Мазмун ва мундариҷаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ


Гулистон«Гулистон»-и Шайх Муслиҳиддин Саъдӣ ҳикоёти пандомезу хирадмандонаро дар бар мегирад. Ин асари безаволи сухантирози номвар чӣ дар шарқ, чӣ дар ғарб асрҳост, ки диққати аҳли хирадро рабуда ва муҳаббати ононро ба худ афзуда, ҳамчунон машъали ҳар як роҳи мушкил ва омӯзгори ҳаёт хидмат адо менамояд.

Инак, сабаби «Гулистон» ном гирифтани ин асари арзишманд дар чӣ бошад? Оё мо метавонем асари мазкурро пурра асари пандуахлқӣ ва хештаншиносӣ гӯем?

Барҳақ, Саъдиро муаллими ахлоқ гуфтаанд. Бо баробари вуҷуди асар аз тарбия иборат будан, ҳуснаш низ бо санъати саҷь оро ёфтааст, ки бешак гулистонро мемонад. Сабаби «Гулистон» ном гирифтани асарро худи шоир баён сохтааст.

Ба чӣ кор оядат зи гул табақе?

Аз «Гулистон»-и ман бубар варақе!

Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,

В-ин «Гулистон» ҳамеша хуш бошад.

Аҷабо, гулҳои «Гулистон»-и Саъдӣ тӯли чандин аср хушк нагардидааст ва нахоҳад гардид. Дар чор фасли сол якзайл Оӯйи муаттари худро аз хонандагонаш дареғ намедорад. Бо баробари хондани ҳикояҳои асар шахс ба фикр ғӯта зада, аз таърихи гузаштагон огоҳ мегардад, муваффақият ва хатогиҳои худро дарёфт мекунад, дар ороиши ботин камари ҳиммат мебандад, ба қаҳрамонҳои он нафрат ё таҳсин мехонад, ҳисси таҳаммул ва шукронаро дар худ бедор месозад, яъне саҳифаи навро дар ҳаёташ боз мекунад. Гуфтаҳои болоро ҳикоятҳои зер тасдиқ хоҳанд кард:

Ҳикоят

Аъробиеро дидам, ки писарро мегуфт: «Туро пурсанд амалат чист, нагӯянд падарат кист?»

Ҳикоят

Подшоҳе ба куштани бегуноҳе фармон дод. Гуфт: «Эй малик, ба муҷиби хашме, ки туро бар ман аст, озори худ маҷӯй, ки ин уқубат бар ман ба як нафас ба сар ояду гуноҳи он бар ту ҷовид бимонад.» Маликро насиҳати ӯ судманд омаду аз сари хуни ӯ бархост.

Ё ин ки: Ҳар кӣ дар ҳоли тавоноӣ накӯӣ накунад, дар вақти нотавонӣ сахтӣ бинад.

Ва боз: На ҳар кӣ ба сурат накӯст, сирати зебо дар ӯст, кор андарун дорад на пӯст.

Саъдӣ дар бораи бевафоии дунё мулоҳиза ронда, мегӯяд, ки инсон бояд фурсатро ғанимат шуморад ва вақтро барои кори муфид сарф намояд. Яке аз ин корҳои муфид барои инсон ин некӣ кардан аст. Некиву накӯкорӣ, аз нигоҳи Саъдӣ, яке аз хислатҳои олии инсонӣ ба шумор меравад. Аъмоли неки мардумон ба онҳо умри ҷовидонӣ мебахшад:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро, гар тавонӣ дил ба даст ор!

Боби панҷуми «Гулистон», ки «Дар ишқ ва ҷавонӣ» ном гирифтааст, ҷавонони булҳавасро барои зиндагии мустақилона, содиқ будан баҳри оила ва шинохти ишқу ошиқ раҳнамун месозад.

Ҳикоят

Ҳасани Маймандиро гуфтанд: «Султон Маҳмуд чандин бандаи соҳибҷамол дорад, ки ҳар яке зебои ҷаҳонеанд, чӣ гуна афтодааст бо ҳеҷ як эшон майлу муҳаббате надорад, чунон, ки бо Аёз, ки зиёдат ҳусне надорад?» Гуфт: « Ҳар чӣ ба дил фурӯ ояд, дар дида накӯ намояд».

Фикру ақидаҳои пандуахлоқии шоир барои тарбияи насли навраси ҷомеаи мо аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Саъдӣ зебогии ботинии инсонро дар ягонагии ақлу фаросоти ӯ, дар донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ростгӯйӣ ва ёриву бародарӣ мебинад. «Гулистон» дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун бузургтарин ёдгории бадеии асри сенздаҳ шинохтаву эътироф карда шудааст, ки аҳамити тарбиявӣ-ахлоқии худро то имрӯз аз даст надодааст. Мурод аз офаридани асар панду андарз будааст, ки худи шоир мегӯяд:

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,

Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив