Истиқлолият маънии мустақил, соҳибихтиёр ва озодро буданро дорост, ҳумоюн бошад, муборак ва фархунда. Яъне, муборак бод озодӣ ба халқи тоҷдор. Барои ба истиқлол расидани тоҷикон чандин ҳазор мардони ватанпарвар дар ин роҳ қурбон гардидаанд. Ин гуфтаҳо гувоҳи онанд, ки озодиву истиқлол дар замини тоҷикон худ аз худ пайдо нагардидааст.Аз ин хотир саволе дар дарёи андеша ғарқ шуда мегӯяд: «Истиқлолиятро чӣ гуна бояд қадр кард, то барҷо бимонад?»
Ба ин маънӣ адибе мегӯяд: «Бузургиро аз дида бояд омӯхт, зеро дигаронро мебинаду худро на». Оре, ҷонбохтагони роҳи озодӣ мисли чашм бузургу беҳамто буданд, вагарна барои озодӣ бо душман даст ба гиребон намешуданд. Озодиву истиқлол барои ҳар миллат муқаддас ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақил умр ба сар мебурд. Ин дастоварди беназир охири асри бист ба миллати тоҷик насиб гардид ва 9.09.1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили худро соҳиб шуд. Бо кӯшиши пайвастаи сарвари ҷумҳурӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ҳукрон шуд. Имрӯз тамоми ҳамватанон сари ҳар қадам самараи истиқлолро эҳсос менамоянд, дарк мекунанд, ки қаблан дар куҷову чӣ вазъе буданду акнун ба куҷову чӣ ҳолати фархундае расиданд. Ба озодӣ расидани тоҷикон воқеиятест, ки дӯстонро хушнуду душманонро маҳзун менамояд.
Акнун вазифаи муҳими мо - ҷавонон қадршиносӣ ва муҳофизати истиқлол аст. Агар шахс аз вазъияти таърихии ниёгон огоҳ бошад, ҳисси шукронаву қадршиносии Ватанро дар худ бедор месозад. Дар чунин асно ӯ ҳифзи марзу бумро барои худ ғурур меҳисобад, мехонаду меомӯзад, соҳибкасбу соҳибҳунар мегардад, ба дӯст хиёнат намекунад, қаноатро дар зиндагӣ пеша менамояд, аз худ номи нек гузошта, ибрати дигарон мегардад. Инчунин, муқаддасоти Тоҷикистонро гиромӣ дошта, парчами давлатро ба ҷаҳониён бо пешравиҳои худ муаррифӣ менамояд. Ватанпарвар тараққиёт дар соҳаи илму фарҳанг, техника, корхонаҳои гуногуни саноативу барқӣ, ҳамкорӣ бо ҳамсоядавлатҳоро дидаву бо гӯш шунида, хулосаи худро бароварда, ба худ мақсад мегузорад, ки ҳеҷ гоҳ барои амалӣ намудани ниятҳои пурғарази гурӯҳҳои ҷангҷӯву ифротгаро роҳ нахоҳад дод. Шоири муосир Камол Насрулло дар шеъри «Истиқлоли мо» мегӯяд:
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.
Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.
Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи Истиқлоли мост,
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост.
Дар хулоса гуфтаниям, ки ҳоло пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хеле устувору поянда шудааст ва ҳеҷ нерӯи бадхоҳе наметавонад онро маҳв созад. Бо вуҷуди ин, моро зиракиву ҳушёрӣ мебояд, то истиқлол абадӣ бошаду халқ хушбахт.
Комментарии (0)