Муносибати шумо ба образҳои романи «Ман гунаҳкорам»-и Ҷалол Икромӣ


Чалол ИкромиРомани «Ман гунаҳкорам» яке аз хубтарин асари Ҷалол Икромӣ мебошад, ки дар бораи зиндагии зиёиёни тоҷик дар деҳот ва муносибати иҷтимоию ахлоқии онҳо баҳс мекунад. Дар асар асосан чор қаҳрамон фаъолият мекунад: Анвар Салимов, ҳамсари ӯ - Сурайё, Зайнаб Каримова ва Мухтор Махсумов. Пас суоле ба миён меояд, ки муносибати ман ба ин образҳои асар чӣ гуна аст? Хостам дар ин мавзӯъ андешаҳоямро гуфта бошам.

Образи асосии роман директори мактаби деҳаи Лолазор Анвар Салимов буда, шахси обрӯманди деҳа ба ҳисоб меравад. Ҳамсари Анвар - Сурайё муаллимаи ҳамон мактаб буда, онҳо соҳиби ду фарзанд мебошанд. Мухтор Махсумов котиби шӯрои ҷамоа буда, бо Анвар муносибати хуб надошт. Зайнаб Каримова бошад, корманди маорифи вилоят буда, ҳафт сол ин ҷониб бо Мухтор муносибати ишқӣ дошт. Вақте ки Зайнаб ба тафтиши мактаби деҳа меояд, бо маслиҳати Мухтор дар хонаи Анвар ҷой мегирад. Анвар ба ҳусну ҷамоли Зайнаб ошиқ шуда, як муддат ишқи ӯро дар дил мепарварад. Лекин Анвар, ки шахси дурандеш буд, ба худ савол дода мегӯяд: «Охир ман соҳиби зану фарзанд ва соҳиби обрӯ ҳастам, ин рафтори ман ноҳурматӣ нисбати зан ва худамро нишон медиҳад, ман кори гуноҳро карда истодаам» - гӯён ба худ меояд.

Муносибати ман ба образи Анвар мусбӣ аст, зеро ӯ тавонист аз роҳи бад бо афкори пешқадамаш барояд. Ӯ натанҳо дурандешӣ намуд, балки ноҳурматӣ ба оиларо гуноҳ ҳисобид. Ба фикри ман, аз роҳи бад баргаштани шахс аз фарҳанг ва маданияти баланди ӯ гувоҳӣ медиҳад.

Образи Сурайё дар асар ҳамчун зани ботамкин, рӯзгордида ва модари мушфиқ тасвир шудааст. Зани оқила будани Сурайё аз порчаи ба суханони ноҳақи Мухтор нисбати шавҳараш бовар накардану худи Мухторро сарзаниш карданаш боз хубтар аён мегардад. Ба ақидаи ман, чунин занҳои ботинан пок зиёд шаванд, аз онҳо фарзандони некманиши миллат ба камол хоҳанд расид.

Образи Мухтор дар асар чун инсони фиребгари бадахлоқ тасвир шудааст. Пулҳои ёфтаи Анварро руст кардани Мухтор қаллобии вайро боз равшантар месозад. Ба андешаи ман, ӯ ҳоло ба маҳаки «шахси бад ба мақсад нахоҳад расид» нарасидааст, барои ҳамин ҳам дӯстдоштааш Зайнаб аз баҳри ӯ мебарояд.

Зайнаб духтараки танноз буда, муҳити оилавӣ ӯро нозуку сода тарбия намудааст. Аз сабаби зудбоварияш ба доми фиреби Мухтор меафтад, лекин дар охир роҳи дурусти амалро дарёфта аз баҳри Мухтор мебарояд. Ба фикри ман, Зайнаб дар интихоби ҳамсари ҳаётӣ ба хатогӣ роҳ доданашро эҳсос карда, аз рафтори атрофиёнаш сабақ омӯхт.

Хулоса, романи «Ман гунаҳгорам» хеле ходанбоб буда, амалу андешарониҳои қаҳрамонҳои асар сабақ медиҳанд, ки рафтору кирдори худро таҳлил намуда, баҳогузорӣ намоем, пас хешро хоҳем шинохт.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив