки ҳам падидаи омӯхташавандаро тасвир менамояд ва ҳам сабабу омилҳои пайдоишу рушд ва паҳншавии онро шарҳ медиҳад. Барои гузаронидани ин намуди тадқиқот омодагии ҷиддӣ дидан лозим аст, яъне барномаи тадқиқотӣ хело ҷиддӣ, ҳаматарафа ва муддати дароз кор карда баромада мешавад, репрезентивӣ будани интихобнома ва мӯътамадии методҳои тадқиқотӣ (пурсиш, контент-анализ, мушоҳида, озмоиш) санҷида шуда, дар хотима ҳисоботи илмӣ навишта мешавад.
Тадқиқоти якдафъаина – чунин намуди тадқиқотест, ки оиди вазъи ҳодисаю падидаҳои иҷтимоӣ то замони омӯзиши он маълумот медиҳад. Дар ин гуна тадқиқот дар бораи раванди тағйирот ва дигаргуншавии масъалаи омӯхташаванда ахбор гирифтан ғайриимкон аст. Ин намуди тадқиқот фақат як бор гузаронида мешавад ва имконият медиҳад, ки дар бораи ҳолат, вазъият ё мавқеи ягон ҳодисаю равандҳои иҷтимоӣ дар лаҳзаи кунунӣ тасаввурот ва маълумот ба даст оварда шавад.
Тадқиқоти такрорӣ гуфта маҷмӯи тадқиқотҳоеро меноманд, ки дар даавраҳои муайян аз рӯи як барнома ва олоти тадқиқотӣ гузаронида шуда, дар натиҷа оиди раванди тағйироти объекти омӯхташаванда маълумоти лозима ба даст меояд. Натиҷаҳои тадқиқоти такрорӣ гузаронидашударо, ки пайдарпай дар давраҳои гуногун гузаронида шудаанд, муқоиса намуда, оиди тамоюли тағйироти он ахбори зуруриро ба даст овардан мумкин аст. Тадқиқоти такрорӣ ба мақсади муайян кардани самти ҳаракати ҳодиса ва равандҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад.
Тадқиқоти лонгитюдӣ (давомдор) – чунин намуди тадқиқоти такрорӣ аст, ки тавассути он ҳамон як маҷмӯи мусоҳибон дурудароз омӯхта мешаванд. Тадқиқоти лонгитюдӣ дар мариди тадқиқи давраҳои ҳаётии насли муайян, ҳаёти оила ва муносибати ҳамсарон давоми зиндагии якҷоя, давраҳои ҳаётии гурӯҳи хонандагон, донишҷӯён, коллективи коргарон ва рафтори одамон дар давоми зиндагии онҳо хеле самаранок аст. Дар ин гуна тадқиқот асосан методи пурсиш истифода мешавад ва оиди масъалаҳои ҷавонон, мисли интихоби касб, тағйирёбии арзишҳо ва рафтори онҳо маълумоти арзишмандеро ба даст овардан мумкин аст. Мушкилии асосӣ ин аст, ки тадқиқотчиро лозим аст муддати дурудароз бо мусоҳибон робитаҳои удро нигоҳ дорад. Тадқиқоти лонгитюдиро олимон баъзан вақт мониторинг низ меноманд. Мониторинг гуфта аз рӯи методика ва қоидаҳои муайян мушоҳидаи доимӣ ва дурударози объекти омӯхташаванда ё умуман равандҳо ва падидаҳои иҷтимоиро меноманд. Ин амалро тавассути марҳила ба марҳила чен намудани нишондиҳандаҳои интихобшуда иҷро намудан мумкин аст.
Тадқиқоти панелӣ – тадқиқотест, ки аз руи як барнома, ҳамон як интихобнома ва методикаи ягона дар фосилаҳои гуногуни вақт гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани ин гуна тадқиқот таҳлил намудани тағйироти ҳолат ва ҳаракати ҳодисаю падидаи омӯхташаванда мебошад. Дар тадқиқоти панелӣ нуқтаи назари мусоҳибон иваз шуда метавонанд, аммо объекти омӯхташаванда иваз намешавад. Дар ин ҷо мафҳуми “панел” ба маънои ҳамон як мусоҳибоне меравад, ки дар ҳар як тадқиқоти такрорӣ иштирок мекунанд, масалан, баъди 5 сол ва танҳо синну солашон тағйир меёбад. Дар ин тадқиқот робитаҳои сабабӣ дар ду ва зиёда марҳилаи тадқиқоти гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани тадқиқоти панелӣ мушоҳида ва омӯхтани тағйиротҳо дар ягон гурӯҳи одамон дар давоми вақти муайян (на камтар аз ду маротиба) мебошад.
Тадқиқоти когортӣ (наслҳо) – чунин намуди тадқиқот мебошад, ки гурӯҳи одамони як синну сол (як насл) дар давоми вақти дурудароз омӯхта мешаванд. Мақсад аз истифода намудани ин тадқиқот таҳлили тағйиротҳо дар тарзи зиндагӣ, арзишҳо ва андешаҳои як насл мебошад. Муҳаққиқон фосилаи байни наслҳоро 20-25сол муайян намудаанд. Когорта (Насл) ин гурӯҳи одамонест, ки аз руи нишонаҳои синнусоли бо ҳам наздиканд ва ҳамон як ҳодисаю равандҳоро аз сар мегузаронанд. Дар аввал ба сифати когорт одамони дар давраи муайян таваллудшударо интихоб мекарданд ва онҳоро дар синну солҳои муайян, мисли 20, 25, 30 солагӣ меомӯхтанд, аммо минбаъд вобаста ба ягон ҳодиса (мисол, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон дар охири даврони шуравӣ) когортро муайян мекарданд. Дар вакти тадқиқоти когортӣ мумкин мусооҳибон тағйир ёбанд, аммо мутааллиқияти когортии онҳо нигоҳ дошта мешавад. Дар тадқиқот ҳаракати сохтори иҷтимоӣ ва арзишҳои ҷомеа тавассути тадқиқи муносибатҳои байни наслҳо муайян карда мешаванд ва объекти тадқиқот иваз мешавад, аммо мусоҳибони пешина нигоҳ дошта мешаванд.
Тадқиқоти фаврӣ (экспресс-пурсиш) – намуди тадқиқоти сотсиологиест, ки мақсад аз истифодаи он дар як муддати кӯтоҳ оиди ягон ҳодиса ва раванди иҷтимоӣ ба даст овардани маълумоти дақиқ ва объективӣ мебошад. мебошад. Дар ин намуди тадқиқот захираҳои зарурӣ ва корҳои фаврии ташкилӣ-идоракнӣ лозим аст. Ин намуди тадқиқот дар ҳолате истифода мешавад, ки вазъи проблемавӣ маълуму ошкор аст, зиддиятҳои монешавандаи рушди ҷомеа шиддат гирифтаанд, ҳодисаи рӯйдода характери муваққати ва гузаранда дорад ва зуд ба он ҷавоб додан лозим меояд. Дар тадқиқоти фаврӣ методҳои анкета, мусоҳиба (аз ҷумла мусоҳибаи телефонӣ, интернетӣ), мушоҳида, таҳлили ҳуҷҷатҳо) истифода мешаванд. Масалан, баҳо додан ба баромади мансабдор, гузаронидани ягон ҷашни миллӣ ва амсоли ин. Дар тадқиқоти фаврӣ маълумоти тоза ва муваққатӣ, ки дар айни замон хело муҳим мебошад, ба даст оварда мешавад. Тадқиқоти фаврӣ тавассути газетаҳо, итернет низ бо мақсади муайян намудани рейтинги ягон сиёсатмадор дар давоми ҳафта, муайян намудани нарху навои маҳсулот ва харидорони он ва амсоли ин гузаронида мешавад.
2. Барномаи тадқиқот ва қисматҳои таркибии он
Тамоми марҳилаҳои тадқиқоти сосиологӣ дар ҳуҷҷати асосии он- барномаи тадқиқоти сотсиологӣ инъикос гардидааст. Коркарди барномаи тадқиқоти сотсиологӣ унсури асосии тадқиқоти сосиологӣ ба ҳисоб меравад. Барнома барои роҳ надодан ба хатогиҳо ҳам дар раванди гузаронидани тадқиқот ва ҳам таҳлили натиҷаҳои он кӯмак мерасонад. Мақсади барномаи тадқиқот гузориши тарҳ ё нақшаи умумии чорабиниҳои тамоми давраи тадқиқот мебошад. Дар барнома қоидаҳои омузиши зуҳурот ё раванди мушаххас нишон дода шудааст.Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ аз ду қисмат таркиб ёфтааст:
1. Қисмати методологии барнома, ки чунин марҳилаҳоро фаро мегирад:
Тасвият (формулировка) ва асоснокнамоии проблема
Муайян намудани мақсад ва вазифаҳои тадқиқот;
Муайян намудани объект ва предмети тадқиқот;
Шарҳи мафҳумҳои асосӣ;
Пешниҳоди фарзия.
2. Қисмати методии барнома чунин марҳилаҳоро дар бар мегирад:
Муайян намудани маҷмӯи омӯхташаванда (интихобнома)
Интихоби методҳои ҷамъоварии иттилооти аввалиндараҷа
Тартиб додани воситаҳо (инструментария: варақаи анкета, нақшаҳои мусоҳиба, гузориши саволҳо, ҷадвалҳои ченкунӣ ва ғ.)-и ҷамъоварии ахбор;
Тадқиқоти саҳроӣ
Коркарди ахбор ва ворид намудани он ба барномаи компютерӣ (EXZEL ё SPSS)
Таҳлили ахбор ва омода намудани ҳисоботи илмӣ бо пешнҳоду тавсияҳо
Барномаро ҳатман нақшаи корӣ пурра менамояд, ки дар он тартиби иҷроиши марҳилаҳои кор, мӯҳлати иҷроиши тадқиқот ва баҳодиҳии захираҳои зарурии молиявӣ ва ғ пурра менамояд. Дар тартиб додани барномаи тадқиқоти сотсиологӣ аз се як ҳиссаи вақти барои тадқиқоти сотсиологи ҷудошуда истифода мешавад. Умуман, тахминан барои гузаронидани Тадқиқоти сотсиологӣ вақтро чунин тақсим намудан мумкин аст:
Коркарди барномаи тадқиқоти сотсиологӣ - 30-40%;
Ҷамъоварии ахбор - 10-15%;
Омода намудани ахбор ба коркард -15%;
Коркарди ахбор - 5-10%;
Таҳлили ахбор ва навиштани ҳисобот - 30-40%.
3. Интихобнома
Барои гузаронидани тадқиқот танҳо як муайян намудани объект кифоягӣ намекунад. Ҳамаи одамони ба сифати объект интихобшударо пурсидан ҳам вақт ва ҳам маблағи зиёдро талаб менамояд. Аз ин сабаб, одатан тадқиқоти сотсиологӣ интихобӣ мешавад. Тадқиқотчӣ аз рӯи қоидаҳои муайян ва ҷиддӣ шумораи ками одамонро интихоб менамояд, ки аз рӯи нишонаҳои иҷтимоӣ-демографӣ ва дигар хусусиятҳо пурра ба сохтори объекти омӯхташаванда мувофиқ меояд. Ин амалиётро «интихобнома» меноманд. Ҳангоми тартиб додани интихобномаи сотсиологӣ мафҳумҳои «маҷмӯи генералӣ» ва «маҷмӯи интихобӣ»-ро истифода мебаранд. Маҷмӯи генералӣ ҳамаи аҳолӣ ва ё он қисмати аҳолӣ аст, ки сотсиолог бояд онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Як қисмати мувофиқи аз маҷмӯи генералӣ ҷудо карда гирифташуда (як қисмати аъзоён)-ро «маҷмӯи интихобӣ» меноманд.Агар интихобнома бо принсипи эҳтимолӣ муайян карда шавад, пас он на бояд 10 % маҷмӯи гнералӣ зиёд бошад. Баъзе аз сотсиологҳо андеша доранд, ки агар объект аз 50 нафар ва дигар сотсиологҳо аз 500 респондент зиёд бошад, методи интихобиро истифода намудан лозим аст. Хулоса, ба маҷмӯи интихобӣ ҳамон одамоне дохил мешаванд, ки тадқиқотчӣ бо онҳо пурсиш мегузаронад.
Намудҳои гуногуни интихобнома вуҷуд дорад. Ин намудҳо нишон медиҳанд, ки чи гуна одамон ба интихобнома меафтанд. Дар тадқиқоти сотсиологӣ ду намуди интихобнома васеъ истифода мешавад:
• Интихобномаи эҳтимоли (тасодуфӣ);
• Интихобномаи ғайриэҳтимолӣ (мақсаднок, ғайритасодуфӣ).
Интихоби мусоҳибон дар аксар маврид ба таври эҳтимолӣ сурат мегирад. Дар назари аввал эҳтимолӣ будани интихобкунӣ маънои интихоби беасос, худсарона ва идоранашавандаро медиҳад, аммо аз назари сотсиолог ин интихобкунӣ эҳтимолӣ набуда, балки асоснок ва аз рӯи қоидаҳои муайян сурат мегирад. Интихобнома он вақт эҳтимолӣ ҳисоб мешавад, ки намояндаи ҳар як гурӯҳи мақсаднок эҳтимолияти ворид шудан ба интихобномаро дошта бошанд.
Тартиб додани интихобномаи эҳтимолӣ осон аст, ба шарте, ки тадқиқотчӣ рӯйхати тамоми одамони фикрашон барои тадқиқот зарурро дар ихтиёр дошта бошад. Нахуст аз ҷадвал ба таври эҳтимоли номи як нафар мусоҳибро интихоб менамоем, сипас пайдарпай бо фосилаи муайян то ба даст овардани шумораи зарурӣ интихобкуниро идома медиҳем. Агар маҷмӯи генералӣ ҳаҷман калон набошад, он гоҳ воҳидҳои мушоҳидавиро дар варақаҳо рақам гузошта, дар асбоби чархзананда гузошта, омехта мекунем ва сипас миқдори муайяни карточкаҳоро аз он берун мебарорем (бо усули лоторей ва ё қуръапартоӣ) ва маҷмӯи интихобӣ ба даст меояд. Имрӯз ҷадвали рақамҳои тасодуфиро барномаи махсуси комютерӣ, ки генератори рақамҳои тасодуфӣ ном дорад, иҷро менамояд (масалан, тавассути барномаи SPSS).
Мисол, миқдори воҳидҳои маҷмӯи генералӣ 2000 нафар пурсишшавандаи эҳтимолӣ аст. Мо бояд 200 нафари онҳоро интихоб намоем. Дар ин ҳолат мо воҳиди маҷмӯи генералиро ба воҳиди маҷмӯи интихобӣ тақсим карда, (2000:200 = 10), қадамҳои интихобномаро муайян карда метавоем. Дар ин мисол аз кадом рақами рӯйхате, ки оғоз накунем, бояд фосиланок ҳар як даҳумин нафарро пурсем. Қадами интихобнома бо чунин формула ҳисоб карда мешавад:
K=N/п
Дар ин ҷо К- қадамҳои интихобнома, N— миқдори маҷмӯи генералӣ ва п — миқдори маҷмӯи интихобӣ. Масалан, дар мисоли бологӣ N=2000, п = 200, яъне К=2000:200=10, К= 10Дар баробари методҳои интихобномаи эҳтимолӣ боз намудҳои гуногуни интихобномаи ғайриэҳтимолӣ вуҷуд доранд. Агар воҳидҳои интихобнома номаълум бошад, интихобномаи ғайриэҳтимолӣ (мақсаднок, ғайритасодуфӣ) номида мешавад. Ба интихобномаи ғайриэҳтимолӣ он интихобҳое дохил мешаванд, ки тавассути онҳо интихоби одамонро эҳтимолан ба амал баровардан номумкин мебошад.
Интихобномаи ғайритасодуфии стихиявӣ – интихобномаест, ки онро пурсиши бемеъёр меноманд. Дилхоҳ воҳиди интихобӣ пурсида мешавад. Масалан, тавассути рӯзнома ягон проблема тадқиқ мегардад ва пешакӣ сохтори оммаи хонандагонро, ки анкетаро пур мекунанд, муайян кардан ғайриимкон аст.
Интихобномаи квотавӣ-чунин намуди интихобномаи ғайриэҳтимолие мебошад, ки тадқиқотчӣ таносуби муайяни байни категорияҳои гуногуни мусоҳибонро муайян мекунад ва нигоҳ медорад. Дар ин маврид талаб карда мешавад, ки ба интихобнома таносубҳои маълуми омории ҳамаи маҷмӯи омӯхташавандаро вобаста ба ягон нишондиҳанда, мисли ҷинсу синну сол, сатҳи таҳсилот, ҷойи зиндагии мусоҳибон ва монанди ин ворид карда шавад. Ин таносубҳоро квотаҳо меноманд. Саволдиҳанда ҳангоми интихоби мусоҳибон дар доираи квотаҳои муайяншуда озод ҳастанд. Масалан, саволдиҳанда пурсишро дар ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин ва ё дар як қисмати он (дар маҳаллаи муайяни нишондодашуда), дар ҳама ҷо (дар кӯча, мағоза, нақлиёт) ё танҳо вобаста ба ҷойи истиқомати мусоҳибон гузаронида метавонад. Дар доираи маҳдудиятҳои ҷоришуда саволдиҳанда худаш тасмим мегирад, ки кадом мусоҳибро пурсад. Зери мафҳуми квота таносуб фаҳмида мешавад. Ин метод ҳангоме истифода мегардад, ки оиди унсурҳои асосии маҷмӯи генералӣ маълумотҳои пешакӣ вуҷуд доранд.
Интихобнома бо методи “лундаи барфӣ” дигар намуди интихобномаи мақсаднок ба ҳисоб меравад. Ин метод дар ҳолате истифода мешавад, ки намояндагони гурӯҳи мақсаднокро тавассути дигар методҳои интихобнома ёфтан мушкил бошад. Мушкили шояд ба кам будан намояндагони гурӯҳи мақсаднок ва ё ба сабаби мушкилии дастраснамоии онҳо обастагӣ дошта бошад. Методи «лундаи барфӣ» (снежного кома) маънои онро дорад, ки ҷустуҷӯи мусоҳибони дорои характеристикаи зарурӣ тавассути шиносони мусоҳибон, шиносони шиносҳои ӯ идома меёбад. Дар аввал саволдиҳанда бо ҳар методе набошад (масалан, тавассути шиносҳояш) мусоҳиби аввалро ҷустуҷӯ менамояд. Аз мусоҳибони интихобшуда пурсида мешавад, дигар шахсони дорои характеристикаи заруриро номбар намоянд, ҳар як намояндаи гурӯҳи мақсаднок боз як ё якчанд нафари дигари ин гурӯҳро номбар менамоянд дар ин асос иштирокчиёни эҳтимолиро интихоб менамоянд ва интихобнома дар ҳар як қадам мисли лундаи барфӣ зиёд шудан мегирад. Методи мазкур ҳангоми тартиб додани рӯйхати намояндагони ихтисоси нодир ва гурӯҳҳое, ки ёфтани намояндагони он мушкил аст, хеле қулай мебошад. Махсусан, барои ҷалб намудани сарватмандон, шахсони обуруманд, сиёсатмадорон (барои розигии онҳоро ба мусоҳиба гирифтан), нашъамандон, беморони ВИЧ/СПИД, намояндагони иқтисоди соягӣ (теневой экономика), намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ ва монанди инҳо, ки дастраснамоияшон мушкил аст, ивазнашаванда аст.
Комментарии (0)