Достони «Ҷони ширин» яке аз беҳтарин достонҳои лирикии адабиёти давраи нави тоҷик мебошад. Достони мазкур хусусияти тарҷумаиҳолӣ ва иҷтимоиро доро мебошад. Мо ҳамагон огоҳ ҳастем, ки ҳар кору амал сабаб ва мақсади худро дорад. Пас сабаб ва мақсади шоир аз иншои достон дар чист? Мехоҳам андешаҳоямро дар риштаи наср гуфта бошам.
Достони «Ҷони ширин» мавзӯъҳои гуногун, аз қабили меҳру муҳаббат, эҳтироми зану шавҳар, сулҳу дӯстӣ ва муборизони ватанпарварро фаро гирифтааст. Қаҳрамони асар Турсунзода буда, ишқи поку самимӣ доштани худро нисбати ҳамсар ошкоро баён намудааст. Шоир чунон эҳтироми ишқи занро ба ҷо меорад, ки ҳатто дигар занҳо ба чашмаш танҳо симои ёрашро ҷилвагар месозанд.
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фишурдам дасти зан.
Лек дар пеши назар рӯйи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯйи ту буд...
Мақсади шоир ин ҷо танҳо достон кардани муҳаббати худ набуда, балки панд додан ба ҷавонон нисбати ишқ, зан, оила ва муқаддас шуморидани он мебошад. Шоир боз на бо хоҳиши худ аз назди зану фарзандон дур будан, балки бо амри Ватан ба сафар баромаданашро баён месозад:
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душмаӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Аз гуфтаҳои боло маълум аст, ки шоир дар достони худ дар хусуси сулҳу дӯстӣ ва бародару ошно будан бо намояндагони дигар халқ сухан ронда, ҷаҳон дидану дӯстӣ пайдо кардан бо хешу бегонаро талқин менамояд, ки ин низ хушбахтист. Турсузода боз ба ҳамсараш таъкид намуда мегӯяд, ки сулҳу амонӣ ва озодӣ маҳсули ҷобозиҳои фарзадони бедордилу барӯманди халқҳои гуногун, аз қабили Файз Аҳмади покистонӣ ва Николай Тихонови рус мебошад.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Яъне, Файз Аҳмад яке аз муборизони роҳи озодӣ буда, барои ҳимояи халқи худ чандин маротиба зиндонӣ ҳам шудааст, ки аз фарзанди фарзонаи даврон буданаш дарак медиҳад.
Хулласи калом, ба фикри ман сабаби иншои достони «Ҷони ширин»-и Турсунзода ин панд додану намунаи ибрат будан ба хонандаи хеш дар хусуси меҳру муҳаббат ба оила ва муқаддас будани он, мудом дар роҳи хайр ба монанди сулҳу дӯстӣ ва ҳимояи он қадам задан, тарбия кардани мардони диловар мисли Файз Аҳмад ва умри амонати худро бесамар сипарӣ накардан мебошад.
Комментарии (0)