Шарму ҳаё яке аз беҳтарин ва олитарин хислати инсонӣ буда, барои дигар рафторҳои хуб роҳ мекушояд. Имони инсон аз ҳаё маълум мегардад, зеро дар ҳадиси паёмбари ислом омадааст: «Ҳаё аз имон аст».
Пас саволе чархи андешаро ба коми худ фурӯ мекашад, ки: чаро ҳаё аз имон аст? Хостам заррае аз нури андеша оиди ин мавзӯъ ақидаронӣ намоям.
Имон ин бовар кардан, эътиқод намудан ба дину мазҳаб аст. Агар шахс аз дини хеш, яъне ислом огоҳ бошад, бовар намояд ва донад, ки дар он сабр, шукр, шарму ҳаё, ҳурмату эҳтиром, умуман атвори неки инсонӣ савоб аст, ӯ боимон аст. Агар имон мустаҳкам набошад, барои кори гуноҳ кардан роҳ наздик мешавад. Масалан, ба ғарб тақлид намуда, либосҳои урён мепӯшад, суханҳои қабеҳро дар мизони ақл барнакашида ба забон меорад, аз хиёнат кардан ба ёру дӯст наметарсад, аз тамошои филмҳои шаҳватангез худдорӣ наменамояд ва ҳоказо. Яъне, беимон на виҷдон дораду на ҳаё. Ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки беҳтарин фазилати инсонӣ шарму ҳаё буда, қалбро аз нури худ зинат мебахшад. Қалб, ки бо нури ҳаё оро ёфт, он нишонаи соҳибмаданиятист. Демокрит мегӯяд: «Касе, ки хислати нек дорад, ҳаёташ ҳам арзанда аст» . Бедил низ дар ин маънӣ мегӯяд:
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор, Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст. Оре, шарму ҳаё на танҳо занону духтарон, балки мардону ҷавонписаронро низ зебанда аст. Хуб аст, ки зану мард зоҳиран зебо бошад, аммо ботини аксари эшон зоҳири худро ба касод оварда мерасонад, чунки онҳо эҳтиёҷ ба зевари ботин доранд. Ин ақидаро шеъри Соиб собит месозад:
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст,
Шоҳи гулро зинати тарфи кулоҳи худ макун.
Дар урфият мегӯянд, ки агар сатҳи фарҳанги миллатеро муайян кардан хоҳӣ, ба занҳои ин миллат назар афкан. Инак, маълум мегардад, ки шарму ҳаё бозгӯкунандаи фарҳангу маданияти инсонӣ будааст. Аз ин хотир моро зарур аст, бошарму боиффат бошем, гулеро монем, ки гулзорро тароват бахшаду боғбонро фараҳ.
Хулоса, барои ҳаёти арзандаву ибратбахшро сазовор гардидан, сараввал шарму ҳаёро пеша кард, сипас баёни лафзро. Ин ҳар ду метавонад, нури худро ба симои одамӣ арзонӣ дораду асоси ахлоқи ҳамида гардад.
Комментарии (0)