Симои модари ман дар шеърҳои Лоиқ Шералӣ


Лоик ШералиЛоиқ Шералӣ яке аз беҳтарин шоирони муосири тоҷик мебошад, ки дар васфи модар шеърҳои басо арзишманд эҷод кардааст. Дар васфи модарони фариштахисол офаридани садҳо асар кам аст, лекин Лоиқ тавонист дарди дили модарони тоҷикро бо ҷаззобияти хос тасвир намояд. Ҳангоми қироати «Модарнома»-и Лоиқ ҳис мекунӣ, ки гӯё симо, рафтору кирдор ва меҳрубонии модари туро гуфта бошад. Пас саволе пайдо мешавад, ки симои модари ман дар кадом шеърҳои шоир дида мешавад? Мехоҳам он шеърҳоро рӯйи қоғаз оварам.

Модар муқаддастарин офаридаи Парвардигор аст, муъҷизаест беназир. Ҳеҷ нерӯи тавонотар аз ӯ нест. Ҳастии модар омили безаволии зиндагист, меҳр ва оғӯши ӯ пушту паноҳи мост.

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Дар дунё касе нест, ки аллаи ширину гӯшнавози модарро дӯст надошта бошад. Вақте ки модарам додараки хурдамро бо сад навозиш, зебову форам ва насиҳату дуо алла мегӯянд, аз модарам

ифтихор мекунам, ки чунин модари оқила, меҳрубон ва нотакрор дорам. Ин симоро дар шеъри «Суруди модар»-и Лоиқ дарёфтам:

Тифли гирёнам, калон шав,

Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,

Достон шав!

Достон шав!...

Модари меҳрубонам дар хурдӣ мудом маро одоби хуфтану хестан ва ба он амал намуданро меомӯхт ва ин насиҳатро ман дар ашъори Лоиқ пайдо намудам, ки гӯё модарам гуфта бошад:

Модарам мегуфт доим вақти хоб,

« Хоб кун албатта бо паҳлуи рост!

Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,

Сар бикун бо қувваи бозуи рост...

Ба фикри ҳар як шахс танҳо модари ӯ зебо, ғамгусор, ширинсухан, маслиҳатгар ва раҳамои роҳи рост аст. Оре, ман низ модари худро чунин мепиндорам, ки Лоиқ гуфтааст:

Як сухани бонамаки модарон,

Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.

Як асари маслиҳати модарон,

Беҳ зи ҳама доварии доварон.

Барои бекамбудӣ гузаронидани зиндагии худ ҳамаи модарон, аз ҷумла, модари ман низ аз ягон меҳнати сангин ҳарос надоранду меҳнатро шарафи зиндагӣ меҳисобанд, зеро ин гуна афрод масъулиятшинос буда, вазифаи ҷонии худро ҳам дар назди фарзанд ва ҳам назди виҷдон ба пуррагӣ адо менамоянд. Дар ин маънӣ Лоиқ гуфтааст:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,

Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Ҷойи модарро касе ва чизе асло гирифта наметавонад, чунки модар нури илоҳӣ ва бӯйи модаронаи махсуси худро дорад, ки аз фирдавс дарак медиҳад.

Бӯйи ҷону бӯйи нону бӯйи пистон,

Бӯйи гулҳои баҳори бачагӣ,

Бӯйи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.

Хулоса, «Модарнома»-и Лоиқ - зоҳиру ботини зебову ғамхори тамоми модарони рӯйи дунё бо ҳама ҷузъиёташ. Модар ягона шахсест, ки дар ҳама ҳолат фарзандонашро дастгирӣ намуда, аз гуноҳашон мегузарад, бо дуову насиҳатҳои намакинаш ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

Зинда бошӣ, зиндигии ман хуш аст,

Бо ту ман бошам музаффар, модарам.

Гар бибандӣ рахт, он соат мабод,

Бо ту мемирам баробар, модарам.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив