Адиб маънои нависанда, адабиётшинос ва эҷодкорро дорад. Ҳар як шахс новобаста аз фанни дӯстдошта ва интихоби касб дар олами адабиёт адиби дӯстдоштаи худро дорад. Инак, адиби дӯстдоштаи ман кист ва чаро? Ақидаи худро то як андоза ҷиҳати ин мавзӯъ пешкаш месозам.
Дар ҷаҳони адабиёт шоиру адибон хеле зиёданду ҳар яке вобаста ба давру замони худ асар офарида, аз вазъияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимиву фарҳангии давр ҳарф мезананд. Адабиёт, ки худ ҷамъи адаб аст, мақсади адабиётшиносон низ хонандаи худро ҳушдор кардан аз ниёгони хеш, аз одобу фарҳанги эшон мебошад. Инчунин, пайравӣ намудан ба қаҳрамонони номвару ҷасур, ибрат гирифтан аз рӯзгори онон ва парҳезкорӣ аз лаимон аст. Банда бештари асарҳои адибони муосир ва классикро мутолиа менамоям, лек бо вуҷуди ҳамин зиёдтар асарҳои Ҷалол Икромӣ бароям писанд аст. Ин адиби хушсалиқа тавонистааст, малакаву маҳорати худро ба кор бурда, диққати хонандаро ба асарҳои худ ҷалб созад. Хусусан, асари сегонаи ӯ «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» қиссаи реалистӣ буда, бозгӯкунандаи вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мадании охири асри нуздаҳ ва аввали асри бист мебошад. Бо баробари мутолиаи ин асарҳо дар хонанда ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, гуманистӣ ва ҳисси шукру қаноат бедор мегардад. Боз ин асар барои ба қадри замони Истиқлол расидан кӯмак мерасонад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: «Худшинос онест, ки аз таърихи ниёгони хеш огоҳ аст». Адиби хушкалом - Ҷалол Икромӣ ҳангоми иншои асар аз санъатҳои тазоду муқобала, ташбеҳу истиора, маҷозу киноя, инчунин, аз таъбирҳои фразеологӣ хеле моҳирона истифода намудааст, ки ба ҳусни асар ҳусну ба ҷони он ҷон мебахшад. Икромиро рассоми сухан гӯям муболиға нест. Қиссаҳои офаридаи вай ҳар як хонандаашро ба олами дигар мебарад, лаҳзае ба фикр кардан водор месозад, хонанда як таконе мехӯрад ва ба худ мақсад мегузорад, ки чун Дилоромканиз, Ҳайдарқул, Фирӯза, Асо, Оймуллои танбӯр ва дигар қаҳрамонони мусбӣ инсони даркорӣ бошаду номи некаш ҷовидон бимонад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки адиб дар иншои асар қаҳрамонӣ намудааст, ҳол он ки барои навиштани эссе ё иншо чӣ қадар заҳмат бояд кашид, то ба мақсуд расӣ. Ба ақидаи ман, Икромӣ устод ва адиби арзанда ба адибони навқалам ва насли ҷавон аст. Асарҳои дигари вай низ, аз қабили «Зоғҳои бадмур», «Ман гунаҳгорам», «Тори анкабут», «Шодӣ», «Хатлон» ва дигарҳо ба дилу дидаи хонандаи тоҷик роҳ ёфта, маҳбуби дилҳо гардидаанд.
Комментарии (0)