Ҳофизи Шерозӣ яке аз беҳтари ғазалсароёни адабиёти форсу тоҷик ба шумор рафта, фикрҳои хубу пешқадами Ӯ дар ғазалиёташ хеле олӣ инъикос ёфтаанд. Аз ин рӯ пайравону мухлисони зиёд дорад. Ба ин маънӣ худи шоир мегӯяд:
Ғазал гуфтию дурр суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Аз ҷумла, банда низ дӯстдор ва пайрави ашъори Ҳофизам. Оре, шеърҳои Ҳофиз хонандаи худро бефарқ намегузорад. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро назми Ҳофиз писанди ман аст? Мехоҳам дар ин хусус андешаҳои худро баён созам.
Ҳамаи ғазалиёти шоир яке аз дигаре бартарӣ доранд ва бо каломи мавзуну дилнишин, истифода аз санъатҳои бадеӣ, орӣ аз печидабаёнӣ суруда шудаанд. Бо баробари қироати шеъри шоир маро як ҳиссиёту ҳаяҷони аҷибе фаро мегираду барои фикр кардан водор месозад. Хусусан ғазали:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.
Инсонро ба худшиносӣ, одаму одамгарӣ, худотарсӣ ва поквиҷдон будан раҳнамун месозад. Ин ғазал аз ноадолатиҳои замони шоир ва аҳли мансаб дарак медиҳад ва ба қадри даврони хеш, яъне Истиқлолият расиданро меомӯзаду дар шахс ҳисси шукронаро бедор месозад. Ин ғазалро аз ғазалҳои пандуахлоқӣ гуям, асло хато нахоҳам кард.
Ҳофиз дар ин ғазал кору рафтори баъзе намояндагои дини мубини Исломро танқид намуда, диловарона, фошофош воизоне, ки забону дили як надоранд, инсонҳои нопоку бесаводи гавҳарношинос гуфтааст. Ман ба гуфтаҳои Ҳофизи ҳақгӯ сад андар сад розӣ ҳастам. Ин гуна амалдорони дунҳиммат дар таърих бо хати сиёҳ сабт шудаанд, на бо зарҳал.
Ғазали:
Ёрӣ андар кас намебинам ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакид аз шохи гул, боди баҳоронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
низ аз зумраи ғазалҳост, ки дар он бедодгариҳои замон, бемеҳрии фарзанд ба оила, мансабталошӣ ва нафрат нисбати якдигар баръало инъикос гардидааст.Бо баробари қироати ин мисраҳо беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад ва беҳаловату дилгиркунанда будани
замони шоирро пеши назар оварда, аз фарзанди даврони истиқлол буданам меболаму мефахрам.Замоне, ки ман умр ба сар мебарам, тинҷӣ, серию пурӣ, мамлакат обод, шоҳ одилу раиятпарвар, халқ босавод. Хулоса, мардум хушбахт . Ин ҳиссиёту ҳаяҷоне, ки дар манн пайдо шуд, таъсири ашъори Ҳофиз аст. Маҳз ба хотири ғазалҳои таъсирбахшаш шахс ба зиндагӣ бо нигоҳи неку назаррабо, шукру шавқ, хубу хотирмон назар меафканад. Бузургон хеле хуб гуфтаанд:
«Хоҳӣ, ки ба қадри замони хеш расӣ, ба таърих назар афкан». Ин далел исботи гуфтаҳои болоянд. Маҳз инсони худогоҳу худшинос аз таърих огоҳ аст.
Хулоса, ҳаминро бояд таъкид кард, ки тамоми назми Ҳофиз саршори ишқу муҳаббат, тасвири зебоиҳои табиат, панду андарзи орифона асту барои инсони комил ва худшинос шудан хизмат мекунад. Ба ақидаи ман, касе нест, ки бо шунидан ва ё қироати ашъори Ҳофиз ба ҳиссиёту ҳаяҷон наомада бошад ва аз ғизои маънавӣ бебаҳра монда. Ман мехоҳам аз ин гуна асилзодагон андоза гирифта, пайрави арзандаи онҳо бошам.
Комментарии (0)